04:43:19 14-уми Июли 2026 сол

“Масъулият бояд зиёд бошад!”

Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки баҳри ташвиқу тарғиби мазмуну мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҷиҳати амалан иҷро гардидани талаботҳои он, дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи кормандони дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо 168 сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шудааст.

talimu tarbiya 545454665Санҷишҳои прокурорӣ собит намуд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда дар фаъолияти масъулини мақомотҳои марбута дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудию норасогиҳо ба назар расида, аксаран фаъолияти масъулини соҳа ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқу тарғиб ва фаҳмонда додани талаботҳои қонуни зикршуда, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар байни наврасону ноболиғон ба таври дахлдор амалӣ карда намешаванд. Аз ҷумла, вобаста ба масъалаҳои риояи шарту шароитҳои тарбия, таълим, нигоҳубини кӯдак, бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни ноболиғон чораҳои андешидаи масъулини соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят нокифоя буда, то ба ҳол қонунвайронкуниҳо, ба монанди ба таҳсил пурра фаро нагирифтани ноболиғон,  пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва содирнамоии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба мушоҳида мерасанд.

Баҳри дар амал иҷро накардани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модарон ва омӯзгорон дар раванди таълиму тарбияи кӯдак, оид ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо нисбати 419 нафар, аз тарафи шуъбаи огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон ва шуъбаю гурӯҳҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбати 2807 нафар, дар маҷмуъ нисбати 3226 нафар падару модар ва омӯзгорон парвандаҳои ҳуқуқвайрнкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.

Чунончи, Раҳимов В.Ҷ. сокини шаҳри Левакант хилофи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” амал намуда, уҳдадориҳои худро ҳамчун падар дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Риҳимов С.В. ба таври дахлдор иҷро накардааст, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш бе сабабҳои узрнок 125 соат дар дарсҳо иштирок накардааст.

Ё ин, ки Қурбонова Дилафрўз Сатторовна дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Мўъминобод ба ҳайси омӯзгори фанни зоология  кор  ва фаъолият намуда, 17 декабри соли 2025 дар раванди таълиму тарбия нисбат ба хонандаи синфи 7“б”-и муассиси мазкур Шарифова Мавҷигул Муҳамадовна, таваллудаш 11.03.2012 сол зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода бурда, бо мушташ якчанд маротиба ба бадани ӯ задааст, ки тибқи санади судию тиббӣ  ба саломатии ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида шудааст. 

Оид ба ин ҳолатҳо аз ҷониби прокуратураи вилоят нисбати Раҳимов В.Ҷ. ва Набизода С.Н. бо моддаи 90 қисми 3-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Вобаста ба қарорҳои ғайриқонунии судҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуатураи вилоят 14 адад эътирози назоратӣ оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо қонеъ гардидаанд.

Новобаста аз он, ки  аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба манъ будани ҷалби ноболиғон ба гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ тавассути васоити ахбори омма мунтазам сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шавад ҳам, вале баъзе падару модарон дидаю дониста фарзандони ноболиғи худро ба назди шахсони алоҳида, ки ҳуқуқи додани таълимоти диниро надоранд мегузоранд.

Оид ба ин ҳолатҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 110 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор гардида, нисбати 105 нафар бо моддаи 4742 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои додани таълимоти динӣ) ва нисбати 5 нафар бо моддаи 4742 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои гирифтани таълимоти динӣ) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудаанд.     

Аз 110 ҳолати таълимоти ғайрирасмии ошкоршуда 26 нафар шаҳрвандон ба тадриси ғайрирасмии динӣ ҷалб карда шудаанд, ки 12 нафари онро наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён-4, Хуросон-3, Кӯлоб-2, А.Ҷомӣ-2 ва Қубодиён-1 нафариро ташкил медиҳанд.

Новобаста аз чораҳои андешида то инҷониб аз тарафи бархе аз падару модарон монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак ҷой дошта, аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 72 парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Чунончи, Сафоев С.О., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, хилофи талаботи моддаҳои 15 қисмҳои 1-4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак” ва моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи маориф” амал намуда, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии миёнаи умумии фарзандонаш Сафоева С.С., таваллудаш  15 сентябри соли 2009, ки  бояд дар синфи 10 таҳсил мекард ва дар таъминот ва тарбияи ӯ қарор дорад, монеъ шудааст, ки дар натиҷа охирин аз моҳи сентябри соли 2025 барои солҳои таҳсили 2025-2026 бе сабабҳои узрнок ба таҳсил фаро гирифта нашудааст. Вобаста ба ин ҳолат 02 феврали соли 2026 аз ҷониби прокуратураи вилоят дар минтақаи Кӯлоб нисбати Сафоев С.О. бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ба зиндагии мустақилона омода намудани фарзандон уҳдадории падару модар буда, ин меъёри қонун, қабл аз ҳама баҳри ҳифзи саломатии насли наврас, инкишофи ҷисмонӣ ва маънавии онҳо равона гардидааст.

Мутаассифона, таҳлилҳо нишон дод, ки дар миқёси вилоят ҳолати ба шавҳар додани духтари ноболиғ аз ҷониби падару модар ва бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст ҷой дошта, аз натиҷаи санҷиш нисбати 4 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 168, 169 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Чунончи, Муҳиддинова Фаризат Ахридиновна, таваллудаш 22 марти  соли 1989, сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Гулистон бархилофи талаботи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни никоҳиро аз 18 солагӣ муқаррар кардааст амал намуда, дидаю дониста духтари ноболиғаш Мухиддинова Фарзона Бегиҷоновнаро таваллудаш 26 октябри соли 2007, ҳанӯз 17 солаву 9 моҳа буда, ба синни никоҳӣ нарасидааст, 13 июли соли 2025 ба шаҳрванд Шодрӯзи Сироҷиддин, таваллудаш 17 декабри соли 2002 тариқи расму оинҳои динӣ ба  шавҳар додааст.

Оид ба ин ҳолат 12 январи соли 2026 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Восеъ нисбати Мухиддинова Ф.А. бо моддаи 168 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.  

Ҳамин тариқ, дар ин давра вобаста ба риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” баҳри бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ошкор гардида аз тарафи шуъба ва прокурорини шаҳру ноҳияҳои вилоят унвонии роҳбарони мақомотҳои дахлдор 187 амр, 57 эътироз, 128 пешниҳод ирсол карда шуда, 401  нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 82 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 419 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 75 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд низ ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” диққати ҷиддӣ дода,  баҳри риояи иҷрои он чораҳои мушаххасро хоҳад андешид.

Саидзода Х.М., Прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ