15:53:08 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«Шӯрои педагогӣ ва ё саҳифаҳо аз дафтари хотираҳои падарам»

(Ба муносибати 85 солагии педагоги барҷастаи тоҷик падари бузургворам Давлатҷон Зайнидддинов бахшида мешавад.)

Педагоги маъруфи шӯравӣ В.А.Сухомлинский андешае дорад,ки асоси зарурии ҳаёти мактаб, ки дар он робитаи ҳамдигарӣ,вобастагии ҳамдигарии ҷараёнҳои педагогӣ ифода меёбад ин коллективи педагогӣ чун қувваи ягонаи тарбияткунанда мебошад. Фикр мекунам,ки дар ин андешаҳои педагоги барҷастаи асри 20, моҳият ва вазифаи аслии коллективи педагогӣ,ки ҳадафи асосияш тарбияи насли наврас ҳаст ба хуби инъикос ёфтааст.

davlatjon_zayniddinov_32665Табиист,ки барои бо роҳу равиши дуруст бурдани фаъолияти коллективи бисёрнафараи педагогӣ ва натиҷаи босамар додани он бояд роҳбари мактаб, яъне директор (ба қавли Сухомлинский, муалими муаллимон), ки омӯзгорон ба ӯ бовар мекунанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоваранд,агар ӯ тавонад ҷузъиёт ва нозукиҳои ҷараёни педагогиро рӯз ба рӯз, беш аз пеш ва паҳлӯю ҷиҳатҳои нав ба наверо кашф кунад,ки онро метавон санъати тасхири қалби инсон номид он гоҳ метавон ба муваффақият ноил гашт.

Бо ибораи дигар ва гуфтаи ин педагоги барҷаста ва навовар директори ҳақиқӣ ва роҳбари касбии омӯзгорон он касест, ки дар фаъолияти педагогӣ ва роҳбарияш аз ҷустуҷӯ ва навовариҳо дар мактаб орӣ нест ва баҳри хуб ба роҳ мондану бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар мактаб пайваста талош меварзад.

Барои ба амалбароии чунин фаъолият бешубҳа саводу малакаи баланди педагогӣ бояд дошт ва вазъи рафти таҳсилро низ пайваста назорат,таҳлил ва омӯхта баромад.

Шӯрои педагогӣ дар кори такмилу ба роҳ мондани фаъолияти педагогии мактабҳо бе шубҳа ҳама вақт нақши марказӣ дошт ва дорад.Инак дар назди ман дафтари калони Шӯрои педагогии мактаби миёнаи №1-и ба номи Сталини шаҳраки Калъаи Хуми ноҳияи Дарвоз барои давраи таҳсилоти солҳои 1960-1961 истодааст. Дафтари калони муқовааш сурх,ки варақҳояш бо мурури замон зард шудаанд.Дар ҳар як саҳифаи ин дафтар қарорҳои Шӯрои педагогӣ,масъалаҳои пешгузошта ва муҳокимашаванда бо пуррагӣ қайд ёфта, имзои раиси Шӯрои педагогии мактаби мазкур,шодравон Давлатҷон Зайниддинов ва котиби шӯрои мазкур,ҷонишини он вақтаи директори мактаб,шодравон Азимҷон Юсупов(баъдҳо корманди масъули Шӯрои Вазирони Тоҷикистон) қайд ёфтаанд.

Дар дафтари мазкур қарорҳо, рӯзомаҳои ҷалласаҳои шӯро, моҳияти масъалаҳо,бо хати хело ҳам зебои раиси Шӯрои педагогӣ Давлатҷон Зайниддинов китобат ёфтаанд. Аз аввал диққати манро он чиз ҷалб кард, ки дар ин дафтари 170 саҳифагӣ, ки бо хатти зиндаёд Давлатҷон Зайниддинов китобат шудааст ягон хатогӣ,ягон нуқта, вергули саҳван гузошта шуда мавҷуд нест. Ҳис мешавад,ки соҳиби ин дафтари бо иборае «достонҳои педагогӣ» шахсияти масъулиятшинос ва донишманде будааст, ки ба фаъолияти касбии хеш хело ҳам ҷиддӣ ва ба таври касбӣ муносибат мекардааст!

Аз саҳифаҳои ин дафтар бамеояд, ки дар Шӯроҳои педагогии он давраҳо,дар мактаби замони шӯравӣ масъалаҳои хело ҳам муҳими рӯз доири фаъолияти мактабҳо ба миён гузошта мешудааст.

Масалан,аз қарори Шӯрои педагогӣ аз санаи 28.08-и соли 1960 маълум мегардад,ки ба ба баррасии ҷалласаи Шӯро 3 масъала пешниҳод гардида будааст.

Якум, ҷамъбасти соли таҳсили 1959-1960 ва вазифаҳои муаллимон дар соли нави таҳсили 1960-1961. Дуюм,тасдиқ намудани плани умумимактабӣ барои соли таҳсили нав.Сеюм, масъалаҳои ҷорӣ(тақсим намуни предметҳои таълимӣ,таъин намудани роҳбарони синф,муҳарирони рӯзномаҳои деворӣ). Аз рӯи масъалаи аввал директори ҷавони мактаби номбурда,ки он вақт як ҷавони аз 26 болое беш набудааст Давлатҷон Зайниддинов фаъолияти мактабро дар давраи соли гузаштаи хониш пурра ба таҳлил кашида,оиди муваффақиятҳои мактаб ва сифтнокии таҳсил ибрози ақида намудааст, ки ин бесабаб нест. Зеро вазифаи асоси ҳар як мактаб ин бешубҳа аз тайёр намудани толибилмони босавод ва доираи ҷаҳонбинияшон баланд барои ояндаи миллату давлат аст. Ӯ дар баромади худ оиди сифати таҳсил ва муваффакиятҳо дар ин самт гуфта гузашта, изҳор доштааст, ки сафи аълочиёни хониш нисбати солҳои пешин афзуда,азхудкунии программаи талимӣ ба бештар аз 99% расида,ҳодисаҳои мактабро тарк намудани духтарон ва ба шавҳар баромадани онҳо аз байн рафтааст. Дар ин давраи ҷамъбасти маърӯзачӣ қайд менамояд,ки қисми зиёди омузгорони мактаб дар дарсҳо аз асбобҳои аёнӣ истифода бурда,аз методҳои навоварии педагогҳои барҷастаи шӯравӣ дар корашон ба хубӣ истифода намудаанд.

Директори ҷавон аз ин амали омӯзгорон хушнудӣ намуда, дар ин асос аз омӯзгорони навовар аз қабилӣ Воробёва, Хушвахтов, Хушвахтова, Зардов, Кузнецова ва дигарон,ки ба дарсҳои ҳаррӯзаи худ таёрии пухта дида, дониши талабагонро ба ҳисоб гирифта истода,барои ба қатори донишҷуёни пешқадам дохил намудани талабагони сустхон чораҳои педагогӣ ва психологӣ андешида, баҳри мароқовар гузаштани дарсҳо ва ҳамчунин қавӣ гардонидани ҳифзи хотира ва азхудкунии мазӯъҳои дарс аз тарафи хонандагон кӯшишҳои амалӣ намудаанд ихори сипос намудааст.

Нисбат ба омӯгори фани биология Хушов, роҳбари ин коллективи педагогии он замон хело машҳур чунин иброз доштааст: «Муаллими фани биология рафиқ Хушов бошад нисбати худ серталаб буда,кори худро дар асоси пешқадамтарин методҳои ҳозиразамони педагогӣ пеш бурдааст. Аз ин рӯ фаъолияти чунин педагогҳои ба кори худ масъул қобили дастгирӣ ва шоистаи таҳсин аст!». Иброз доштааст,ки хизмати чунин омӯзгорон аст, ки аксари куллӣ хатмкунандагони мактаб ба мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои миёнаи махсус сарбаландона дохил гаштаанд.

Баъдан маърӯзаи ҳамчунин ба фаъолияти истеҳсолии мактаб ва тарбияи ахлоқии хонандагон дахл карда,бо як маҳорати том кори яксолаи мактабро дар ин давра таҳлил карда баромадааст. Ӯ иброз намудааст,ки мактаб дар соли ҷамъастӣ пайваста бо истеҳсолот дар алоқа будааст ва бо ин корашон онҳо тавонистаанд,хонандагонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд,ки чунин тарбия дар оянда ба шогирдонашон сахт таъсиргузор хоҳад буд. Дар маърӯзааш ҳамчунин иброз доштааст,ки аз ҳисоби хонандагони синфҳои 8, 9, 10, ки бригадаҳои истеҳсолӣ ташкил карда будаанд аз ҳар як қуттии кирмак 90 киллограмми пиллаи аълосифат руёнида ва ва аз 1 гектар замини ба мактаб вобаста кардашуда ҷамъан 25 тонна картошка ба даст овардаанд. Барои колхози ба номи Сталин 100 сар мурѓ парвариш карда,саршумори харгӯшҳоро ба 45 адад оварда расонидаанд, ки ин нишонаи завқи баланди тарбияи меҳнатии хонандагонро дар худ таҷассум менамояд.Хамзамон маърӯзачӣ бо қаноатмандӣ иброз доштааст, ки тарбияи ахлоқии хонандагон низ боло рафта, дар соли сипаригаштаи хониш ягон хонанда ба корҳои ношоям ва ѓайриқонунӣ даст назадаст,ки ин амалро низ натиҷаи меҳнати суботкоронаи коллективи мактаб ва хоса фаъолияти босамари роҳбарони синф,ҳамкории доимии матаб бо хонаводаи толибилмон, сермаҳсул ва таъсирбахш гузаронидани ҷалласаи падару модарон дар мактаб ва дигар чорабиниҳои мактабӣ донистааст.

Маърӯзачӣ дар қатори дастоварҳо ҳамчунин камбудию норасоиҳои дар рафти таҳсили ҷамъбастӣ ҷойдоштаро таҳлил карда баромадааст. Аз ҷумла ӯ иброз доштааст,ки бархе аз омӯзгорон дар кори худ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст наовардаанд. Сифати дарсдиҳии онҳо паст буда,масъулиятро ҳис накардаанд.Ба дарсҳо таёрии мукаммал надида,дониши сиёсии худро баланд набардошта, адабиёти иловагии дарсӣ ва методӣ мутолиа намекардаанд. Ҳамчунин чунин омӯзгорон ба хонаи падару модари шогирдон камтар ташриф меовардаанд. Баъдан директори ҷавон Давлатҷон Зайниддинов ному насаби як қатор омӯзгоронро мисол оварда иброз медорад,ки синфҳои онҳо дар қиёс бо дигар синфҳо дар хониш хело суст буда, бархе аз омӯзгорон бошад ҳусни хатташон суст буда,қобилияти ибрати шогирдон шуда наметавонистаанд.Хонандагони синфҳои чунин омӯгорон беинтизом буда,табиист, ки вақто,ки интизом нест, дониши хонанда низ аз сабаби хониши суст коста ҳаст! Дар баромадаш раиси Шӯро ҳамчунин ба фаъолияти кружокҳои забону адабиёт,математикика, шоҳмоту шашка, варзиш эроди ҷиддӣ гирифта, изҳор доштааст,ки машѓулияти худро омӯзгорони вобастаи ин машѓулиятҳо сари вақт доир накарда,машѓулиятҳо самаранок нестанд ва илова бар ин омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ программаи тарбияи ҷисмониро хуб намедонистаанд. Командаи варзишии мактаб дар спартакидаи вилоятӣ хуб баромад накардааст,ки ҳамааш натиҷаи шавқи варзишро бедор карда натавонистани омӯзгоронӣ алоҳида дар қалби хонандагон аст. Ба ин масъала диққат дода, директори мактаб иброз доштааст,ки дар соли нави таҳсил аз дастовардҳои шоёни варзишгарони шӯравӣ дар Олимпиадаи Рим (тобистони соли 1960 дар шаҳри Рим олимиадаи навбати доир шуда буд-шарҳи муаллиф) ба толибилмон омӯзгорон қисса карда,шавқу раѓбати варзишии хонандагонро боло бардоранд, зеро барои ҷомеъаи кишвар ҷавонони солиму ҷисман пурқувват ва ватандӯст заруру муҳим аст. Ҳамчунин фаъолияти маҳфили дастаи ҳаваскорони санъаи назди мактабро дар соли ҷамъбастӣ ба таҳлил кашида эрод гирифтааст,ки роҳбари ин маҳфил,ки маблаѓи маошаш калон аст кори ин мафҳилро сифатнок ба роҳ намондааст,ҳоло он, ки тарбияи дӯстдории фарҳанг низ яке аз шохаҳои тарбияи педагогӣ буда,зарур аст, ки дар дили хонандагон шавқу рагбати санъатдӯстиро ба вуҷуд оварем.

Дар маърӯза ҳамчунин ба масъали сифату нашри рӯзномаҳои девории мактаб эътибори ҷиддӣ дода шуда, раисикунандаи ҷалласаи шӯро баён доштааст, ки муҳаррирони рӯзномаҳои девории «Барои дониш» ва «Хор» рафиқон Маҳкамов ва Острикова низ ба вазифаашон хунукназарона муносибат намуда, рӯзномаҳоро сари вақт ва бо сифати баланд интишор надодаанд. Ба масъалаи худхизматрасонӣ,ки он давра дар мактабҳои шӯравӣ роиҷ буд маърӯзачӣ дахл карда иброз доштааст, ки як қисми омӯзгорон ба моҳияти худхизматрасонӣ сарфаҳм нарафтаанд,натиҷааш он аст,ки синфхонаҳои ба онҳо вобаста буда на ҳама вақт тозаю озода буда, хонандагон дар синфҳо ба таври лозима навбатдорӣ намекардаанд,ҳоло он,ки тозаю озода нигоҳ доштани синфхонаҳо, асбобҳои хониш ин худ як ҳиссаи тарбияи озодапарастӣ ва масъулият аст иброз доштааст маърӯзачӣ.

Вобаста ба таҷрибаи истеҳсолии хонандагон чунин андеша рондааст,ки новобаста аз муваффақиятҳо дар ин самт камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой дошта,як қисми роҳбарони синф хонандагонро ба корҳои камаҳамият ҷалб намуда,ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ фаро намегирифтаанд. Ҳангоми гузоштани баҳои меҳнатӣ низ омӯзгорон ба хатогии ҷиддӣ роҳ дода, бояд як қисми хонандагони синфҳои 6 ва 8-ро, ки чандин рӯз аз истеҳсолот қафо монда буданд баҳои ѓариқаноатбахш мемонданд,лекин ин корро накарда ба онҳо баҳои қаноатбахшро муфт гузоштаанд ва чунин амал метавонад, ки ба тарбияи шогирдон сахт халал расонида, онҳоро дар оянда, дар ҷомеъа танбал ва меҳнатгурез кунад.Аз ин рӯ директории ҷавон Давлатҷон Зайниддинов чунин амалҳои носавобро қотеъона зери тозиёнаи танқид гирифта,онро амалӣ носавоб номида,минбаъ бартараф намудани онҳро талаб намудааст.

Вобаста ба таълим чунин иброз доштааст,ки як қисми омӯзгорон материалҳои программаи яксолаи таълимро дар вақти тартиб додани плани тематикии календарӣ нодуруст таксим намуда,материалҳо ва адабиёти навтаринро аз худ накардаанд,ки ин амал шоиста набуда,дар замони пешрафти ҷомеа метавонад,ки ба сифатнокии таълим сахт таъсиргузор бошад.

Тибқи маърӯза Давлатҷон Зайниддинов ҳамчунин ба тарзи дарсгӯии бархе аз омӯзгорон, тахассуси сусти касбии онҳо,ки боиси дониши баланд гирифта натавонистани шогирдон гардидаанд эроди ҷиддӣ гирифта,иброз медорад,ки қонун аз ҳар як омӯзгор,корманди маорифи халқ ва маъмурияти мактабҳо талаб менамояд,ки дар кор ва фаъолияти худ таѓиротҳои сифатиеро ба амал оваранд,ки он боиси баланд гаштани сифати таълиму тарбия дар мактаб гашта,ба хонадагог дониши васеъ диҳад. Баъдан иброз медорад,ки омӯзгорон бояд бо тамоми усулҳои мавҷудаи педагогӣ ҳаракат намоянд,ки хонандагон пурра ба он фаро гирифта шуда,дар дарсҳо фаъол бошанд ва ба падару модари хонандагон дар заминаи таълим ва тарбияи фарзандон алоқаи зич дошта бошанд.

Байни хонандагон адабиётҳои бачагона,рӯзномаю маҷаллаҳоро хонда ва тарѓиб намуда, дар ҷалласаҳои синфии талабагӣ,дар ҷамоатҳои пионерӣ ва комсомолӣ, тарбияви ѓоявии хонандагон,пешгирии ақибмондагӣ,тарбияи ҷисмонии мактаббачагон,ёри ба ақибмондагон ва ѓайраҳо ба роҳ монда шавад. Ҳар як хонандаи синфи 1-11 бояд аъзои фаъоли китобхонаи мактаб,китобхонаи бачагонаи ноҳия гашта, ба онҳо номгӯи китобҳои дар программаи таълимӣ ишорёфта дода шавад,то ки ин китобҳоро аз китобхона гирифта сари вақт мутолиа намуда,дониши худро баланд бардоранд ва пайваста оиди китобҳои хонда байни хонандагон конференсияҳо бояд доир карда шавад.Ба китобхонӣ одат кунонидани толибилмон вазифаи фахрии ҳар як омӯзгор бояд бошад,иброз доштааст Давлатҷон Зайниддинов.Ҳамчунин аз омӯзгорон тақозо намудааст,ки пайваста китобҳои бадеӣ ва соҳавӣ,рӯзномаҳоро хонда пайи сайқал додани дониши худ бошанд. Ба муҳариррони рӯзномаҳои деворӣ маслиҳат додаст,ки рӯзномаҳоро шитобкорона аз чоп набароварда,онҳоро доири якчанд мавзӯъи муҳим бароранд ва танқид ва худтанқидкунӣ бояд дар ин рӯзномаҳо ҷойгоҳи худро ёбанд.

Дар қарори дигари Шӯрои педагогӣ аз санаи 4-уми ноябри соли 1960 директори мактаб Давлатҷон Зайниддинов ба он масъала эрод овардааст, ки дар саҳифаҳои журналҳои синфии 8-и «б» ва 9-и «б» баҳои ѓариқаноатбахш зиёд гашта,санҷиши сабабҳои он аз тарафи маъмурияти мактаб нишон додааст,ки омӯзгорон Исматов,Раҳмонова,Лексина ва Шевцова,Менжева ба ҷои гузаронидани дарсҳои иловагӣ ва андешидани чораҳои лозимаи таълимӣ бе ҳеҷ ислоҳу тарбия бо роҳи гузоштани баҳои бад масъулияти таълими дурусти хонандагонро аз сарашон дур кардани шудаанд,ки чун амал қобили қабул нест. Ҳамчунин иброз доштааст,ки санҷиш ва таҳлил нишон додаст,ки бархе аз омӯзгорон ҳатто моҳияти таърихии ҳар як мавзӯъро сарфаҳм намерафтаанд.Оиди ин масъала ва дигар масъалаҳо директори ҷавон баромад намуда, роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо ва сифатнок намудани дараҷаи дарсдиҳии ин омӯзгоронро гуфта додаст.Баъдан Шӯро дар ин асос қарорҳои дахлдор қабул кардааст.

Ҳис мешавад,ки директори ҷавони мактаби миёнаи №1-и ба номи Сталини шаҳраки Қалъаи Хум,шодравон Давлатҷон Зайниддинов пеш аз ҳама ба вазифаи асоси мактаб оиди баланд бардоштани сифатнокии дарсҳои таълимӣ ва саводнок намудани хонандагон таваҷҷӯҳи асосӣ доштааст,зеро ин масъала пайваста дар ҷалласаҳои Шӯрои педагогӣ ба муҳокима бароварда шуда,баҳри сифатнокии таълим чораҳои лозима андешида мешудааст.Масалан, ба баррасии ҷалласаи Шӯро аз санаи 4-уми ноябри соли 1960 масъалаи «Дарс чи гуна таёр ва гузаронида мешавад»(маърӯзачиён-омӯзгорони синфҳои 2,4,5 ва 10 Хушвахтов,Шевцова ва Хидиров) дохил гашта, маърӯзаи онҳо шунида шуда,онҳо оиди таҷрибаҳои худ оиди гузаронидани дарсҳо бо фанҳои алоҳида,оиди тарзи таёрӣ ва гузаронидани дарзҳои ҳаррӯза, чи гуна донишро ба талабагон додан,тарзи пурсиши вазифаи хонагӣ,усулҳои додани дониши нав ва ѓайраҳо баромад намдуаанд.Дар асоси баромади онҳо , суолу ҷавобҳои зиёде сурат гирифта,ин омӯзгорон вазифадор карда шудаанд,ки адабиётҳои иловагиро зиёдтар истифода бурда,ба тарзи суханронӣ ва ҷалби хонандагон таваҷҷӯҳи зиёдтареро аз худ зоҳир намоянд.Омӯзиши дафтари фаъолияти Шӯрои педагогии мактаби миёнаи №1 ба номи Сталини шаҳраки Қалъаи Хум нишон дод,ки ҷалласаҳои шӯро сари вақт гузаронида шуда,бо салоҳдиди раиси Шӯро ва аъзоёни Шӯро ба баррасии ҷалласаҳо масъалаҳои умдаю муҳими фаъолияти мактаби миёнаи №1 дохил карда шуда,доири ҳар як масъалаи таҳлилшаванда Шӯро қарорҳои қатъии масъулиятнок ва сафарбаркунанда қабул намуда,иҷроиши ҳатмии онҳро талаб мекардааст. Он чиз хотирмон аст,ки ҷалласаҳои шӯрои педагогии ин мактаби маъруф он вақт бо шӯру шавқи беандоза ва ширкати фаъолонаи омӯзгорон дар сатҳи хело баланди касбӣ сурат мегирифтаанд.Умуман тамоми нақшаҳои кории Шӯрои педагогӣ сари вақт баррасӣ ва иҷро гашта,дар роҳи баланд бардоштани фаъолияти мактаб дар самти таълиму тарбияи хонандагон ва ҳамчун баланд бардоштани савияи педагогӣ ва масъулиятшиносии омӯзгорон нақши муҳимеро дар он давра ба ҷой гузоштаанд.

Аз байни масъалаҳои ба Шӯро ворид гашта ва мавриди таҳлилу барраси қароргирифта мо мебинем,ки директори ҷавон Давлатҷон Зайниддинов баъди шунидани ахбороти ҳар як омӯзгор,алалхус омӯгорони ҷавон ба онҳо эродҳои ҷиддӣ гирифта,барои пешравии корашон маслиҳатҳои арзишманди педагогӣ додаст,ки бархе аз ин омӯзгорони ҷавон оянда дар вазифаҳои котибони аввали ҳизбӣ,вазоратхонаҳо ва дигар ташкилоту муассисахои кишвар замони шӯравӣ ба пояҳои баланди роҳбарӣ рафта расидаанд,ки дар инҷо низ бе муҳоббот тарзу усули таълиму тарбияи Давлатчон Зайниддинов ва фаъолияти ӯ чун раиси Шӯрои педагогии мактаби номбурда накши боризи худро ба ҷой гузоштаанд ва ӯ тавонистааст,ки чун директори мактаб як коллективи дӯсту тиффоқ ва дорои таҷрибаи бойи касбии педагогиро дар гирди худ ҷамъ оварад ва муваффақиятҳои лозимаеро дар ин замина он давра коллективи интернационалии ин мактаб,ки омузгоронаш аз аслан аз ҳисоби муаллимони тоҷику рус,украину тотор иборат будан ба даст оварад.

Бешубҳа инҷо нақшу маҳорати директории директори мактаби номбурда,аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ,дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» ва медали «Меҳнати шоён» Давлатҷон Зайниддинов хело бузург аст. Ӯ ба ҷавониаш нигоҳ накарда,дар кору амали худ он давра омӯзгори навовар ва хело ҳам босавод буда, дар кору амали худ аз фаъолияти педагогии омӯзгорони барҷастаи русу шӯравӣ мисли Ушинский, Макаренко ва дигарон, ҳамчунин классикони адабиёти точик, рус, адабиёти ҷаҳонӣ пайваста истифода мебурд ва ҳамзамон дар нашрияҳои даврии он давра мақолаҳо бо забони русӣ ва тоҷикӣ пайваста ба чоп мерасонд.

Дар дафтари хотираҳои ин педагоги ҷавон ва соҳибистеъдод мо бо ному насаби педагогҳои барҷастаи шӯравӣ аз қабили Каиров А.И.,Мединский Е.А.,Арсенев А.М., Королёв Ф.Ф., Леонтев А.А., Элкинин Л., Ананев Б.Г., Занков Л.В., Станиславский ва дигарон дучор меоем. Ҳамчунин дар баромадҳояш ӯ ба таҷибаи ин нобиѓагони педагогикаи шӯравӣ,ки аслан педагогикаи шӯравӣ фарогири ҷаҳони онвақта низ буд такя намуда, мисолҳо овардааст,ки ин низ гувоҳи он аст,ки доираи дониш ва ҷаҳонбинии ин педагоги навовар ва хело барҷаста дар он давраи то андозае барои мо дур хело боло буда, бешубҳа ин донишу таҷрибаи ҳосилкардааш, ки натиҷаи мутолиаҳои сершумораш аз адабиёту соҳаи педагогикаи русу дигар миллатҳо сарчашма гирифтааст ва ин донишҳо бешубҳа дар роҳи ташкилотчигӣ ва касбияти баланди педагогии ӯ нақши ҳалкунанда бозидааст.

Имсол моҳи ноябри соли равон агар шодравон Давлатҷон Зайниддинов зинда мебуд ба синни мубораки 80 қадам мениҳод. Мутаасифона ин шахсияти барҷаста,ки ба қавли шогирдонаш нобиѓа ва ё шахси аз дигар сайёра омада буд, ҳамагӣ 32 сол умр дид. Умри хело кӯтоҳ, вале чи гуна умр?! Ӯ дар умри хело кӯтоҳи худ тавонист,ки садҳо нафар шогирдонро тарбия намояд,ки то имрӯз аз устодашон бо некӣ ёд мекунанд ва бисёре аз ин шогирдон дар борааш бо ҳаячон сухан меронанд ва дар чашмонашон ашк ҳалқа мезанад. Дар байнашон олимону вазирон, раисони зиёде ҳаст ва сухани онҳо чунин ҳаст: Дигар на бо олим,на омӯзгор, на зиёие дар рафти солҳои зиёди зиндагӣ ва корамон дар дохили кишвар ва сатҳи дигар кишварҳои шӯравӣ вонахӯрдаем,ки мисли устоди бузурги мо Далатҷон Зайниддинов шахсияти тавоно бошад, ӯ ҳам табиатан ва ҳам сифатан ва ҳам донишан шахсияти зебо ва худодод буд! Ба қавли шогирдаш, собиқадори маорифи кишвар, собиқ директории мактаби миёнаи №53 - и шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Румӣ Назихӯҷаи Рустам: Устод офтобе буд, ки мо шогирдон ва омӯзгорон аз ӯ нури маънавӣ ва дониш мегирифтем ва дар кору рафтор ӯ як умр намунаи ибрати мо буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд!

Ба қавли устоди тавонои шеъри имрӯзаи тоҷик,устод Мӯъмин Қаноат,ки бо Давлатҷон Зайниддинов дӯсти наздик будаанд замони наврасӣ дар шаҳраки Ғарм яке дар интернат ва дигаре дар омӯзишгоҳи педагогӣ мехондаанд, Давлатҷон Зайниддинов ҳамон давра аз овони наврасӣ нисбати хондан ва мутолиаи китоб шавқу ҳаваси фавқулъода доштаанд ва дорои савияи баланди ҷаҳонбинӣ буда,аз шарикдарсонаш ба куллӣ фарқ карда меистод ва бе сабаб нест, ки омузишгоҳро ба таври экстерна 4-солро дар 2 сол бо дипломи аъло хатм намуд ва баъдан шӯъбаи ѓоибонаи Донишгоҳии педагогии шаҳри Душанберо низ бо дипломи аъло ба итмом расонидааст. Тибқи иттилои шогирдонаш Давлатҷон Зайниддинов он замон байни омӯзгорон ва дигар зиёиён бо тарзи пӯшидани либоси озоду зебо, чеҳраи зебо ва ҳамчунин нотиқӣ ва дониши баланди русӣ ва тоҷикидонӣ фарқ карда меистод.Ҳамчунин психологияро хуб мефаҳмид ва ба зуди дар дили омӯзгорон ва шогирдон ҷойгоҳи махсуси худро,ки он саршори меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром аст пайдо мекард.

Дар дафтари хотираҳои Давлатҷон Зайниддинов навиштаи нависандаи дӯстдоштааш А.П.Чехов дар саҳфаи аз ҳама боло навишта шудааст: «Ҳама ҷиҳатҳои одам бояд зебо бошад,ҳам симо,ҳам дил ва ҳам сару либос!». Оре дар кору зиндагӣ дарҳақиқат ин шахс чунин будааст. Ва имрӯз меҳоҳам дар арафи 80 солагии ин педагоги бузург ба хотираи дурахшони ӯ ин сатрҳои шоирро такрор намоям:

Гардад замона кӯҳнаву хомӯш намешаванд,

Он шӯълаҳои ҷаста бурун аз даҳони ман!

Зайниддинов В.Д.

Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дарачаи 1-ум:-

Узви Иттифоқи журналистони ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ, Аълочи ифтихории маорифи ҶТ.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi