ҶИЛОИ «ШАМС» ВА ТАРОНАҲОИ НОБИ НОБОВАР
Рӯзи 11.04.2010 гурӯҳи ҳунарии овозхонҳои «Шамс» таҳти роҳбарии сарояндаи маъруфи кишвар Нобовар Чаноров баъди интизориҳои зиёд билохира дар Кохи «Борбад»-и пойтахт нахустин консерти худро дар соли равон доир кард. Толор агарчи нимахолӣ ба назар мерасид, чун консерт зинда баргузор гардид, хеле ҷолиб ва мавриди истиқболи гарми ҳозирин қарор гирифт. Дар барномаи консертии худ ҳунармандони ин гурӯҳ аксаран таронаҳои тоза ва мардумиро ҷой доданд.
Сомонаи «Рӯзгор» ният дорад, ки дар ояндаи наздик мусоҳибаеро бо роҳбари ин гурӯҳ Нобовар Чаноров пешкаши муштариёни худ гардонад. Феълан ба таваҷҷӯҳи алоқамандони мусиқии ноб чанд таронаеро аз ин консерт пешкаш менамоем.
Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2095--lr-.html