02:04:47 23-уми Майи 2025 сол

СОМӢ ЮСУФ: СИПОС АЗ МЕҲМОНДОРИИ ШУМО!

Шаби гузашта Сомӣ Юсуф, овозхони маъруф, барои иҷрои як барномаи кунсертӣ вориди Тоҷикистон шуд. Вай шабҳангом аз толори кунсертии Кохи Борбади шаҳри Душанбе - ҷойе ки қарор аст шаби панҷшанбе барномаи кунсертӣ иҷро кунад, дидан кардааст. Бо истифода аз ин фурсат, ҳамкорамон Зеваршоҳи Муҳаммад мусоҳибае бо Сомӣ Юсуф анҷом додааст.

 

Ин хонандаи эрониасл, ки дар Бритониё зиндагӣ мекунад, пас аз нашри нахустин олбумаш ба исми "Ал-Муъаллим" дар тобистони соли 2003 аз маҳбубияти зиёде, бавижа дар миёни мусалмонон дар саросари ҷаҳон, бархурдор шуд. Оҳангҳои ӯ бештар дорои мазомини мазҳабию исломӣ ҳастанд ва гуфта мешавад олбуми дувуми ӯ ба номи "My Ummah" беш аз панҷ милюн нусхадар саросари ҷаҳон ба фурӯш рафтааст. Вай аз маҳбубияти зиёде дар миёни ҷавонони тоҷик низ бархурдор аст.

 

Зеваршоҳ: Мехостам нахустин тассуроти худро аз Тоҷикистон бигӯед?

 

Сомӣ Юсуф: Ман хеле ҳаяҷонзада ҳастам, хеле хушҳол ва мутаассирам, зеро Тоҷикистон шояд бароям наздиктарин ҷо ба Эрон бошад – кишваре, ки ман дар онҷо, дар Теҳрон, мутаваллид шудам. Эҳсос мекунам, ки ин ҷо ман бо мардуми худам ҳастам ва ин танҳо як кунсерти дигар нест. Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои дигар, монанди Озарбойҷон, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сарнавишти худро ба дасти худ гирифтаанд ва дубора дар ҷустуҷӯйи ҳувияти худ ҳастанд.

 

 

Инҷо чи фазои такондиҳанда ва замони муносибест ва ман мардумеро мебинам, ки саршор аз умед ва орзу ҳастанд. Мехоҳам ба ҳама бигуям, ки худо ҳамаатонро биёмурзад. Ман бисёр хушбахтам ки ин ҷоям ва ба дидори шумо мушарраф шудаам. Сипос аз меҳмондории шумо.

 

Дар барномаи кунсертӣ ки инҷо иҷро мекунед, чи таронаҳои тозае доред, ки қаблан ҷойи дигаре нахондаед?

 

Албатта, ҳарчи мардум инҷо хоҳанд шунид, ҳарчи фардошаб хоҳам суруд, чизҳои тару тозае хоҳанд буд. Ман ҳаргиз дар ин ҷо барнома надоштам ва ин нахустин кунсертам аст. Ва кунсертҳои зиндаи ман, албатта, бо ончи шумо инҷо дар сидию дивидиҳо мешунавед, комилан мутафовит аст. Ин ҷо мо дарвоқеъ як намоиш (show) дорем.

 

Баъд аз Тоҷикистон ба куҷо меравед ва чи барномаҳое доред?

 

Мо як намоиш дар Нидерлонд, дар Ротердам, дорем. Баъдан се сафари ҳунарӣ ба шаҳрҳои бузурге дар Урупо анҷом медиҳем, ки даҳҳо ҳазор ширкат хоҳанд кард. Як барномаи дигар дар Арина дорем. Мо озими як сафари ҷаҳонӣ низ ҳастем. Ва сидқан мегуям, ки ман хеле мехоҳам то шаш моҳи оянда боз ба Тоҷикистон оям ва як намоиши бузурге барои мардум, барои тӯдаҳо, иҷро кунам.

 

Оё дар бораи Тоҷикистон қабл аз он ки инҷо оед, чи иттилоъе доштед? Аввалин бор дар бораи Тоҷикистон ва ин ки он як кишвари форсизабон аст, шояд аз замони кӯдакӣ ва ё баъдтар, умуман кай иттилоъ пайдо кардед?

 

Медонед, аслан ман дар Бритониё бузург шудам, вале ба ҳама гуна мусиқиҳо гӯш медиҳам. Ман бо мусиқии тоҷикӣ низ ошноӣ дорам, номи овозхонҳоро албатта намедонам, вале бо оҳангҳои тоҷикӣ, созҳои мусиқӣ ва фулклури мардуми тоҷик ошноӣ дорам. Медонам, ки Тоҷикистон фарҳангу маънавиёти ғание дорад, адабиёти бисёр ғание дорад. Ин минтақа бисёр як минтақаи фарҳангхез аст. Инҳо чизҳоест, ки ман медонам.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3303-2010-10-07-12-38-43.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ