ЗОДРӮЗ МУБОРАК, УСТОДИ ГИРОМӢ!
Имрӯз устод Бозор Собир зодрӯз доранд. Ин устоди шеъри муосири тоҷик имрӯз ба синни мубораки 73 қадам гузоштанд. Гуфтан мумкин аст, ки дар 17 соли ахир инак аввалин бор аст, ки ин маъруфтарин шоири имрӯзи тоҷик дар Ватан зодрӯзашонро ҷашн мегиранд.
Ин зодрӯз имрӯз чӣ гуна ва дар кадом ҳалқа таҷлил мегардад ин саволи дигар аст, ки мо мақсади ҷустани посухи онро надорем. Мо қасд кардаем, ки дар ин рӯз яке аз манзумаҳои шогирди устод, шоири ширинсухану ширингуфтор Сайёди Ғаффорро, ки барои устод Бозор Собир иншо кардаанду инак бори аввал дар матбуот дар шакли пурра ва ниҳоияш маҳз ҳамин ҳоло дар сомонаи мо ба нашр мерасад, манзури муштариёни гиромии сомонаамон намоем. Аминем, ки он писанди хотири шумо хоҳад шуд.
Аз фурсат истифода бурда мо низ аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» устоди гиромиро бо зодрӯзашон табрик гуфта, ба он кас пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ дар рӯзгор ва комёбиҳои эҷодӣ таманно дорем.
"Шоири арҷманди тоҷик Бозор Собир бар баландии 73 парчам зад. 73-и арҷманди устоди азиз ҳумоюн бод!
Ин шеър дар орзуи омадани устод суруда шуда буд:
ҲАМА ДАРДӢ, ҲАМА ДОҒӢ, ҲАМА ҒАМ…
Нома ба устоди азиз Бозор Собир, ки дар шаҳри Сиэтли Амрикосту мегӯяд:
Мо дар ин шаҳр надорем рафиқ...
Юсуфи гумшуда, бархезу биё...
Ту дар он шаҳр надорӣ ҷӯра,
Ту дар он шаҳр чи дорӣ, ҷӯра?
Ҷӯраи ҷон, ҳамаро мону биё,
Раҳ ба раҳ шеъри маро хону биё!
Оҳ, аз он шаҳр ту бархез, биё,
Даст бар дасти писар, хез, биё,
Ҷону дил, ҷону ҷигар, тез биё,
Дер шуд, дер, дигар тез биё!
Ту дар ин шаҳр, ки гум кардӣ дӯст,
Ту дар он шаҳр чи гум кардӣ, дӯст?
Ту дар он шаҳр киро мекобӣ?
Ту дар он шаҳр чиро мекобӣ?
Ватан он ҷост, ки озораш нест?
Ватан ин ҷост, ки Бозораш нест?
Ватанерост, ки бозор ҳазор,
Нест Бозори ягонаш ба канор!
Бӯйи зиндон дигар аз ту наравад,
Сӯзи ҷону ҷигар аз ту наравад!
Наравад рӯи сиёҳ аз нигаҳат,--
Он, ки мекард ба сад рӯ сияҳат!
Он, ки кардаст сиёҳат ба қалам,
Он, ки бастаст гуноҳат ба қалам,
Он, ки дар чашми қалам хок задаст,
Ба қалам синаи ту чок задаст!
Ҳама доғӣ, ҳама дардӣ, ҳама ғам,
Пора дил, пора ҷигар, дида банам!
Синаи чоки туро марҳам нест,
Он, ки хуни ту макид, одам нест!
Гар наёӣ ту барои ҳама дӯст,
Ту биё, мурда бубин он, ки дурӯст!
Ту биё, то сари бадбин фиканӣ,
Ту биё, то пари бадкин биканӣ!
Шери нар, шери жаёни баҳунар,
Рӯбаҳонро ҳама дар беша нигар!
Наъра мастона бизан, бигрезанд,
Хешро дар думи хеш овезанд!
Ту яке баҳри дамонӣ, ба Худо,
Ту ба сад баҳр намонӣ, ба Худо!
Ҳама мурдоб зи ту рашк барад,
Хешро ин ҳама аз рашк хӯрад!
Сӯйи ту баста раҳи мо бошад,
Баста дар дил гираҳи мо бошад!
Ту кушоӣ гираҳи сахт, эй дӯст,
Ту кушоӣ гираҳи бахт, эй дӯст!
Ин саҳар хез, биё сӯи Ватан,
Хез, бархез, биё сӯи Ватан!
Хез, бархез, биё, дер шудаст.
Сина аз ғам, ба Худо, сер шудаст!
Баста гул доғи ту дар синаи мо,
Пур шуд аз лолаи тар синаи мо!
Синаи мо зи ғамат месӯзад,
Ҳамчу чашми банамат месӯзад!
Хезу фарзанди падар гӯву биё,
Ватану хонаву дар гӯву биё!
Оҳ, дар чашми тари ман бинишин,
Дар дили хунҷигари ман бинишин!
Ватанам гӯ, Ватанам гӯву биё,
Аз ту ман дил наканам гӯву биё,
Бе ту ман дам назанам гӯву биё,
Хоки ту бӯса занам гӯву биё!
Пой медошт Ватан гар, ба Худо,
Пой медошт чу ман гар, ба Худо,
Саду як бор суроғат мерафт,
Бо дили зор суроғат мерафт,
Чашми хунбор суроғат мерафт,
Пойи хуншор суроғат мерафт,
Бозпас ё ки туро меовард,
Ё ки тарки ҳамаи мо мекард!
Бе ту бебӯст гули хори Ватан,
Бе ту бемӯст сари кори Ватан!
Бе ту оғӯши Ватан сард шудаст,
Рӯйи гулҷӯши Ватан зард шудаст!
Дарду доғу аламат синагудоз,
Рези ашки қаламат синагудоз!
Хез, бархезу биё, бо ту гап аст,
Мон, ки сӯзад, чи касе бо ту чап аст!
Ту биё, даст бидеҳ, даст бигир,
Косаи дил бишикастаст, бигир!
Банд бар косаи бишкаста бизан,
То зи нав нашканад, оҳиста бизан!
Рӯйи роҳат нигаронем ҳама,
Бегуноҳат нигаронем ҳама!
Ҳама дар ҳасрати дидори туем,
Хоб агар дар дили бедори туем!
Юсуфи гумшуда, бархезу биё,
Захми гургат ба ҷигар, хезу биё!
Хезу бо чарх биёвез, биё,
Дар лабат шеъри диловез биё!
Ба сари хоки тари додари худ,
Сари хоки падару модари худ
Бинишину ба алам ашк бирез,
Дар кафи худ чу қалам ашк бирез!
Ба Худо, ҷойи ту холист, биё,
Ба Худо, ҷойи ту олист, биё,
Ҷойи ту аз ҳама болост, биё,
Ройи ту аз ҳама болост, биё!
Як Ватан бе ту камем, оҳ, камем,
Ҳама тан бе ту ғамем, оҳ, ғамем!
Ваҳ, дил аз доғи ту оташ гирад,
Маҳфил аз доғи ту оташ гирад!
Он яке кард ҳазор озорат,
Он яке бурд сари бозорат.
Кишани дасти туро, вой, кӣ баст?
Чун Худо банди ду дасташ нашикаст?
Ту биё, дастзанон бархезем,
Сари нанг аст, аз он бархезем!
Сари нанг аст сари санги Ватан,
На гаранг аст сари санги Ватан!
Гуфта будӣ, ки баҳорон оям,
Ба дилам чак-чаки борон оям...
Бӯйи барф омаду кай меоӣ?
Ҳу, Шигарф омаду кай меоӣ?
Бе хаёли ту сари роҳи ту нест,
Бе ҳилоли ту бари моҳи ту нест!
Ғазали роҳ касе чун ту насуфт,
Ғазали моҳ касе чун ту нагуфт!
Ғазали роҳ касе чун ту начид,
Бағали моҳ касе чун ту надид!
Дар фалак роҳ касе чун ту нарӯфт,
Хирмани моҳ касе чун ту накӯфт!
Роҳи ту Коҳкашон аст баланд,
Моҳи ту оҳкашон аст баланд!
Ба замин коҳкашонон хоранд,
Ба замин оҳкашонон зоранд!
Ғами моро ту сароӣ ба қалам,
Ғами моро ту сароӣ ба алам!
Ҳеҷ най чун қалами ту нагирист,
Ҳеҷ най аз алами ту нагирист!
Зор монанди ту, эй марди Ватан,
Кас нанолид ғаму дарди Ватан!
Дар ҳазору саду ҳаждаҳ сари сол
Чун самандар ту дар оташ зада бол!
Парчами дафтари шеърам сари даст,
Мурғи илҳоми ту шуд кафтари даст!
Кафтари даст чи хуш бол занад,
Масти маст аст, чи хуш бол занад!
Дар сари даст китобат, эй дӯст,
Таги сар ҳаст китобат, эй дӯст!
Ба китоби ту бихонем намоз
Аз ғаму аз алами синагудоз!
Ҳама доғу ҳама дард аст ҷигар,
Дили худро ҳама хӯрдаст ҷигар!
Ту биё, марсия хон бар сари дӯст,
Ту биё, фотиҳа хон бар дари дӯст!
Ба дари дӯст, бари дӯст биё,
Лахт-лахти ҷигари дӯст, биё!
Ба сари сина бимонӣ сари дӯст,
Об аз дида биронӣ бари дӯст!
Сад хато рафт, Худоҷон, аз мо,
Дил ҷудо рафт, Худоҷон, аз мо!
Дар қиёмат нигарон моро чист?
Дар қиёмат нигарон моро кист?
Алами дафтарат аз даст задем,
Қалами сафдарат аз даст задем!
Ҳар ду дасти ту ба пуштат бастем,
Оҳ, ин дард накуштат, бастем?
Ту бузургӣ, ҳа, маро мебахшӣ,
Ту бузургӣ, ҳамаро мебахшӣ,
На ба турке ҳамаро мебахшӣ,
На ба гурге рамаро мебахшӣ!
Хез, бархез, биё, зори туем,
Зор дар ҳар сари бозори туем!
Дигарат мо нафурӯшем, биё,
Ба сарат мо нахурӯшем, биё!
Синаатро нахарошем дигар,
Сояатро натарошем дигар,
Ба Худо, аз танаи деворе,
Сояатро надиҳем озоре!
Як ту оинаи безангорӣ,
Беҳ зи сад оинаи деворӣ!
Ту ҳамон Ҷоми Ҷамӣ, Ҷоми Ҷамӣ,
Нест Ҷамшед, ҳамин аст камӣ!
Сайёд ҒАФФОР, Шоири халқии «СССР»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3622-2010-11-20-11-26-50.html