14:10:52 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН

Ба муносибати 60-солагии устод Олимҷон Бобоев

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

zikri-khayr-6598554Ҳунарманди ҷавон ин ҷаҳонро падруд гуфт ва садои Олими Искандар имрӯзҳо бар гӯшҳо танин меандозад. Фарёдаш, садояш ва оҳангҳояш толорҳои бузургро ба шӯру ваҷд меовард. Ҳаракати хосу базебаш, хандаҳои самимонааш алоқамандону тамошогарони консертҳояшро ба ҳаяҷон меовард.

Садҳо, ҳазорҳо шунаванда, тамошогар, алоқамандон ва муштоқи Олим Бобоев инро мегӯянд. Садои Олим ба дилҳо шӯру шодӣ мебахшад.

Олими Искандар фасли баҳор-шукуфтанҳову рустанҳоро дӯст медошт. Имрӯзҳо дар ҳар мотаму дар ҳар шодӣ ва дар ҳар висолу дар ҳар фироқ таронаҳои ӯ бар лабҳо ҷорӣ аст. Ин ҳунарманди мумтоз дар миёни оташи ҳастӣ ҳунармандона шеъру шоирро шинохта буд, ки борҳо аз муаллимони бузурги ахлоқ чун Ҳофиз, Балхӣ, Бедил, Туғрал, Лоиқ ва даҳҳо дигарон хондааст.

Олим мехост бо мусиқии худ рӯҳи шикаста ва мурдахоби миллатро бедор намояд, мардум ва хоса ҷавононро аз ҳалқаи фишорандаи зиндагии вазнин, аз яъсу навмедӣ берун кашад.

Навҷӯиҳои ҳунарманди асилу нотакрор асосан аз табиати инсонии ӯ, ки шахси шӯридадилу ошиқ ва яккатоз буд, сарчашма мегирифтанд. Шӯру қиёми ӯ ба воситаи суруду навоҳояш аз дилаш берун омада, ба ҳазорҳо дилҳои дигар менишаст.

Тавре ки маълум аст, Олим меҳнаткаши ҳунар буд ва сурудеро сараввал интихоб намуда то ба нуқтаи олияш нарасонад, назди мардум, ҳатто дар кӯчактарин маҳфилҳо намехонд. Худи ӯ дар бораи сурудҳояш ин тавр гуфтааст: «Ман шеърҳои кӯдакона намехонам».

Дар байни овозхонони Тоҷикистон пайдо шудани ҳунарманде ба мисли Олим Бобоев таконе буд на танҳо дар арсаи ҳунарии мамлакат, балки дар зиндагии ҳамарӯзаи мардум низ.

Олим аз байни ҳаводоронаш одамонеро меҷуст, ки асолати ҳунари ӯро хуб бифаҳманд ва аз таҳти дил дӯст доранд, ба дардҳои вай шарик бошанд, андешаҳои ӯро, худи ӯро бишиносанд. Ишқу муҳаббат, миллатпарастӣ, ҷавонмардиву хештаншиносӣ яке аз мавзуъҳои асосии таронаҳои Олими Искандарӣ буд. Силсилаи сурудаҳои ӯ симои як ошиқи покбозу покниҳодро ҷону забон бахшидаанд. Дарде, ки аз нолаву фарёди ишқ заррае намекоҳад, балки ҳарчӣ бештар ба шӯр меояд, қавӣ мегардад. Ҳангоми сурудан манзараҳои зиндаеро пеши назар меоранд.

Олим Бобоев ба касе тақлид намекард, ӯ овози худ, истеъдоди худ ва ҷозибаи худро дошт. У мисли дигарон модараш ва аҳли байташро хеле дӯст медошт ва мудом мегуфт : «бе модарам зиндагӣ карда наметавонам». Вақте ки модараш вафот мекунад (тобистони соли 2011), ӯ бо дили садпора, аммо бо абрӯи қавии ҷавонмардона ба сари ҷисми беҷони модараш омада, бо оҳу дарди дили ҷонгудоз мегӯяд: «дидор дар қиёмат».

Баъди шаш моҳи вафоти модараш чанголи марг риштаи ҳаёти ӯро (моҳи феврали соли 2012) барканд ва ба қавли шоир:

Бирафт он гулбуни хуррам ба боде,

Фиғоне монду фарёдеву ёде.

Наорад гардиши гардун дигар бор,

Чунин хуррамдиле фаррухнажоде.

Олими ҳунарманд аз ҷумлаи сарояндагоне буд, ки сафар карданро дӯст медошт. Ӯ ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ сафар карда буд. Ҳофизи ҷавону номдор ба зисту зиндагонии мардуми давлатҳои хориҷа бо чашми ҳақиқатбин назар мекард. Ӯ дар Фаронса, Эрон, Африқо ва даҳҳо мамлакатҳои дигар сафарҳои ҳунарӣ дошт ва санъатдӯст будани тоҷиконро тараннум мекард. Дар замири дилаш сурудҳое пайдо мешуданд, ки ба воситаи онҳо ишқу муҳаббат, ҷавонмардӣ, ватанпарастӣ ва инсофу адолатро васф мекард.

Ҳоло дар кишвари мо фиттаҳои ин сарояндаи номӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар онҳо садҳо сурудаҳои Олими Искандар сабт гардидаанд. Мардум ин фиттаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд. Дар фонди тиллоии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ теъдоди зиёди сурудаҳои Олим Бобоев мавҷуд мебошанд. Ҳоло гоҳ-гоҳ аз байни ин фиттаҳо намунаҳо пешкаши шунавандагон ва тамошобинон гардонида мешаванд.

zikri-khayr-5985656Мувофиқи мақсад мебуд агар масъулини Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои абадӣ гардонидани номи чунин абармардони майдони ҳунари ҷумҳурӣ, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, кори хайреро ба сомон расонанд.

Ба андешаи камина чун як нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ва мухлиси қавиирода гуфтаниям, ки «нест зери осмони кабуд ва паҳноии рӯи замин шашмақомсарое бузургтар аз Олими Искандар».

Дар ин ҷода хизмати шашмақомсароёни намоёни ҷумҳурӣ дар пешрафти санъати тоҷик беандоза бузург аст. Дар қатори онҳо низ шодравон Олими Искандар чун «Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои зиёде кардааст, ки ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Шабҳо хоб накарда, ба эҷодкорӣ машғул буд, танҳо ба умеде, ки мардумро сарҷамъ карда, ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва маърифатнокии ҷавононро баланду пойдор намояд.

Бо истифода аз шеърҳои дар ҳаққи ин ва ё он нобиғаҳои санъату сухан гуфташуда бо каме тағйир додани мазмуни он, ба муносибати 60-солагии устоди шашмақоми тоҷик Олим Бобоев (18.03.1958 сол) ғазале ифшо намудаем (абёти Халилов Рустам), ки матлаби он чунин аст:

Во дареғо, з-ин ҷаҳон як ҳофизи воло гузашт,

Кабки масту оқиле озодаву зебо гузашт.

Зиндагию навбаҳорон, фасли гулро дошт дӯст,

Булбули хушнағмае, аз дарди ин дунё гузашт.

Ҳофизе буд бовиқору суҳбаташ панду ғазал,

Сад дареғ, ганҷи равон, осуда аз даврон гузашт.

Ғайрати ҷомадараш, дарди диле дармон накард,

Ҳамчу шамъе сӯхт бедуд, ҳасрато аз мо гузашт.

Ҳар гулеро маҳфилест имрӯз дар боғи ҳаёт,

Ҷойи ӯ холист имрӯз, зеби маҳфилҳо гузашт.

Аҳли байташ синачоканд, зор ноланд аз ғамаш,

Нуқтадон, ширинсухан, он булбули дилҳо гузашт.

Ёди ёри меҳрубон, андар дили мо ҷовидон,

Хун намуд дилҳои моро, аз ҳалқаи дӯстон гузашт.

Баҳри хубии замон меҷуст ҳар сӯ чорае,

Нобидида чораву ночор аз байни мо гузашт.  

Ҳофизе чун Олиме шояд наояд қарнҳо,

Во дареғо, ахтаре аз байни мо пинҳон гузашт.

Рустами бемақсудам ҷуз ин сухан дигар магӯ:

Офтоби боми мо бебозгашт танҳо гузашт.

Олими Искандарӣ то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ то қудрату тавоноӣ дошт, овозхонӣ кард, ки ин тақозои дарки ҳиссиёти баланди бедорӣ ва худшиносии миллии мо-тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Ва бо ҳамин нерӯи худодод аз нахустин қадамаш ӯро шуҳратёри майдони ҳунар намуд ва то лаҳзаҳои охирин ин шуҳратро дар ҷодаи «шашмақомхонӣ» ба касе надодааст.

Доғи ту дар қалби мову ҷисми ту дар қалби хок,

Кардӣ худ озод аз ғам, карда моро синачок…..

Халилов Рустам,

Варқаи Зайниддин,

шаҳри Бохтар

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi