03:46:21 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/14_--01-a-aaaaaaazulfikor_2587.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/14_--01-a-aaaaaaaziz_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/14_--01-a-aaaaaaazulfikor_2587.jpg'

…ВАЛЕ ГУЛ ЧУН ҶАВОН ГАРДАД БИМИРАД

Ё сухани чанд дар бораи равоншод Зулфиқори Азиз

 «Саҳар мегуфт булбул боғбонро» ин охирин сурудест, ки шодравон Зулфиқори Азиз аз миёни бӯстони таронаҳои дилошӯби овозхони нотакрори мардуми Машриқзамин Аҳмад Зоҳир онро соли гузашта гулчин намуда, ба гулдони хотираҳои мо ба ёдгор гузошт.

Ин таронаро аввалин бор Зулфиқор дар маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир, ки  ба муносибати 63-солагии рӯзи таваллуд ва 30-солагии рӯзи вафоти ин хунёгари нотакрор 7-уми июни соли 2009 дар манзили овозхони маъруфи кишвар шодравон Алиҷон Солеҳов алоқамандони садои Булбули Шарқ барпо карда буданд, барои мухлисонаш суруд. Хушбахтона, телевизиони Симои Мустақили Тоҷикистон ин маҳфилро  ҳамон вақт ба навори видеоӣ сабт намуд, варна ин таронаи зебои Зулфиқори Азизро мисли чандин сурудҳои дигараш имрӯз танҳо аз наворҳои аудиоияш мешунидем. Зулфиқори Азиз ҳангоме, ки Аҳмад Зоҳир аз дунё даргузашт,  ҳамагӣ 11 сол дошт.

 Ӯ дар синну сол  аз бародаронаш Достон, Абубакр, Вайсиддину Қайсиддин хурдтар буд. Падарашон акаи Азиз  марди фарҳангдӯсту аз олами мусиқӣ бохабар думбураро хеле хуб менавохту дар маҳфилҳои хоса сурудхонӣ низ мекард. Азҷумлаи дӯстону пайвандон алоқамандони зиёде низ дошт. Вақте фарзандонаш ба ин ҳунари ӯ алоқамандӣ нишон дода аз ӯ пайравӣ менамуданд, онҳоро ташвиқ мекард. «Дар назди падарамон қариб ҳамаамон овозхонӣ мекардем.

 

Ҳар кадоми моро  ба андозаи ҳунарамон таъриф мекард. Вале вақте навбати Зулфиқори аз мо хурдсолтар мерасид ва ӯ шурӯъ мекард ба сурудхонӣ  худораҳматии қиблагоҳамон болу пар мекушоду мегуфт: «Зулфиқорҷон, иншоаллоҳ, беҳтарин ҳофизи Тоҷикистон мешавад»,- ба ёд меорад он рӯзҳои наврасиро Вайсиддин яке аз бародарони калонии Зулфиқор.

 Дар ҳақиқат, Зулфиқор тақрибан баъди 10 соли ин пешгӯйии қиблагоҳаш яке аз дӯстдоштатарин ва маъруфтарин чеҳраҳои ҳунари мусиқии тоҷик миёни ҷавонони кишвар гардид. Дар ин байн соли 1981  таҳти роҳбарии  бародари калониаш Достон ансамбли созиву овозии оилавии «Анис» таъсис гардид, ки он дар як муддати кӯтоҳ бо суруду таронаҳояш дар сар то сари кишвар маҳбубияти хосаеро касб кард. «Анис»-ро дар он замон  бархе алоқамандонаш «Битлз»-и тоҷикон мегуфтанд. Шукӯҳу овозаи «Анис» замоне афзуд, ки дар соли 1985 Зулфиқори Азиз аввалин сурудашро дар ҳайати он ба мухлисони сершумораш пешкаш кард.

 Садои гуворову марғуладори ӯ аз рӯзҳои аввали рӯйи саҳна омаданаш дилҳои ҳаводорони суруду таронаҳои нобро тасхир мекард. Яке аз сабабҳои маҳбубият касб кардани Зулфиқор дар он буд, ки  ҳамеша дар талошу ҷустуҷӯи сухани нав дар ҳунари мусиқии муосир буд. Барои овозхонҳои сурудҳои эстрадӣ таронаҳои Аҳмад Зоҳир намунаи баланди ин санъат  ба ҳисоб мерафтанд. Зулфиқор шабу рӯз мактаби ин нобиғаи ҳунари мусиқиро меомӯхт ва тадриҷан яке паси дигар сурудҳои Аҳмад Зоҳирро бо як назокату таровати қобили қабули шунаванда пешкаши ҳаводорони шеъру наво мекард.

 Сурудҳои Аҳмад Зоҳирро қабл аз Зулфиқори Азиз овозхонҳои зиёди тоҷик хонданд. Овозхонҳои насли худи Аҳмад Зоҳир, яъне овозхонҳои тоҷике, ки бо Аҳмад Зоҳир  тақрибан ҳамсол буданд, овозхонҳое, ки тақрибан даҳ сол аз Аҳмад Зоҳир хурдтар буданд ва овозхонҳои ҳамсоли Зулфиқор Азизов, яъне овозхонҳое, ки аз Алмоси Шарқ тақрибан 20 сол хурдсолтар буданд.

 Дар омади гап мегӯем, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро имрӯз ҳам насле мехонад, ки тақрибан 15 сол баъди марги Аҳмад Зоҳир ба дунё омадаанд. Тасдиқи ин суханони моро дар рафти озмуне, ки телевизиони «Баҳористон» таҳти унвони «Овози тиллоӣ» моҳи апрели соли 2010 баргузор кард, мушоҳида кардан мумкин буд. Танҳо дар як рӯзи озмун аз тақрибан 10-12 нафар иштирокчии 12-18 солаи он се нафарашон сурудҳои Аҳмад Зоҳирро хонданд.

 Сурудҳои Аҳмад Зоҳир як хусусияти аҷиб доранд. Онҳо дар иҷрои  ҳар кадом ҳофизе, ки суруда шаванд, ба гӯши  шунаванда гуворо садо медиҳанд ва шунаванда ҳатман онҳоро то ба охир гӯш мекунад. Баъди шодравон Кароматуллоҳи Қурбон Зулфиқор азҷумлаи он ҳофизоне буд, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳири шаҳидро на кӯркӯронаву тақлидкорона, балки эҷодкорона бо ворид кардани элементҳои нави ороишӣ дар мусиқии он, месуруд.

 Барои мисол, хонандагони гиромӣ, шумо агар сабти пурраи сурудҳои Аҳмад Зоҳир ва Зулфиқорро дошта бошед, аввал суруди «Ҳарчанд, ки дур аз туву пеши дигаронам»-ро дар иҷрои Аҳмад Зоҳир бишунавед ва баъдан онро дар иҷрои Зулфиқори Азиз гӯш кунед. Қаблан бояд бигӯям, ки аз шодравон Аҳмад Зоҳир се варианти ин суруд ба мо ба ёдгор мондааст. Якум суруде, ки дар студияи «Афғонмузик» сабт кардааст, дуввум суруде, ки дар студияи радиои Кобул сабт шудааст ва саввум суруде, ки дар як маҳфили дӯстонаш хондааст. 

 Фарқ надорад кадоме аз ин вариантҳои ин суруди Аҳмад Зоҳирро шумо мешунавед. Тафовутро ҳатман дар ороиши мусиқӣ, дар истифодабарии созҳои мусиқӣ ба мушоҳида мегиред. Мусиқии ин сурудеро, ки Зулфиқор мехонад, гуфтан мумкин аст, худи ӯ эҷод кардааст. Ӯ айнан танҳо ҳамон матнро бо ҳамон шеваи Аҳмад Зоҳир мехонаду халос. Ҳангоми фориғ аз сурудхонӣ дар тафовут аз мусиқии суруди Аҳмад Зоҳир дар суруди Зулфиқор мусиқии билкул дигар садо медиҳад. Оҳанги суруд дигар аст. 

 Он низ бо мазмуни шеър хеле мувофиқ аст. Ва ба ақидаи ман ин як бозёфти Зулфиқор аст. Ӯ дар ин маврид аз копихонӣ даст кашида ба қавли Аҳмад Зоҳир «сурудро бо ҳанҷараи худ» хондааст. Шунидани ин ду сурудро дар иҷрои ин ду овозхон ман ба он монанд мекунам, ки гӯё аз ду дарахти себи як боғ яктогӣ мева хӯрда бошед, ки ҳар кадоме аз ин себҳо мазза ва лаззати ба худ хосро доро мебошад.

 Ҷиҳати дигари фарқкунандаи шеваи сурудхонии Зулфиқор ҳангоми хондани сурудҳои Аҳмад Зоҳир ин аст, ки  ӯ қариб ҳамаи он сурудҳоро (теъдодашон дар ҳудуди 25-то ҳаст) тақрибан бехато мехонад. Махсусан таронаҳои «Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ», «Ай нилагун дарёи ман боз омадам, боз омадам»,«Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст», «Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бе ту», «Гузашт он ки ту сархели дилбарон будӣ», «Зиндагӣ чист хуни дил хӯрдан», «Куҷои дилбари ман», «Ман нагӯям ки маро аз қафас озод кунед», «Намедонам барои кӣ бигирям», «Саҳар мегуфт булбулғбонро», «Ҳарчанд ки дур аз туву пеши дигаронам»-ро Зулфиқор бо як таровати тоза пешкаши мухлисони созу навояш кардааст.

 Меҳриниссо шоираи маъруфи тоҷик, ки бо Зулфиқори Азиз ҳамкории эҷодии хеле зич дошт ва таронаҳои зиёдеро ҳам барояш навишта буд, мегӯяд, ки сурудҳои  шодравон Аҳмад Зоҳирро вақте, ки дар иҷрои Зулфиқор мешунидам, дар ман ҳамон эҳсосоти гуворое пайдо мешуд, ки  онҳоро танҳо аз шунидани сурудхонии худи Аҳмад Зоҳир ҳосил мекардам.

 Дар худи Афғонистон низ як гурӯҳе аз мухлисони садои Аҳмад Зоҳир, ки бо эҷодиёти бархе аз овозхонҳои мо шиносоӣ доштанд, дар мавриди сурудхонии Зулфиқор тақрибан ба ҳамин мазмун суханҳоеро ба ман гуфтанд. Онҳо Зулфиқорро яке аз беҳтарин овозхонҳо миёни овозхонҳои тоҷику афғон мешуморанд, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бо тамоми нозукиҳову шириниҳояш пешкаши мухлисони худ мекунанд.

 Вале агар мо фикр кунем, Зулфиқорро хондани таронаҳои Аҳмад Зоҳир машҳур кард, билкул хато мекунем. Таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар рушди ҳунари овозхонии ӯ бешак таъсири мусбат доранд. Зулфиқор аз рӯзҳои аввали пой рӯйи саҳнаи ҳунари мусиқӣ гузоштанаш кӯшидааст, ки бо сабки худ вориди он шавад. Дар мо овозхонҳои зиёде таронаҳои Аҳмад Зоҳирро мехонанд. Ҳатто ҳастанд овозхонҳое, ки қариб танҳо сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонанд. Вале ҳеҷ кадоме аз онҳо маҳбубиятеро, ки Зулфиқор аз хондани сурудҳои эстрадии эҷод намудаи худаш ва сурудҳои барояш эҷоднамудаи оҳангсозон ҳосил кардааст, надорад.

 Як сабаби маҳбубият касб кардани Зулфиқорро миёни мухлисони созу суруд боз дар муносибати ӯ ба масъалаи интихоби шеър ҷустан даркор аст. Дар репертуари Зулфиқор шумо ягон таронаеро пайдо карда наметавонед, ки матни он ғалат ва дар маъно иллате дошта бошад. Таронаҳои хондаи ӯ асосан бар матни шоирони муосири тоҷик эҷод шудаанд, ки бо аксари онҳо шодравон Зулфиқор  шахсан шинос буд.

 Ҳатто матни бархе аз таронаҳои ӯро ин  шоирон бо хоҳиши Зулфиқор дар чаҳорчӯбаи оҳанги мушаххасе эҷод намудаанд. Зулфиқор дар ду соли ахир ба андозаи ду албом сурудҳои тоза хондааст. Бархе аз ин таронаҳоро оҳангсозон барояш сохта бошанд, аксарияташонро худи ӯ эҷод кардааст. Мавзӯи таронаҳояш асосан ҳамон ишқи поку шикоят аз бемеҳрии дилдода мебошад. Вале дар ин авохир чанд суруде дар бораи модар ва қиблагоҳаш хонда буд, ки бо он дарду андӯҳ ва сӯзу гудозе, ки онҳо дар худ доранд, аз дигар сурудҳояш ба куллӣ фарқ мекунанд.

 Эй войи ҷони модар,

Ҷонам нисори модар,

Гум мезанад дилам, гум,

Андар хумори модар

 Овози форамашро,

Чашми гунаҳрамашро,

Ман ёд мекунам ёд

Дур аз канори модар…

Ӯ ранҷи заҳмати ман

Бар дӯш мекашид, рафт

Бар дӯши ман гарон аст

Санги мазори модар…

 Ё дар суруди ба падар бахшидааш мегӯяд:

 Дар суроғат падари ҷон ба мазор омадаам,

Дидагирёну дил аз ғусса фигор омадаам.

Навбаҳор асту сари бутаи навраста зи хок,

Ташналаб ташнаҷигар зору низор омадаам…

Аз чи ин водии гулпӯш пур аз чилчила нест,

Санги ҳар гӯр хамӯш асту забони гила нест.

Ҳаргиз эй сабза нагӯӣ ба тасаллои дилам,

Ки миёни ману ӯ як сари мӯ фосила нест.

 Баъди гузаштани солҳои дароз аз марги падару модар бо чунин як сӯзу гудоз ва дарду андӯҳ  дар бораи онҳо як чанд суруд хондан ва баъди фурсати кӯтоҳе аз ин дунёи фонӣ рахт бастани Зулфиқор, фикр намекунам ин ҳодисаи тасодуф ва берабт бошад. Ин албатта дар худ ҳикмате ниҳон дорад, ки  мутаасифона, аз кашфи он мо бандаҳои пургуноҳ имрӯз оҷизем.

 Вале ҳаминро бояд ҳамагон донем, ки ҳунармандоне чун Зулфиқори Азиз, Соҳибқирони Нозим ва боз даҳҳо тани дигар гули баҳорӣ нестанд, ки ҳар сол дар ин фасли зебо аз хок сар бикашанду ба бӯстону гулистони  ҳунари мусиқии мо ҳусни тоза биафзоянд. Онҳо сазовори таваҷҷӯҳи бештари ҷомеъа ва масъулини соҳа буданду ҳастанд, ҳатто баъди маргашон.

 Худованди бузург ҷои онҳоро Биҳишти Адн бигардонад. Омин ё Рабалъоламин!

 Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2304-2010-05-14-18-54-58.html

 



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 20.05.2010 23:07
Tashakur barodaram ki az in hunarmandi zindayod Zulfiqori Aziz yod karded.Man hamchun yk hunarmandi tojik mebolam ki bo ZULFIQORJON dusti doshtam.Sad afsus ki az baini mo raft.ZULOLJON tavonist dar davomi umri khud baroi aloqamandoni musikii tojik surudu taronahoi bisyor purmazmun va ruhnavozro boqi guzorad.Yodi u mekunemu duo mekunem ki XUDOVANDI BUZURG ruhashro shod gardonad ki har ruz surudahoi u khotiri moro bolida megardonad XUDO RAHMATAT KUNAD ZULFIQORJON. Bo kamoli ehtirom duogui shumo IZZAT SHARIFI
 
 
0 #1 Guest 15.05.2010 00:03
Yodat ba khayr, khonai okhiratat obod bod!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi