11:30:23 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/19_--01-a-aaaaanorouz_2.jpg'

НАВРӮЗ ДАР ХУРРАМШАҲРИ ДАНҒАРА

Таҷлили расмии Наврӯзи хуҷастапай дар наврӯзгоҳи Данғара оғоз шуд. Дар маросими ҷашн аъзои ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии президент Раҳмон ширкат доранд. Ҳамчунин, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва раҳбарону намояндаҳои корпусҳои дипломатии муқими кишвар меҳмони ин ҷашн мебошанд. Барои нахустин бор аст, ки ҷашни Наврӯз ба таври расмӣ дар ноҳияи Данғара таҷлил мешавад.

 

Дар ин ҷашн консерти ҳунармандони ҷумҳурӣ, мусобиқаҳои варзишии наврӯзӣ, намоишгоҳҳои таомҳо ва фаровардаҳои наврӯзӣ пешкаш шудаанд. Пас аз истиқлоли Тоҷикистон Наврӯз ба муҳимтарин ва умдатарин ҷашн дар кишвар табдил ёфтааст. Дар чанд соли ахир Тоҷикистон Наврӯзро қариб як ҳафта ҷашн мегиранд ва дар кишвар то панҷшанбеи ҳафтаи баъдӣ рӯзҳои истироҳат эълон шудааст. Ба чунин шукӯҳу шаҳомат дар Тоҷикистон дигар ҳеҷ ҷашне нест.

 

Дар ҳамин лаҳзаҳо шабакаҳои телевизионии кишвар мустақим аз Данғара ҷашни наврӯзиро пахш доранд. Субҳи барвақт корвони мошинҳои зиёд аз Душанбе ва дигар манотиқ ба Данғара равон шуда буд. Мардуми зиёд дар он ҷо гирд омадаанд.

 

Меҳвари ҷашн барномаи театрикунонидашудаи наврӯзӣ хоҳад буд, ки дар макони навбунёде дар Данғара бо номи Хуррамшаҳр намоиш дода мешавад. Ин макони тафреҳӣ махсус барои таҷлили Наврӯз ҳамроҳ бо муассисаҳои дигар боз шудааст ва онро соати нӯҳи субҳи ҳамин рӯз, 19-уми март, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтои туркманаш расман боз кард. Маросими боз кардани Хуррамшаҳр аз шинонидани ниҳол дар боғи он бо дастони ду раисҷумҳур оғоз гардид.

 

Соати даҳу ним раисҷумҳури Тоҷикистон бо суханронӣ ҷашнро расман оғоз бахшид ва мардуми кишварро бо Наврӯзро табрик гуфт. Суханронии худро президенти Тоҷикистон бо Рӯзи байнулмилалӣ эълон шудани Наврӯз оғоз кард. Дар мавриди интихоби Данғара ба ҳайси Наврӯзгоҳи соли 2010 раисҷумҳур Раҳмон гуфт, ин водӣ аз пойгоҳҳои муҳимми соҳаи саноати кишвар мебошад, дар оянда метавонад ба макони парвариши зироат табдил ёфта, дар таъмини амнияти ғизоии кишвар саҳм бигзорад.

 

Раисҷумҳури Туркманистон иштирок дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистонро барои худ шараф донист ва гуфт, Наврӯз дар феҳрасти ҷашнҳои туркманҳо низ ҷойи намоён дорад. Бино бар иттилоъи хабарнигорони Озодӣ, ки дар Данғара қарор доранд, барои барномаи театрикунонидашуда 4,500 мактаббача ҷалб шудааст. Варзишгоҳе, ки дар он барнома намоиш дода хоҳад шуд, тавоноии мизбонии беш аз 10.000 бинандаро дорад. Ин барнома аз панҷ қисмат иборат аст ва дар консерти ҳамзамонаш тақрибан сесад ҳунарманд иштирок мекунанд.

 

Дар остонаи ҷашни Наврӯз Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, ба мардумони ҷаҳон паёми шодбош фиристод. Дар паём омадааст, Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эълон шудани ҷашни Наврӯз гувоҳи боло рафтани эътибори ин ҷашн на танҳо дар қисматҳои алоҳидаи сайёра, балки дар арсаи байнулмилалӣ ба шумор меравад. Дабири кулли СММ дар паёми худ изҳори умед кардааст, ки кишварҳо ва мардумони ҷаҳон бо такя ба суннатҳои таърихии ин ҷашн талош хоҳанд кард, ки дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва сулҳ зиндагӣ кунанд, то дар сайёра сулҳ ва иродаи нек таҳким ёбад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1961-2010-03-19-06-18-09.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854