23:48:07 06-уми Июни 2025 сол

МЕҲРИНИССО: «ГУЛРУХСОР ДАР ТАҲРИРУ ИНТИХОБИ АШЪОРАМ ЗАҲМАТ КАШИДААСТ!»

 (қисмати аввал)

 

Дар  ин  мусоҳиба  шоираи маъруфи кишвар Меҳриниссо назаре ба рӯзгори гузаштаи худ намуда, ёде аз Аҳмад Зоҳири нотакрор кардааст. Ин шоираи таронанавис инчунин дар бораи ҳамкориҳояш бо овозхонҳои маъруфи кишвар сухан ронда, аз мушкилоте, ки  имрӯзҳо аҳли эҷод, махсусан,  шоирону овозхонҳоро, домангир аст,  ҳарф мезанад. Ва барои рафъи ин мушкилот ба ҳукумати феълии ҷумҳурӣ чанд пешниҳоде кардааст.

 

- Лутфан дар бораи зиндагиномаатон чанд сухан мегуфтед?

 

Mehriniso- Ман дар оилаи зиёиён дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудаам. Оилаи мо оилаи хеле фарҳангӣ, хеле китобдӯст, шеърдӯст, ҳунарпарвар буд. Падарам аввалин пионер, аввалин комсомол, аввалини коммунисти шаҳри Панҷакент буданд. Мактаби миёнаро дар Ленинград хатм кардаанд.  Дар байни мардум обрӯю иззати баланд доштанд. Дар баробари ин  хеле хуб тор менавохтанд, суруд мехонданд ва шеъри зиёд медонистанд. Ҳамеша аз Бедил мисолҳо меоварданд. Ба гумонам тамоми рубоиёти Хайёмро азёд медонистанд. Ба мо насиҳат мекарданд, ки Шумо рубоиёти Хайёмро дар ҳар маърака, маҷлис ва ё маҳфил бештар бихонед, ҳамон қадар обрӯи шумо баланд мешавад дар назди мардум.

 

Аммо агар шумо бихоҳед, ки забони шумо ширинтар шавад, мулоимтар шавад аз Низомии Ганҷавӣ порчаҳо азёд кунед, мегуфтанд падарам. Худашон китоби Низомӣ доштанд ва онро ба мо ба мерос гузоштанд. Падарам агар чизеро саросемавор навиштанӣ мешуданд, ҳатман бо ҳуруфи форсӣ менавиштанд. Ҳамеша дар рӯйи мизашон китоби Бедил буд. Баъдан вақте  девони Туғрал нашр шуд, онро ҳам дар як гӯшаи мизашон мемонданд. Аз фалсафа ҳам хуб огоҳ буданд. Дар хонаи мо ҳамеша сӯҳбатҳои  тӯлониву самимӣ дар бораи олимону шоирон, ҳунарпешаҳо мерафт. Ман дар шеъри «Рӯёи сабзи кӯдакӣ»-ам мегӯям, ки:

 

Шомгоҳон рӯйи айвон

Менамуд тақсим бар мо хоҳарон,

Ахтарони осмониро падар,

Гоҳ- гоҳ тори ироқиаш ба даст

Аз мақоми шашмақом,

Ки ҳамегуфт шоҳи шоҳони мақом аст

Месуруду менавохт,

Менавохту месуруд,

Гаҳ баланду гоҳ паст…

 

Падарам, дар ҳақиқат, шомгоҳон ҳангоме, ки фориғ аз кор мебуданд, ки он ҳам гоҳу ногоҳ даст медод, менавохтанд, суруд мехонданд. Ва падарашон ҳам яке аз ҳунармандони шаҳри мо буданд, ки хеле барвақт, ҷавон аз дунё гузаштанд. Мегӯянд, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз шогирди падарашон буданд. Бобоям ин қадар садои хуб доштанд, ки ҳофизӣ мекарданд. Ҳамаи ин, албатта, ба тамоми фарзандони ин оила таъсири худро гузошта буд. Азбаски аз хурдӣ дар гӯши мо шеъру мусиқӣ садо медод, он моро дилбастаи шеъру ҳунар намуд. Моро аз суруд хондану рақс кардан касе манъ намекард. Ман дар ҳамон шеъри қаблан ишора кардаам гуфтаам, ки:

 

Гаҳ намозу рӯзаву зикри расул,

Гаҳ навои нағмаву шеъру усул.

 

-Модаратон дар тарбияи фарҳангии Шумо чӣ нақш доштанд?

 

Модарам оростаи покизарой,

Як зани мушкилписанде,

Ки ба чашмам аз ҳама хушрӯй метофт.

Фурсати холӣ агар боре ҳамеёфт,

Миллаҳоямро чу борон майда мебофт.

 

Модарамро дар шаҳр Мубашшираи нозанин мегуфтанд. Дар ҳақиқат, як зани хеле нозанин ва ороста буданд. Агарчи ҳамагӣ ҳафт сол хонда буданд дар мактаби миёна ва асосан дар мактаб бо ҳуруфи лотинӣ хонда буданд. Танҳо як сол бо ҳуруфи кириллӣ таҳсил карда буданд. Вале ҳар се хатро: арабӣ, лотинӣ ва кириллиро хеле хуб медонистанд ва равон мехонданд. Тамоми рӯзномаву маҷаллаҳоро сар то по пайваста мехонданд ва ба мо нақл мекарданд.

 

Ман як китоби худро бо номи «Меҳроби меҳр» ба модарам бахшидаам. Овозхонҳои тоҷик 15 суруди дар бораи модар навиштаамро месароянд. Ҳамин тариқ ман дар оилаи комил ба воя расидам. Дар хонаи мо калимаи «нест»-ро намедонистанд. Мушкилоти хонаводагиро мо фарзандон эҳсос намекардем. Чунки ин мушкилот дар ҳузури мо ҳаллу фасл намешуд.

 

- Ва шеъри нахустинатонро дар ин шароити мусоид  кай ва чӣ гуна гуфтаед?

 

То мактаби олӣ омаданам ман дар мактаби миёна шеър мегуфтам. Дар ин албатта таъсири муаллимони забону адабиётамон хеле зиёд буд. Шеърҳои нахустинам дар рӯзномаи синфӣ, аниқтараш «Гӯшаи синфӣ» ва «Рӯзномаи мактабӣ» нашр шуда буданд. Мо дар мактаб маҳфили «Адибони ҷавон» доштем. Роҳбари он муаллими забон ва адабиёти тоҷик Ризоев буданд. Дар ҳамин маҳфил ба мо вазни арӯз, ҳиҷо, радифу қофияро меомӯзонданд. Ман дар синфи чорум мехондам. Ба муносибати рӯзи  Иди занон 8-уми март ба модаркалонам як шеър навиштам. Вақте  хостам онро дар пешаш бихонам, гуфт, ки баъдтар мехонӣ. Рости гап, ман каме ранҷидам ва боз се соли дигар шеър мегуфтаму ба касе онро нишон намедодам. Синфи ҳафтум шудам. Дар нашрияи мактабӣ чор мисраъ шеърамро чоп карданд:

 

Шеър агар баҳре бувад,

Ман баҳрнавардӣ мекунам.

Шеър агар кӯҳе бувад,

Ман кӯҳнавардӣ мекунам.

 

Ҳар боре, ки аз назди ҳамин нашрияи деворӣ мегузаштам, чашмам пеш аз ҳама ба шеъри худам бармехӯрду як ҷаҳон рӯҳу илҳом мегирифтам. Билохира, шеърҳоям баъд аз ин батадриҷ дар маҷаллаи «Машъал» ва гоҳ-гоҳе дар рӯзномаи ноҳиявии «Зарафшон» чоп мешуданд.  Ман мехостам, ки таҳсиламро ё дар факултаи шарқшиносӣ ва ё дар факултаи филологӣ идома диҳам. Вале азбаски хоҳари бузургам дар факултаи филологияи тоҷик мехонданд, падарам ба ман тавсия доданд, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултети таърихи Донишгоҳи омӯзгорӣ супурда мисли худашон таърихчӣ шавам. Ман ҳам чунин кардам ва имтиҳонҳоро супурда донишҷӯ шудам.

 

Вале ҳушу ёдам ба шеъру шоирӣ банд буд. Аз ин рӯ дар маҳфили «Адибони ҷавон»-и факултаи забон ва адабиёт пайваста иштирок мекардам. Яке аз шеърҳоям дар озмуни адибони ҷавон, ки бо роҳбарии устод Гулназар ва ва шодравон Қутбӣ Киром барпо шуд,  ҷойи аввалро сазовор гардид ва онро рӯзи 19-уми январи соли 1967 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп карданд. Барои чӣ ин рӯз аниқ дар ёди ман мондааст? Барои он ки ин рӯз рӯзи таваллуди ман аст. Зимистон буд ва ман дар таътили зимистона дар хона дар ноҳияи Панҷакент будам. Дар ёдам ҳаст, ки ҳамон рӯз падарам  якчанд нусха аз ҳамин рӯзнома харида буданд ва гаштаву баргашта шеърро мехонданд. Дар шакли ғазал навишта шуда буд он шеър:

 

Баҳори ишқи мо дунёи дилро гулбасар созад,

Кӣ битвонад дарахти ишқи моро бесамар созад?

 

Падарам, ки бо дӯстонашон дар хона ин рӯйдодро ҷашн мегирифтанд, хурсандона мегуфтанд, ки Меҳриниссои ман дар зиндагонӣ роҳи худро пайдо кард. Роҳе, ки ӯро ба қуллаҳои мақсуд хоҳад бурд. Хулоса аз ҳамон рӯз эътиборан ман мекӯшидам, ки ҳарчӣ бештару хубтар шеър эҷод кунам. Дар чопи онҳо аҷала намекардам. Мегуфтам, ки аз миёни шеърҳои зиёд интихоб кардани беҳтаринаш осонтар хоҳад буд. Ман аз хурдӣ дарк карда будам, ки навиштани шеър заҳмати зиёдро талаб мекунад. Одам бояд зиёд хонад ва зиёд донад. Агарчанде факултаи таърихро хатм карда бошам ҳам, вале меҳру муҳаббати шеър дар дили ман сахт маскан гузид ва донистани илми таърих ба ман кӯмак кард, ки шеърҳоям пояҳои қавии иҷтимоӣ дошта бошанд.

 

-Аз шуарои шинохтаи тоҷик кӣ бештар ба Шумо ҳаққи устодӣ дорад?

 

Аз даврони донишҷӯиям ба ман беш аз дигарон устоди шодравон Қутбӣ Киром дастӣ кӯмак дароз мекарданд. Маслиҳатҳои он кас маро водор мекарданд, ки нисбати худ серталаб бошам. Талаб мекарданд, ки бештар китоб хонам ва бештар шеър азёд кунам. Баъдан қабл аз чоп шудани китоби нахустинам он ба дасти хонум Гулрухсор расид. Хонум Гулрухсор баъди хондани он ба хонаи мо омада маро табрик гуфтанд ва ташвиқ карданд.

 

Ман аз он бештар хурсанд шудам, ки хонум Гулрухсор ба он сарсухан навишта буданд. Умуман хонум Гулрухсор дар таҳриру интихоби ашъор барои се китобам хеле кӯмак карданд. Хеле босаброна, бо як заҳмати хеле зиёд шеърҳоямро интихоб карда беҳтаринҳояшоро ба чоп тавсия медоданд. Ҳамин заҳмати устод Гулрухсор буд, ки аз китобҳои нахустинам шурӯъ карда хонандаи зиёд пайдо кардам.

 

-Оё дар ёдатон ҳаст, ки аз овозхонҳо кӣ аввалин шуда шеъри шуморо ба оҳанг даровардааст?

 

- Баъди хатми Донишгоҳ ману шавҳарам ба Афғонистон рафтем. Ҳангоми дар Афғонистон будан низ, ростӣ, ман шеър эҷод мекардам. Вале онҳоро ба касе нишон намедодам. Бо кору бори хона  банд будам. Ду тифламро тарбия мекардам. Бештари вақти худро сарфи корҳои хона менамудам. Дар ҳамсоягии мо мардуми ҳиротӣ зиндагонӣ мекарданд, ки хеле шеърдӯст буданд. Дар ҳамон ҷо ман бо шоири маъруфи  афғон Восифи Бохтарӣ шинос шудам.

 

Ба он кас  низ дар аввал намегуфтам, ки ман ҳам шеър менависам. Зеро онҳо хеле сухандону сухангӯ буданд. Ман дар пеши онҳо хиҷолат мекашидам, ки бигӯям ман ҳам шеър навиштаам ва онҳо чоп шудаанд. Баъдан устод Восифи Бохтарӣ огоҳ шуданд, ки ман шеър менависам. Ҳамин буд, ки аз  маслиҳатҳои он кас баҳраманд гардидам. Тавассути он кас шеъри «Сӯҳбати соҳибдилон ояд хушам» ҳамон солҳо дар маҷаллаи машҳури Кобул «Жвандун» («Зиндагӣ») чоп шуд.

 

(давом дорад)

 

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3817--l------r.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 09.12.2010 21:28
Зиндаву човид монд, харки накуном зист. Бехтарин Шоираи даврони мо. Худованд сихатманду сарбаланд бошед. Хамчунин ташаккурии худро низ ба устод Султони Хамад мерасонам. Дасти шумо дардро набинад. Мунтазири идомаи мусохиба хастем.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854