ЧАРО ОВОЗХОНҲОИ ҶАВОН САКТАИ ҚАЛБ МЕШАВАНД?
Дар соли ҷорӣ дуввумин овозхони миёни ҷавонон маъруфи тоҷик аст, ки бар асари сактаи қалб ин ҷаҳонро падруд мегӯяд. Ҳамагӣ чанд моҳ пештар Зулфиқори Азиз, яке аз овозхонҳои машҳури ансамбли овозадори «Анис», тибқи маълумоти хешу ақрабояш, бар асари ин беморӣ вафот карда буд. Табибон айнан ҳамин ташхисро ду сол пеш дар марги оҳангсоз ва овозхони шинохта, Соҳибқирони Нозим гузошта буданд.
Иллати марги нобаҳангоми Муборакшо Мирзошоевро низ онҳо аз ин пештар сактаи қалб эълон карда буданд. Дуруст аст, ки ин маризиест, ки новобаста аз синну сол он метавонад ба ҳар кас ёр шавад. Вале маро он чиз нигарон кардааст, ки ин беморӣ миёни ҷавононе паҳн шудааст, ки дар соҳаи мусиқӣ истеъдоди фавақулодда баланд доранд. Он нафароне, ки номашон қаблан зикр гардид, дар байни алоқамандони мусиқӣ, махсусан дар байни ҷавонон, аз маҳбубият ва маъруфияти хосае бархурдор буданд. Чаро овозхонҳои ҷавони боистеъдод сактаи қалб мешаванд? Ин саволест, ки аз нуқтаи назари мо масъулини сохторҳои марбута посухашро бояд биҷӯянд.
Ва аммо дар бораи Сӯҳроби Сафарзод бояд бигӯем, ки на танҳо мухлисон, балки ҳампешагонаш низ аз ӯ хотираи хуб доранд. Мо ин бегоҳӣ бо як гурӯҳи онҳо дар хонаи модари Сӯҳроби Сафарзод, ки ҷасадашро ба онҷо оварда буданд, вохӯрдем. Дӯсти ӯ Меҳрубони Равшан, овозхони шинохта дар борааш чунин мегӯяд: «Сӯҳробҷон беҳтарин дӯсти мо буд. Инсони хуб буд. Ман дар дӯстиву рафоқат аз ӯ ҳеҷ камуву костиро надидам. Ману Баҳрому Садриддинҷону Файзалиҷон, Баҳодурҷону Рустамҷон, худораҳматии Сӯҳробҷон қариб, ки ҳама вақт якҷо будем. Чӣ илоҷ, бандагӣ ҳамин аст. Марг ба ҷавониву пирии одам нигоҳ намекунад. Вақти муайяншуда, ки ба поён расид, марг ба суроғи мо меояд. Аз Худованди меҳрабон талаб дорам, ки манзили охираташро ободу пурнур гардонад».
Валиҷони Азиз низ яке аз овозхонҳои миёни ҷавонон маъруф аз марги Сӯҳроби Сафарзод дар алам аст: «Ман Худораҳматии Сӯҳробҷонро ҳамчун як дӯсти дилсофу бекина мешинохтам. Байни мо ягон маротиба нофаҳмӣ нашудааст. Мо ҳатто ҳамчун овозхон байни худ рақобати эҷодӣ ҳам надоштем. Агарчӣ нияти ҳамкорӣ карданро дар дил мепарваридем. Ҳар вақте, ки ман аз Хуҷанд ба Душанбе меомадам, бо Садриддин, Меҳрубон ва Сӯҳробҷон якҷо менишастем ва фақат ҳазлу шӯхӣ мекардем. Дар байни мо аз ҳама шӯху хушчақчақ Сӯҳробҷон буд. Ӯ кӯшиш мекард, ки сухане бигӯяд, ки мо бихандем. Имрӯз бо марги нобаҳангоми худ баръакси он корро кард. Имрӯз ҳамагӣ дар марги ӯ ашк рехта гиря мекунем. Худо дари биҳиштро ба рӯяш боз бикунад».
Дар ҳамин ҳол қарор аст ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод фардо, 11-уми декабр соати 10 дар масҷиди маҳаллаи «Ҳаёти нав»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида тани ӯ дар қабристони маҳаллаи Калинин ба хок супурда шавад.
Хушбахти Назрулло, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ,
махсус барои сомонаи Ruzgor.tj
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3837-2010-12-10-18-27-15.html
Шарҳҳо
Бо эхтиром ахли эчоди сомонаи "Рузгор"
RSS Обуна