23:45:07 06-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ МАВҶИГУЛ, ШОИРАИ ТОҶИК

Ман дар ин лаҳзаи пурсўз садо хоҳам кард,

Гияҳи хотира норуста ҳанўз аз хокат.

Ту хамўшиву мани ташнаи шеър аз сари сўз

Интизорам сухани гарму басўз аз хокат…

 

МавчигулИн порае аз шеъри ӯст, ки ахиран дар асари бемории саратон даргузашт. Рӯзи сешанбеи 11 январ маросими хоксупории ҷанозаи Мавҷигул, шохираи боистеъдоди тоҷик дар деҳаи Буведи ҷамоъати Поршневи Шуғнон баргузор шуд.

 

Аз азал одати дунё ин аст,

Умри шоир ҳамагӣ вазнин аст…

Байти тозаст давоми умрам,

Ин бувад расму чунин оин аст…

 

Синну соли Мавҷигул нав ба 48 расида буд. Ў дар айни камолоти эҷодӣ буд. Алоқамандони шеъраш ҳанӯз мунтазири сатрҳову байтҳои зиёде аз ў буданд. Мавҷигул 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Буведи ҷамоъати Поршиневи ноҳияи Шуғнон дар хонаводаи хизматчӣ таваллуд ёфта буд.

 

Вай фориғуттаҳсили риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Мавҷигул ба шеъргўӣ аз давраи шогирдии мактаб оғоз кард. Вай аз фаъолони мактаби шеър таҳти раҳбарии Ширин Бунёд, шоъири саршиноси тоҷик буд. Шеърҳои нахустини ӯ дар рўзномаҳои “Бадахшони советӣ”, “Пионери Тоҷикистон” ва маҷаллаи “Машъал” ба табъ расидаанд.

 

Нашри аввалин шеърҳояш дар китоби “Навсафар” дар соли 1983 нишонгари хубе аз билҷувваи эҷодии Мавҷигул буд. Адибон мегуфтанд, ки сатрҳои зер аз он далолат медоданд, ки дар боғи адабиёт дарахте пур аз меваи шеър дар ҳоли қомат рост кардан аст:

 

Рўи сетор аз наво оҳанги дилҳо бехта,

Ашки ишқе дар чаманзоре ба ёдам рехта…

Гавҳари нобе зи баҳри ор ёбӣ, Мавҷигул,

Мухлисе гар номи ту бо мавҷи шеър омехта.

 

Баъд аз хатми мактаби олӣ дар соли 1983 Мавҷигул муддате дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳуривии шаҳри Душанбе кор кард. Аммо дар соли 1992 дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд ба Хоруғ моҳоҷири иҷборӣ шавад.

 

Гар зи раҳ уфтодам аммо на рўҳафтодаам,

Дар ҳавои зинадагонӣ кафтари озодаам…

 

Вай чанд сол дар Кумитаи радию ва телевизиони вилояти Бадахшон кор мекард. Соли 2004 Мавҷигулро ба узвияти Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд. Сипас ўро барои кор ба шабакаҳои Сандуқи Оғохон дар Бадахшон даъват карданд. Ҳадафи аслии кори ў кўмак расондан ба рушди занон ва омўзиши мушкилоти иҷтимоъии онон буд.

 

Матлабе дорему ёр аз рамзи дил огоҳ нест,

Раҳнавардему ба сўи манзили дил роҳ нест…

 

Ҳарчанд Мавҷигул барои фаъолият дар созмони ғайридавлатӣ ҷалб шуда буд, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ аз эҷоди шеър худро канор нагирифт. Замоне, ки ӯ бо фаъолияти иҷтимоъӣ машғул буд, китобҳои ў мавсум ба “Шаббода” (1994), “Ҳарими ғунчаҳои сабз” (2003) ва “Таваллуди фарёд” (2006) дар байни дўстдорони шеъру адаб ғулғула барафканданд.

 

Агар хонӣ ту боре шеъри пурсўзу гудози ман,

Бидон, бо ёди ту аз риштаи ҷон шеър мебофам.

Маро аз шеъри ман ҷўед, дарёбед аз шеърам,

Ба нармӣ шеъраму покизадил чун чашмаи софам.

 

Мавҷигул бо хонандаи азизаш якумрӣ хайрбод мегўяд:

 

Хонаи ободи ту обод бод,

Хонаи уммеди ту бунёд бод.

Меравам ман меравам бебозгашт,

Хотират бо ёди дигар шод бод…

 

Гулдасти Меҳровар, Хоруғ, Бадахшон, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4126-2011-01-12-09-11-23.html

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 29.01.2011 06:16
we love you and you will always be in our hearts
Мы любим вас, и вы всегда будет в наших сердцах
 
 
0 #1 Guest 15.01.2011 03:50
xele mutaassifam az in xabare bisyor shum va tasliyati qalbii xudro ba peivandone Mavjude dilho meguyam.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854