20:50:01 28-уми Августи 2025 сол

Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон

26 августи соли 2025 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русияро таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Томск оид ба сиёсати иҷтимоӣ - Грузных Светлана Николаевна, ки бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда бо муассисаҳои ваколатдори Тоҷикистон, ки ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия машғуланд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

1 tomsk 122165544542242Зимни вохўрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро оид ба ҷалби муташаккиллонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Русия баррасӣ карда, оид ба идоракунии раванди муҳоҷират, таъмини муҳоҷирати қонунӣ, ботартиб ва бехатар дар давлати қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи қонунгузорӣ ва тартиби будубош, маҳдудиятҳои ҷорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ ба мушкилӣ дучор мегарданд, мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои шарту шароити будубош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақа, омўзишӣ забони русӣ, навовариҳо дар соҳаи маориф, суғуртаи тиббӣ, таълими калонсолон тариқи фосилавӣ ва азнавсозии марказҳои шуѓл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳайати Томск омодагии худро барои таҳкими ҳамкории минбаъда ҷиҳати таъсис додани маркази тестӣ барои санҷиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ҷойҳои корӣ ба донишҷӯён аз муассисаҳои тиббӣ дар давоми таътил ва ҷалби донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Томск барои гирифтани маълумоти босифат изҳор кард.

Дар охир муовини губернатори вилояти Томск ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои амалӣ намудани мувофиқаи бадастомада ва баррасии ташаббусҳои пешбинишуда ба вилояти Томск даъват намуд. Ҳамзамон, ҷаласаи роҳбарияти сохторҳои низоми вазорат бо ҳайати мазкур оид ба пешниҳоди имкониятҳо баргузор гардида, маълумотҳо тариқи рунамо пешниҳод ва барои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.

mehnat.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ