«Ёди ҷонсӯзӣ фарзанди миллат»
Чанде пеш дипломати маъруф ва ҷавонмарги тоҷик Муҳаммадалии Лиқо 50 сола шуд ва ин сатрҳои ҷонсӯз ба хотираи дурахшони ӯ бахшида мешаванд.
То маро роҳи хаёлаш бибарад аз паси ӯ,
Дина шаб сӯи ба сӯ аз паи ёдаш будам.
Чашм пуробу чу оташзада аз пушти сароб,
Ҳама шаб кӯи ба кӯ аз паи ёдаш будам.
Б.Собир
Устоди бузурги шеъри навини форсӣ Мӯъмин Қаноат дар сароғози хаммосаи машҳури ҷаҳонии хеш «Сурӯши Сталинград» сухани ходими машҳури сиёсии Испания , бону Долоррес Ибаррурӣ - «Барои ман дар бораи шаҳре сухан гуфтан муҳол бошад, он шаҳр Сталинград ҳаст»-ро чун эпиграф овардааст. Оре, бону Ибаррурӣ дар ин шаҳри қаҳрамониҳои ҷовидонаи инсоният алайҳи чингизиёну темуриёни хунхори асри ХХ лахти ҷигари худ, писари қаҳрамонашро аз даст додааст ва барои ӯ ёд овардан аз ин манзилу макони фоҷиаи одамӣ басо сангин буда , зеро пораи дил, меваи умр ва давоми ҳаёти худро аз даст додааст.
Дар ин маъни агар барои ман аз байни шахсиятҳои азизу наздик дар бораи касе суханеро ба забон овардану ангораҳои хешро рӯи саҳфаи сафед овардан муҳол бошад, бешубҳа ин тағоии ҷавонмарди ҷавонмаргам Муҳаммадалии Лиқост. Аз марги ногаҳонӣ ва то андозае фоҷиавии ӯ якуним сол сипарӣ гаштааст, лекин барои ман рӯи коғаз овардани хотираҳои тағоии зебо ва бузургворам бисёр гарон хаст.
Чанд маротиба сайъ кардам, қаламу коғаз гирифтам, то дар бораи ин шахсияти бузург, инсони комил ва ҷавонмарди зебо, ки мутаассифона, дар миллати мо имрӯзҳо ками андар каманд, чизеро иншо намоям.Росташро рӯям хонандаи азиз ва нуқтадони ман ҳар бори хомаро ба даст гирифтан фикрҳои магшуш, нолаю савти ҳазине дар лавҳи хотираам чарх зада , садо медод ва мани бародаргумкардаро аз навиштан боз медошт ва рӯи коғази сафед чанд қатра ашки ман аз рухсора чакида , пош мехӯрд ва баъди чанде каминаи камтарин худро дар иншои ин ангораҳо мотшуда ҳис намуда, аз навиштан худдорӣ мекардам.
Имрӯз низ дар ин фасли заррини моҳи тира, бори чандум аст, ки паси миз нишаста кӯшиши иншои хотираҳои хешро мекунам.Хотираҳои давраи бачагӣ, ҷавонӣ, хотираҳо аз тағоии бузургворам, ки ҷамъи хешу табор, ёру дӯстонро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда, бе видоъи ёрон ин олами бевафоро абадан тарк намуда, манзили хомӯшонро абадӣ макони худ қарор дод.
Муҳаммадалии Лиқо аз байни панҷ нафар тағоиҳои зиёӣ ва паҳлавонсимоям , тағоии кӯчаки ман буд. Ӯ охирин меваи самараи умри бобаракати бобоям Махсуми Алимардон ва бибиям Халифамоҳ (рӯҳашон шод бод) буда,дар деҳаи зебоманзари Қалъаи Ҳусайн, мавзеъи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Хонаводаи бобоям чун ҳама асилзодагони водии Дарвоз буданд (авлоди бобоям ҳамаги шоирзодагон, муфтӣ ва муншиҳои шоҳи Дарвоз, авлоди бибиям ҳамагӣ мансабдорон ва сарватмандони ин шоҳигарӣ) ҳама давр маркази илму ирфон, аҳлу адаби давр буда. Табиист, ки ба чунин хонаводаи пурфайз пайваста меҳмонони бузурге аз кулли Тоҷикистони азиз, Осиёи Миёна ва Иттиҳоди Шӯравию хориҷи кишвар ташриф меоварданд. Бобою бибии меҳмоннавозам, ки таърихи нону кулчаҳои ширмоли ӯ то ба Тошканду Маскав рафта мерасид, пайваста чун ҷадди асилзодаи хеш меҳмононро хайру мақдам гуфта , бо иззату эҳтироми хосае пешвозу гусел менамуданд. Ёд дорам бародари кайҳоннаварди шӯравӣ, Каҳрамони Иттифоқи Советӣ Юрий Стрекалов дар боғи хонаи мо истироҳат намуда, аз чунин пазироии гарму ҷӯшони ин мӯйсафеду кампири тоҷик ба худ ҷои нишаст намеёфт. Меҳмони масквагиро аз як тараф манзараи зебои деҳ, аз тарафи дигар дастурхондории тоҷикона ва меҳмоннавозии тоҷикон сахт ба ҳайяҷон оварда буд.
Таърихи ин хонавода чунин меҳмонони олиқадри шӯравиро аз генералхо сар карда, то академикҳои АФ - и Иттиҳоди Шӯравӣ ва мехмонон аз Чехославакия,Олмони Демократӣ, Лахистон , Маҷористон ва ғайраҳо зиёд ёд дорад. Ана, дар чунин муҳити хонаи меҳмоннавоз ва то андози шоирона ва олимона тағоии азизам Муҳаммадалӣ ба воя расид.
Замони таҳсилот дар мактаби миёнаи рақами 14 (он вақт ба номи Яков Свердлов)- и деҳа ӯ худро ҳамчун яке аз беҳтарин толибилмон нишон дода , аз ҳамаи фанҳо танҳо баҳои аъло мегирифт. Дар ин замина доимо, пайваста аз китобхонаи деҳа, ки он давра макони илму маърифат маҳсуб меёфт ва зери назари қатъии мудирони сахтгири он холаи Лиза (рӯҳаш шод бод) ва апаи Оиннамо қарор дошт, истифода мебурд. Асарҳои зиёдеро аз адабиёти илмӣ - оммавӣ, таърихи шӯравӣ, хориҷӣ ва тоҷикӣ мутолиа намуда, ҷаҳонбинии хешро нисбат ба муҳити танги деҳа ва нисбати ҳамсолонаш ба маротиба боло бурда буд.
Хотиррасон бояд кард,ки ибрати тағоии бузургворам буд, ки баъдан каминаи камтарин ба мутолиаи зиёди адабӣ, бадеъӣ, таърихӣ ва илми дода шуда, бо ибораи омӯзгорони деҳаамон то хатми мактаби деҳ бо пуррагӣ китобхонаи деҳа ва мактабро «фурӯ» бурдам.Он захираи бузурги адабиёти тоҷикӣ, шӯравӣ, ҷаҳонӣ, адабиёти илмӣ - оммавӣ, таърихие, ки бо гузашти солҳо дар майнаи банда ҷой гашта, барои ман кунун чун захираи «академӣ» беминнат хизмат мекунанд, бешубҳа натиҷаи гирифтани ибрат аз тағоям ҳаст ва аз ин рӯ каминаи камтарин як умр аз ӯ сипосгузор ҳастам.
Муҳаммадалии наврас бо чаҳ-чаҳи булбулони хушнавоз, қақраи кабкони кӯҳсор, накҳати гулу райҳони кӯҳӣ, шилдироси чашмасорон ва панду насиҳату меҳру муҳаббати бобою бибии фариштасириштам ба воя расида, мактаби миёнаро бо баҳои аъло дар деҳа ба итмом расонид.
Аз айёми кӯдакӣ ӯ ба адабиёти ниёгон, ҳуруфоти форсӣ меҳру муҳаббати зиёде дошт. Мустақилона ва бо ҳидояти бобои бузургворам хатти форсиро омӯхта баромада, машқи хаттии зиёдеро анҷом медод. Чун ба нақшҳои хаттии бобокалонамон, шоири маъруф Мирзо Лиқои Дарвозӣ дида медӯхт, ҳайратзада мешуд.Хатти зебои ҷадди гузаштааш бо зебогияш ӯро ошиқи хатти форсӣ, ошиқи адабиёту фарҳанги тоҷик, адабиёту фарҳанги олами ислом мегардонид.
Ёд дорам, бобои бузургворам дар фасли сармо, дар гирди сандали то дергоҳ барои аҳли хона қиссаҳои «Шоҳнома», «Абӯмуслимнома», «Самаки Айёр», «Маснавии Маънавӣ» - и Мавлои Румро қироат мекард. Аз таърихи давлатдории тоҷикону Оли Сомон, куштори точикон аз тарафи Чингизи хунхору Темурланги алайҳилаъна ҳикояҳо қироат мекард.Табиист, ки ҳамаи ин нақлҳо дар дили мо наврасони кӯчак як ҳиссаи муҳаббат ва ифтихори бузургеро бо номи тоҷик будан ва ифтихори миллӣ пайдо мекард. (Дар роҳи пайдо намудани ҳисси баланди худшиносии миллии банда аз замони кӯдакиям хизмати бобои бузургворам барои камина ҳамто надорад). Тағоям аз синфи хафт ё хаштияш орзу дошт, ки ба факултаи шаркшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шавад. Аз ин рӯ, пайваста аз ҳамон давра махсус тайёрӣ медид. Адабиёти зиёдеро мавриди омӯзиш қарор медод, махсусан ба навишти иншо диққати ҷиддӣ медод ва мустақилона иншоҳои зиёдеро менавишт.
Соли 1978 баъди бо баҳои аъло хатм намудани мактаби миёнаи деҳ ҳуҷҷатҳои худро ба шӯъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон супорида, имтиҳоноти дохилшавиро бо муваффақият супорида сазовори номи баланди донишчуи ин факултаи замоне дар сатҳи Иттиходи Шӯравӣ машҳур гардид.
Давраи таҳсилаш дар ин даргоҳи муборак, ки солҳои 1978- 1983-ро дар бар мегирифт, замони илмомӯзӣ, бо ибораи дигар, давраи бедорхобии ин ҷавони зебо ва болобаланд гардида буд.
Кунун пойи Муҳаммадалии ҷавон аз факултаи забонҳои шарқ ва китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи устод Фирдавсӣ канда намешуд. Ӯ пайваста фарогири хондан ва танҳо хондан буд. Заҳмати бедорхобиҳо, зиёд хонданаш бор дод ва ахиран ӯ соли 1983 донишгоҳи мазкурро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, бо роҳхат озими кор ба пажӯхишгоҳи шарқшиносии АФ- и ҶТ, ки он замона дар сатҳи шӯравӣ ва ҷаҳон нуфуз дошт, гашт.
Хотиррасон бояд кард, ки он замон империяи абарқудрати Шӯравӣ, ки сиёсати васеъ ва густурдаи худро дар саросари ҷаҳон пеш мебурд, ба кишварҳои Шарқ, алалхусус кишварҳои арабӣ таваҷҷӯҳи хоса дошт. Аз ин рӯ, мутахассисон, тарҷумонҳо ва донандагони фарҳангу чуғрофияи ин кишварҳо, бо ибораи дигар шақшиносон чун мутахассисони нодир ва зарурӣ дар сатҳи вазоратхонаҳои сершумори шӯравӣ аз қабили вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати геология, вазорати мудофиа, вазорати нафту газ, вазорати фарҳанг ва ғайраҳо ба ҳайси мутахассисони кишварҳои шарқӣ ва тарҷумон ҷалб карда мешуданд.
Тирамоҳи соли 1983 тағоиямро тибқи барқия (телефонограмма) - и ВКХ - и СССР ба Маскав, пойтахти империяи бузурги ҷаҳонии вакт барои санҷиш ва омӯзиш даъват намуданд. Дар ВКХ - и СССР баъди имтиҳони мутахассиси ҷавон, ки забонҳои арабӣ, инглисӣ, русӣ ва форсиро хуб балад буд ва доираи ҷаҳонбинияш васеъ буд, мутахассисони раёсати Шарқи Наздики ин вазоратхонаи бонуфуз ба ваҷд омаданд. Баъдан ӯро ба ҷои кор ба сафоратхонаи шӯравӣ воқеъ дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ фиристониданд. Ӯ дар сафоратхонаи мазкур вазифаи масъулятнокро иҷро намуда, ҳамзамон тибқи шартнома дар идораи «Союззагрангаз» барои мутахассисони соҳаи нафту гази шӯравӣ ва ироқӣ корҳои тарҷумониро ба иҷро мерасонид.
Дар зарфи зиёда аз 3 соли фаъолияташ мутахассиси ҷавони тоҷик зимни омӯзиши пайваста, мутолиаи зиёди адабиётҳо доири таърихи кишвархои араби , таърихи дипломатия, забони арабӣ ва русӣ ба яке аз мутахассисони касбӣ ва пурдон, ҳамакор сабзида расид.Ӯ дар байни кормандони сафоратхонаи шӯравӣ дар Ироқ ва муҳандисони нафту гази шӯравӣ бо донишу фарҳанги баланд, муносибат, сурат ва сирати зебои худ ба як шахси соҳибэҳтиром табдил ёфт.
Дар он даврони шӯравӣ, ки ягон-ягон мутахассисони тоҷик дар хориҷи кишвар дар ҳайати дипломатии шӯравӣ кору фаъолият доштанд, бешубҳа онҳо сафири миллати худ дар хориҷа маҳсуб меёфтанд. Ин бор бошад, масъулияти зиёда дошт ва на ҳар кас аз ӯҳдаи бардоштани он мебаромад.
Муҳаммадалии Лиқо хушбахтона бо донишу идроки баланд, ҷаҳонбинии васеъ , қаду қомати баланд ва сурати басо зебои тоҷиконаи(ориёна)-и худ тайи фаъолияти беш аз 3 солаи худ , дар хориҷи кишвар худро ба ҳайси намояндаи миллати тоҷик бо тамоми ҷанбаҳои ҷавонмардӣ нишон дод ва то андозае дар симои худ эҳтироми дигар миллатҳоро нисбати миллате бо номи «тоҷик» ба бор овард.Замони фаъолияташ дар Ироқ ӯ аз марказҳои фарҳангии ин кишвари замоне пораи Иронии бузургу маркази давлатдории Куруши Кабир дидан ба амал овард.
Дар он давраи вазнин ва сиёсати зиддидинии шӯравӣ тавонист, ки оромгоҳҳои мубораки пайғамбарамон, хазрати Муҳаммад (дуруд бар ӯ) ва ҳазрати Алиро зиёрат намояд. Он давра дар Бағдод зиёрати мақбараи фарзанди баруманди халқи тоҷик Абӯмуслими Хуросониро, ки арабҳо баъди 1230 соли қатли номардонааш бо таҳқир «қабри тоҷик» меномиданд, зиёрат намуда ва чун тоҷик дилаш барои ин тоҷики ғарибгургашта сахт ба риққат омада буд (гарчанде, ки Ироқ низ як порча замини мардуми иронитабор ҳаст).
Охири соли 1986 баъди адои миссияи дипломатии худ ба ватан баргашт ва дар Академияи фанҳои кишвар фаъолияти худро давом дода, ба аспирантура дохил гашт.Лекин дере нагузашта бо дархости Вазорати дифоъи СССР ӯро ба ҳайси тарҷумонҳои афсарони ҳарбии кишвари Сурия, ба яке аз аэродромҳои ҳарбии Турманистон даъват карданд ва ӯ фаъолона ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ корро бо сарбаландӣ ба иҷро расонида баъди ду соли хизмат дар артиш ӯ ба ватан баргашт.
Акнун ибтидои солҳои 90-уми асри пор вазъ дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ дигаргун гашта, ба ҷумҳуриҳо то андозае ҳуқуқҳои васеъ дода шуда буд. Дар ин асос ҳуқуқҳои чумхурихои иттифоки оиди муносибатҳои байналмиллалии васеъ гашта буд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ пайи «бозсозӣ ва такмили фаъолияти кории худ» қарор дошт. Бо мақсади нумӯъ бахшидани фаъолияти кории ин вазоратхона озмун эълон гашт. Озмун ба хотири дарёфти кадрҳои лаёқатманди касби ва милли. Муҳаммадалии ҷавон озмунро бо як сарбаландӣ ва дониши баланд пушти сар карда, ба ҳайси корманди ин вазорат пазируфта шуд. Фаъолияти корияш дар Ироқ ва кор бо хизматчиёни ҳарбии хориҷӣ дар Турманистон тавонист, ки ӯро дар ин вазоратхонаи Тоҷикистони ба тозагӣ соҳиби истиқлолият гашта ба ҳайси як мутахассиси баландихтисос муаррифӣ намояд.
Дар давраи корияш дар ин вазоратхона , солҳои 1992 аввалин пояҳои мустақилияти ин вазоратхона гузошта шуд.Чун кишвар ба тозагӣ ба истиқлолият расида буд, кору пайкори ин вазоратхонаи муҳим дар он давраи таърихии солҳои 1991-1992 низ хело зиёд буд. Тоҷикистонро кунун оҳиста - оҳиста кишварҳои кулли дуне шинохта, бо он муносибатҳои дипломатиро барқарор мекарданд.Сафоратхонаҳо ва консулгариҳои худро мекушоданд.Ҳайатҳои расмии худро мефиристониданд.
Дар навбати худ Тоҷикистон ба ҳайси аъзои СММ кабул гашта, оҳиста-оҳиста сафоратхона ва дигар намояндагиҳои худро дар дигар кишварҳо мекушод.Аъзои созмонҳои гуногуни байналмиллалӣ мегашт, ки табиист дар ин роҳу фаъолият вазифа ва масъулияти ВКХ- и ҶТ ба маротиб меафзуд ва дипломатияи ҷавони тоҷик сол аз сол пуртаҷриба мегашт. Сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар рушд мекард ва Тоҷикистонро зиёдтару зиёдтар дар миқёси ҷаҳон мешинохтанд. Барои ин ҳама муваффакаиятхо бошад пеш аз хама заҳмат лозим аст. Паси пардаи сиёсати хориҷии кишвар заҳмати шабонарӯзии кормандони ВКХ - и ҶТ нухуфтааст ва дар ин муваффақиятҳои вазорат ва дипломатияи тоҷик, хизмати корманди ботаҷриба ва варзидаи он Муҳаммадалии Лиқо хело бузург хаст. Ӯ тамоми вазифаҳои ба зимааш гузоштаи роҳбарияти вазоратро аз мушовир то сардори раёсат бо пуррагӣ,бо муваффақият, тозакорона ба иҷро расонидааст.
Хизматҳои шоёни ӯро ба назар гирифта, Муҳаммадалии Лиқо ба вазифаи масъули намояндаи ҶТ дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таъин гашт. Ӯ бо камоли кордонӣ ва босаводии хоси худаш ин вазифаро бомуваффақият ба иҷро расонидааст. Баъдан ба ҳайси муовини аввали сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин ба кор таъин гашта, дар ин вазифа низ худро ба ҳайси як дипломати пухтакори тоҷик нишон додааст.
Баъдтар ӯ ба ҳайси мушовири ВКХ- и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Як хусусияти ҷавонмардонаи ин чавонмарди тоҷик дар он буд, ки ӯро ба кадом вазифаи хурд ва ё калоне таъин мекарданд фарогири кор мешуд. Ҳол он , ки ӯ яке аз мутахассисони баландпоя, баландфитрат ва касбии ин вазоратхонаи маъруфи точик буд ва ҳуқуқи маънави низ дошт, ки чун мутахассиси пуртаҷриба барои худ танҳо вазифаи баланд талаб намояд.Ба тағоиям чунон, ки гуфтем, принципнокӣ, дониши васеъ, забондонӣ, хусусиятхои хуби таҳлилгароӣ, хатти хуб, ҷавонмардӣ, озодандешӣ, сабру таҳаммул, фурӯтанӣ хос буд. Ӯ танҳо дар фикри кор ва хизмати содиқона ба ватану миллату ҷамъият буд, ки ба бадбахтии ин миллати баргаштабахт чунин кадрҳои тиллоии миллат имрӯз дар ин мақомот ва дигар мақомотҳо ками андар каманд. Мутаассифона, ин дили бузург, ки доиман бо меҳру муҳаббат аз ишқи миллату ватан савт мезад, натавонист розу ниёзи як ҷавонмарди воқеъан миллиро, дар ин аёми барои миллату давлат басо вазнини буҳрони бароварда созад.
Дили саршори ишқу муҳаббат ва пур аз орзӯи тағоии ба ҷон баробарам, ки доиман ба бурду бохтҳои миллати тоҷик бо таваҷҷӯҳи хоса менигарист, дар баҳори 48 - уми ҳаёт, дар баҳорони ғарқи гули лола, ногаҳон аз тапидан боз монд.
Рӯзи вафоташ ба мохи зебои табиат- мохи май рост омад.
Гӯё сатрҳои зерини бо хуни дил навиштаи шоирони миллии мо - устоди устодон Муъмин Каноат ва устод Лоики равоншод маҳз барои тағоии ҷавонмаргам иншо шуда бошанд:
Ҷон будиву рафтӣ, зиндаям ҳайронам,
Дар васлу видои ҷону тан сарсонам.
Бо ашк марез пок дар домани хок,
Бо ханда марав ту аз лаби хандонам.
М.Қаноат
Аз ту, эй шердилу сафдару бебок афсӯс,
Нараҳидӣ ту ҳам аз зарбати афлок афсӯс.
Гӯё ин хок чу аз тирадилон тира шудаст,
Бо дили пок бирафтӣ, ба дили хок афсӯз.
Л.Шералӣ
Вафоти ногаҳонии тағоии ба ҷону дил баробар ва зебою доноям айни ҷавонмардӣ ва шукуфтанҳои зиндагӣ, дар баҳори ғарқи гул, зебогии табиат дар остонаи бинои ВКХ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъи хешу табор, ёру дӯстон ва ҳамчунин миллати кӯчаки дар сохаи корхои хоричи каммутахассиси мо, фикр мекунам, ки як фоҷиаи бузурге буд, ки тасвираш рӯи саҳифа басо гарон аст.
Худро бо он таскин мебахшем, ки худованди азимушшаън чунин ҳаст ва поконро ба зудӣ ба сӯи худ мехонад.
Аз ин шахсияти бузург се писар ва духтари зебое ба ёдгор мондааст. Фарзандонаш имрӯз бо донишу рафтори намунавӣ ибрати дигаронанд ва боварӣ дорам, ки онҳо бо азму иродаи қавӣ ва доди худовандӣ ҷойгузини падари ҷавонмарг ва ормонии хеш хоҳанд шуд.
Дар ин кор ба онҳо ҳама вақт рӯҳи падар, бобо ва бобокалонҳо, ҷадди бузургашон мададрасон хоҳад буд.
Ба рӯҳи поки ин азизи дил, ҷавонмарди асилу ормонии тоҷик дуо намуда , хоҳони ободии хонаи охираташ ҳастем.
Дар ин асос ин абётро пеш меорем :
- Ба сари хоки ӯ дуо хонед,
- Ки ба дил оташи фурӯзон рафт.
- Аз ғами халқу аз ғами ватанаш,
- Дар дилаш ғӯссаи фаровон рафт!
Варқаи Зайниддин,
ш. Қӯрғонтеппа