20:11:12 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ШАБНАМ: "СОЛИ 2009 БАРОЯМ СОЛИ БЕҲТАРИН БУД"

Сарояндаи тоҷик Шабнами Сурайё ахиран аз Олмон ба Тоҷикистон баргашт. Вай дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи таассуроти сафарҳои ҳунариаш ва нақшаҳову орзуҳои худ дар соли нав нақл кард. 

-Соли 2009 барои ман соли беҳтарин ва фаромушношуданӣ буд, чунки дар ин сол ман ба бисёре аз кишварҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом додам. Тайи якуним соли ахир ман 17 консерти худро Амрико, Канада ва кишварҳои Аврупо баргузор кардам. Ростӣ, ман бисёр хурсанд ҳастам ва ифтихор дорам, ки ҳамчун як духтари тоҷик дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам.

 -Бардошти шумо аз ин сафарҳо чи гуна аст?

 -Дар ин сафарҳо аз ман бисёр истиқболи хуб мекарданд. Барои ман хеле ҳаяҷоновар буд, ки маро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он мешиносанд, ҳунарамро дӯст медоранд. 

 -Дар ин сафарҳо бо киҳо бештар ҳамкорӣ доштед?

 -Бештар мо бо ширкати «Даф интертейнмент» ҳамкорӣ мекардем ва ҳоло ҳам ҳамкорӣ дорем.

 -Шумо қариб тамоми солро дар хориҷа сипарӣ кардед. Дар ин муддат чи чизи наве омӯхтед?

 -Бисёр чизҳои нав омӯхтам. Мегӯянд, ки ҷаҳонхӯрда набош, балки ҷаҳондида бош. Аз сафарҳои хориҷӣ хотираҳои бисёр хуб дорам.

 -Ба назари шумо, чи боис шуд, ки шумо тавонистед дар хориҷа маъруф шавед?

 -Ҳамаи ин доди Худо аст, аввал Худо, баъд модари азизам ва дастгирии мардуми Тоҷикистони азизам.

 -Баъд аз силсиласафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ то куҷо эҳсос мекунед, ки дар соҳаи санъат рушд кардед ва оё тағйироте дар ҳунаратон мебинед?

 -Худтаърифкуниро ман нағз намебинам. Албатта тағйирот ҳаст, бахусус оҳангҳо ва сурурдҳои нав омода кардам.

 -Чанд моҳе пеш кумитаи андоз як феҳристи сиёҳро нашр кард ва исми шумо низ дар он феҳрист буд. Ин хабарро шумо чи гуна қабул кардед ва тавонистед ин мушкилро ҳал кунед?

 -Ман ҳамеша тарафдори қонун ҳастам ва ин феҳрист барои дарс шуд ва кӯшиш мекунам, ки новобаста аз серкорӣ андозро саривақт супорам.

 -Вақте аз сафарҳо баргаштед Тоҷикистонро ҷи гуна дарёфтед?

 -Ҳар дафъае, ки ба Тоҷикистони азизам бармегардам, чунин эҳсос мекунам, ки гӯиё аз нав ба дунё омадаам. Суруди модарам ба ёдам меояд, ки мегӯяд, «тоҷикам, бо Тоҷикистон зиндаам».

 -Агар шумо имкон медоштед, дар шоу-бизнеси Тоҷикистон чиро тағйир медодед?

 -Агар ман чунин имкон медоштам, пеш аз ҳама техникаро тағйир медодам. Албатта, ҳоло дар ин самт дар Тоҷикистон беҳбудиҳо ҳаст. Вақте ман дар хориҷа консерт баргузор мекардам, бисёриҳо аз сифати оҳангҳо дар ҳайрат мешуданд. Вале бояд техникаро боз ҳам навтару замонавӣ кард.

 -Шумо эҳсос кардед, ки дар кишварҳои хориҷӣ сарояндагонро бештар қадру эҳтиром мекунанд?

 -Дар Тоҷикистон низ аз ҳунармандон хуб қадрдонӣ мешавад. Дар кишварҳои дигар низ санъаткоронро бисёр дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд.

 -Эҳсос мешавад, ки шумо дар суҳбатҳо калимаҳои инглисиро истифода мекунед. Оё ин забонро феълан меомӯзед?

 -Ман ҳоло дар Олмон дарси инглисӣ меомӯзам. Ҳамзамон курси ҳунармандӣ, рақс ва вокал мехонам.

 -Тайи соли гузашта дар хориҷа консертҳои зиёд доштед, вале дар Тоҷикистон дар ин муддат бори аввал консерт баргузор мекунед...

 -Аз сабаби он, ки ман дар хориҷа ба сар мебурдам, имкони дар Тоҷикистон консерт баргузор карданро надоштам.

 -Дар соли оянда чӣ нақшаҳо ва орзуҳо доред?

 -Иншооллоҳ, дар соли оянда кӯшиш хоҳам кард, ки бештар дар ватан консерт намоиш диҳам. Дар соли нав барои шунавандагони азиз хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу мекунам.

 «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1418-shabnam-soli-2009-baroyam-soli-behtarin-bud.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi