19:06:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗИ ЗЕБУННИСО РУСТАМОВА

Камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, 29-уми январ 55-сола шуд. Ба ин муносибат рӯзи ҷумъа дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҷамъомади ботантанаи кормандони соҳа бо ширкати соҳибҷашн барпо гашт. 

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои бузурги варзишии Зебуннисо Рустамова иттилоъ дод. Вай гуфт, «комёбиҳои Зебуннисо баландтарин қуллаест, ки як зани тоҷик дар соҳаи варзиш ба даст овардааст. Вай қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон, барандаи медали биринҷии олимпӣ, қаҳрамони секаратаи Аврупо, қаҳрамони 15-каратаи СССР ва қаҳрамони 20-каратаи камонварии Тоҷикистон мебошад». 

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, иброз дошт, ки то ҳоло дар Тоҷикистон касе ба пояи Зебуннисо Рустамова нарасидааст. Устоди шоистаи варзиши СССР ва Мураббии шоистаи Тоҷикистон Зебуннисо Рустамова, беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф шудааст.

 Соҳибҷашн бо тӯҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва ташкилотҳою федератсияҳои варзишии Тоҷикистон сарфароз гардид.

 Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1636-2010-01-29-13-36-58.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi