МАВЛОНО УСТУРЛОБИ ИНСОНИ ОРМОНИИ БАШАРИСТ…2
Имруз бисёр калима ва вожаҳои дар Маснавию осори дигари Мавлоно ба кор рафта, бештар дар гӯиши мардуми Тоҷикистон маҳфуз мондаанд ва ҳанӯзам истифодана мешаванд. Ин дар ҳолест, ки он калимот дар гӯишҳои дигари форсизабонони дигар камтар маъруфанд ё аслан истифода намешавад. Мисоли рӯшан барои исботи ин назар ин аст, ки агар мо ба як кӯдаки тоҷик пироҳанеро нишон бидиҳем ва аз ӯ номи онро пурсем, вай ба забони кӯдаконаи хеш "титӣ" мегӯяд. Мавлоно ин вожаро бо ҳамин маънӣ дар «Маснавӣ» истифода карда:
Пеши тифли нав падар тити кунад
Гарчи аклаш ҳандаса гети кунад.
Мисли ин вожаҳои зиёд аст, масалан вожаҳои дег, коса, кафлес,ё унвонии гулу гиёҳон. Як гиёҳе ҳаст, ки бештар дар минтақаҳои кӯҳистон мерӯяд, ва номаш карафс аст. Имрӯз дар луғати адаби мустаъмал нест,аммо дар шеъри Мавлоно бо ҳамин ном ва маънӣ ба кор рафт. Ба ин монанд вожаҳои зиёде ҳаст, ки қисмате аз ононро дар мақолае баррасӣ кардаам.
Аз сӯи дигар, ибораҳои маъмулӣ дар гӯйиши тоҷикон ва зарбулмасалҳои халқии тоҷикӣ низ фаровон истифода шудааст: амсоли «аз тарс мисли барг бед ларзидан», «заҳр даридан», «бо думи шер бозӣ кардан», «аз барои кайк пӯстин сӯхтан» ва монанди ин. ҳамаи ин нукот ишорат бар он доранд, ки шеъри Мавлоно бо як тафаккури саршори тоҷикона бар авроқи таърихи нузул ёфта, худи шахсияти вай беш аз пеш намоди ифтихор ва хуршеди мутаҷаллии саодати маънавии миллати мост.
-Нигоҳи Мавлоно ба падидаҳои табии чи гуна аст?
-Бояд гуфт, ки як вижагии аҳли ирфон ва меҳвари таълимоташон дар он таҷассум ёфта буд, ки онон бештар аз зовияи маънии ин ҳадиси шарифаи Расули акрам (с) амал мекарданд: «ҳар кӣ худро шинохт, Худоро шинохт» ва ин худшиносӣ дар таълимоти Мавлоно маҳдуд ба шинохти худи ӯ набуд.
Вакте инсон воқеаҳои зиндагияшро мебинад, зебоиҳои ҳар зарраро, ки таҷаллигариӣ анвори офтоби ҳақиқатанд, мушоҳида мекунад ва аз ин роҳ ҷодаи камолотро тай мекунад, дар ҳамин росто роҳи камолоти хешро мепӯяд. Аз ин рӯ, Мавлоно бар ҳар падидаи табии пеш аз ҳама аз равзанаи ҷанбаи рӯҳонии он менигарад ва аз рӯи каломи Худованд амал мекунад, ки дар ояе омада: «ҳар чӣ дар олам ҳаст, тасбеҳгӯӣ ӯ ҳастанд» Масалан, ҷое Мавлоно мефармояд:
Чун дона шуд афканда баррусту дарахте шуд,
Ин рамз чу дарёби афканда шавӣ бо мо.
Ба фалсафаи ин байт мурур мекунем. Мавлоно мегӯяд, ки чун дона ба замин меафтад, мунтаҳо бо тай кардани роҳи камолот дарахт мешавад. Афтодагӣ ва аҷз ҳамон мафҳуми фалсафӣ аст, ки тариқи он роҳи кибриёро ориф тай мекунад. Мавлоно барои ташреҳи ин андеша аз воқеияти зиндагӣ мисол мегирад. Яъне дона афтодагиро ба худ гирифт, то ба авҷи камолот расид. Манзури Мавлон пайдо кардани бузургӣ дар фурутанист.Бедил ҳам ба ин нукта ишора мекунад:
Ба пасти низ меъроҷест гар осудаи Бедил,
Забони об шав сози тараққӣ дон таназзулро.
Ман аз Бедил ба он хотир мисол овардам, ки ӯ дар воқеъ як шогирди вафодортарини мактаби Мавлоност. Яке аз иллатҳое, ки Бедилро шефтаи Мавлоно кард, ҳамин воқеиятгароӣ ва дар сувари авомили зоҳирӣ кашф кардани таҷаллии ботинӣ маҳсуб мешавад. Ҷои дигар Мавлоно мегӯяд:
Онон, ки талабгори Худоед, Худоед
Берун зи шумо нест шумоед, шумоед.
Яъне аз худ талаб кардан ва дар худ фуру рафтан бо ҳадафи пайдо кардани тамоми рамзу рози ҳастӣ. Мусаллам аст, ки инсон ба ҳукми ҳулосаи офариниш шинохта шудааст. Дар ривоят ҳам омадааст, ки чун Худованд оламро аз шаш рӯз биоварид, сипас Одамро халқ кард. Тамоми мавҷудоте, ки дар олам ҳастӣ пайдо кардаанд, ба инсон як навъ рабте доранд. Масалан, дар кутуби ирфонӣ марвист, ки қомати инсон аз кӯҳ, муйҳои дар бадани инсонбуда аз сабзаҳову растаҳо иқтибос шудаанд, яъне ҳар чизе дар олам ҳаст, як шабоҳате ба ягон ҷузъиёти суварии инсон дорад.
Тадқиқоти бисёр густурдае дар заминаи ҷойгоҳи аносири табиӣ дар андеша ва ашъори Мавлоно аз ҷониби донишманди маъруф ва мавлавишиноси Олмонӣ Анне Мери Шиммел дар китоби «Шукӯҳи Шамс» анҷом ёфтааст. Дар ин асар хеле амиқан бозтоби гулу гиёҳ, рустаниҳо ва масоили муҳити иҷтимое, ки дар зиндагӣ ҷилварезӣ кардаанд, дар шеъри Мавлоно матраҳ гардида.
Дуюм нуктае, ки бояд дар ин росто таъкид шавад, ин аст, ки чун мо ба мутолиаи Маснавӣ мепардозем, баъд аз қисмати найнома аввалин достоне, ки нақл шуда, "Шоҳ ва канизак" аст. Мавлоно бо он, ки як донишманди ориф ва ошиқи шурида аст, аммо аз воқеияти зиндагии худ низ сарфи назар намекунад. Аз ин рӯ, достони "Шоҳ ва канизак" –ро метавон як навъ бозгӯии ҳиҷрати ҷисмонии худи Мавлоноаз Балх то ба Куния номзад кард. Достон бо ин байт шурӯъ мешавад, ки таъкид ба ин нукта мекунад:
Бишнавед эй дӯстон ин достон
Дар ҳақиқат нақди ҳоли мост он.
Дар Маснави кам нест шумори он қиссаҳое, ки ба рӯзгори худи Мавлоно марбутанд.Масалан дар достони "Шоҳ ва канизак" овардани асомии ҷуғрофии Самарқанд, Куҳи Ғотафар, Сари Пул, инчунин Бухороро маъбади ислому дин номзад кардан, ёдоварӣ аз шаҳри матруки Ҷанд дар як ғазали Мавлоно, ки ҳамагӣ аз маъруфтарин шаҳрҳои Фароруданд, ба дилбастагии зоҳирии худи Мавлоно ба Ватани аслияш ишорат мекунад. Дар ҳадиси Расули Акрам (с) ҳам омадааст, ки «дӯст доштани Ватан аз имон аст». Метавон гуфт, ки Мавлоно тамоми муҳаббати худро ба муҳит, ба Ватан ба хешу пайвандону ақрабо дар устурлоби ишқи Шамси Табрезӣ маҷмуъ намуд.
Аз назари дигар, чунонки гуфта омад, дар Маснавӣ баррасӣ шудани беш аз 1800 мавзуъ бозгуӣ ин воқеият аст, ки Мавлоно ба ҷаҳону падидаҳои табиӣ ва тамоми ҷузиёти он бо диди амиқу орифона менагирист ва онҳоро дар зеботарин ваҷҳ таҷаллӣ бахшидааст. Ин нукта ҳам дар Маснавӣ ва ҳам дар Девони Шамс бо беҳтарин ваҷҳ рӯнамоӣ шудааст, ки фикр мекунам, як мавзӯи ҷолибе барои таҳқиқ метавонад бошад.
-Дар ҳоле, ки замири бузурги Мавлоно аз палидиҳову бадиҳо комилан пок аст ва аз ин ки Мавлоно орифи ба ҳақ расидае буд ва бо таваҷҷӯҳ ба андешаи волоӣӯ нисбат ба маорифи илоҳӣ, оё метавон ӯро дар қатори авлиёи ҳақ Парвардигор ҷой дод?
-Фикр мекунам аз назари он, ки чун дар ҷаҳоншиносии ирфонӣ Мавлоно як мартабаи комиле пайдо кард, метавонем ӯро дар мақоми як авлиё, роҳнамо, шахсияте ба камолоти рӯҳонӣ, ки онро дар истилоҳи худи орифон қутб, муршиди комил ҳам мегӯяед, расида эътироф намоем. Ба иттифоқи пажӯҳишгарон ба рӯзгори хеш Мавлоно беш аз 14 ҳазор муриду шогирдон доштаст, ки аз суҳбату сухани ӯ файз гирифтанд.
Дар канор ин, таъкиди фузун дар ҷаҳоншиносии ирфонӣ ба ворисии пайғамбарӣ доштани шоирон ишорат ба он ҳам дорад, ки Мавлоно аз табори ҳамин гунаҳост, ки ба ин манзалати равонӣ расида. ҳазрати Имоми Аъзам ҳам фармудаанд, ки «Худованд гуфт, агар олимон дар рӯи замин дӯстони ман нестанд, пас ягон дӯст аз рӯи замин надорам».
Ин ҳикмат ба Мавлоно ҳам пайванд мегирад, зеро Мавлоно нахуст ба ҳукми як олими ростин муаррифӣ шуда буд ва андешаҳои ҷаҳонсозаш дар васати нигоштаҳои ӯ чеҳраашро ба ҳукми як олими ба ин мақоми дӯстии Худованд расида, бозтоб бахшидаанд. Дар канори ин, Мавлоно як паёмрасоне барои оламиён аз ҷаҳони моварост, ки тавонист бо сухану андешаи худ башариятро ҳидоят намояд. Масалан, воқеаҳое, ки 11 сентябри соли 2001 дар Амрико рух доданд, як дидгоҳи бисёр шадид дар муносиботи байни ислом ва Ғарб эҷод намуданд.
Бисёр пажӯҳишгарону муҳаққиқони муосири Амрико ба ин назар шуданд, ки танҳо тарҷумаи Маснавии Маънави ва муаррифии андешаву ормони Мавлоно тавонист,ки дидгоҳи Амрикоро ба олами ислом табдил диҳад. Яъне, маҷмӯи ин андешаҳои ғалату нобаҷоеро, ки ки дар ҷаҳони Ғарб нисбати ислом пайдо шуд, мутолиаи Маснавии Маънавӣ ва таълимоти ирфонии ин китоб тавонист бартараф намояд.
Ин иддаоро худи пажӯҳишгарон таъкид кардаанд, ки ҷаҳони Ғарб дубора ба шинохти воқеии ислом тавассути Мавлоно рӯ овард ва дар симои Мавлоно ҳақиқати исломро кашф намуд. Аз ин рӯ, Мавлоно як мубашшири нур бар қулуби башарият аст ва ӯ паёми Машриқро ба Мағриб мерасонад ва дар мақоми башоваратофарин дар муколамаи фарҳангҳои Шарқу Fарб қарор мегирад..
-Аз ин ки Мавлоно рӯҳе дошт чун оина, қалбе дошт чун дарё ва дидгоҳе дошт мутафовиттар аз дигарон оё мо чи гуна метавонем ба дарқи амики нигоҳи Мавлоно ба ин ҷаҳони ҳастӣ бирасем?
-Мавлоно бо он, ки як шахсияти соҳибназар ва соҳибмактаб дар ҷаҳони ирфон шинохта шудааст, аммо мисли мо як инсон буд. Бештару пештар аз мо фаротар рафтани Мавлоно дар он зуҳур карда, ки ӯ фурсатҳои зиндагии худро тавонист босамар ва дар фикри анҷоми рисолати худ масраф намояд. Ин амр боис гардид, ки Мавлоно қодир ба кашфи маърифати ин ҷаҳон шаавад ва назару дидгоҳи худро пайдо намояд.
Баъзан ҳанӯз баҳсҳое рӯи андешаи он ки Мавлоно шоир будан ё на ҷорӣ мешавад. Аммо ӯ маҷмӯи андеша, дидгоҳ ва шинохтанҳои худро то 38 солагӣ хеле мукаммал сохт. Дар канори ин, хонаводаи бисёр арҷманду бомаърифате дошт.Падараш Баҳоиддин Валад муаллифи китоби "Маориф" аз нодиртарин шахсиятҳои замони худ маҳсуб меёфт.
Яъне барои он донишу биниши фаровони ирфоние, ки аз файзи сӯҳбати падар бардошт,фаӯат як муҳаррике лозим буд, то ҷамъи онро Мавлоно бозгӯӣ кунад. Ба ибораи дигар, ғалаёни маввоҷи тӯфони андешаи ӯро таъсире андак лозим меомад, ки он дар бархурд бо Шамси Табрез буруз кард. ҳамин тавр, бо эҷоди ин тӯфони фикрӣ ва инфиҷори рӯҳӣ шеър барои Мавлоно ёвар ё василаи бозгӯкунандаи андешаҳои ӯ гардид. Ва ин тӯфон масири ҳаёту андешаи ӯро дигаргун сохт.
Мо чун Маснави ва ё Девони Кабирро мехонем , мушоҳида мекунем, ки забони шеъри Мавлоно хеле рушану равон аст, ки ҳатто як инсони одди метавонад онро бихонад ва дарк намояд. Бубинед, ӯ бо ҳамон тафакуру ва андешаи баландпарвоз тавонист чунин шеърҳои равону мутантан ва бо мусиқияти баланде сарояд, ки барои ҳамагон аз аҳли мусиқиву хонандаи оддиву дигар табақаҳои иҷтимоӣ самимона ва гуворо садо диҳанд. Мусиқият ва оҳанги шеъри Мавлоно бисёр таъсири равони расонд ба ҷомеаҳо. . Аз ин рӯ, ба истилоҳои адабӣ шеъри Мавлоно метавон шеъри омада хонд на шеъри оварда. Масалан, ба ин мисраъҳо мурур мекунем:
Эй ёри камарсина эй мутриби шакарҳо
Овози ту ҷонафзо то руз машинам аз по.
ё
ҳамаро биёзмудам, зи ту хуштарам наомад
Чу фуру шудам ба дарё чу ту гавҳарам наомад.
Вақте мардум шеъри Мавлоно мехонданд, набзу руҳашон ба таҳрик меомад. Аз сӯи дигар, бо ҳама равонӣ дар Маснавӣ як ҷаҳоншиносии қудратманде зуҳур карда, ки аз фарҳанги исломӣ, китоби муқаддаси Қуръон, соири андешаву афкори мактабу мазоҳиби мухталифи ақвом маншаъ мегирад. ҳамзамон, чун ҳадафи Мавлоно офаридани як намоди инсони комил буд, тавонист, ки хулосаи афкор ва андешаи ҷаҳонсози инсони ормонии умумибашариро таҷаллӣ созад. Аз ин рӯ, барои шинохти амиқи ин афкори Мавлоно пеш аз ҳама бояд дар густураи муколамаи фарҳангҳо қарор бигирем ва огоҳии комиле аз андешаҳои фалсафии макотибу мазоҳиб ва ҳар сарчашмаи таълифи Маснавии Маънавӣ, ки ба он ишорат шуд, дошта бошем.
-Ба назари Шумо ишқ аз нигоҳи Мавлоно бузургтар аз ақл аст ё баръакс?
-Баҳси ақлу ишқ дар адабиёти ирфонии мо аз баррасиҳои меҳварӣ аст ва Мавлоно ҳам дар ин росто аз муридони мактаби ишқ аст, ки мефармояд:
Пас чи бошад ишқ дарёи адам,
Даршикаста ақлро онро қадам.
Мавлоно ҳам орифи ошиқ ва ҳам шоири ошиқ буд ва ӯ аз диди орифона бар ин назар аст, ки танҳо ишқ моро ба сӯи шинохти асолат раҳнамоӣ мекунад ва ақл подаргил дар ҷодаи маърифати Кирдугор аст
-Тибқи назари Мавлоно ки офаринишро аз адам медонад, оё ин адам ба маънои фано аст ё маънои жарфтаре низ дорад, ки воқеияти ин ҷаҳони ҳастиро ошкор бикунад?
-Аслан маънои луғавии ин вожа нестист ва аксар донишмандон инро аз диди зоҳирӣ мефаҳманд, аммо дар фалсафаи Мавлоно адам оғоз аст ва фано саранҷом аст. Дар ирфон ин маънии нест шудан дар худ ва ҳаст шудан дар ҳақро дорад. Ин адам оғоз аст, яъне нестие, ки маншаъи вуҷуди инсон мебошад. Аҳли фалсафа ба ин назаранд, ки чун Худованд ин оламро меофарид сараввал дар андешаи худ тарҳи онро бирехт.
Ва ин адами Мавлоно ҳам ҳамон нестиест, ҳаст рӯи лавҳи он пайдо мешавад ва дубора ба он бармегардад. Дар як мисраъ аз маснавӣ ҳам Мавлоно таъкид мекунад, ки мо адамҳоем ҳастиҳонамо... Дар фалсафаи Мавлоно адам ва фано ҳарду ду қутби ҳасана мебошанд, ки аз яке шурӯъ гардида ба дигаре анҷом меёбад. Албатта ин андешарониҳои Мавлоно маншаъ аз фалсафаи Қуръон дорад, ки Худованд инсонро аз ҳеҷ чиз ҳаст кард.
-Дар охири сӯҳбат мехостам паёми Шуморо ба кулли ҷомеаи башари бидонам?
-Боз ҳам беҳтар аст, ки аз каломи худи Мавлоно ин паёмро барои якояки мардуми кишвар ва ҳар ки рӯи ин сатрҳо ба хотири Мавлонои бузург ангушти андешаҳои худро мегузорад, бигӯяд:
Эй сарви равон, боди хазонат марасад,
Эй чашми ҷаҳон. чашми бадонат марасад.
Эй он ки ту ҷони осмониву замин,
Ҷуз раҳмату ҷуз роҳати ҷонат марасад
-Ташаккур ва сипос аз ин, ки вақти гаронмояи хешро нисори мо намудед.
Суҳбаторо Фирдавси Аъзам
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1750--2.html