04:43:38 14-уми Июли 2026 сол

“Коррупсия омили манфӣ дар ҷомеъа!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон №15 аз 15 феврали соли 2016 “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ зимни иҷрои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия”-ро дар фаъолияти мақомоти муборизабаранда бо коррупсия дар нимсолаи якуми соли 2026 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.

korrupsia_896532326598874512124587Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 74 ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ворид ва дар муҳлат мавриди санҷиш қарор дода шуда, бо онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи таҳлилшаванда 278 ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, 230 парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла бо моддаҳои 319-320 - 8 адад, 245-73 адад, 314-316- 28 адад, 247 -30 адад ва дигар ҷиноятҳо -91 адад оғоз карда шудааст.

Аз ин шумора, 129 парвандаи ҷиноятӣ пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардида, дар 14 ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ дар як пешбурд ҳамроҳ карда шуда, 26 парвандаи ҷиноятӣ аз руи тобеъияти тафтишотӣ ирсол гардида, пешбурди 5 парвандаи ҷиноятӣ боздошта шуда, 56 парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиши пешакӣ қарор доранд.

Дар самти ошкор ва оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ фаъолияти дастгоҳи прокуратураи вилоят, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Норак, Ҷ.Балхӣ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Хуросон, Шаҳритус ва Данғара назаррас њаст.

Дар ин давом 8 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба додану гирифтани пора, аз ҷумла, аз ҷониби дастгоҳи прокуратураи вилоят 1 парвандаи ҷиноятӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Хуросон, Фархор, Ҳамадонӣ ва А.Ҷомӣ 1-тогӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 бо парвандаҳои ҷиноятии оғознамудаи муфаттишони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарари ошкоргардида ба манфиати давлат 7354159 сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти тафтишоти пешакӣ 5 585 63 сомонӣ маблағи зарари расонидашуда ба манфиати давлат барқарор карда шудааст.

Таҳлил нишон дод, ки маблағи зарари расонидашуда дар давраи таҳлилӣ назар ба соли гузашта ба миқдори 2 477 480 сомонӣ зиёд муқаррар шуда, бо натиҷаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ 3 415 201 сомонӣ маблағи зарари расонидашуда зиёд ба манфиати давлат барқарор карда шудааст.

Аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои он дар самти истифодаи ғайриқонунии истифодаи қувваи барқ, маблағҳои зарари ошкоршуда ва барқароршуда корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар тарғибу ташвиқу қонунгузорӣ, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеъа ва бо ин васила ба самъи аҳолӣ расонидани тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, алалхусус тағйироту иловаҳои воридгашта вобаста ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани он пешбинӣ гашта, прокуратураи вилояти Хатлон чораҳои амалиро дар роҳи баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин асос роҳандозӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт 44 парвандаи ҷиноятӣ ва дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 65128814 сомонӣ қарздории ҳаққи истифодаи қувваи барқ пардохт карда шуд.

Дар ин давра аз ҷониби прокурори вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он 56 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта бо маблағи 87 360 сомонӣ ошкор карда шуда, бо онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва минтақаи Кӯлоб ирсол гардидаанд. Аз шахсони мансабдор маблағи 87 360 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Бо мақсади бартараф кардани сабабу шароитҳои содир шудани ҷиноятҳо аз натиҷаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ унвони роҳбарони ташкилоту муассиса ва идораҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 122 пешниҳод ирсол карда шудааст, ки аз онҳо 101 адад баррасӣ ва баҳри бартараф кардани сабабу шароитҳои содир кардани ҷиноятҳо чораҷӯӣ карда шудааст.

Дар самти пешгирии коррупсия, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта бошад, аз ҷониби онҳо дар 235 ташкилоту корхонаҳои ҳудуди вилоят дар байни аҳолӣ вохӯриҳо доир ва гузаронида шудааст.Ҳамчунин 5 мизи муддавар, 2 семинари омузишӣ вобаста Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи даъват, танзим ва дигар масъалаҳои рузмарра гузаронида шудааст.

Прокуратураи вилоят минбаъд низ назорати прокурориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ пурзӯр намуда, баҳри ошкор ва пешгирӣ кардани онҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чораҳои муаассирро меандешад.

Шайдуллозода О.Ш., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлия дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ