02:50
бо вакти Душанбе
10-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1607 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3476 TJS
2012-02-09

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
БО АРМУҒОН БА ЗИЁРАТИ УСТОД РӮДАКӢ
Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг
03.09.2010 10:32
Мӯҳтавои мавод
БО АРМУҒОН БА ЗИЁРАТИ УСТОД РӮДАКӢ
Page 2
Ҳамаи саҳифаҳо
Ё чӣ тавр олими покистонӣ се байти номаълуми Одамушшуароро аз сарчашмаҳои нодир пайдо кардааст

 

Орифи Навшоҳӣ - устод ва раиси бахши форсии Донишкадаи давлатии Гурдани Равалпинди соли 1956 дар Панҷоби Покистон таваллуд шудааст. Ӯ дорои унвони доктори забон ва адабиёти форси Донишгоҳи Теҳрон мебошад. Рисолаи докториро дар Эрон дар мавзӯи «Аҳвол ва осори Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор» ҳимоя кардааст. Китобҳои зерин намунае аз фаъолияти илмии ӯ ба ҳисоб мераванд:

 

Феҳристи китобҳои форсии чопи сангӣ ва камёби китобхонаи Ганҷбахши маркази таҳқиқоти форсии Ирону Покистон Исломобод, Исломобод 1986-89, 2 ҷилд.

Китобшиносии фаҳориси насхи хаттии Ирону Афғонистон, Лоҳур 1993

Аҳвол ва суханони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор, ба таълиф ва тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ, Теҳрон, 1380 шамсӣ

Мақолоти Ориф, Теҳрон, 1381-1386-и шамсӣ, 2 ҷилд.

Маҷолиси Ҷаҳонгирӣ, таълифи Абдусаттор бинни Қосими Лоҳурӣ, бо тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ ва Муъини Низомӣ, Теҳрон, 1385-и шамсӣ

Иршод дар маърифат ва ваъзу ахлоқ, таълифи Абдуллоҳ Муҳаммад бинни Абубакри Қалонисии Насафӣ (вафоташ 500 ё 550-и қамарӣ), бо тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ, Теҳрон 1385-и шамсӣ.

Тазкираи Навшоҳия, таълифи Муҳаммад Ҳаёти Навшоҳӣ ба тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ, Исломобод, 1389-и шамсӣ.

Ёри ошно, таълифи устод Халилуллоҳи Халилӣ, бо кӯшиши Орифи Навшоҳӣ, Лоҳур, 1389-и шамсӣ.

 

Бо Орифи Навшоҳӣ дар ҷараёни муаррифии китоби ӯ «Дар кӯйи Халил», ки 21-уми июл дар толори Академияи Улуми ҶТ баргузор гардид, шинос шудам. Ҳоҳиши бо ӯ мусоҳиба намуданро кардам. Гуфт фардо ба мизбони ӯ мудири Китобхонаи устод Халилӣ ҷаноби Ранҷбар занг бизанам ҷой ва вақти мулоқотро ӯ таъйин хоҳад кард.

 

Рӯзи дигар субҳи барвақт буд, ки худи ҷаноби Ранҷбар ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки бо ҳамроҳии меҳмон ба зиёрати «Мақбаратушшуаро»- и Тоҷикистон  ба мавзеи Лучоб рафтанианд. Ва агар банда майл дошта бошам онҳоро ҳамроҳӣ кунам. Масъалаи мусоҳиба бо эшон ҳамзамон онҷо ҳал хоҳад шуд. Албатта ман ин пешниҳодро пазируфтам.

 

Инак зиёрати қубури шуарои фақиди тоҷикро аз мақбараи устод  Мирзо Турсунзода шурӯъ кардем. Устод Навшоҳӣ ба ёдам оварданд, ки шодравон Мирзо Турсунзода дар достони «Ҷони ширин»-аш чунин мисраъҳоеро ба ҳамватани ӯ шоир Файз Аҳмади Файз бахшидааст:

 

Ёд дорӣ аз мубориз шоирон,

Файз буд дар хонаи мо меҳмон.

Аз Ватан гап сар кунӣ дармегирифт,

Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.

 

Ҳамин тариқ аз як тараф оромгоҳҳои устод Мирсаид Миршакар, устод Одина Ҳошим, устод Қутбӣ Киромва дигар бузургонро зиёрат карда расидем ба сари мақбараи устод Лоиқ Шералӣ. Аз суханони устод Навшоҳӣ ҳувайдо буд, ки дар бораи ин бузургон ӯ маълумоти ҷолибе дорад. Масалан устод Мирсаид Миршакарро ба ҳайси таҳиякунанда ва бачопрасонандаи аввалин китоби Аллома Муҳаммад Иқбол дар Тоҷикистон бо ҳуруфи кириллӣ мешинохтааст.

 

Аз устод Одина Ҳошим ҳамчун аз овозхоне ном гирифт, ки дар Покистон ҳаводорони зиёд дорад. Раҳматӣ Қутбӣ Киромро ба ҳайси бедилшинос ва тарҷумони ашъори Файз Аҳмади Файз ном бурд. Устод Навшоҳӣ  баъди хондани оёте чанд аз Қуръони карим  ва талаби дуъо ба ҳаққи арвоҳи гузаштагони мазори Лучоб ғайричашмдошт ба ман гуфт, ки омодааст ба саволҳоям дар ҳамин сари мақбараи устод Лоиқ посух бигӯяд. Мо низ фурсатро ғанимат донистем.

 

 

ӯҳтарам Орифи Навшоҳӣ, Шумо дар суханронии худ, ки дирӯз дар маросими муаррифии китобатон «Дар куйи Халил» дар толори Академияи Улуми ҶТ доштед, худро табааи қаламрави забони форсӣ эълон кардед. Тоҷикистон низ қаламрави ҳамин забон аст. Аз ин рӯ нахуст ташрифи Шуморо ба Ватани худ хайра мақдам мегӯем. Тоҷикистон низ Ватани Шумо ҳаст.

 

- Бисёр сипосгузорам аз ин суханони самимӣ. Дарвоқеъ Тоҷикистонро ва ҳарҷоеро, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд, онҷоро Ватани худ медонам. Махсусан дар ин лаҳзаҳое, ки дар «Мақбаратушшуаро»-и Тоҷикистон, бахусус дар канори оромгоҳи устод Лоиқ Шералӣ қарор дорем, маро як эҳсосоти аҷибе фаро ги рифтааст. Ин бузургони  шеъру адабу фарҳангу санъату мусиқӣ, ки дар ин ҷо хонаи охирати худро ёфтаанд, фақат мутааллиқ ба як сарзамин нестанд. Инҳо мутааллиқ ба тамоми ҷаҳони адаб, махсусан, мутааллиқ ба қаламрави забони форсӣ ҳастанд.

 

-Шумо, мӯҳтарам профессор, дирӯз бо баъзе аз намояндагони илму адаби тоҷик аз наздик  рӯ ба рӯ сӯҳбатҳо доштед. Имрӯз бошад ба ба зиёрати мазори баъзе аз намояндагони аҳли илму фарҳанги тоҷик ба мавзеи зебоманзари Лучоб омадед. Баъди хондани оёте чанд аз Каломуллоҳ дар ҳаққи арвоҳи гузаштагони ин макону ин манзил шумо омодагии хешро ба сӯҳбати қаблан тарҳрезишуда бо мо ғайримунтазира дар сари мақбараи зиндаёд устод Лоиқ изҳор доштед. Чӣ чиз Шуморо ба ин иқдом водор кард?

 

-Мо, ки донишҷӯйи адабиёти форсӣ ҳастем, устод Лоиқро ба унвони яке аз шоирони беҳтарини Тоҷикистон мешиносем. Ӯ яке аз бузургтарин шоири сарзамини тоҷикон аст. Шоирест, ки ашъораш чӣ аз лиҳози маъно ва чӣ аз лиҳози алфоз хубу дилкаш аст. Ӯ дар ҳақиқат шоири миллист. Чун дар зиндагӣ натавонистам ба дидори муборакаш мушарраф бишавам, мехоҳам рӯҳашро ба дуо ва зикри хайр шод намоям. Боварӣ дорам чун мо ин ҷо дар бораи шеъру адаби форсӣ ҳарф мезанем рӯҳи ин бузургвор шод хоҳад шуд.

 

- Бале, дуруст мегӯед. Устод Лоиқ  низ худ бо ашъори шуарои Эрону Афғонистону Покистон  хеле хуб шинос буд. Ёдам меояд ӯ дар як шеъраш, ки ба  шоири афғон Сулаймон Лоиқ бахшида буд, мегӯяд;

 

То бубинад халқи афғон сурҳо,

Дар раҳи мақсуд дуродурҳо,

Мефиристам ман суруд аз Панҷрӯд,

Мефиристам ман зи Норак нурҳо.

 

Шумо низ бо иншои китоби «Дар кӯйи Халил» хизмати шоистае на танҳо барои мардуми афғон, балки барои тамоми мардуми қаламрави забони форсӣ кардаед. Шумо азҷумлаи он муҳақиқони камназире ҳастед, ки  солҳо бо устод Халилуллоҳи Халилӣ равобити зичи эҷодӣ доштед. Мехостам дар бораи таассуроти хеш аз мулоқотҳоятон бо ин устоди сухани форсӣ чанде қисса кунед. Ва инчунин дар бораи чӣ гуна навишта шудани ин китоб  сухане чанд бигӯед?

 

-Шукри Худовандро мегӯям, ки дар канори оромгаҳи як абармард сухани форсӣ дар бораи дигар шаҳсутуни адабиёти форсӣ ҳарф мезанем. Ин хушбахтии ман буд, ки вақте устод Халилӣ дар соли 1982 ба Покистон омаданд, тасодуфан ба идораи мо ташриф оварданд. Агарчӣ то ин замон ягон мулоқоти рӯ ба рӯ  бо устод надоштем мо ғойибона иродати эшонро дар дил мепарваридем.  Баъди ин мулоқоти нахустин мо то вопасин нафаси устод бо он кас дар тамос будем.

 

Устод тақрибан панҷ сол дар Исломобод иқомат доштанд. Тамоми ин муддат мо дар хизмати эшон будем ва аз сӯҳбати эшон файзёб мешудем. Як шахсияти барҷаста буданд. Нуфузи тамом ба адабиёти форсӣ доштанд. Вуҷуди эшон дар Исломобод барои мо бисёр-бисёр муғтанам буд. Ба маҷолиси мухталиф эшонро мебурдем, худашон мерафтанд. Шоирону адибони Покистон, ки ба Исломобод меомаданд, ҳатман ба зиёрати устод меомаданд.

 

Ман ҳамон замон хотироти ҳар мулоқотеро, ки  бо устод медоштам, менавиштам, ёддошт мекардам. Устод аз ман китоб мегирифтанд, ман аз эшон китоб мегирифтам. Мубодилаи китоб доштем. Умуман, ман омодагиеро доштам, ки дар бораи устод Халилӣ мақолае бинависам. Дар фикри навиштани чунин мақолае низ будам. Соли гузашта, яъне соли 2009, дӯсти азизи мо оқои Ҷаъфари Ранҷбар ба Покистон омаданд ва аз мо хоҳиш карданд, ки хотироти хешро дар бораи устод Халилӣ бинависам.

 

Ва ҳамон даврае, ки оқои Ранҷбар дар Покистон буданд, ман шурӯъ кардам ба навиштани хотироти худ дар бораи устод Халилӣ. Дар аввал дар назар доштам, ки танҳо хотироти худро дар бораи устод бинависам. Баъдан вақте, ки вориди мавзӯъ шудам, гуфтам масалан номаҳое, ки ман аз устод Халилӣ дорам, онҳоро вориди китоб бисозам. Устод ҳам сокини Исломобод буданд, ман ҳам сокини Исломобод будам, устод барои ман нома менавиштанд.

 

Замоне, ки дар Ню Ҷерсии ИМА зиндагӣ мекарданд, аз он ҷо ҳам нома мефиристоданд. Ин номаҳоро ҳам дар ин китоб ҷо додам. Баъдан, он китобҳоеро, ки аз ман барои мутолиа мегирифтанд, вақте ба ман пас медоданд, медидам, ки дар ҳошияи он китобҳо ёддоштҳои эшон ҳаст. Назари худро медоданд ва агар иштибоҳе буд дар китоб, онро ислоҳ мекарданд. Ман ба эшон се-чорто китоб дода будам. Эшон дар канори ин китобҳо назари худро навиштаанд, яъне ҳавошӣ навиштаанд.

 

Баъдан гуфтам ин ҳавошӣ бисёр донишмандона ҳаст, олимона ҳаст. Инҳоро бояд дар ин китоб биёрам. Ин ҳавоширо низ ман вориди китоб кардам. Ҳамон замон ман корҳои илмӣ мекардам. Корҳои илмиамро ба устод нишон медодам ва аз ӯ раҳнамоӣ мегирифтам. Устод маро дар ин ҷода бисёр ташвиқ мекарданд. Дар он замон ман дуто китоб чоп кардам. Яке тарҷумаи китоби  донишманди эронӣ Алиасғар Ҳикмат дар бораи Ҷомӣ ба забони урду  буд. Ин соли 1982 буд. Ман ҳамон замон аз эшон хоҳиш кардам ба ин китоб муқаддимае ва ё тақризе бинависанд.

 

Устод лутф карданд ва як муқаддимае бо насри хеле шевое навиштанд. Баъдан меҳрубонии мазид ин буд, ки як қитъа шеър ҳам барои ман ба хотири чопи он китоб навиштанд. Ин чизҳоро низ ман вориди ин китоб кардам. Китоби дуввум маҷмӯаи ашъори як шоире ба исми Муҳаммад Моҳ Садоқати Кунҷой аз шуарои қарни 12-и Панҷоб буд. Маҷмӯаи ашъори ӯро ман гирд оварда будам. Ба ин маҷмӯа ҳам устод як муқаддимаи муфассале навиштанд, ки он ҳам чоп шуд.

 

-Дар баробари китоби «Дар кӯйи Халил» дирӯз ба аҳли илму фарҳанги тоҷик инчунин  китоби «Ёри ошно» муаррифӣ шуд, ки онро устод Халилуллоҳи Халилӣ дар бораи Аллома Муҳаммад Иқбол навиштаанд. Шумо дар чопи ин китоби устод оё нақше доштед?

 

- Устод  ин китобро  бори аввал соли 1982 дар Исломобод ба нашр расонда буданд. Ва дар мулоқоти нахустинамон устод лутф карданду ба ман нусхае  аз он китоб дода буданд. Ман китобро  дар он вақт хонда будам. Аммо замоне, ки китоби «Дар кӯйи Халил»-ро менавиштам, яъне хотироти худамро дар бораи устод, ба ин фикр афтодам, ки чун он китоб марбут ба Покистону Иқбол ва ин сарзамин ҳаст, беҳтар аст онро ҳам омодаи чоп кунам.

 



Миқдори нигориши мавод: 843

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh