23:57:16 06-уми Июни 2025 сол

ФАРҲАНГ ДАР СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ: "БЕШТАР БОХТЕМ, ТО СОХТЕМ"

Гуфтан мумкин аст, ки дар соле, ки сипарӣ шуд, ҷашнвораи синемои "Дидор" яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон буд.

 

didorИн ҷашнвора имсол дар шаҳри Душанбе бо ширкати филмномаҳо ва гурӯҳҳои филмсоз аз дувоздаҳ кишвари мухталиф баргузор шуд ва масъулони ин ҷашнвора созмони ғайридавлатии мавсум ба "Синемобазми Дидор"-ро сабти ном карданд. Ба ин тартиб, ҷашнвораи "Дидор", ки чаҳор навбат пайи ҳам дар Тоҷикистон баргузор мешуд, акнун қарор аст ба таври ҳамешагӣ дар ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақа доир шавад. Ба гуфтаи коршиносон, соли 2010 барои синемои Тоҷикистон соли пурборе будааст.

 

Пешрафти жонри сериёл

Дар соли ҷорӣ телевизиюнҳои двлатӣ ва истудиюҳои хусусии филмсозӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ кори бештаре анҷом додаанд. Сокинони Душанбе, пойтахт, низ дар соли ҷорӣ имкон пайдо карданд бархе аз филмҳоеро, ки дар саросари ҷаҳон ба фурӯш мерасанд, дар рӯзи нахустнамоиши онҳо тамошо кунанд. Албатта, ин нуктаро низ набояд фаромӯш кард, ки ин филмҳо бо тарҷумаи русӣ дар Тоҷикистон рӯйи пардаи синемо рафтанд.

 

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки бахши синемо дар соли ҷорӣ боз ба далели ин ки бархе аз коргардонҳои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ҷоиза дарёфт карданд, то ҳадде муваффақ будааст. Филми "Қиёми рӯз"-и Носир Саидов, коргардони тоҷик, нахустин филме буд, ки дар бист соли ахир дар Тоҷикистон дар навори 35-милиметрии синемоӣ сохта шуд ва ин филм дар соли 2010 нӯҳ ҷоизаи байналмилалиро дарёфт кард.

 

Оқои Саидов дар посух ба ин савол, ки оё дарвоқеъ синемои тоҷик дар як соли ахир рушди бештаре пайдо кардааст, чунин посух дод: "Дар мо таҳияи филмҳои телевизиюнӣ ва сериёлҳо роҳандозӣ шуд, бархе филмҳо дар жонри акшен (набард) ҳам доштем, аммо бояд таъкид кунам, ки онҳо дар сатҳи хеле пойинанд."

 

Оқои Саидов афзуд: "Корҳои эҷодӣ камтар дорем, барои ин маъмулан пули бештар лозим аст, чӣ расад ба филмҳои ҳирфаии жонри акшен ва блок-бастер (пурхаридор)."

 

Теотри тоҷик мунтазири парвози "Парасту"

Вале агар ба бахши теотр назар андозем, мебинем, ки ҳеҷ яке аз теотрҳои Тоҷикистон имсол дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ натавонистааст ҷоизаеро ба худ ихтисос бидиҳад. Ҳарчанд ба гуфтаи мақомоти фарҳангии Тоҷикистон, теотрҳои мухталифи шаҳри Душанбе имсол дар ҷашнвораҳои зиёде ширкат карданд. Миралӣ Достиев, муъовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, ки "дар ин ҷашнвораҳо ҷойи аввал, дувум ва севум дода намешуд."

 

Аммо "Парасту", ҷашнвораи теотрҳои ҳирфаии Тоҷикистон, ки дар солҳои гузашта бисёр рақобатӣ буд, "ба далели бӯҳрони молии ҷаҳонӣ" бори дигар дар шаҳри Душанбе баргузор нашуд. Баргузории ин рӯйдоди фарҳангӣ дар соли 2009 низ ба далели набуди маблағи кофӣ лағв шуд, аммо он замон мақомоти фарҳангии Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҷашнвораи "Парасту" дар соли 2010 баргузор хоҳад шуд.

 

Ин дар ҳолест, ки ҳунармандон ва масъулони теотр баргузории ҷашнвораи "Парасту", танҳо ҷашнвораи теотрӣ дар Тоҷикистонро, ба хотири табодули таҷруба ва таконе, ки ба кори теотрҳо медиҳад, хеле муҳим арзёбӣ мекунанд.

 

"Опера ва Баллети Тоҷикистон оянда дорад"

Бо ин вуҷуд, Миралӣ Достиев, муъовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, ки дар театри опера ва баллети Садриддин Айнӣ дар соли ҷорӣ таҳаввулоти ҷиддие ба миён омадааст: ба теотр се овозхони опера истихдом шуданд. Оқои Достиев дар ин бора гуфт: "Ман си сол боз дар ин арса (опера) кор мекунам ва чандин вақт буд, ки нисбат ба ояндаи опера дар Тоҷикистон навмед шуда будам. Вале бо омадани ин ҷавонон дилам воқеъан гарм шуд. Бовар дорам, ки ояндаи ин теотр хуб мешавад."

 

Ортиқ Қодиров, ҳунарманди теотри Лоҳутии шаҳри Душанбе, бо таъйиди ин суханон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистонро ба ёд овард, ки опера ва баллет дар он кишвар аз чанд сол пеш бад-ин сӯ мамнӯъ шудааст.

 

Оқои Қодиров гуфт: "Вақте туркманҳо барои баргузории рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон ба кишвари мо омаданд, онҳо ҳунари худро фақат дар як жонр – жонри санъати шифоҳӣ (фулклур) нишон доданд. Аммо вақте мо ба онҷо рафтем, ҳам эстрада, ҳам "Шашмақом", ҳам фалак ва ҳам опера бурдем."

 

Оқои Қодиров афзуд, вақте ҳунармандони тоҷик дар Ишқобод опера хонданд, бархе аз тамошочиёни туркман дар толор аз завқи хурсандӣ ва дилтангӣ барои шунидани ин навъи мусиқӣ гиря карданд.

 

Ҷойи рафтаҳо холист...

Бо вуҷуди бархе аз пешрафтҳое, ки фарҳанги Тоҷикистон дар соли 2010 сарфи назар аз шароити носозгори молӣ тавонистааст ба даст орад, оқои Қодиров бовар дорад, ки дар ин сол фарҳанги ин кишвар бештар бо бохтҳо рӯбарӯ шуд. Вай гуфт дар соле, ки сипарӣ мешавад, тедоди чашмрасе аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон, аз ҷумла Расул Ҳодизода, донишманди маъруф, Фаррух Қосим, коргардони саршиноси теотр, Фаттоҳ Одинаев, оҳангсоз, Зафар Нозим, Ҳанифа Малвонова, Нигина Рауфова, Зулфиқори Азиз, Абдулло Султонов, овозхонҳои машҳур, бо дунё падруд гуфтанд.

 

Оқои Қодир мегӯяд: "Инҳо ҳар кадоме як дунё буданд, мактабҳоеро аз худ гузоштанд, вале ҷойи инҳоро касе дигар пур карда наметавонад. Ё масалан, Сӯҳроби Сафарзод, овозхон, ҳарчанд ҷавон буд, услуб ва садои вижаи худро дошт."

 

Барандагони ҷавоизи РӮдакӢ

Аз миёни чеҳраҳои даргузашта дар соли ҷорӣ Фаттоҳ Одинаев, Фаррухи Қосим ва Нигина Рауфова барандагони ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буданд. Дар соли ҷорӣ ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёт, санъат ва меъморӣ ба Мирзоватан Миров, коргардон ва ҳунарпешаи мардумӣ, Миралӣ Достиев, овозхони опера ва ҳунарпешаи мардумӣ, Сӯҳроб Қурбонов, наққоши маъруф, шоъир Доро Наҷот ва адабиётшинос Соҳиб Табаров эъто шуд.

 

Аммо бархе аз расонаҳо ва соҳибназарон дар бораи пойин рафтани меъёрҳои шоистагӣ барои интихоби барандагони ин ҷоиза дар солҳои ахир шиква мекунанд. Мӯъмин Қаноъат, раиси Кумитаи давлатии ҷоизаи ба номаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар посух ба ин иддаъоҳо гуфт: "Аз рӯйи усули кори кумита, асар бояд нотакрор ва замонавӣ бошад. Аммо Шумо медонед, ки Тоҷикистони мо ҳанӯз дар ҷустуҷӯйи услуби ҳувияти тоҷиконаи хеш аст ва мо беҳтаринашро аз ҳар он чи ки дорем, интихоб мекунем."

 

Шамсияи Қосим, Би-Би-Си, Душанбе

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4014------q---q.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 02.01.2011 22:40
Дар сугвории Апаи Нигина Раупова.

"Як даста гулум дар рахи Файзободай,
Ними чигарум сухта нимуш барбодай".
Ними чирарум сухта бароят,эй вой!
Ними дигаруш кабобу дар фарёдай.

Э-вои чакомаи дарози муят
Э-вои хазор чашми чори суят.
Э-вои садои бегаши булбулкуш.
К-аз нойи ачал садо кушуд бар суят.

Як даста гулут, ки монд дар Файзобод,
Як даста гули сари адирхо гардид.
Ними чигарут, ки монд дар Файзобод,
Сад нолаву сад фигони дилхо гардид.

Хохам зи Худо, ки рухи ту шод кунад,
Дар олами рух манзилат обод кунад,
Дар хонаи дил, ки чуз гамат чизе нест
Чун манзили Ёкуб Юсуфобод кунад!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854