ЧОПИ "НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК"-И АЙНӢ БА ХАТТИ СИРИЛИК
Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон зимни баргузории як маҳфил китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" аз Садриддин Айниро, муъаррифӣ кард. Ба гуфтаи дастандаркорони чопи "Намунаи адабиёти тоҷик", ин китоб ду бор ба ҳуруфи форсӣ нашр шуда ва барои бори нахуст аст, ки ба ҳуруфи сирилик мунташир мешавад,

Дар ин маҳфил, ки рӯзи 22 октябр дар толори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, бисёре аз муҳаққиқони тоҷик ин китобро "муҳре ба даҳони пантуркистон" унвон карданд, ки дар замони "табартақсими миллатҳои Осиёи Миёна" ва баҳсу ихтилофот бар сари мавҷудияти миллати тоҷик дар авоили қарни 20 таълиф шудааст. Китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" бори аввал дар соли 1925 мунташир шуда ва акнун, пас аз 80 сол, бо ҳимояти молии намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон ба табъ расидааст.
Дар ин китоб аксҳои нусхаҳое аз дастнависҳои Садриддин Айнӣ ва пешгуфторе аз Камол Айнӣ, писари фақиди ӯ низ, ки 15 августи имсол даргузашт, ҷой дода шудаанд. Зӯҳро Ҳалимова, раиси ин намояндагӣ, зимни суханронӣ дар маҳфил таъкид кард, ки онҳо ҳаққи чопи дубораи ин китобро ба бунгоҳҳои табъу нашр ироа хоҳанд кард, то дар оянда китобро бо тирожи бештаре чоп кунанд. Дар ин китоб Садриддин Айнӣ бо далоили таърихӣ ва фарҳангӣ маълумоти муфассале дар бораи 220 нафар аз шуъаро ва нависандагони форсу тоҷик ҷамъоварӣ кардааст, ки дар миёни онҳо панҷ шоъири зан низ ҳастанд.
"Муҳри кулуфте бар даҳони понтуркистон"
Пруфессор Абдулҳай Муҳаммадаминов мегӯяд, ки китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" яке аз шоҳкорҳои Садриддин Айнӣ аст. Ба гуфтаи вай, Садриддин Айнӣ дар ин китоб намунаҳое аз осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гирифта то ба Зуфархон Ҷавҳарии Иставшанӣ, охирин шоъири даврони қабл аз Шӯравиро мунъакис кардааст. Оқои Муҳаммадаминов афзуд, ки ин асари Садириддин Айнӣ аҳаммияти ҷаҳонӣ ва арзиши адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ дорад.
Вай гуфт: "Замоне ки понтуркистон аз мавҷуд набудани миллати тоҷик дар Осиёи Марказӣ сухан меронданд ва мегуфтанд, ки ин мардум ӯзбаконе ҳастанд, ки зери таъсири Эрон забони форсиро омӯхтаанд, аммо Айнии бузург бо навиштани ин китоб ба даҳони ҳамаи понтуркистон муҳри кулуфти хомӯшӣ зад."
Ба гуфтаи оқои Муҳаммадаминов, чопи ин китоби Айнӣ ба мақомоти вақт ва ҷаҳониён аз мавҷудияти як миллати қавӣ ва бофарҳанг дар Осиёи Марказӣ хабар дод. Худи Айнӣ дар китоби "Намунаи дабиёти тоҷик" дар ин бора менависад: "Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон чунон як қавми муъаззам бо номи тоҷик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст."
"Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷойҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи ори(ёи)ст, дар ин ҷойҳост."

Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ дар суханронии хеш дар маҳфил ба он таъкид кард, ки китоби Садриддин Айнӣ мӯҷиби барошуфтагии иддае аз мухолифони миллати тоҷик шуд ва ин афрод китоби Айниро дар канори ду китоби дигари форсӣ-тоҷикӣ дар соли 1930 ба коми оташ кашиданд. Окодемисиян Шакурӣ барои чопи китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" аз Камол Айнӣ, писари фақиди Садриддин Айнӣ, ки қабл аз маргаш онро ба чоп омода карда буд, ва Эраҷ Айнӣ, набераи нависанда, қадрдонӣ кард.
Оқои Шакурӣ аз он изҳори таассуф кард, ки ахиран дар бархе аз расонаҳо ва иддае аз афроди алоҳида дар мавриди осори Садриддин Айнӣ суханони ба гуфтаи вай "ношоям" навиштаанд, аз қабили ин ки гӯё осори устод Айнӣ бо лаҳҷаҳои номафҳум барои тоҷикон навишта шуда бошад. Оқои Шакурӣ ин шоеъотро бепоя хонд ва афзуд: "Агар танҳо аз ин китоб, ки имрӯз дар дасти мост, ёдовар шавем, метавон гуфт, ки устод Айнӣ барои миллати тоҷик хидмати созгоре кардааст."
Китоби муҳим барои ҷавонон

Пруфессур Худойназар Асозода ба хатти сирилик аз чоп даромадани ин китобро бавижа барои ҷавонон муфид арзёбӣ кард. Оқои Асозода афзуд: "Дар соли 1926 китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" дар нашриёти Шарқи Озод дар шаҳри Маскав ба ибтикори Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳуруфи форсӣ ба чоп расид. Сипас, ин китобро Камол Айнӣ дар Эрон ба табъ расонд ва ин нахустин бор аст, ки ба хатти сириллик, ки аксари ҷавонон дар Тоҷикистон бо он мехонанду менависанд, мунташир шудааст." Оқои Асосзода мегӯяд, ки ин китоб замоне дастраси афроди маъдуде шуда буд, вале китоб чун "шиносномаи миллат" барои тоҷикон аст. Ба гуфтаи пруфессур Асозода, ин китоб бояд дар хонаводаи ҳар як тоҷик бошад. Вай мегӯяд, ки ин китоб асаре нодир барои ҳамаи олимону донишҷӯёни арсаи адабиётшиносӣ аст.
"Армуғони беҳтарини қарни 21"
Ба гуфтаи бархе аз ҳамасрони Садриддин Айнӣ, дар нусхаи якуми китоб мақолаю маводди зиёде, ки аз ҷониби вай гирд оварда шуда буданд, дарҷ нагардидаанд. Аммо чопи аввали китоб барои Тоҷикистон аҳаммияти бузурги фарҳангию сиёсӣ доштааст. Дар нашри тозаи асар гурӯҳе аз адибону пажӯҳишгарони маъруф, монанди Камол Айнӣ, писари Садриддин Айнӣ, Низом Қосим, Аҳмад Ҳоҷиев ва Абдураҳмон Абдуманонов, заҳмат кашидаанд.

Шоъири маъруф Гулрухсори Сафӣ чопи дубораи китоби "Намунаи адабиёти тоҷик"-ро "армуғони беҳтарини асри 21" унвон кард. Вай мегӯяд бо вуҷуди он ки ба ин маҳфил афроди андаке даъват шуда буданд, аммо бо шунидани он, ки "Намунаи адабиёти тоҷик"-и Садриддин Айнӣ муъаррифӣ мешавад, бисёре аз алоқамандони эҷодиёти устод Айнӣ ба маҳфил омаданд. Хонуми Сафӣ мегӯяд: "Ман фикр мекунам, ҳар касе, ки ҳувияти миллӣ дорад, бояд ин китобро бихонад. Ва ҳар боре, ки мо ба тоҷик буданамон таъкид мекунем, бояд ба устод Айнӣ сипосгузор бошем. Ман ба давлати Тоҷикистон пешниҳод дорам, ки ин китобро ба теъдоди як милюн адад чоп кунад ва ба мардум ба таври ройгоҳ тавзеъ кунад."
Китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" ба теъдоди 500 адад мунташир шуда ва ба гуфтаи дастандаркорони чопи китоб, он ба нависандагону шоъирон ба таври ройгон тавзеъ мешавад. Ҳамчунин теъдоде аз ин асар ба китобхонаҳои Тоҷикистон супурда хоҳад шуд, то бад-ин васила хонандагони бештаре тавонанд аз он истифода кунанд.
Садриддин Айнӣ аз нависандагони маъруфи Тоҷикистон аст, ки дар соли 1878 дар яке аз рустоҳои наздики шаҳри ухоро мутаваллид шудааст. Вай нахуст дар мактаби рустои худ ва сипас дар бархе аз мадориси Бухоро таҳсили илм кардааст. Дар поёни давраи аморати Бухоро, вай ба хотири иртибот бо ҷараёни Ҷадидия муддате зиндонӣ шуда ва 75 дарра ё шаллоқ хӯрдааст. Пас аз пирӯзии инқилоби Октябр вай аз саромадони адабиёти шӯравии тоҷик шинохта шуд.
Садриддин Айнӣ аз аввалин нависандагони румоннавис дар Осиёи Миёна ба шумор мерафт ва бештари осори вай ба инъикоси зиндагии мардум дар аморати Бухоро, интиқод аз ҷаҳолати мансабдорон ва густариши фақру фасод дар он замон ихтисос ёфтаанд. Румонҳои "Дохунда" ва "Ғуломон" ва повестҳои (достонҳои) "Марги судхур", "Ятим", "Мактаби кӯҳна" ва "Ёддоштҳо"-и Айнӣ аз муҳимтарин осори адабии вай ба шумор меоянд. Айнӣ дар канори таълифи осори бадеъӣ ба пажӯҳишҳои илмии таърих ва фарҳангу адаби гузашта низ машғул буд ва дар соли 1951 аввалин раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон интихоб шуда буд. Вай дар соли 1954 даргузашт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3410--q--q-----.html