23:48:06 06-уми Июни 2025 сол

ЁДЕ АЗ САДБАРГ ТИЛЛОЕВА: ҲУНАРПЕШАЕ, КИ ТО ҲОЛ НОПАДИД АСТ

Рӯзи 26 декабр аз нопадид шудани Садбарг Тиллоева, ҳунарпешаи театр ва синемои тоҷик, 18 сол сипарӣ мешавад. Садбарг Тиллоева он замон дар театри "Аҳорун" дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард ва монанди садҳо тан аз фарҳангиёну адибон ва рӯзноманигороне, ки қурбонии чанги дохилӣ шуданд, дигар пайдо нашуд.

 

Ҳунармандони театр он замон таҳти раҳбарии Фаррухи Қосим, коргардони фақид, фаъолият мекарданд ва дар садади сафари ҳунарӣ ба Белжик буданд. Аммо баъд аз 26 декабри соли 1992 Садбарг дигар ба ҷойи кор наомад ва баъд аз чанд рӯзи ҷустуҷӯйи вай, масъулони театр аз нопадид шуданаш хабар ёфтанд. Ҳамакнун, бо гузашти 18 сол аз нопадид шудани ин ҳунарпеша, мақомоти Тоҷикистон ҳануз нишонае аз ӯ ва омилони қатл ё нобудии ӯро пайдо накардаанд. Ҳатто касе намедонад, ки Садбарг агар кушта шуда, пас дар куҷо ва тавассути чи гурӯҳе кушта шуда ва дар куҷо хок шудааст.

 

"Ҳамлаи шабона"

 

Садбарг ТиллоеваБа гуфтаи шоҳидони айнӣ аз ҷумлаи ҳамсоягони қаблии Садбарг Тиллоева, се нафар аз афроди мусаллаҳ дар зимистони соли 1992, замони даргириҳои хунини ҷанги дохилӣ, шабҳангом бо мошини "Жигулӣ" ба манзили ин ҳунарпеша, ки дар хиёбони Бадахшони шаҳри Душанбе воқеъ буд, ҳамла карданд. Онҳо ба шикастани дари вурудӣ ба манзил ворид шуда ва Садбаргро ҳамроҳ бо як зани дигар ва кӯдаки дусолаи он зан ба зӯр ба мошин савор карда ва ба ҷониби номаълуме бурданд. Дар роҳ дар наздикии истудиюи "Тоҷикфилм" ин афрод кӯдаки дусоларо аз мошин пиёда кардаанд ва яке аз сокинони ин маҳал шабона кӯдакро аз хиёбон гирифт. Ин писарча муддате, то пайдо шудани пайвандонаш, дар манзили онҳо зиндагӣ кард. Он замон Фаррухи Қосим, раҳбари театр, барои пайдо кардани Садбарг талоши зиёде ба харҷ дод. Вале иқдомоти вай ва масъулони дигари театр барои пайдо кардани иттилоъот дар бораи маҳалли будубоши ин ҳунарпеша натиҷаи дилхоҳе надод.

 

Ҳангоме ки бархе аз ҳунармандони театр барои фаҳмидани асли воқеъа ба манзили валангоршудаи Садбарг Тиллоева рафтанд, дарҳоро шикаста ва тамоми дороиҳои манзили ӯро нобудшуда ёфтанд. Афроде, ки ин ҳунарпешаро аз манзил бурда буданд, тамоми аксҳои маҳфуз дар манзилро пора-пора карда ва ҳатто созҳои мусиқиашро шикаста буданд. Ҳунармандон аксҳоеро, ки бо вуҷуди пора шуданаш чеҳраи Садбарг дар онҳо маълум буд ба театр оварданд ва ин аксҳои камшумор дар театр то ҳол маҳфузанд. Он замон Садбарг тавонист ду фарзанди кӯчаки худро ба шаҳри дигаре фиристад ва ҷони онҳоро аз марг наҷот диҳад.

 

Ҳунарпешаи театр ва синемо

Садбарг Тиллоева дар шаҳри Хоруғ дар соли 1951 дар хонаводае мазҳабӣ таваллуд шуд. Дар хонавода, Садбарг дувумин фарзанд буд ва бародари бузургаш дар ҳунарманд шудани вай нақши боризе доштааст. Ҳангоме ки дар соли 1968 Садбарг мадрасаи ҳамагониро ба поён бурда ва ба падару модараш мегӯяд, ки орзу дорад ба донишкадаи ҳунар равад ва ҳунарпеша шавад, волидон бо ин тасмим мухолифат карданд.

 

Бо ин вуҷуд, вале вай дар соли 1968 барои таҳсил ба шаҳри Душанбе омада ва ба донишкадаи ҳунарҳои зебо дар бахши ҳунарпешаи театр ва синемо пизируфта шуд. Сипас, ин донишкада ба номи Мирзо Турсунзода мусаммо шуд ва Садбарг дар соли 1973 аз донишкада фориғ шуда ва барои кор ба театри Лоҳутӣ рафт.

 

Дертар Садбарг ба театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рафт ва чун ҳунарпеша дар ин театр солҳои зиёде фаъолият кард. Дар соли 1988 ба дунболи норизоятии гурӯҳе аз ҳунармандон нисбат ба фаъолияти иддае аз раҳбарони ин театр, ҳунармандони театр ба ду даста тақсим шуданд.

 

Садбарг Тиллоева дар миёни ҳунармандоне буд, ки аз фаъолияти бархе аз коргардонҳо норозӣ буданд. Бештари ҳунармандони ҷавон бо рӯйи саҳна омадани намоишномаҳои фармоишӣ мухолиф буданд. Сипас, бо дархости ин гурӯҳ аз ҳунармандон шодравон Фаррухи Қосим, яке аз коргардонҳои машҳури вақт, ки қаблан дар театри Лоҳутӣ кор мекард, ба ин театр даъват шуд.

 

"Садбарг шахсият буд"

Баъд аз ду соли фаъолият бо ин коргардон бо дарназардошти намоишномаҳои ҷолиби ин гурӯҳи ҳунарӣ, театри "Аҳорун" таъсис шуд ва Садбарг Тиллоева то рӯзҳои охири ҳаёташ дар ин театр кор мекард. Сабоҳати Қосим, ҳунрапешаи саршинос, мегӯяд, ки бо Садбарг Тиллоева аз соли 1968, аз овони донишҷӯйӣ, ошноӣ дошт. Сабоҳатбону дар донишкада бо ӯ дар як бахш таҳсил мекард ва ҳамчунин онҳо дар хобгоҳи донишгоҳ низ дар як утоқ бо ҳам зиндагӣ мекарданд.

 

Хонуми Қосим мегӯяд, дар риштаи ҳунарманди синемо ва театр, ки онҳо таҳсил мекарданд, дар муқоиса бо бахшҳои дигар теъдоди духтарон зиёдтар буд. Ба гуфтаи вай, онҳо ҳашт донишҷӯдухтар ва ҳамагӣ аз навоҳии мухталифи Тоҷикистон буданд. Сабоҳат Қосимова мегӯяд: "Садбарг шахсият буд. Ба зиндагӣ муносибати вижае дошт ва чун инсон ҳамеша ақидаи худро дошт. Хеле босабру ботамкин буд. Ман ӯро барои он дӯст медоштам, ки вай ниқоб ба рӯяш надошт, рӯрост ҳарф мезад. Дар кори ҳунариаш беандоза масъулиятшинос буд."

 

"Соҳибхоназан"-и Макс Фриш

Садбарг Тиллоева ҳанӯз то фаъолият дар театри "Аҳорун" дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нақшҳои зиёдеро иҷро карда буд. Ба гуфтаи Шералии Қайс, яке аз ҳамклосиҳои Садбарг ва ҳунарманди босалиқа, Садбарг ҳанӯз дар даврони донишҷӯйӣ нақшҳои қаҳрамонони зани нерӯмандро бозӣ мекард.

 

Оқои Қайс мегӯяд, ки нақши Пелагея аз намоишномаи "Камбағалӣ айб нест" аз нависандаи рус Островскийро Садбарг бо маҳорати хоссе иҷро карда буд. Оқои Қайс афзуд: "Ба ҳангоми тамрини намоишномаҳо Садбарг барои ҳамаи мо улгӯ буд. Вай ба ҷуз аз гуфтаҳои устодон худаш ҳам кутуби зиёдеро мутолеъа мекард ва аз ин рӯ, дар иҷрои нақшҳои қаҳрамононаш муваффақ буд."

 

Шералии Қайс мегӯяд, ки Садбарг ҳамчунин дар иҷрои нақшҳои қаҳрамонони мазҳакавӣ ҳамто надошт. Ин буд, ки дар намоишномаи "Хонасӯзон" аз Макс Фриш, коргардон Фаррухи Қосим ба Садбарг Тиллоева нақши аслии занона - соҳибхоназанро, ки мазҳакавӣ буд, супурд. Дар ин намоишномаи фаровоқеъӣ ё сурреолистӣ ду нафар аз шаҳре дигар ба хонаи як завҷ меҳмон мешаванд ва бо гӯгирде, ки соҳибхона ба дасти онҳо медиҳад, хонаро оташ мезананд.

 

Дар ин нақш, ки ба таври аҷибе ба сарнавишти воқеъии Садбарг Тиллоева тақрибан шабеҳ аст, вай нақши зани соҳибхонаро бозӣ мекунад ва талош мекунад "меҳмонони нохондаро" бо хушгӯйиҳо саргарм нигоҳ дорад, то онҳо аз нияти бадашон гарданд, ғофил аз ин ки ин кор шуданӣ нест... Ин саҳна ба лаҳазоти ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба хонаи Садбарг Тиллоева, рабуда шудан ва шояд кушта шудани ӯ, тахриби дороиҳои манзилаш то ҳадде шабеҳ аст, вале баръакси намоишнома, ҷузъиёти ин ҳодисаи воқеъӣ ва фаҷеъ барои касе то имрӯз маълум нест.

 

Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова, иҷрои ин нақш Садбарг Тиллоеваро дар канори чандин ҳунарпешаи дигар, ки то он замон пушти парда боқӣ монда буданд, ба ситораҳои ҳунари театр табдил дод. Аммо бархе аз кормандони театр мегӯянд, ки пас аз иҷрои ин намоишнома иддае аз мунтақидони рус аз он ранҷида буданд, ки "меҳмонони нохонда" гӯё баёнгари тимсоли Русия аст, ки он замон, ба бовари бисёриҳо, ба оташи ҷанг дар Тоҷикистон доман задааст.

 

"Набзи намоишнома"

Вале дар намоишномаи баъдии театри "Аҳорун" бо номи "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" Садбарг масъулияти иҷрои мусиқиро ба ӯҳда дошт. Сабоҳат Қосимова мегӯяд, ки Садбарг дар ин намоишнома даф мезад ва бо ин кор набзи тамоми намоишномаро дар даст дошт. Вай афзуд: "Дафзанӣ он қадар кори осон набуд ва бархе авқот дастонаш обила мекард, вале бо ин вуҷуд вай набзи ҳар ҳунармандро эҳсос мекард ва мусиқиро хуб иҷро мекард. Саҳми вай дар намоишнома беандоза муҳим буд. Фаррух ӯро хеле дӯст медошт."

 

Хонуми Қосимова мегӯяд, ҳангоме, ки Садбарг нопадид шуд, касе гумон намекард, ки ӯро дигар намебинад. Ва ҳоло, пас аз ҳудуди ду даҳа ҳатто оромгоҳи ин ҳунарпешаи театр барои фарзандону пайвандонаш маълум нест. Вай афзуд: "Бовари мо намешуд, ки касе тавонад ба инсоне ба ин хубӣ осеб расонад. Фаррух ва мо хеле ӯро мунтазир будем, аммо афсӯс... Ин фоҷеъа буд барои тамоми ҳунармандони театри мо, ин фоҷеъаро мо ба бузургии фоҷеъаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баробар медонем."

 

Фаррухи Қосим, раҳбари театри "Аҳорун", дар соли 1995 намоишномаи "Даҷҷол"-ро ба саҳна гузошт, ки то ҳадде баёнгари ҳаводиси ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон буд. Фаррухи Қосим ҳамеша қабл аз он ки намоишномаи "Даҷҷол" рӯйи саҳна меомад ва мегуфт, ки "намоишнома ба ёди ҳамаи шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст ва ҳамчунин ба хотири Садбарги мо..."

 

Ғазали охирин намоишномаи "Даҷҷол" ҳам чунин садо медод:

Куҷоед эй шаҳидони худоӣ, балоҷӯёни дашти карбалоӣ?

Коҷоед эй сабукрӯҳони ошиқ, парандатар зи мурғони ҳавоӣ?

Куҷоед, эй дари зиндон шикаста, бидода вомдоронро раҳоӣ?

Куҷоед эй дари махзан кушода, куҷоед, эй навои бенавоӣ?

Дар он баҳред, к-ин олам кафи ӯст, замоне беш доред ошноӣ,

Кафи дарёст суратҳои олам, зи каф бигзар агар аҳли сафоӣ.

 

Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3979-2010-12-25-15-28-19.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 ялло 09.11.2012 07:22
тшаккур шояд рохи дигареро аз пайдо кардани модарам модарам медонед аммо илтимос сабаби гум шуданашро бо сиёсат коти накунед
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854