16:47:45 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

«Маҳмудҷон Воҳидов ва худшиносии миллӣ»

«Ба хотираи бузургтарин нотиқи суханвари мардуми форсизабон, ки  аз марги фоҷиабораш акнун 40 сол пур мешавад, бахшида мешавад».

1 mahmudjon 58955454Ҳар инсон дар зиндагӣ оиди ин ё он соҳаи фарҳангу адаб, сиёсат ва маориф, варзиш ва таърих фикру ақида ва дар ин росто ашхоси дӯстдоштаи ин соҳаҳоро дорад ва дар дил ба онҳо меҳр баста, арҷ мегузорад.  Каминаи камтарин низ аз ин одатҳои инсони хокӣ ва фарҳангӣ дар канор нестам. Чун  фарзанди ин миллат, ки номаш тоҷик аст, камина аз навгониҳо  ва пешравиҳои соҳаи фарҳанг дар канор нестам.

Барои ҳар як комёбиҳои соҳаи фарҳанг чӣ дар соҳаи санъати театрӣ, чӣ соҳаи синамои ватанӣ шод гашта, ҳама вақт барори кори ин соҳаҳоро хостам.

Ба касе пӯшида нест, ки намояндагони соҳаи фарҳанг таҷассумгари номи ҳамон миллатанд. Маҳз ин соҳа ва ашхоси ин гуна касбу кор метавонанд, ки миллатро дар саҳнаҳои баланди дигар кишвару миллатҳо муаррифӣ намоянд. Дар навбати худ тамошобинони дигар миллату кишварҳо ба пешравии соҳаи фарҳанг ва чигунагии ин миллатҳо аз баромади ҳунармандони соҳаи фарҳангаш баҳо хоҳанд дод.

Дар таърихи миллатҳои олам кам нестанд нобиғаҳои фарҳанг, ки номи онҳо бо кишварҳояшон сахт алоқаманд аст ва чун, номи ин кишварҳо ба забон оварда шавад, беихтиёр номи ин нобиғаҳои соҳаи фарҳанг ба ёд меояд.

2 mahmudjon 58955454Масалан, Мусогорский, Станиславский, Рахманинов, Шостакович барои Руссия, Бах барои Олмону Австрия, Шопен барои Полша ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд.

Хушбахтона, миллати мо низ нобиғаҳое аз қабили Борбад, Саркаш,Кисро ва ғайраҳоро дар равоқи таърих ба ёдгор мондааст, ки барои мардуми мо воқеан мояи ифтихор ҳастанд.

Дар ин росто, агар мо давраи равнақи санъати театрӣ ва синамои замони шӯравиро  ба хотир орем, фикр мекунам, ки дар қатори саромадону ситорагони ин соҳа шодравон Маҳмудҷон Воҳидов ҷои ифтихориро касб мекунад. Воқеан он замон ва ба андешаам ин замон низ Маҳмудҷони бузург бо санъати волои нақшофаринаш ҳама вақт  дар дилу дидаи мардуми тоҷик як чеҳраи мондагор боқӣ мондааст.

Маҳмудҷон Воҳидов аз давраи  хеле ҷавон буданаш дар дилу дидаи тамошобини тоҷик ҷой гирифта, овозаи истеъдоди нотакрори ӯ то ба деҳаҳои дурдасттарини кӯҳистон, ки он замон телевизион набуд ва аз навигариҳои театрӣ тариқи радио ва матбуот дарак меёфтанд, рафта мерасид.

Маҳмудҷон дар «Тоҷикфилм» ва театрҳои ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд ва театри давлатии академӣ-драмавии  ба номи устод Лоҳутии шаҳри Душанбе аз худ нақшҳои хотирмонеро боқӣ  гузоштаанд, ки ӯ ҳар як нақши худро бо як ҷаззобият ва истеъдоди худододии касбӣ ба иҷро расонидааст.

3 mahmudjon 58955454Фикр мекунам, ки солҳои 60-80 уми асри гузашта, мисли Маҳмудҷон бо чанд нафар ҳунармандони соҳибистеъдод доштем, лекин сабаб чӣ буд ва чӣ боқӣ монд, ки ҳама Маҳмудҷон мегуфт. Дар ин ҷо гумон мекунам, ки истеъдоди суханварӣ, маҳорати бузурги нотиқӣ ва овози ҷозибадори худовандӣ  ба Маҳмудҷон мададгор буданд. Маҳз ҳамин атоҳои худовандӣ бо истеъдоди касбӣ ва чеҳраи зебо ин ҳунармандро замони барҳаёт буданаш сахт машҳур кард.

Маҳмудҷон - асосгузори театри  якактёра дар Тоҷикистон буда, ӯ мураттиб, режиссёр ва иҷрокунандаи моноспектаклҳои «Гуфтугӯ бо худ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, «Ватан ва фарзандон», «Ишқи зиндагӣ» ва дигар спектаклҳо (намоишномаҳо) мебошад.Маҳз дар ҳамин жанри театри ҳунари волои ӯ ба хубӣ ба тамошобинон айён гашт.

Замони кӯдакӣ ёд дорам, ки ҳамагон хониши рубоиёти Хайём, назми устод Мӯъмин Қаноат ва порчаи насрии «Марҳабо баҳор»-ро дар иҷрои Маҳмудҷон Воҳидов бо шавқ гӯш мекарданд ва сахт ҳаловат мебурданд. Замони дар қайди ҳаёт будани ин устоди сухан ва ровии нотакрор мо мактаббача ва ба қавле пионер будем ва лаҳни ширини устодро бо шавқ гаштаю баргашта тариқи радио ва лентаҳои  магнитофон гӯш мекардем. Аз ҷозибаи нутқ ва овози хуши Маҳмудҷон моту маҳбут мешудем ва аз шунидани қироати шеърҳои ӯ ба ҳаяҷон меомадем. Кӯшиш мекардем, ки мисли Маҳмудҷони бузург сухандон бошем ва аз вуҷуддошти чунин шахсияти бузурги театри тоҷик сахт ифтихор доштему фикр мекунам, ки Маҳмудҷон дар ҳақиқат  як чеҳраи миллӣ ва сахт дӯстдоштанӣ буд.Таъсири Маҳмудҷон буд, ки мани мактаббача овони наврасӣ, дар фасли баҳор, дар чорбоғи хонаамон достони «Сурӯши Сталинград»-и устод Мӯъмин Қаноат  ва ашъори «Илҳом аз Хайём»-и устод Лоиқро аз бар намуда, пасу пеш қадам зада, чун Маҳмудҷони бузургвор аз ёд намуда, бо овози баланд мехондам.(маҳз таъсири устод Маҳмудҷон буд, ки каминаи камтарин ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ дар баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар мурофиаҳои судӣ бо забони бурро ва лаҳни нотиқона пайваста ва бомувафаққият баромад намудаам!).

Моҳи ноябри соли 1977 ҳеҷ аз хотирам намеравад. Хаткашони деҳа дастаи рӯзномаҳоро ба хона овард ва аввалин хотироте, ки аҳли хонавода баровард, - ин чопи таъзиянома бо сурати калон ва зебои Маҳмудҷон Воҳидов - Артисти халқии РСС Тоҷикистон буд.

 Аз марги нобаҳангоми ин ситораи дурахшони театри тоҷик, алмоси миллат, ровии бузургу нотакрор ашки ҳасрат  рехтем. Ғаму андӯҳи мани мактаббачаро он ҳангом кӯҳ низ бардошта наметавонист.Сахт музтар гашта будам. Баъдан мо мактаббачагон аз устодони худ дар бораи Маҳмудҷон Воҳидов, кору фаъолияташ зиёд мепурсидем. Яке мегуфт, ки ҳангоми донишҷӯияш ӯ боре дар троллейбус Маҳмудҷонро дидааст ва ҳангоми дохил шудан ба троллейбус ӯ изҳор доштааст:«Роҳ диҳед гузарам», суханаш ва овозаш бо забони тоҷикӣ он қадар ҷаззоб будааст, ки ҳамаи мусофирон - хоҳ тоҷик, хоҳ рус ё миллати дигар беихтиёр сӯи овоз чашм медавондаанд. Устодони дигарамон бошад дар бораи муваффақиятҳои М. Воҳидову театри якактёраи ӯ бо моноспектакли «Гуфтугӯ бо худ» аз рӯи рубоиёти Хайём дар Маскав ва мот кардани тамошобини рус қисса мекарданд. Ба ростӣ, аз ин гуфтаҳо ва шунидаҳо ҳиссиёти мо мактаббачаҳоро як рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ва дӯст доштани забону миллати худ фаро мегирифт.Фикр мекунам, ки истеъдоди баланди суханварӣ ва шеърхонии ин ҳунарманди бузург он замони ба қавле карахтӣ як такони бузург дар роҳи худшиносии миллӣ ба ҷавонон медод ва ҳаққо ҳамин тавр ҳам ҳаст.

Дарси хештаншиносӣ ва худшиносии ин нобиға пеш аз ҳама дар истеъдоди баланди суханварӣ ва шеърхонияш буд, аз ин рӯ ҳамагон ба якборагӣ ва барои як умр ӯро дӯст доштанд ва воқеан ҳамин хел низ ҳаст.

Баъди сари Маҳмудҷон дигар ба мисле, ки Аҳмад Зоҳири дигар нарӯид, инак қариб 40 сол боз чунин нобиға ва чунин овоз дар байни мардуми форситабор пайдо нагашт.Ман фикр мекунам, ки овозу истедодҳои худовандии устодон Аҳмад Зоҳир ва устод Маҳмудҷон Воҳидов, ин овозҳои асрҳои  22-23 ҳастанд ва гоҳ-гоҳ худованди лакбахш меҳрубонӣ намуда, 200-300 сол пеш чунин чеҳраҳои мондагорро арзонӣ барои бандагонаш медиҳад! Ба ҳар ҳол ин андешаи камина аст!

4 mahmudjon 58955454Маҳмудҷони азиз, ин устоди бузурги суханварӣ ҳамааш шуда 38 сол умр дид ва дар ин умри кӯтоҳи худ, бо истеъдоди фитрии худ, андешаи худшиносии миллӣ, забондонӣ  ва сухандонии ҷавонон ва зиёиёни тоҷикро таҳрик дод, ки ин амал худ як хизмати бузургест ба миллати арҷманди мо.Имрӯз  гоҳ-гоҳ шогирдони ҷавони ҳуқуқшинос аз ман суол мекунанд, ки чӣ тавр сухандон ва нотиқ шавем? Каминаи камтарин ба ин шогирдони ҷавон доимо маслиҳат медиҳам, зиёд хонанд, забони модариро хуб аз бар кунанд ва мавзӯъи баромадро хуб донанд ва ба ҳаяҷон наоянд, оромона баромад кунанд ва ҳатман сабти овозии пири нотиқон Маҳмудҷон Воҳидовро пайдо карда, пайваста ба он гӯш дода, савқи табии худро дар ин асос такмил ва обутоб диҳанд. Ва ҳаққо, ки ҳамин тавр низ ҳаст.

Мактаби эҷодии нотиқии устод Маҳмудҷон Воҳидов беҳтарин мактаб дар роҳи суханварист ва аз ин мактаб ҳама, алалхусус ҳунармандон, рӯзноманигорон, прокурорҳо, ҳимоягарон, судяҳо, шореҳони радио ва телевизионӣ ҳама вақт бояд омӯзанд.

- Гар бар фалакам даст будӣ чун яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён,

В-аз нав фалаки дигар ба сар сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон!

Варқаи Зайниддин,

Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Узви ИЖ ҶТАълочии матбуоти ҶТ ш. Қӯрғонтеппа. Махсус барои «Рӯзгор», 13. 09.17.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi