БӮЙИ ШЕЪРИ РӮДАКӢ: Пажӯҳиши матншиносии ду байти устод Рӯдакӣ
Шеър бар ҳаввоси панҷгонаи табиӣ, хусусан дар мавриди ташбеҳу тасвир пайванди ногусастанӣ дорад. Танҳо аз раҳгузори ороиши сухан нест, ки шоири тасвиргари муосири мо Бозор Собир гуфтааст:
Ман Ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,
Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам.
Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан, бо садо.
Ҳамчунин беҳуда нест, ки яке аз ҷараёнҳои тозатаринро дар шеъри муосир мубтанӣ бар муносибати шоир дар корбурди ғайриодии ҳаввоси панҷгона (ҳисомезӣ) медонанд. Яке аз падидаҳои пуррангу пуррамзу роз дар шеъри куҳани мо, ки маҳсули ҳоссаи бӯёӣ мебошад, дар шеъри классик ва муосир барои шеърофаринӣ бештарин хидматро анҷом додааст. Ҳатто ҳамон намунаҳои ҳисомезиро низ дар заминаи бӯй (накҳат, атр, шамим...) дар шеъри классики худ зиёд мушоҳида менамоем. Масалан, Ҳофиз ба сурати бисёр табиӣ ва бидуни такаллуфу таоруф аз бӯй сухан (салом)-ро манзур медорад, ки ба таври гуфта дар асл падидаи шунавоӣ (садост) ва ба таври набишта (хат) падидаи биноӣ:
Бӯйи хуши ту ҳар ки зи боди сабо шунид,
Аз ёри ошно сухани ошно шунид.
Ҳамчунин:
Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ,
Бар он мардуми дидаи рушноӣ.
Яъне ҳамин падида аст, ки баъдан онро дар қайди истилоҳи “ҳисомезӣ” меоранд, дар ҳоле, ки бидуни ташхис бо чунин истилоҳе дар адабиёти мо собиқаи дурахшоне дорад, бахусус дар шеъри Бедил ба авҷе мерасад, ки назираш дар муосиртарин шеър ҳам пайдо нест.
Ба ғайр аз ҳисомезӣ ҳам дар ин унсури ҳаввос, яъне бӯй хосиятҳои бисёр ва маъноҳои асливу рамзиву киноии зиёд ва ҳамчунин дар худи калимаи “бӯй” ба ҷуз маънои аслии он, ки ҳисси бӯёӣ (шомма)-ро ифода мекунад, маъноҳои дигаре ҳам ҳаст, ки гоҳ ба таври мустақим ва гоҳо дар иртибот ба маънои аслии бӯй, дар мавқеъи санъатҳои шеърие чун таҷнису иҳом омада барои афзоиши ҷанбаи шеърӣ ва маънавии калом хидмат мекунад. Масалан, боз дар байте дигар аз Ҳофиз:
Ба бӯйи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд
Зи тоби ҷаъди мушкинаш, чи хун уфтод дар дилҳо.
Равшан аст, ки дар ин байт таркиби “ба бӯйи нофа” думаъност, иҳом аст ва маънои асл дар таркиби маънои зоҳирӣ пинҳон, ки он умед ва иштиёқ аст. Яъне дар иштиёқу интизор ва умеди нофае ё накҳати нофае, ки сабо дар ниҳоят аз тоби (печи) ҷаъди (мӯйи печони) мушкини (мушкбӯйи) он турра (кокул) бикшояд, чи хунҳое дар дил уфтод. (зимнан, нофа ҳам ҳосили хуни дил аст). Воқеан, дар ин тасвир ҳамон печиданиҳонии “бӯй” дар баён ҳам чунон аст, ки гӯё ин байт худ туррае пур аз ҳалқаҳои дарҳампечида бошад. Ин маънои бӯй (яъне иштиёқу умеду интизор) дар забони зиндаи тоҷикӣ ҳам боқӣ монда корбурди васеъ дорад. Масалан, мегӯянд: “Ба бӯйи ту шуда, мо фалон кор кардем ё накардем”.
Ин маънои “бӯй” (орзумандӣ, умед, иштиёқ) ба сурати “бӯя” низ зиёд истифода шудааст. Аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, он ҷо, ки моҷарои ишқи Достони Зол бо Рӯдоба машҳур мегардад ва Сом худи Золро ба хоҳишгарӣ дар ҳалли ин мушкил (чун Рӯдоба духтари Меҳроби Кобулӣ ва аз нажоди Заҳҳок буду издивоҷи писари Ҷаҳонпаҳлавон бо ӯ мамнӯъ) ба назди Кайқубод мефиристад ва Кайқубод муддате ӯро нигоҳ дошта ҳунарҳояшро меозмояд, дар ниҳоят Зол дилтанг мешаваду ба баҳонаи дидори Сом иҷозати рафтан мехоҳад, Кайқубод ба ханда мегӯяд:
Туро бўяи духти Меҳроб хост,
Дилат хоҳиши Соми Найрам куҷост?
Зимнан, агарчи манзури аслӣ дар ин матлаб на ин байт аст, ба таври бадеҳӣ аз ин байти устод Рӯдакӣ ёд меояд:
Бӯйи Ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме.
Агарчи дар баъзе нусхаҳои куҳану муътабар ба ҷойи “Бӯйи Ҷӯйи Мулиён” “Боди Ҷӯйи Мулиён” омадааст ва эътибори нусхаҳо интихоби “бод”-ро ба ҷойи “бӯй” лозим мегардонад, аммо аз андешаронии матншиносон ва матнгузинон ва низ мутарҷимон чунин бармеояд, ки яке аз сабабҳои тарҷеҳ додани “бод” бар “бӯй” аз тарафи онҳо ҳамин будааст, ки ба маънии дигари “бӯй”, ки орзуву иштиёқ (чизе мисли носталгия) мебошад, таваҷҷӯҳ накардаанд ва расидани бӯй-ро бидуни васила, бод ва насим, ки воқеан дар шеър ҳамроҳи ҳамешагии он аст, ғайримумкин шумурдаанд. Аз ҷумлаи чуноне, ки Қодири Рустам дар тафсири ин байт дар “Девони Рӯдакӣ” (ниг.: Девони Рӯдакӣ. – Душанбе: Бухоро, 2015, с.210) аз қавли Муҳамадамини Раёҳӣ овардааст: “...Ва дар тазмине ҳам, ки Ҳофиз карда (манзур: Хез, то хотир ба он турки Самарқандӣ диҳем, К-аз насимаш бӯйи Ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме. – Р.В. боз “бӯй аз насим” меояд, агарчи он бӯй “бӯйи Ҷӯйи Мулиён” аст ва нусхаҳое, ки аз он ба зеҳни Ҳофиз роҳ ёфта сақим (ғалат) буда, аммо ӯ ба ҷодуии табъ дар он тасарруф кардааст”. Манзури Риёҳӣ мухтасар ин аст, ки Ҳофиз нусхаи ғалати “Бӯйи Ҷӯйи Мулиён”-ро дар даст дошта ва бо қудрати каломи худ ба изофаи як калима “насим” ин айбро аз миён бурда. Ин иддаъо саҳеҳ нест ва “насим” дар ин ҷо мустақиман нисбат на ба “бӯй”, балки ба соҳиби шеъри тазминшуда дорад ва ин насим, мисли анфос (калом) аст. Ҳамон чи ба Исо (нафаси рӯҳбахш) нисбат медиҳанд ва аз эҳтимол дур аст, ки Ҳофиз дар сиҳҳати “Бӯйи Ҷӯйи Мулиён” тардиде изҳор карда бошад. Чун дар байти боло дидем, ки Ҳофиз худ аз маънии дигари “бӯй”, ки орзуву иштиёқ (носталгия) аст ба хубӣ огаҳ аст ва аз он борҳо истифода карда ва беш аз ин ба воситаи ҳисомезӣ аз “бӯй” ҳатто мустақиман суханро манзур доштааст (Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ). Агар нусхаи қадими замони Ҳофиз ҳовии “боди Ҷӯйи Мулиён” мебуд, чаро онро ба кор набурд? Ин суолро адабиётшиноси маъруф Аскар Ҳаким ба ҳамин маънӣ дуруст матраҳ мекунад. (Ниг: Аскар Ҳаким. Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён” ё “Боди Ҷӯйи Мӯлиён”//Маҷмӯаи осор. – Хуҷанд: Ношир, 2017, с.526)
Гузашта аз ин, ба эътибори ончи гуфта шуд, мустақиман “Бӯйи Ҷӯйи Мулиён” гуфтани Рӯдакӣ, нисбат ба гуфтаи Ҳофиз, ки бар он насимро афзудааст, баёни ҳунаритар ва ба эҷоз мақрунтар аст.
Хулоса ба назари мо дар ин байт, дар ин шакли машҳур:
Бӯйи Ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. -
маъно ин аст, ки “орзуву иштиёқи Ҷӯйи Мулиён дар дилҳо меҷӯшад ва ба машоми ҷон мерасад ва ёди ёри меҳрубон бо он ҳамроҳ аст, ин ду чиз ёд ва бӯй дар асл якеанд ва якдигарро мерасонанд”. Ба таъбири шеърӣ:
Бӯйи ту на бӯйест, ки бод оварад онро,
Он қадр латиф аст, ки ёд оварад онро.
Бедили Деҳлавӣ бидуни ҳеч василае мустақиман таъбири “бӯйи васл”-ро ба кор мебарад:
Бӯйи васлат гар биболонад дили нокомро
Саҳни ин кошона зери соя гирад бомро.
Аммо корбурди “бӯй” бо ҳамроҳи ҳамешагии он “бод” ва “насим” дар дигар шеърҳои Рӯдакӣ зиёд ба назар мерасад ва ба камоли устодӣ баён шудааст ва намоёнгари он аст, ки ҳамроҳии боду насим бо бӯй дар шеъри устодонаи ӯ ба камоли назокату латофат адо шуда ва ҳаргиз гиреҳу ноҳамворие ба миён наовардааст:
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
Бо бӯйи гулу мушку насими саман ояд.
Дар ин байт се моддаи асосии “бӯй”, ки “гул”, “мушк” ва “саман” (ёсаман) мебошанд, дар канори ҳам омада хосиятҳои манзур аз ин бодро баён мекунанд. Албатта, хосиятҳое, на ҳамин тавр баршумурдани муқаррарӣ, ки дар идома аз он ёдоварӣ хоҳад шуд.
Дар шеъри Рӯдакӣ ба ҷуз боду насим об ҳам чун амри табиист, метавонад ҳамроҳу ҳамболи бӯй ва ноқили он бошад:
Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯйи гулоб ояд,
Дар ӯ шустаст, пиндорӣ, нигори ман рухи гулгун.
Бӯй ба маънои хабар ва нишонаи ошкор, ки аз он наметавон чашм пӯшид ва намояндаи ҳодисае саъбу шигифт аст, дар ин рубоӣ нақши барҷаста дорад:
Дар раҳгузари бод чароғе ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.
Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост.
Яке аз маъноҳои дигари “бӯй” нишон ва хосият аз чизе доштан аст, ки машҳуртарин зуҳури ин маъно дар қитъаи Саъдии Шерозӣ “Гили хушбӯй” омадааст:
...Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ, ё абирӣ,
Ки аз бӯйи диловези ту мастам?
Бигуфто ман гиле ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.
Камоли ҳамнишин дар ман асар кард
В-агарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.
Устод Рӯдакӣ маънои “бӯй”-ро ҳамроҳ бо хосияти вижа ва маъруф, ки баъд аз ӯ машҳуртарин мавриди корбурди “бӯй”-и марғуб ва ҷонбахшу давоӣ мегардад, аз ҳамон ривояти машҳури қуръонӣ мансуб ба пироҳани Юсуф ба шеъри ғарро меорад, ки шояд касе дар ин мазмун назири онро наоварда бошад:
Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат
Се пироҳан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар.
Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат,
Савум Яъқубро аз бӯш рушан гашт чашми тар.
Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,
Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар?
Манзури аслӣ дар ин қитъа ҳамон бӯйи ҷонбахш бо хосияти давоист, ки аз ҳамнишинии маҳбуби Яъқуб фарзандаш Юсуф маншаъ мегирад ва баъид нест, ки ин қитъа аз осори поёни умри устод Рӯдакӣ бошад.
Ҳамчунин дар қитъае дигар камоли хосияти ва қуввати майро дар бӯйи он ба таасаввури шоиронаи ғулуввомез меситояд:
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил,
Сад сол маст бошад аз бӯйи ӯ наҳанг.
Аммо аз хосиятҳои бӯйи хуш, чи дар шеъри Рӯдакӣ ва чи шоирони баъдӣ машҳуртарин бӯйи саман ( ёсаман) аст, ки аз он бештар дар ҳоли ғамгинӣ ва афсурдагӣ чун давои ҷону тан ёд мешавад. Дар фарҳангҳо аз омадааст, ки бӯйи саман ( ёсаман) хосияти барҳам задани ташаннуҷи (стресси) асабро доро буда афсурдагӣ ва андӯҳро таскин мебахшад. Дар тиб ҳам ба ин манзур истифодаи густарда дорад ва имрӯз ҳам бо ин хосият маъруф аст. Аз ин ҷост, ки Ҳофиз мефармояд:
Саманбуён ғубори ғам чу биншинанд, биншонанд,
Парирӯён қарор аз дил чу бистезанд, бистонанд.
Насими саманбӯй боди саманбӯй, зулфи самансой ё саманбӯй дар шеър фаровонтарин истифодаро доштааст. Дар қасидаи машҳури баҳорияи устод Рӯдакӣ низ ин таъбир ба кор рафтааст, аммо ба назар мерасад, ки дар навишти нусхаҳо калимаҳои ҳамнишин ҷойи худро аз даст дода, саман (ёсаман) аз дасти бод раҳо гардида боиси мубҳам ва чандгуна гардидани нусхаҳо шудааст:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо садҳазор нузҳату ороиши аҷиб...
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саман, бодро табиб.
Борони мушкбӯй биборид нав ба нав,
В-аз барф баркашид яке ҳуллаи қашиб...
Манзур аз ин пора шеър байти дувум аст, ки ношири “Девони Рӯдакӣ” Қодири Рустам низ барҳақ ба сиҳҳати он изҳори шакку тардид намуда, дар қисмати Ҳавошӣ навиштааст: ““Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саман, бодро табиб”. Яъне, ҷаҳон ки замоне бемор буд (дар зимистон), акнун (бо фаро расидани баҳор) бар асари бод ва бӯйи саман (саман), ки табибони ин бемор ҳастанд, сиҳҳат ёфт. Бештари маҷмӯъаҳои осори Рӯдакӣ байтро ба ҳамин сурат овардаанд, вале дар васати “саман” ва “бодро” вергул нагузоштаанд, ки дар натиҷа маънӣ муғлақ шудааст. Хусрави Сарахсӣ, шоири поёни қарни 10 мелодӣ шояд маъниро аз устод Рӯдакӣ бурда гуфтааст:
Мурдаст замӣ, абр бар ӯ дасти Масеҳо,
Бемор ҷаҳон, боди сабо доруи бемор.
Халил Хатиби раҳбар (Рӯдакӣ, с.14) ва Асрори Раҳмонфар (“Насими Мӯлиён”, с.40) мисраъро ба сурати “беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саманро даво табиб” овардаанд. Аммо дар ин сурат “табиб (бино ба шарҳи Халил Хатиби Раҳбар “табиби офариниш”) ба фоил бадал мешавад, дар сурате, ки фоил дар ин байт ҷаҳон аст. (Ниг.: Қодири Рустам. Шеъри саҳеҳи Рӯдакӣ. – СШ, 2005, №10-12, с.137”). Ҷаъфари Шиор ва Ҳасани Анварӣ мисраъро ба шакли “беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саманро давои тиб” забт кардаанд, ки муносиб аст, вале маъхази онро нишон надодаанд.”
Воқеан равшан аст, ки дар тамоми ин гунаҳои матн, парешонӣ ва ибҳоми ошкор раҳ дорад, ки мусалламан айби котибон аст, вагарна тарҳи солими шеър, ки шабеҳи даҳҳо ва садҳо байтҳои шоирони баъдист, аз ҷавфи ин калимаҳои дарҳамшуда ба назар чунин мерасад:
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт боди саманбӯйро табиб.
Яъне бар сари ҷаҳоне, ки чандин муддат бемор буд, боди саманбӯй чун табиб ҳозир гардид ва ҳолати ӯ беҳ шуд. Бод-табиби ҳозиқ ва бӯйи саман (ёсаман), ки бо ӯст он давои зарурӣ. Танҳо коре, ки мешавад, калимаҳое, ки дар мисраъ ҳастанд, дар ҷойи худ менишинанд, чизе каму зиёд намешавад. Дар мисраи баъдӣ таъбири “борони мушкбӯй” чун тасвири мусовии “боди саманбӯй” асолати онро бештар тасдиқ менамояд. Зеро зеҳни шоир дар ҳоли илҳом таъбирҳои ҳамҷинс ва ҳамгунро ба вуҷуд меорад.
Зимнан аз тасҳифе, ки дар ин байт миёни калимаҳои “бод” ва “бӯй” раҳ ёфта ва ғолибан “бӯй” “бод” ва баръакс хонда шудааст, эътимоди моро ба дурустии “Бӯйи Ҷӯйи Мулиён” бештар мекунад.
Рустам Ваҳҳоб