18:53:44 23-уми Майи 2025 сол

ДИДОРИ ЧЕҲРАҲО ВА Ё ЧЕҲРАҲОИ «ДИДОР»

12-уми октябр дар кинотеатри ба номи Зебуниссои пойтахт кинофестивали чоруми байналмилалии «Дидор» ба кори худ оғоз кард. Дар рӯзи аввали ҷашнвора ба алоқамандони филмҳои ҳунарӣ ва ҳайати доварон барои тамошо ду филмеро  пешниҳод карданд, ки ҳарду ҳам барои дарёфти ҷоизаи асосии ҷашнвора талош хоҳанд кард. Инҳо филми коргардони Литва Гитис Лукшас «Гирдоб» ва филми коргардони тоҷик Саид Носиров «Қиёми рӯз» мебошад, ки то имрӯз соҳиби 9 ҷоизаи кинофестивалҳои байналмилалӣ гардидааст.

 

Дар бахши филмҳои мустанад дар рӯзи аввал филмҳои озмунӣ ба намоиш гузошта нашуданд. Вале тамошобинон аз тамошои филмҳои мустанади «Солномаи хотираҳо»-и Елизавета Кимёгарова, ки дар чаҳорчӯбаи ёдбуди бузургтарин коргардони тоҷик Борис Кимёгаров ба намоиш гузошта шуд ва филми коргардони эронӣ Маҳдии Бемонӣ «Тасбеҳи хотирот», ки дар он оҳангсози машҳури кишвар Толиб Шаҳидӣ дар бораи дирӯзу имрӯзи мусиқии тоҷик андешаронӣ мекунад, лаззати маънавӣ бурданд.

 

Дар оғози намоиш ва анҷоми он ҳунарпешаҳо ва киношиносони тоҷик дар атрофи ин филмҳо ва шахсиятҳое, ки дар ин филмҳо мавриди тавсиф қарор гирифта буданд, суханрониҳое доир карданд. Ба хусус сӯҳбати Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марат Орифов, коргардони маъруфи тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев, наворбардори шинохтаи кинои тоҷик Заур Дахте дар бораи марҳум Борис Кимёгаров ҷолиб ва мароқангез буданд.

 

Синамобазми «Дидор» фардо ба кори худ идома хоҳад дод. Ёдовар мешавем, ки дар он синемагарони беш аз 10 кишвари ҷаҳон маҳсули заҳмати хешро пешкаши доварон ва тамошобинони синамои пойтахти Тоҷикистон хоҳанд кард.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3337------lr.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ