16:00:06 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МИРШАБ

(қиссаи  воқеӣ)

Тобистони соли 1898, як гурӯҳи экспедитсионии ҳарбии рус бо сарварии сардори отряди сарҳадии Руссия дар Помир, полковник  Шпилко аз мавзеъи Хоруғ баромад, ба поён қад-қади дарёи Панҷ ҳаракат  намуд.

82128080 4310082 Oficer  Orlovorostopchinskaya poroda Myzei konevodstva TSHAМақсади  ин  гурӯҳ аз шиносоӣ бо мавзеъҳои қади соҳили Панҷ иборат буда, ба замми ин мисли дигар отрядҳои ҳарбӣ-экспедитсионии он давра  дар ҳайати ин гурӯҳи махсусгардонидашуда топографҳо, этнографҳо, муҳандисон ,муаррихон  ва  ғайраҳо дохил карда шуда буданд.

Полковник  Шпилко  мехост, ки ба ғайр аз шиносоияш бо мавзеъҳои capҳадӣ , ҳамчунин  бо ҳайати аҳолии  ин маконҳо, иқтисодиёт ypфу одат ва  назари  мардум ба муоҳидаи байни Инглистон ва Руссия оиди  тақсимоти  ин заминҳои қӯҳистони тоҷик  байни ду империяи бузурги давр  ва дар ин замина , хатти сарҳади байни ду империя эълом гаштани дарёи Панҷ  дар соли 1895 аз наздик шинос шавад.Баъди роҳҳои дуру дарози морпечи кӯҳӣ ва оврингҳои нишебу фарози пурхатар охирҳои моҳи  август гурӯҳи экспедитсионӣ ба маркази  вилояти Дарвози Бухоро шаҳраки Қалъаихум омада расид. Мири  Дарвоз  меҳмононро ҳуш қабул намуда, онҳоро дар чорбоғи назди қалъаи худ ҷой кард.Ҳамчунин шароити кору истироҳати онҳоро омода сохт.

Илова бар ин боду ҳавои рӯҳнавози  водии Дарвоз ва мардуми табитан зебову оритабор, дидани шаҳраки биноҳояш сафеду ботартиб, кӯчаҳояш обзадаи шарқиёнаи бонизом, ки дар оғӯши боғистон нуҳуфта буд ва  дар шарқи одатан чиркин чунин шаҳрҳо кам ба назар мерасиданд  онҳоро ҳайрону  муттаҳайир   намуда буд, (айнан баъди як сол  ховаршиноси оянда ва бисёр маъруфи шӯравӣ Семёнов низ соли 1899   аз дидани шаҳраки Қалъаи Хумбу тартибу низоми он сахт ба ваҷ омада буд-шарҳи Варқаи Зайниддин)   ба ин гурӯҳи  ҳарбии хаста  рӯҳу тавони тозае бахшид. Ҳамагон кӯфти роҳро бароварда , оромона ба корҳои худ машғул гашта, дар зарфи  беш  аз ду ҳафта , харитаҳои топографии мавзеъ , нуқатҳои аҳолинишин, ҳайати аҳолӣ , иқтисодиёти водӣ ,  муносибати байни мардуми бо амри тақдир  ду қисмат  шудаи Дарвози ба истиллоҳ руссиягӣ ва Дарвози инглисиро бо ҳам  ва дигар омилҳоро  омӯхта баромада , маводҳои худро тартиб доданд.

Полковник Шпилко аз кори гурӯҳи экспедитсионӣ  ва ҳамзамон  мулоқотҳояш бо мардуми таҳҷоӣ  қаноатманд буд. Баъди чанде гурӯҳӣ мазкyp ба  мавқеъаш , мавзеъи Хоруғи Бадахшон  баргаштанӣ  шуд.Мири  Дарвоз ба шарофати гусели мехмонон  дар Регистони назди Қалъаи Мир, ки дар соҳили рӯди Панҷ ҷойгир буд,   як рӯзи тамом базму зиёфат орост, ки ин маърака то дергоҳ  давом кард. Табъи ҳама хуш буд.Меҳмонон  то дер гоҳ дар онҷо машғули  тамошо ва айшу нӯш  буданд.Мутахассисони этногараф  монда нашуда,  то дер гоҳ базму бозии тоҷикони маҳаллӣ, нақшу нигор ва  гулдӯзиҳои зебои дарвозиёнро, чун  ватани аслии гулдӯзии тоҷикӣ, урфу одату ҷашну базмҳо ва гӯштингирии  ҷавонпаҳлавонони Дарвозро, ки дар аморати Бухоро ба худ  ҳамто надоштанд назора ва  дар маҷаллаҳои  махсуси сафари худ қайд мекарданд.

Қори Ғуломи Сангакӣ, марди 40-45 солаи олусчашм, ки худ човандоз буда , ба хариду фуруши асп дар водӣ ва берун аз он машғул буд, дар ин муддати  ҳузури гурӯҳи экспедитсионии ҳарбии рус аспи полковник Шпилкоро  кайҳо боз таги чашм карда буд.

Аспи  казакии хушзоти русӣ ва зебогии ин ҷонвар, ин аспҷалобро  ба худ сахт мафтун намуда буд. Агар ин асп ба бозорҳои Ҳисор, Балчувон, ё Рашт бурда шавад ,  бо нархи гарон фурӯхта хоҳад шуд, аз дил мегузаронид ӯ, лекин онро чи гуна сохиб шавад ,ин муаммое буд баро ӯ сарбаста.

Он рӯзи  ҷашни  меҳмононро барои  худ фоли  нек дониста, бо торик шудани ҳаво дуздона ба корвонсарои  мир  омад.Дар  гирду пеш касе  набуд.Хамаи  надимон ва нӯкарони мир дер Регистои буданд.Аз ин вазъи барои  ҳуд мақбул истифода бурда,  оромона  ба корвонсаро даромада . Баъди хору мол кардани аспи полковник ,онро ба худ зуд моил  кард. Бо як чобукии ба худаш хос  зину лаҷоми  аспро болояш партофта, хӯрҷини  дар онҷо дар мех овезонро   барои лозимият  ба  болои   асп партофта, аспро этаккунон аз корвонсаро баровад. Чун боварӣ хосил кард, ки  касе онҷо нест , ҷаста   ба он савор шуда, аз қафои боғ , ки ҷонзоде наменамуд, аспро маҳмез  зада ,дар торикии шаб нопадид гашт…

Ӯ мexост ба зуди , шабона  ағбаи Хобу Руботро гузарад. Аз он пас  аспро бa бозорҳори миригариҳои Балҷувон , Кӯлоб, Ҳисори Шодмон ё Рашт  бурда фурӯшад.

Полковник Шпилко ва  мири  Дарвоз аз ҷашн бевақтии шаб баргаштанд.Ба  зуди хамаро  хоб  бурд.

Соати шаши  саҳар , ҳангоми ба сафар омода шудан  унтер-офитсери
рус  ба полковник хабар дод , ки  аспи ӯ  бо як хӯрҷин маводу ҳуҷҷатҳои ҷамъоварда  ғайб задаст.

Полковник аз ин хабар ошуфта гашта , гумону шубҳааш аз ин  ҳодиса  зиёд шуд. Ба Мири Дарвоз иброз дошт, ки  ҳарчи зудтар аспро бо хӯрҷину маводу ҳуҷҷатҳо пайдо кунанд. Дар акси ҳол гумону шубҳааш аз у зиёд гашта, ба гумоштаи сиёсии   Руссия дар Бухоро хабар хоҳад дод.

Мири  Дарвоз aз   шунидани суханҳои полковник  ва гум шудани  аспу ҳуҷҷатхо сахт    барошуфта шуда, дилашро гургон талаб мекарданд.

Сахт тарсида буд. Медонист ки агар полковник, дар ин хусус ба гумоштаи сиёсии  Руссия дар Бухоро хабар дихад  он гоҳ ин хабари нангин  ба амир Абдулаҳад  расида, аз  вазифа барканор хоҳад  шуд.Чун  амири Бухоро вассали  оқпошо буду   аз тарс ӯро  аз будаш зиёдтар ҳурматдорӣ  мекард. Худо  накунаду ӯро ҷосуси инглисҳо эълон накунанд он гоҳ масканаш зиндон хоҳад шуд.

Боз ба замми ин тоҷикони  сарбаланд ва истиқлолхоҳи Дарвозро, ки бештар аз 900 соли охир шоҳ доштанду касеро аз туркону муғулон  эътироф намекаранд дар Бухорои Шариф чун тоҷикони саркаш хуб мешиносанд! Аз ин фикрҳо дили мири Дарвоз ба ваҳшат меомад.   Кофтуков ва пурсишҳои чандсоата  натиҷае  надоданд.

Мир баъди машварат бо қозӣ ва муфтӣ  , қарор дод, ки ба ин  кор миршаби ботаҷриба   Назрӣ  Назмишоҳро чалб кунад. Назрӣ Назмишоҳ солҳои пеш  дар миршабхонаи  шаҳри  Буxopo кор  намуда, дар кушодани чандин ҷиноятҳои дуздию ғоратгариҳо дар Бухоро ва гирду  атрофии он бо бебокӣ ном бароварда буд. Махсусан ба пою дасти роҳзану одамкуши гузаро Саид Файзиқули кипчоқ ишкел зада , аз қадоваи Амударё то Бухоро тозиёна зада бурдани ин авбош, ки бо амри  пинҳонии  ҷосусони  инглис  дар аморат нооромиро ба вуҷуд меовард, то дер гоҳ дар ёди мардуми Бухорову Самарқанд нақши хотир баста, аз забон намеафтид. Ҳоло бошад ба зодгоҳаш баргашта дар Дарвоз касби  миршабиро идома медод. Назмишоҳро   ба назди мир даъват намуда, ба ӯ оиди ҳодисаи шаб рух додаро  нақл намуданд. Ӯ  щахсан бо полковники рус вохӯрда оиди намуди аспаш , наълҳои он, ҳуҷҷатҳояш  пурсон шуда , ба зуди ба кори худ камари ҳиммат баст. Ӯ бо фаросат дарёфт ,ки  амали дуздӣ бояд кори дасти аспдуздон  бошад, зеро нархи чунин аспҳо он давра дар бозорҳои кӯҳистон ва таҳдаштҳо хело бозоргир буд.

Чун аспҷалоби машҳур Қори Ғуломи Сангакиро дар хонааш пайдо накарданд , аз ногаҳон ғайб задании ӯ фарзияи  гумону шубҳаҳо  оиди аз тарафи ин аспҷалоб рабудани асп   боло гирифт. Миршаб савораи аспи бодпои худ ҳамрои чокаронаш ба зуди рӯ ба ҷониби ағбаи Хобу Рубот овард.Ӯ ҳар кору амали худро дар тарозуи ақл баркашида , дар асоси таҷрибаи ҷамъакардааш вазъи ҷуғрофӣ , роҳҳои бозорҳои калон ва нархи савдо амал мекард. Медонист, ки дузд ҳеҷ гоҳ аспро  аз дарёи Панҷ гузаронида ба бозорҳои  Афғонистон намебарад, зеро нархи асп дар онҷо  ба маротиба пасттар аст.Онро дар водии Дарвоз низ ба хотири бехатарии хеш нахоҳад фурӯхт  ва барои  соҳиби пули зиёдтар гаштан онро ҳатман ба бозҳорҳои вилоятҳои  таҳдашт бурда хоҳад фурӯхт.

Дар баланди ағба , ки одатан заминаш тобистон низ тарнам мешавад ва доимо барфу борон меборад , диққати ӯро нақши калони суми асп ба худ ҷалб кард. Нақш  болои замин намнок хуб боқӣ монда буд. Аз асп фуромада дуру дароз ба он дида дӯхт. Оре нақши суми асп хуб боқӣ монда буд.Таваҷҷӯҳи ӯро хосатан нақши наъли асп сахт ба худ ҷалб намуда буд. Хуб медонист,  ки наълҳои тайёр намудаи устоҳои русӣ  аз наълҳои тайёр намудаи устоҳои маҳалӣ фарқи калон доранд. Ин нақш бошад амалан  исбот мекард,  ки наъли аспро, на устоҳои маҳаллӣ балки устоҳои русӣ  сохтаанд. Ё ба гуфти полковник наълҳои аспи ӯро устоҳои тулагӣ сохтаанд. Аниқ дилаш пур гашт , ки аспро дуздида ба сӯи Сағирдашт  поён бурдаанд. Баъди чанде  ба Сағирдашт расида , онҷо фаҳмид ,ки шабона Қори Ғуломи  Сангакӣ онҷо меҳмон гашта, пагоҳии барвақт савори аспи зебое сӯи Тавилдара рафтааст.Аз гуфтааш ӯ ба сӯи Ҳисори Шодмон  бо коре мерафтааст.Акнун айён гашт,  ки дузд мақсади ба бозори Ҳисор бурда фурӯхтани аспро дошта,  аз Тавилдара ба сӯи Кӯлоб убур нахоҳад кард. Бо амри миршаб раиси амлокдорӣ аспҳои дар обу арақ ғӯтидаи онҳоро чун намондагони воломақоми мири Дарвоз бо аспҳои бодпои дигар иваз намуд.Миршаб Назрӣ  Назмишох бо ёронаш таъчилан ба суи Тавилдара асп тозонда рафт.Ба Тавилдара надаромада, рост роҳи амлокдории Чилдараро пеш гирифт.Дар Чилдара раиси амлокдори  Ҳайдарқули кӯсаро  ҷег зада ба ӯ оиди фармони мири Дарвоз  ва дуздии апу ҳуҷҷатҳои амалдори рус  иттилло доданд. Раиси амлокдорӣ  бо тобеъонаш ба зудӣ ба такудав даромаданд ва  фаврӣ хабар оварданд , ки дар деҳаи Чашмаи Кабуд мусофире  бо аспаш барои дамгирӣ қарор доштааст.Миршаб Назмишоҳ бо чокаронаш ба зудӣ  ба онҷо расида,  гирди  меҳмонхонаро  печонида гирифтанд.Қори Ғуломи Сангакӣ, ки дар ин вақт бо роҳат дар мехмонхона дам мегирифт, аз дилаш мегузоронид , ки  барои ҳама дигар дастнорас шудааст ва касе ӯро дигар дастгир карда наметавонад.Шояд дар ин дам дар хусуси тангаҳои ҷарангосии бозори Ҳисор фикр мекард?!

Миршаб ва одамонаш ба меҳмонхона барқвор зада даромада Қори Ғуломро бо иборае ғафлатгир намуданд. Бо як ишора уро бандпеч намуда  ва бо амри миршаб раиси амлокдории Чилдара апҳоро бо аспҳои  дигари  пурқувват иваз намуд. Қори Ғуломро бо  аспи полковник Шпилко ва хӯрчини ҳуҷҷатҳо бе таваққууф намудану дам гирифтан  дар ҷое , рост шабона ба шаҳраки  Қалъаи Хумб расониданд. Мири Дарвоз аз ёфт шудани аспи полковник ва ҳуҷҷатҳо басо шоду мамнун гашта, ин  хушхабарро зуд ба полковник расонид. Полковник баъди шунидани ин  хабар ба ҳолати  рӯҳии аввалаи худ баргашта ,гумону шубҳаҳояшро аз миру аз мардуми меҳмоннавози Дарвоз ба зуди барчида гирифт.

Чун нишони эҳтиром полковник Шпилко миршаб Назрӣ Назмишоҳро ҷеғ зада, дасташро то дер гоҳ фишурда, ба ӯ шамшери нуқакӯби худро тӯҳфа намуд. Субҳи барвақт  гӯё воқеъае рух надода бошад , гурӯҳи экспедитсионии ҳарбӣ бо  рӯҳи болида,  ки ба шарофати миршаб Назмишоҳ ва ёронаш ҳодисаи рухдодаро бартараф намуда буданд  бо як эҳтиром ин тангнои кӯҳистонро тарк намуда, ба суи Хоруғ роҳ пеш гирифтанд.

Варкаи Зайниддин,

Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи1,

Узви ИЖ- ҶТ,

Аълочии матбуоти ҶТ, ш.Қӯрғонтеппа.   

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi