02:22:03 01-уми Июли 2025 сол

ТЕАТРИ “ЛӮХТАК”-И БИШКЕК ДАР ДУШАНБЕ

Дар доираи ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз 5-ум то 17-уми октябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии ҷумҳуриявии "Лӯхтак"-и шаҳри Душанбе намоишномаи "Сатилчаҳои сеҳрнок"-и Театри давлатии "Лӯхтак"-и ба номи Мусӣ Ҷонғозиеваи шаҳри Бишкек ба саҳна гузошта мешавад. Тибқи гуфтаи саррежисёри театр Сафаров Иззатулло ин намоишома дорои маънии баланд буда, барои кӯдакони хурдсол пешбинӣ шудааст.

 

Онро ҳунарманди хизматнишондодаи Қирғизстон Валентина Анникова аз рӯи асари Виктор Трегубенко таҳия намудааст. Намоишномаи мазкур ҷанбаи тарбиявӣ-ахлоқӣ дошта, дар он зиракиву ҳушёрӣ барин хислатҳои неки инсонӣ васф шудааст, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек ва зиндагии осоиштаву рафоқатмандона ҳидоят мекунанд.

 

Мавриди  зикр аст, ки солҳои охир ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба маротиб густариш ёфта, ҳамасола намоишҳои ҳунарии ҳунармандони ин кишварҳо дар шаҳрҳои ҳарду давлат доир мегарданд, ки аз дӯстии ин миллатҳо ва доштани равобити фарҳангии мутақобилан судманди дерина гувоҳӣ медиҳад. 

 

Пӯлод Зубайдӣ, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3236-2010-09-29-13-41-34.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ