ҶОИЗАИ АСЛИИ "ДИДОР" БА ҚИРҒИЗИСТОН РАФТ
Ҷоизаи аслии ҷашнвораи байналмилалии “Дидор-2010” ба синемогарони қирғиз эъто шуд. Ҷоизаи беҳтарин коргардон дар ҷашнвораро Маҷиди Барзгар, филмсози эронӣ, ба худ ихтисос дод. Ва дар бахши филмҳои кӯтоҳ Басири Сангӣ, коргардони синемои Афғонистон, пирӯз шуд.
ҶОИЗАИ АВВАЛ

Гардонандагони маҳфили супурдани ҷавоиз аз Комрони Шердил, коргардони эронӣ ва раиси ҳайъати доварони ҷашнвора, даъват карданд, то рӯйи саҳна ояд ва филми барандаи ҷоизаи аввали ҷашвнораи “Дидор-2010”-ро эълом кунад. Ва оқои Шердил синемогарони қирғизро пирӯзи ин ҷашнвора эълом кард. Филми “Свет-ака”-и коргардон Актан Арим Кубат, ки барандаи ҷоизаи аслӣ шуд, аз сарнавишти як устои барқ дар деҳаи дурдасте ҳикоят мекунад, ки ҳамдеҳагонаш ӯро барои фаъолиятҳои хубаш меҳрубонона "Свет-ака" меноманд.
Мушкилоти дастрасӣ ба барқ дар кишварҳои Осиёи Миёна, бавижа дар Тоҷикистону Қирғизистон, ки кишварҳои кӯҳистонӣ ҳастанд, аз мушкилоти доғе маҳсуб мешавад. Бозтоби ин мушкилот ва ин ки рӯшноӣ барои сокинони як деҳаи дурдаст чи қадар арзиш дорад, дар меҳвари достони ин филми қирғизӣ қарор дорад. Ҳарчанд худи Актан Арим Кубат дар ҷашнвора ширкат надошт, вале ҷоизаро аз ҷониби вай Гулбара Толомушова, намояндаи синемогарон аз Қирғизистон, гирифт ва ба ҷойи коргардон суханронии кӯтоҳе низ анҷом дод.
ҶОИЗАИ ФИЛМИ КӮТОҲ
Дар бахши беҳтарин филми кӯтоҳ ҷоизаи ҷашнвора барои филми "Роҳи бебозгашт" аз Афғонистон ба коргардони ҷавонтарини ин ҷашвора Басири Сангӣ супурда шуд. Алӣ Ҳамроев, коргардони машҳури синемои ӯзбакӣ дар даврони Шӯравӣ, ҳангоме ки ҷоизаро ба оқои Сангӣ эъто мекард, гуфт, ки ин ҷоиза ба хотири бозтоби масоили ифротгароии мазҳабӣ ва авоқиби ногувори он ба Басир супурда шудааст. Сужеи филм аз он ҳикоят мекунад, ки чи тавр ҷавонони сафедпӯст моҳирона ва баосонӣ ҷавонони фақири сиёҳпӯстро барои анҷоми амалиёти теруристӣ омода мекунанд.
ҶОИЗАИ БЕҲТАРИН КОРГАРДОН
Доварони ин ҷашнвора филми "Фасли боронии мавсимӣ" аз коргардони эронӣ Маҷиди Барзгарро ба ҷоизаи беҳтарин коргардон сазовор донистанд. Филми Маҷиди Барзгар аз зиндагии навҷавоне ҳикоят мекунад, ки бо ҷомеъа ва пайвандонаш даргир аст. Сино, як навҷавони 16-сола, баъд аз он ки волидонаш аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, бо зиндагӣ ва рӯзгори дигаре рӯбарӯ мешавад ва дар миёни ду нафар аз пайвандонаш саргардон мешавад.
Ҷашнвораи севуми "Дидор" соли 2008 дар Душанбе баргузор шуда буд ва ҷоизаи аслии он ба филми "Себе аз биҳишт", сохтаи коргардони афғон Ҳумоюни Мурувват ва филми "Роҳ ба нокуҷо" сохтаи коргардони қирғиз Минтемири Бекназар эъто шуда буд. Ҷашнвораи “Дидор” аввалин бор дар соли 2004 ба унвони синемобазми кишварҳои форсизабон доир шуд ва дар он замон се кишвари аслии ширкаткунанда дар он Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон буданд ва синемогарони кишварҳои дигари минтақа дар ин ҷашнвора ба унвони меҳмон ширкат доштанд.
Дар ҷашнвораҳои баъдӣ синемогарон аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия низ ба онҳо пайвастанд ва имсол дар ин ҷашнвора намояндагони 12 кишвар ҳузур доштанд. Дар маросими супурдани ҷавоизи синемобазми “Дидор-2010” масъулон гуфтанд, ки аз фардо омодагӣ барои баргузории ҷашнвораи панҷуми "Дидор" оғоз хоҳад шуд. Вале онҳо эълом накардаанд, ки ин ҷашвора дар кадом кишваре доир мешавад. Зеро қаблан эълом шуда буд, ки яке аз ин ҷашнвораҳо дар Кобул, пойтахти Афғонистон, баргузор шавад.
Би Би Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3367---qq---.html