ДОСТОНИ «МАРГИ ШОИР»
(таҷдиди назар)
Марсия дар мотами устод Мӯъмин Қаноат , ки санаи 18.05.соли 2018 соати 14.10.дақиқа ба вақти Душанбе баъди бемории вазнин дар Душанбе вафот кард!
1.
Осмоно!
Ашк рез….
Осмоно, ашкро чун чашмасорон рез-рез!
Сарзамини пояи меҳрат,
Модар-Заминро аз ашки найсон,
Ашки найсони баҳорӣ тар намо!
Ҳеҷ медонӣ, чаро Модар-Замин,
Мотаме бо ашки талх дорад?
Дар қабои мотамияш Модар-Замин,-1
Як сарандози кабуд, зам-зам зи ашки тар ба сар дорад?
Ҳеҷ мефаҳмӣ , чаро Модар-Замин ,
Дар сари мотам нишаста?
Осмоно, ҳеҷ медонӣ Замини мо аламдор асту нолон аст?
Ҳеҷ медонӣ фалокат шуд дар рӯзи баҳористон?
Осмоно!
Чархи гардуни кабуди Коинот,
Ҳамнавою ҳамдамат Модар-Замин,
Нимарӯз, ногаҳ сағир шуд,
Ҳамчу як модар фақир шуд.
Шаҳпарасти орзӯҳо,
Тифли навҷӯю суханҷӯяш,
Шоҳмарди ҳам сухандонаш,
Ин пагоҳ, ногаҳ,
Ҷаҳонро тарк гуфт!
Мӯъмини шеъру сухан,
Мӯъмини шеъри дарӣ, балки биҳиштӣ,-2
Мӯъмини ганҷи Ирам,
Шаҳсавори курсии тахти сухан,
Дар фалоти ҳам Бухорову Хуросон,
Сарзамини Порсу Деҳлию Лаҳор,
Аз чаҳон бо сад алам рафт!
Сад қаламро баршикасту сад аламро дар кашид!
1.Модар-Замин - ишора ба нақши Модар-Замин аз достони «Тоҷикистон исми ман аст».
2.Биҳиштӣ-ишора ба ҳадиси пайғамбари ислом, ҳазрати Муҳаммад(дурудба рӯҳи поки ӯ) «Забони аҳли биҳишт порсист».
2.
Осмоно!
Ҳеҷ медонӣ?
Шоире рафт, олиме рафт, ошиқе рафт…..
Кай баъди вай дарӣ ёбад сухан:
«Эй додгоҳи хокиён ,
эй осмони бекарон,
Танг аст ҳоли тоҷикон
Дар хоку зери хокдон!
……………
Тоҷик зи роҳи ростӣ
аввал заминро кишт кард,
Аз баҳри оташхонаҳо бо оби рӯяш хишт кард.» -3
Зи нури «оташи ӯ» Нораки мо нур гирифт,
Пас аз он кишвари мо шуда Нуристоне!-4
Шоире , ки хуб сарояд бо навозиш,
Осмон- ин чархаи гардунаро,
Шоире , ки мисли Монӣ мекунад тасвир,
Нақши Модар, ҳам Заминашро!-5
Шоире, ки бо шуниди нолаю шеван дар шабҳои тор,
Андаруни Қӯрғоне чун Мамай.- 6
Офарида достон бо ҳама сабки равонаш……
Достоне , ки рӯҳан як такон не,
Сад такон дод ҳам Кремлин,
Қаҳрамонони набарди ин ҷаҳониро! -7
Шоире , ки «мавҷ -мавҷ»- и достонаш,-8
Як сароғози бародархондагӣ шуд.
Мисли авмоҷи пайванди наслҳо шуд.
Осмоно !
Ҳеҷ медонӣ , ки рафт….?
Шоири ориф , орифи шоир!
Васфҳои «захмаҳо»-и дар китобаш омада, -9
Ҷилд-ҷилд як маъни китоб доранд.
То ҳанӯз ҳам бӯи тиру бӯи борут,
Балки хуни аскари навкуштае,
Бар димоғи ҳар касу нокас расад,
Аз даруни сафҳаҳои ин китобаш!
Осмоно!
Хуб медонӣ даъвою вой -войи асри порро, -10
Достони хубу рамзии Қаноатпешаро!
Чу «Гаҳвораи Сино» падид омад,-11
Ҳама «Синохоҳон» дам фурӯ бастанд!
Он чунон буд мустаҳкам,
Он чунон буд ҷонофар,
«Гаҳвораи Сино»,
Достони ҷонбахши миллати мост!-12
«То саҳаргоҳ Ситора меҷунбид,
Тифл бо гоҳвора меҷунбид».-13
3.Сатрҳо аз «Сарахбор»-и достони «Тоҷикистон исми ман» ҳастанд.
4.Ишора ба «Достони оташ»-и шоир оиди НБО-и Норак аст.
5.Ишора ба тасвири нақши Модар-Замин аст, ки сарандози кабуд ба сар дорад.Аз достони «Тоҷикистон исми ман»,Монӣ-рассоми замони тоисломии тоҷик.
6.Ишора ба Қӯрғони Мамай-дар шаҳри қаҳрамони Сталинград аст.Тибқи ёддоштҳои устод ҳангоми навиштани достони «Сурӯши Сталинград» чун ба гиреҳе дар мемонд, ба ин қӯрғони муқаддас, ки садҳо ҳазор аскабача он ҷо дафн шуда буданд шабона танҳо мерафт ва то дер гоҳ меистод ва онҷо ҳазорон доду фарёду нолаи аскарбачаҳои ҷавони шаҳидро мешунид, ки бо ӯ гӯё роз мегуфтанд ва ӯ зуд мушкилоти сатри достонро ёфта, ба қароргоҳи хеш баргашта , навиштани достонро давом медод.
7.Достони «Сурӯши Сталинград» баъди тарҷума ва чоп дар Маскав дар доираи адабӣ ва фарҳангии шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ шӯре бархезонд ногуфтанӣ!Ин достон бузургтарин достони навоваронаи эпикӣ-психологӣ дар адабиёти бузурги шӯравӣ ва ҷаҳонӣ шинохта шуд.Он на танҳо маснаднишинони Кремл, балки фармондеҳони артишу ҷабҳаҳои муҳорибаи Сталинград, азҷумла Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ, ду карат Қаҳрамони Итттиҳоди Шӯравӣ Чуйкови машҳур ва дигаронро сахт ба ҳаяҷон оварда буд.Ин достонро ба хотири пурмӯҳтавоию хусусияти психологӣ доштанаш ва ба намоиш гузоштани дастовардҳои адабиёти шӯравӣ дар офариниши асарҳои ҷангӣ-қаҳрамонӣ-ватандӯстӣ бо қарори Раёсати Итттифоқи Нависандагони СССР дар раёсати мазкур ва бо иштироки роҳбарияти баландпояи Вазорати дифои СССР ва роҳбарияти Итттифоқи нависандагони СССР мӯҳокима намуданд ва достон дар онҷо баҳои олӣ гирифт! На пеш ва на пас аз ӯ дар доираи раёсати Иттифоқи нависандагони шӯравӣ бо ширкати сарфармондеҳони олии Артиши шӯравӣ, артиши пурқудраттарини олам асаре мавриди муҳокима қарор нагирифтааст!
8.Ишора ба достони «Мавҷҳои Днепр» аст, ки мазмуни баланди ин достон аллакай солҳои 60-уми асри пор дар тамоми Итттиҳои шӯравӣ шӯру шавқи зиёдеро ангехта буд!
9.Ишора ба достони маъруфи «Китобҳои захмин» аст.
10.Ишора ба доду шавқуну баҳсҳо оиди ҷашни 1000 солагии Абӯали Ибни Сино дар назар аст.
11.Ишора ба достони «Гаҳвораи Сино».
12.Чопи достони «Гаҳвораи Сино» -ҳама «фарзандхонони Синоро» бо асарҳои дурӯғин ва сусташон(аз ҷумла романи дурӯғини Солдадзеро, ки барои навиштани он автомашинаи Газ-24 ва хона гирифта буд!) ба замин зад ва аз он паст нисбати тоҷик будани Сино эътирозе накарданд!
13.Сатрҳо аз достони «Гаҳвораи Сино».
3.
Осмоно,
Шоири орифи мову сӯфии тахти сухан!
Ба донишҳои ирфонию инсонию мантиқӣ.
Тавонист ҳал намояд даҳ мушкилро.-14
«Ва дар Алванду бандар ёфти, эй марди тӯфонӣ
Зи фазли форсӣ Алванд шуд Олимпи Юнонӣ
………..
Сароғозат Бухорою саровози ту Алванд аст
Миёни ин ду манзид банд-банд пайванд-
пайванд аст».-15
Осмоно!
Ё дорӣ, ёд овар, ёд…..
Шоири навҷӯву навпардози моро!
«Қанд ҷуй, панд ҷӯй, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷуӣ , биҷӯ,
…….
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳарчӣ мегӯӣ, бигӯ,
Лафзи шеъри дилбарӣ гӯи варо,
Ҳарчӣ мегӯӣ, бигӯ,
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест нест,
Чун, ки меҳри модар аст». -16
Ё ба қавли он Латиф,-17
«Лек медонӣ, ки ин дурри дарӣ
Бегумон дерина канди порсист,
Он каломи нағзи тоҷикист,
Нолаҳои ҷонгудози Мавлавист».
……….
«Ин ҳарири зарфишонро
Ин парранду парниёнро
Аз дилу аз ҷон харидорем,
Порсиро пос медорем!»-18
Осмоно !
Ёд дорӣ он замон,
Сатрҳои оташину ҷуръати шоирро:
«Номи ин сарзамин чу Дарвоз аст,
Ошёни баланди шаҳбоз аст!»-19
…….
«Карбало аз бало амин бодо,
То қиёмат замин камин бодо!»
Чу Мӯъмин, мӯъмини он шоирон буд,
Навишта ошкоро достонаш!-20
14.Ишора ба даҳ мушкилоти фалсафӣ дар достони «Гаҳвораи Сино».
15.Порча аз достони «Гаҳвораи Сино».
16.Ишора ба шеъри машҳури «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ».
17.Латиф Нозимӣ-шоири даризабони Афғонистон.
18.Сатрҳо аз «Хутбае бар минбари таърих»-и шоир Латиф Нозимӣ.
19.Ишора ба сатрҳои достони «Падар»-и шоир.
20.Ишора ба сатрҳои достони «Падар» ва ҷуръати ӯ дар ҳимояи муҷоҳидини Дарвоз бо сарварии Диловаршоҳ барои ҳимоя аз лашкаркашиҳои болшевикон дар кӯҳистони тоҷик дар солҳои 20-уми асри пор , замони хуфия ва сензура дар СССР.
4.
Осмоно!
Бинигар фоҷиаро , фоҷиаи Исматро,-21
Ба чи ранги аламӣ қаламӣ гаштаст он.
Дарду доғи миллату он ҷанги ҷаҳон,
Корнома шудаву захма ба дилҳо задааст:
«Як баҳори дигар аз ғулғулаи ҷанг гузашт,
Алами мурдаи Исмат зи дили санг гузашт».-22
……..
«Бачама гиря кунед, гиря, хама хешу табор…..
Гиря мекард ҳама зори ба зор…
Гиря мекард, аҷаб гиряи тифлона Нигор,
Рафт аз рӯи замин ашки баҳор.
…….
Писарам, хатти сиёҳат ба пари зоғ омад,
Рафтӣ аз боғи ҷаҳону ба дилам доғ омад». - 23
Шоири ҳақҷӯи миллат ,
Шоири ғамҳои миллат,
Ба ранчи халқ, ба доди халк,
Навишт ниёиши худ «Хаммосаи дод».- 24
Миёни гурӯҳҳои даргиру тиҳимағз,
Шоири мо мекишт тухми ақлу хирад.
«Ё Раб,
Бубахш меҳтари морову кеҳтари моро,
Бубахш ин сари танҳову бефари моро».
………
«Зи таъни худкушӣ бинмо раҳо моро,
Биёр он хирадеро, ки бурдаи аз мо,
……….
Зи нури нур ламъа ба рӯзи сиёҳ деҳ.
Имон фирор мекунад ӯро паноҳ деҳ!»- 25
Осмоно!
Ҳеҷ медонӣ?!
Шоири номвари мо ба лаҳни паҳлавӣ
Суруда достони паҳлавонӣ,
Ба васфи он шери яли Хуросонӣ- 26
«Аз шаҳри ҷалолем ,ҷамолем, камолем,
Бадгӯ нигорад , ки ҳаромем, ҳалолем,
Аз сифлаю номард , нанолем, нанолем,
Дар номаи аъмол ҷавобему саволем».- 27
21.Ишора ба достони «Ситораи Исмат»-и шоир.
22-23.Сатрҳо аз достони «Ситораи Исмат» оиди Исмат Шарифов,
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз деҳаи Итарқаи ноҳияи Данғара, ки 3 -
маротиба хати сиёҳаш ва охирин бор 9.05.1945 омадааст.
24.Ишора ба достони «Хаммосаи дод».
25.Сатрҳо аз достони «Хамосаи дод».
26.Ишора ба Аҳмадшоҳи Масъуд.
27.Сатрҳо аз достони «Масъуднома».
5.
Осмоно!
Баъди ин гуфтанҳову сӯхтанҳо,
Абри найсони худовандро,
Ҳамчу ашки мардуми тоҷик,
Бар сари мо рез-рез!
Рафт шоир, рафт шоир,
Шоири шеъраш ҷаҳонгир,
Худ ҷаҳонгараду ҷаҳонгир буд!
Бо сухан ӯ дошта набзи Сайёра,
Ҳам ҷунбиши гоҳвораро!
Осмоно!
Бо қалам аз дуду таркиш пок месохт,
Ӯ заминрову замонро,
Дар найистони табиат,
Ҷумла гургу ҷумла одамро,
Ӯ ба сулҳ овардаву ҳам ром мекар, ром,
На ба шамшеру ғуруру қатлу куштор,
Балки бо санъати сеҳри сухан.
Пас барои марги Малик-уш -шуаро мебояд гирист,-28
Мотами шоир набояд хурд бошад,
Мотами шоир намои миллат аст!
Осмоно!
Марги шоир,
Осиёи Марказиро хам сағир кард,
Рафта Чингиз, рафт Rаноат,-29
Монда Олжас,-30
Оқине дар дашти паҳно,
Бо сари танҳои танҳо!
«Аз карон то карона зери назар,
Медавад асп-Мевазад сар-сар».-31
Осмоно!
Рафта Роберт, рафта Эвтушу ҳам Эду,-32
Рафта Римма, ҳамчунин Белла, Олейник…….-33
Ҳеҷ кас аз «номварони олами зебо» намонд,34
То бихонанд,то бигирянд,то бигӯянд марсия,
Дар сари гӯри рафиқу дӯсти айёми ҷавонӣ.
Ҳатто он Нодири даврон бирафт:-35
«Кӯҳандиёро диёри ёро!
дил аз ту кандам, вале надонам,
Ки гар гурезам , куҷо гурезам,
вагар бимонам куҷо бимонам.» - 36
Ку Расуле, ки пайёме оварад аз Ориё?-37
Пас чи бояд кард эй Осмон, эй Тангри?!-38
Ашк мебояд бирехт, ашки борони баҳорӣ.
Дар сари гӯре, ки онҷо шоири мо хуфтааст.
Дар сари гӯре, ки дар рӯзи видоъаш,
Дастагул не, навдагул ҳатто набуд!
«Шоиронро магузоред набӯсида ба хок!»-39
Шоиронро нагузоред ба зудӣ ба хок,
Шоиронро бигузоред видоъ бо миллат!
28. Малик-уш-шуаро-ишора ба устод Мӯъмин Қаноат.
29.Ишора ба дӯсти номвари шоир, устод Чингиз Айтматов.
30.Ишора ба шоири номвари қазоқ, дӯсти бехтарини шоир Олжас Сулаймонов.
31.Сатрхо аз шеъри «Дашти казок»-и устод Муъмин Каноат.
32.Ишора ба Роберт Рождественский, Эдуард Евтушенко,Эдуард
Мжелайтес- шоирони бузурги шӯравӣ ва ҷаҳонӣ , дӯстони наздики шоир.
33.Ишора ба Римма Казакова,Бела Ахмадуллина, Борис Олейник ва
дигарон,ситорахои шеърӣ шӯравӣ, аз дӯстони шоири мо.
34. «Номварони олами зебо»- инҷо ба маънои ситораҳои шеъри шӯравии
замони «гармшавӣ», шоирони маъруфи солҳои шастуми асри пор, ки
устод Муъмин Қаноат низ дар байни ин ситорагон буд, сухан меравад.
35.Ишора ба Нодири Нодирпур-дӯсти шоир ва яке бузургтарин шоири асри 20-и мардуми порситабор.
36.Ишора ба сатрҳои шоири зиндаёд Нодири Нодирпур.
37.Расул-ишора ба устод Расул Ғамзатов, ки баъди вафоти устод Мирзо Турсунзода ба Мӯъмин Қаноат, ки ба ҷои Турсунзода роҳбари нависандагони Тоҷикистон ва яке аз котибони иттифоқи нависандагони СССР ва вакили Шӯрои Олии СССР гашта буд,чун додари хурдӣ панд медод, ки хадамотҳои ҷосусии шӯравӣ ва Амрико мақсади тақсими Ирони бузургро ба чанд давлатчаи хурд дар дил мепарваранд ва ману Турсунзода то тавонистем, тариқи дипломатияи фарҳангӣ Шӯравиро аз ин кори аблаҳона дур кардем, акнун бародар шумо ҳамин корро дар доираҳои Кремл тариқи дипломатияи фарҳангӣ ва дигар амалҳои сиёсӣ анҷом медиҳед, то ин амали разилона нисбати Ориёно-Ирон анҷом наёбад ва устод Мӯъмин Қаноат низ ин амали ин мардони бузургро то замони пошхӯрии шӯравӣ пурра ба анҷом расонид.
38.Тангри-Осмони кабуди паҳновар ,ишора ба асотири мардуми турку муғул ва навиштахои адибони ин мардум оиди Тангри - офаридгор.
39.Ишора ба сатрхои устоди зиндаёд Бозори Собир.
6.
Осмоно!
Бори дигар мекунам хоҳиш:
Ин заминро аз ашки абрат пур кун охир,
Шоире рафт,
Олиме рафт,
Орифе рафт!
Тоҷикистони азиз беҳад ятим шуд,
Бенаво буд, бенавотар шуд,
Як шабеҳа мисли манқурти сухан шуд!
Марги шоир ,
Марги оддӣ нест охир,
Марги шоир,
Марги сухангӯю сухансанҷ аст,
Марги миллат дар забону шоир аст:
«Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд.»-40
Кӯҳсорони Бадахшон,
То ба Зартеғу Дамованд….!-41
Сар фуруд оред охир….
Охирин шоири ормонӣ,
Охирин Фирдавсии сонии ашъори хаммосӣ…..
Рафт аз дунёи бефарҳанги имрӯза ҳақирона!
Шикаст он «табақи заррин» ки номаш бувад ҳаёт,
Нотамом монд достони Ориён чун «Бурҷи Милод!»-42
Кунун куҷост он ҳакиме чун Эбаноидзе,-43
Ки аз устод оиди пойгоҳи шеър мадад пурсад!
Парвардигоро!
Нигоҳ кунед…..!
Абри найсон дар домани Модар-Замин,
Ашк мерезад чу шаршараи Дараи Мело,-44
Балки чун чашмаи софи «Сабоҳӣ»,-45
Миллат паршикастааст, мегиряд,
Тоxикистони азиз мегиряд,
Баҳри фарзанди азизаш,
Шоири номбару номвараш,
Ашки мотам дорад.
Марги шоир басо сахт аламист,
Ё Раб, тавон деҳ дар ин рӯзи Шариф!-46
Миллати мотамзадаву хастаи моро,
Ба миллат биёмӯз ҳикмату гавҳари гумшуда,
«Пиндори неку рафтори неку гуфтори некӣ» - ниёгонро!-47
Биёмӯзу бихонанд ҷавонони ба фарҳанг,
Зи ашъори ватандӯстонаи шоири ватанхоҳ,
Корномаи миллату Маккаи мо Тоҷикистонро!
40.Сатрҳо аз сароғози достони «Сурӯши Сталинград».
41.Зартеғ- қӯҳест дар Дарвоз, Дамованд кӯҳест дар Ирон.
42.Устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат се-чор сол пеш ишора мекард, ки марказҳои фарҳангии мардуми порситабор ва аллалхусус аҳли адаби Ирон аз ман хостгори эҷоди достони пурсадои таърихии ориёиҳо бо номи «Бурҷи Милод» гаштаанд «ва ман гуфтам, ки кунун пир шудаам ва умр аз ҳаштод гузаштааст, кори сахт мушкиле хоҳад буд».Бо вуҷуди он устод бо он дониши васеъе , ки дошт ба ҷамъоварии мадракҳо ва омӯзиши онҳо сар намуда, ба қавли худаш лоиҳаи достонро низ нақш карда ва кам ба кор шурӯъ намуда буд. Во ҳасрато, ки 250 миллион мардуми порситабор аз ин достони эҷодшаванда бо сабаби марги устод барои якумрӣ дар канор монданд!.
43. Александр Эбаноидзе.- сармуҳаррири маҷаллаи бонуфузи «Дружба народов».Соле чанде пеш чун абарқудратҳои шеъри шӯравӣ зинда буданд дар Маскав , рӯзномаи маъруф ва хосатан роҳбари он Абашидзе ситораҳои шеъри шӯравиро ҷамъ овард то дар бораи шеъри муосири шӯрави ва ҷаҳону рушди он мизи муколламае ташкил намояд.Он замон Евтушенко, Белла, Фозил Искандар, Римма Казакова дигар ситораҳои пурнури шеър зинда буданд ва чун баъди кушодани ҷалласа ва суол партофтан яке аз баромадкунандагон аз масъала бурун баромад ва ҷалласа рангу маънии худро гум намуд. Абашидзе ба таҳаллука омада бо имдод ба устод Мӯъмин Қаноат ишора менамояд.Шоири мо зиёда аз якуним соат дар хусуси шеър дар фазои пасошӯравӣ ва рушди шеъри ҷаҳонӣ бо тамкини ба худ хос ва босаводона бо лаҳни равон ва зебои русӣ сухан мегӯяд.Дигар ситорагони шеъри шӯравӣ баъди чунин баромади пурмазмун ва илман асосноки устод Каноат танҳо бале гуфта сухани ӯро тасдиқ ва аҳсанат гуфта, аз доираи сухани ибрознамудаи ӯ берун баромада наметавонанд.Ҳоло он, ки онҷо бузургмардони шеър аз қабили Евтушенко ҳузур доштанд, ки чандин сол боз дар донишгоҳҳои ИМА ба маърӯзахонӣ оиди санъати шеър машғул буд!
Дар ҳақиқат инҷо ҷазобияту тавоноии шоири орифи тоҷик ва бузургии ӯ дар сатҳи кишварҳои собиқ шӯравӣ бо пуррагӣ айён мегардад.Ин воқеъа ҳамчунин ҷавобест ба он шоирону ва ба ном зиёиёне, ки вақтҳои охир аз донишу обурӯи шоири сатҳи ҷаҳонии мо сахт ҳасад бурда, дар рӯзномаҳо бо заҳрханда , бахилии сахти сатҳи маҳаллию минтақавӣ менигоштанд, ки Қаноат русиро намедонад.(Дар омади гап устод агар русиро намедонист, беш аз 50 сол муқаддам дар байни издиҳоми чандҳазорнафараи мардуми толори бузурги корхонаи харбии калонтарини шӯравӣ шаҳри Киев бо хондани шеъри «Мавҷҳои бародарӣ» ҳазорон одамонро ба ашк рехтан водору рӯзи дигараш Л.И.Брежневро ба риққат намеовард)!
44.Дараи Мело- мавзеъе дар Сағирдашт.
45.«Сабоҳӣ»- чашмаест дар зодгоҳи шоир, деҳаи Курговад.
46.Ишора ба рӯзи вафоти шоир-рӯзи ҷумъаи одина ва моҳи шарифи Рамазон!
47.Ишора ба гуфтори ҳакимонаи Зардушт.
Хонандаи азиз, маъзарат мехоҳам мақсад аз навиштану нишон додани факту рақамҳо аз он иборат аст, ки устоди бузург Мӯъмин Қаноат он тавре, ки дар Руссия, Ирон, Афғонистон ва дигар қораҳо шинохта шудааст, бо сабаби сабки мушкили оддӣ карда гӯем “бедилона ва ҳофизона”-и худ ва дониши пасти қисмати зиёди мардуми тоҷик хуб шинохта нашудааст ва хосатан ҷавонон дар хондану донистани ашъори ӯ, ки ҳамагӣ донишро (хосатан мантиқу фалсафаро) талаб мекунанд сахт мушкилӣ мекашанд. Мисоли бараҷастаи он шарҳу эзоҳ ва фаҳмондан чопи достони на он қадар мушкили “Ситораи Исмат” буд, ки баъди чопи силсиламақолаҳо ва чанд баромади телевизионии банда шӯҳрати азимеро дар байни омма дар зарфи 2-3 соли охир касб намуд ва дар нашрияҳо пайваста дар сатҳи кишвару вилояту ноҳияҳо ба чоп мерасад.
Ҳоло он, ки асарҳои устод Мӯъмин Қаноат хосатан дар Руссия барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ-психологӣ омӯзонида шуда, ҳатто дар калисоҳо низ намошномаи “Сурӯши Сталинград” ба хотири тарбияи ватандӯстӣ-православии ҷавонони рус барои ҳимояи Руси муқаддас ба намоиш гузошта мешаванд ва дар дарсҳои математика ба таври навоваронаю ҳисобҳои рақамӣ ин достон ба хонандагон омӯзонда ва донишу малакаи ватандӯстии онҳо афзун карда мешавад! Симфонияи итолиявии “Сурӯши Сталинград” дар мактабу дайрҳо садо дода, мардумро ба дӯстдории ватани маҳбуб Руссияи бузург тариқи он попҳо даъват мекунанд ва аз ашъори шоири бузурги миллии мо пурра истифода мекунанд.
Мо низ бояд чунин бошем ва аз ашъори ватандӯстонаи бузургтарин достонсарои хаммосӣ-психологии 100 соли охири Осиё ва ҷаҳон устод Мӯмин Қаноат дар тарияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллат ва хосатан ҷавонон, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон пайваста ба мардум дар Пайёмҳояш оиди ин масъала ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва авҷи баланди терорризм ва ифротгароӣ ҳушдор медиҳад истифода намоем.
Варқаи Зайниддин, Узви ИЖ-и ЧТ, Аълочии матбуоти Точикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, шаҳри Бохтар, 4.06.18