ЁДЕ АЗ ҲАНИФА МАВЛОНОВА: Ӯ МЕХОСТ ДАР ВАТАН БИМИРАД
Ҳанифа Мавлонова зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд аст. Хуҷанд дар Тоҷикистон ягона шаҳрест, ки ҳанӯз қабл аз инқилоби кумунистии болшевикҳо дар радифи анъанаҳои бостонии миллӣ ва фарҳанги шарқии шаҳрдорӣ дар он нишонаҳои фарҳанги урупоӣ зуҳур карда буд. Зимнан, дар шаҳри Хуҷанд то кунун бинои урупоисохти намояндагони фармондори (губернатори) Туркистон, гумоштаи Русияи подшоҳӣ, побарҷост.
Ҳанифа дар муҳити шаҳр ва дар хонаводаи аҳли фарҳангу ҳунар ба камол расида, аз овони тифлӣ ба мусиқӣ дилбастагӣ дошт. Ӯ соли 1936 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд (Ленинобод)-ро хатм намуда, дар теотри тамошобини наврас (то соли 1939) ва баъдан дар теотри мазҳакаи мусиқии шаҳр (1939-1943) ба кори эҷодӣ пардохт. Нақши Санавбар дар дроми мусиқии “Санавбар”-и Раҳим Ҷалил, нависандаи маъруф, аз нахустин комёбиҳои эҷодии ин ҳунарпеша маҳсуб мешавад, ки дар саҳнаи теотри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд иҷро кардааст.
Баъди се соли фаъолияти теотри давлатии окодеми уперо ва болле, ки ҳоло ба номи Садриддин Айнист, Ҳанифаи ҷавон чун ҳунарпешаи соҳибистеъдод ба ҳайъати эҷодии он шомил гардид (соли 1943), ки дар радифи аввалин поягузорони мусиқии касбии тоҷик дар бунёд ва ташаккули уперои миллӣ саҳми пурарзиш гузоштааст.
Аввалин нозукиҳо ва асосҳои санъати упероро аз муъаллими вокал Прокофев, саркоргардони театр Корох ва консертмастер Жирова омӯхта, барои такмили истеъдоду маҳорати овозхонӣ соли 1952 ба Ҳунаристони (Консерваторияи) давлатии шаҳри Маскав дохил шуд. Таҳти раҳбарии яке аз устодон ва овозхонҳои маъруфи Шӯравӣ Белявская ӯ соли 1959 ҳунаристони Маскавро бо муваффақият хатм намуда ва боз ба корҳои эҷодии худ дар теотри уперо ва боллеи шаҳри Душанбе пардохт.
Донишу таҷрубаи омӯхтаи ӯ аз мактаби вокали рус, ки дорои равоншиносии нозуку вижа мебошад, ба ҳунарпеша дар иҷрои беҳтарин партияҳо (нақшҳо) дар упероҳои машҳури ватаниву ҷаҳонӣ мусоъидат намудааст. Ҳанифа Мавлонова бо садои ҷаззобу гиро (сопранои лирикӣ-драмавӣ) дар нахустин упероҳои тоҷикӣ, аз қабили асарҳои бастакорони маъруф А. Ленский “Тоҳир ва Зуҳро” (дар нақши Зуҳро), “Хоссият” (дар нақши Хоссият), С. Урбах “Домоди номдор” (дар нақши Сурма), Ш. Сайфиддинов “Пӯлод ва Гулрӯ” (дар нақши Гулрӯ), Ё. Сабзанов “Бозгашт”(дар нақши Малоҳат), З. Шаҳидӣ “Комде ва Мадан” (дар нақши Мадан) бозӣ кардааст.
Дар упероҳои машҳури П. Чайковский “Евгений Онегин” нақши Татяна, “Хонуми сиёҳ” (“Пиковая дама”) нақши Лида, “Мозеппа”, нақши Мария, “Кафшҳои булӯрин” нақши Оксанаро, дар упероҳои Римский Корсаков “Гуфтор дар васфи шоҳ Султон” нақши Милитриса, “Арӯси шоҳ” нақши Марфаро, дар асарҳои бастакори шаҳир Ҷ. Вердӣ “Трубадур” нақши Леонова, “Ойдо” нақши Ойдо, “Отелло” нақши Дездемуно, “Балл Маскарад” нақши Амалияро, дар упероҳои Ч. Пуччинӣ “Флория Тоска” нақши Тоска, “Чио-чиосан” нақши Ботерфлай ва нақшҳои дигаре дар осори дигари бузургони уперои ҷаҳониро бо маҳорати баланди овозхониву ҳунарӣ иҷро намудааст.
Ҳанифа Мавлонова бо истеъдоди вижа ҳам сурудҳои клосики миллиро аз ганҷи шойгони мусиқии суннатии тоҷикон “Шашмақом”, ҳам оҳангҳои оҳангсозони ватаниву хориҷиро дар сабки мусиқии муъосир ва клосики ҷаҳонӣ ҳунармандона иҷро мекард. Ҳунари волову хидматҳои пурарзиши Ҳанифа Мавлонова дар рушду такомули санъати касбии тоҷик ва тарбияти маънавию фарҳангии ҷомеъа бо унвони олии Ҳунарпешаи мардуми Иттиҳодияи Шӯравӣ ва даҳҳо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ тақдир шудаанд.
Ба эҷодиёти пурбору рангини ӯ дар бисёр саҳнаҳои бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ, мисли Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Туркия, Конодову Лаҳистон, Муғулистону Виетном кафкӯбӣ намуда, аҳсанҳо гуфтаанд. Ин ҳунарпеша аз рӯзи нахусти таъсис ёфтани факултаи санъат дар донишкадаи омӯзгорӣ (баъдан соли 1974 ин факулта ба донишкадаи санъат асос гузошт) то соли 1993 ба ҳайси мудири бахши овозхонӣ ва тайёрии упероӣ ҳамчун устод фаъолият намуда ва даҳҳо шогирдони номвар тарбият намудаву ба камол расондааст.
Овозхонҳои маъруфи уперои Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Рима Милосердова, Сайфуллоҳ Юсуфов, Нина Нам, Тоҳира Набиева, Андрей Абдураҳмонов аз шогирдони шуҳратёри ӯ маҳсуб мешаванд. Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба сари ҳунарпешаи овозадори Шӯравӣ Ҳанифа Мавлонова ғаму кулфати зиёде омад. Қабл аз он даҳшатҳо писари калонии ӯ Икром бо марги бемаҳаллу ногаҳонӣ дили модарро мотамсаро карда буд. Он солҳои даҳшатбор марги шавҳар ва кушта шудани бародар дили ҳассоси ҳунарпешаро аз зиндагӣ сард гардонид ва ӯ ҳавлии худро ба яке аз мансабдорони Тоҷикистон фурӯхт ва тарки ватан намуд.
Сипас, ӯ то охири умр дар Маскав зист... Банда 8 сол қабл бо Ҳанифа Мавлонова дар хонаи марказии адибони Русия дар як маҳфили муштараки дӯстӣ вохӯрдам. Он шаб Ҳанифа Мавлонова дар он маҳфил ду тарона хонд. Яке суруди “Дӯстонро гум макун” (шеъри Мирзо Турсунзода) ва дигаре суруди “Намерафтӣ ту аз ёдам” (шеъри А.Шукӯҳӣ). Ва гумон мекунам, ки ин охирин ҳунарнамоии ҳунарпеша дар саҳна буд...
Баъди анҷоми маҳфил ман бо Ҳанифа Мавлонова сӯҳбате доштам, ки тафсилоти онро ба шакли мусоҳиба дар ҳафтаномаи “Чархи гардун” чоп намудам. Дар он суҳбат Ҳанифабону бо дард иброз дошт, ки замоне ягон ҷашну чорабинии ҳукуматӣ, ягон базму маҳфилҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон бе ширкати ӯ намегузашт. Инак бо тақозои қисмат ӯ бештар аз 10 сол дар ғурбат аст ва дар як хонаи якҳуҷрагӣ тамоман танҳост...
Ин ҳунарпешаи куҳансоли барҷомонда ба ман чунин гуфта буд: “Ба касе даркор (лозим) нестам, касе ба пурсишам намеояд, парастореву нигаҳбоне ҳам надорам. Унвону мукофотҳои собиқам ҳам шафоъате намекунанд. Рӯзам ба нафақа (ҳуқуқи бознишастагӣ) мондааст.”
Вай афзуд: “Духтарам Гулнора бо шавҳараш, ки юнонист, ҳоло дар Қибрис ҳамроҳи ду набераам зиндагӣ доранд. Писари дувумам Инъом дар дигар гӯшаи дури Маскав ба бемории фалаҷ гирифтор асту худ ба парасториву нигаҳбонӣ ниёз дорад... Заъфи пирӣ азобам медиҳад. Мехоҳам дар Тоҷикистон бимирам, дар Душанбе хок шавам...”
Ҳолати ҳунарпешаи куҳансолро дар ғурбату танҳоӣ дар он замон бо ин байтҳои Рӯдакӣ метавон бозгӯ кард:
Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.
В-ар ҷон ба лаб оядам ба ҷуз мардуми чашм,
Як қатраи об бар лабам кас накунад.
Ҳанифабону он лаҳзаҳо бо эҳсосу ҳаяҷон аз шогирдони худ, собиқ ҳамкоронаш Шамсӣ Низомов, Бурҳон Маҳмадқулов, Оят Сабзалиева ва дигарон самимона пурсон шуда, хоҳиш намуд, ки салому пайғомашро ба онҳо расонам. Зимни суҳбат аз роҳбари фарҳангдӯсту хирадманди вақт, собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров, яке аз сафарҳои хотирмонашон ба шаҳри Монтреали Конодо дар ҳавопаймо бадоҳатан дар васфи Тоҷикистон шеър гуфтани Қаҳҳоров ва дар хусуси завқи шоъириву бо тахаллуси Туробӣ шеър гуфтани он сиёсатмадори фозилу дарёдил ёдовар шуд.
Ҳамчунин, дар бораи ҳамкориҳои эҷодияш бо шоъирони маъруфи давр - Турсунзодаву Раҳимзода, Шукӯҳиву Фарҳат, Деҳотиву Миршакар, оҳангсозони машҳур Шаҳидӣ, Баласанян, Шаҳҳобов, Сабзанов, Сайфиддинов, Ленский, Дӯстмуҳаммадов, Ҳамдамов, Соҳибов, Охунов, Зулфиқоров, ҳампешагони шуҳратёраш Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Рафаел Толмасов ва дигарон бомуҳаббат қисса кард...
Рӯзи 24 октябр Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ғурбат, вале дар собиқ пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Клик синни 86-солагӣ вафот кард. Субҳи 26 октябр турбати ӯро ба Душанбеи ормонияш оварданд. Баъди маросими видоъ ва митинги мотам дар майдони назди Теотри давлатии окодеми уперо ва боллеи ба номи С. Айнӣ ӯро дар гӯристони Сариосиё, Клик дар паҳлӯи фарзандаш ба хок супориданд. Дар ин ҷо бисёре аз бузургони фарҳангу адаби тоҷик низ мадфун шудаанд.
Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи театр, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3453-2010-10-29-18-05-14.html