20:55:38 22-уми Майи 2025 сол

“ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ, ОЛИМ, СУФӢ Ё РИНДИ МАЙХОРА”

Дар Душанбе кунфаронси илмӣ ва намоишгоҳи кутуби Ҳофизи Шерозӣ, шоъир ва мутафаккири Шарқ баргузор шуд. Ин ҳамоиш дар робита ба солгарди рӯзи таваллуди Ҳофизи Шерозӣ ва дар толори кунфаронси китобхонаи ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ доир шуд, ва аксари ширкаткунандагони он аз ҷумлаи кормандони ин китобхона буданд.

 

Дар кунфаронси илмӣ, донишмандони адабшиноси тоҷик дар бораи шинохтӣи Ҳофиз ва паҳлӯҳои мухталифи эҷодиёти вай суханронӣ кардаанд. Ҳарчанд бештари суханронони ин кунфаронс бар он ақида буданд, ки ахиран дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷавонон барои омӯзиши зиндагиномаи Ҳофизи Шерозӣ ва ошнонӣ бо осори вай бештар шудааст. Вале суҳбат бо бархе аз ҷавонон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе хокӣ аз он буд, ки теъдоди зиёди ҷавонон аз осори Ҳофизи Шерозӣ ва шуъарои замони ӯ бехабар будаанд.

 

Ориф, олим ва файласуф

Мирзомуҳаммади Навид, корманди илмии китобхонаи ба номи Фирдавсӣ, бурузи нооромиҳо дар Тоҷикистон ва коҳиши сатҳи омӯзишу парвариш дар мадорис ва донишгоҳҳои Тоҷикистон яке аз паёмадҳои аслии дур мондани аксари ҷавонон аз омӯзиши амиқи осори ниёкон медонад.

 

Ҳамчунин ба гуфтаи вай омили дигар он аст, ки тоҷикистониён аз хатти ниёкони хеш дур мондаанд ва хондани осори ниёкон бо хатти форсӣ барои онҳо мушкил аст. Оқои Навид мегӯяд, ки Ҳофизи Шерозӣ бо осори хешаш ҳазорон соли дигар дар ҷаҳон боқӣ хоҳад монд. Вале вай афзуд, ки ҳар қарне рӯйи осор ва шахсияти вай мубоҳисоти зиёде анҷом гирифта ва дар он донишмандон дар бораи шахсияти вай ихтилофоти назарҳое доштанд.

 

Оқои Навид афзуд: “Дар ин мубоҳисот яке Ҳофизро орифу суфӣ мехонду дигари ринди майхора. Аммо дар воқеъ аз нигоҳи ман Ҳофизи Шерозӣ шахсияти фарогири тамоми арсаҳои илм, дониш ва маърифат аст. Ҳофизи Шерозӣ, файласуф, ориф ва донишманд буд. Ва барои шинохти шахсияти вай ҷавонон бояд осори вайро биомӯзанд ва ҳадди ақал шеърҳои Ҳоифзи Шерозиро донанд ва хонанд.”

 

Мирзомуҳаммад Навид мегӯяд, ки барои тарбияти фарзандон бояд ҳар як хонавода дар Тоҷикистон ҳадди ақал дар манзил ҳудуди 10 китоб аз осори ниёкон дошта бошад. Ба гуфтаи вай омӯзиши амиқи эҷодиёти ниёкон дар мадорис бояд аз клоси шашум оғоз шавад.

 

Камбуди адади чопи кутуби осори ниёкон

 

Аз сӯйи дигар Мирзомулло Аҳмад, корманди Фаҳангистони улуми Тоҷикистон, ки дар кунфаронс дар мавриди “Шинохти осори Ҳофизи Шерозӣ” суханронӣ кард, мегӯяд, ки мушкилоти аслӣ дар камбуди чопи тирожи осори ниёкон аз ҷумла эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ будааст. Оқои Аҳмад мегӯяд: “Ман чанде қабл “Гулчини осори Ҳофизи Шерозӣ”-ро омодаи чоп кардам, аммо ин китоб ҳамагӣ ба теъдоди 500 адад чоп шуд, ки барои мардуи мо хеле ночиз аст. Дар ҳоле, ки дар даврони Шӯравӣ осори ниёкон бо теъдоди то 10 ҳазор адад чоп мешуд.”

 

Ба гуфтаи ин донишманд костагии сатҳи омӯзиши осори ниёкон дар мадорис яке дигар а заминаҳои коҳиши шинохти осори ниёкон дар Тоҷикистон аст. Вай афзуд: “Аксари омӯзгорони соҳибистеъдод ба сабаби камбуди ҳуқуқ мадорисро тарк гуфтанд, ва афзоиши таваҷҷуҳ ба сомонаҳо ва тамошои филмҳо дар хонаводаҳо низ мӯҷиби дур мондани ҷавонон аз китобхонӣ шудааст.”

 

Ҳамчунин ба ақидаи Мирзомулло Аҳмад гарон будани қимати кутуб низ рӯйи дастрас шудани осори ниёкон ба хонандагон таъсири ногуворе гузоштааст. Ҳокимҷон Муҳаммадҷонов, муоъвини раиси китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мегӯяд, ки ҳадаф аз баргузории кунфаронсҳои илмӣ ва намоишгоҳи осори Ҳофизи Шерозӣ дар ин китобхона ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобхонӣ ва ошноии онҳо бо осори ин мутафаккири Шарқ будааст.

 

Вай афзуд: “Мо барои тамоми кормандони китобхона ба таври муназам ҷунин кунфаронсҳоро доир мекунем, то онҳо тавонанд ҷавононеро, ки барои хондан ба китобхона меоянд то дастрас шудани кутуби лозим дар ҷараёни иттилоъоти нахустин дар мавриди шахсияти шуъаро ва нависандагони ниёкон ва муассир гузоранд.”

 

Бо ин вуҷуд ба посухи мо дар мавриди шахсияти Ҳофиз Шерозӣ ва осори вай иддаи аз ҷавононе, ки дар хиёбони Рӯдакӣ маҳалли китобхонаи ба номи Фирдавсӣ қарор доштанд посух додаанд, ки асалан дар ин маврид иттилоъе надоранд. Бисёре аз ин ҷавонон ҳатто намедонистаанд, ки баное, ки дар наздаш нишаста буданд, китобхона будааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3393-2010-10-21-14-57-36.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ