ДИДА БА СИНАМОБАЗМИ «ДИДОР» МЕРАСАД

Пагоҳ, 12-уми октябр, дар Душанбе чорумин Кинофестивали байналмилалии «Дидор» ба кори шурӯъ мекунад ва он то 16-уми октябр давом хоҳад кард. Кинофестивал бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Дафтари Рушд ва Ҳамкории Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон доир мегардад. Лоиҳа аз ҷониби ТҶ «Дидор», ки моҳи сентябри соли 2010 таъсис дода шуда буд, амалӣ мешавад. Рисолати лоиҳа аз ҳифз доштани санъати кино ва нигаҳдории мувозинат миёни фарҳанги дунявӣ ва динии минтақа маҳсуб меёбад. Соли ҷорӣ пойтахти кишварамон меҳмононро аз давлатҳои Ҳоландия, Фаронса, Швейстария, Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон ва Ӯзбекистон пешвоз мегирад.
Барномаи Кинофестивали Байналмлалии «Дидор» ҳамасола пурмазмун ва гуногунҷабҳа мебошад. Ғайр аз филмҳои кӯтоҳметраж ва пурраметраж ба қазовати ҳакамон барномаи махсуси намоиши филмҳои нави мамлакатҳои форсизабон дар назар аст. Чун анъана Кинофестивали «Дидор» таваҷҷӯҳи махсусро барои омӯзиши вазъи синамои кишварҳои форсизабон - Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ҷалб мекунад. Ба барномаи мазкур филмҳои кӯтоҳметраж ва пурраметраж, бадеӣ, мустанад, омӯзишӣ, тасвирӣ ва ғ. дохил мешаванд.
Ба андешаи ташкилкунандагони фестивал, чорабинии мазкур шароити хубро барои ҳамкории синамогарони Ғарб ва Шарқ, дастгирӣ намудани озодии эҷодиёт ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ, ки фоидаи дуҷонибаро барои иштирокчиёни фестивали мазкур пайдо мекунад ба миён меорад. Бахшида ба 90-ум солгарди зодрӯзи коргардони бузурги Тоҷикистон, классики шинохтаи синамои тоҷик Борис Кимёгаров намоиши филмҳои ӯ баргузор мегардад.
Кинофестивали Байналмилалии «Дидор» ҳамчун майдони муҳокимаҳои масоили ҳалталаби инкишофи синамои муосир ба ҳисоб меравад. Дар «мизи мудаввар» бо унвони «Синамои ҷавони Осиёи Марказӣ» муҳокимаи масъалаҳои мубрам барои кишварҳои ин минтақа чун омода намудани мутахассисони соҳаи синамо, озодии эҷод, масъалаҳои ҳамгироӣ ва ҳамкории кинемотографистони минтақа, созмони бунёди умумиминтақавӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои беҳтарини кинемотографистони ҷавон, созмони сомонаи ягона таҳти унвони «Синамои ҷавони Осиё» баррасӣ мегарданд.
Ба иттилои директори кинофестивал, коргардони шинохтаи тоҷик, Сафар Ҳақдодов дар ин ҷашнвора тақрибан 60 филм ба намоиш гузошта мешавад. Синамогарони тоҷик дар ҷашнвораи «Дидор» филми пурраметражи коргардонҳо Далер Раҳматов ва Гуландом Муҳаббатова «Бигузор ин ҳама дар хоб бошад» ва филми коргардони дигари тоҷик Искандар Усмонов «Тото»-ро ба қазовати ҳакамони ин синамобазм пешниҳод мекунанд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3323----lr-.html