МАРДЕ, КИ БО ВОРАСТАГӢ АЗ ДУНЁ РАФТ
Имрӯз, 13-уми январи соли 2011, дар толори Иттифоқи нависандагон ёдбуди адиби фақид Муҳаммадзамони Солеҳ баргузор гардид. Дар ин маросим дӯстон ва наздикони ӯ ширкат карда, чанде аз хотира ва ёде аз рӯзгори вайро зикр карданд…
Муҳаммадзамони Солеҳ, нависанда ва адиби тоҷик, соҳибхираде, ки аз соҳибқаламони ҳамдавраш бо зӯри андеша ва мӯъҷазбаёнӣ фарқ мекард, агар ҷисман дар миёни мо мебуд, ба сини мубораки 60 қадам мениҳод. Ӯ зодаи кӯҳистони Масчоҳ буд. Деҳаи Падроғи ин ноҳия баъд аз 5-уми январи соли 1951 то кунун, ҳамтои ӯро шояд ба дунё наоварда. Номбурда дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1974 мебошад. Замони кӯдакиву навҷавонии адиби беҳамто, баъд аз он ки дар соли 1956 аз зодгоҳаш – деҳаи Падроғи Кӯҳистони Масчоҳ ҳамроҳи ҳамдиёронаш кӯч баста буд, дар ҳамин шаҳр гузаштааст. Фақиди адаби тоҷик, фаъолияти худро ба ҳайси ходими адабии шӯъбаи адабию драммавии телевизиони тоҷик оғоз кард. Рӯзаш маълум нест, вале бетардид гуфтан мумкин аст, ки нахустин баргаи ҷиддӣ навиштани асарҳои насрии ӯ дар Толори дастхатҳои Китобхонаи Фирдавсӣ, дар идомаи сафҳае аз рисолаи илмияш, оғоз шуда буд.
Ин саҳифа хати машйи Муҳаммадзамонро тағйир дод. Нависандаи бемисл аз навиштани мавзӯъи рисолаи номзадӣ даст кашид ва ҷои корашро дигар кард. Соли 1978 ба муддати се сол ҳамчун мудири бахши адабии Театри давлатии академии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ адои вазифа намуд. Аз мулоқот бо арбобони ҳунар, аз ҷумла Маҳмуди Воҳид, Фаррухи Қосим, Ато Муҳаммадҷонов ва даҳҳо тани дигар ва ҳамкорӣ дар таҳияи намоишномаҳои Моллер, Сотим Улуғзода, Софокл, Булгаков… шахсияти ӯ такмил меёфт.
Сипас, шурӯъ аз соли 1981 то 1989, ходими калони ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» шуда, бо ҳамкасбонаш бори сангини ин ҳафтаномаро ба ӯҳда доштанд. Дар баробари кори ҳафтанома, дар даҳаи ҳаштодуми асри бист, Муҳаммадзамони Солеҳ тавонист чанд асари худро рӯи чоп оварад. Шодравон Муҳаммадзамон бо вуҷуди он ки дар ҷодаи адабиёт сабк ва услуби вижаи худро дошт, аз тамаддуни исломӣ ва тоисломии тоҷик ва таърихи он низ иттилоъи кофӣ дошт ва ҳамеша худро мекофт…
Адаш Истад, донишманд ва собиқ ҳамкори Муҳаммадзамони Солеҳ, хотираҳои худро дар бораи ин мард дар як мақолааш чунин зикр кардааст: «Рӯзе дертар ба кор омада дидам, ки Муҳаммадзамон хеле димоғсӯхта менамояд. Маълум, ки аз чизе сахт андӯҳгин аст, аммо ба сабаби номаълум дар он бора сухан карда дилашро кафондан намехоҳад. Ба коғази рӯи миз нигоҳ карда, хомӯш менигарист, гӯё ки барои таҳрир мақолаи касеро хонда истодааст. Ду-се бор барои аз чунин вазъ берун овардани Муаззама (ҳамкори дигараш) тадбир андешида будам. Масалан боре ба ӯ, ки Гугушро хеле дӯст медошт, гапи дурӯғ гуфтам: - Дар фалон рӯзнома навиштаанд, ки фалон сарояндаи эстрадаи тоҷик аз Гугуш беҳтар месарояд. Ба фикрам, ин гапҳо беасос нестанд…
Баъд Муаззама ҳам ғамҳои худро филҳол фаромӯш карда, ба баҳс мепардохт. Ва дар охир вақте мефаҳмид, ки инро барои шӯхӣ гуфтаам, бисёр механдид. Ҳоло пай бурдам, ки Муҳаммадзамон намехонад. Инро ҳамту барои зоҳир накардани вазъи худ мекунад.
Ҳилае андешидам. Дурӯғе бофтам. Гуфтам, ки як кас дар фалон газета мақолае навиштааст, ки рӯҳониёни зардуштӣ солҳои аввали зуҳур намудани ислом ибораи «Пули Сирот»-ро аз Қуръон дуздида, ба китобҳои дини зардуштӣ бо номи Пули Чинот ворид кардаанд.
Газетаеро ном гирифтам, ки онро Муҳаммадзамон намехонд. Ду рӯи Муҳаммадзамон суп-сурх шуду ӯ аз ҷой ҷаста хеста бо оташинӣ гуфт: - Номаъқул кардааст ҳамон сафсаттафурӯш! Сипас дар бораи бори аввал дар куҷо ва кай истифода шудани ибора Пули Чинот бо ҳарорат даҳ-понздаҳ дақиқа гап зад.
Ва дар охир илова кард: - Ин чиз низ дақиқ аст, ки аз саҳобаҳои паёмбари ислом Салмони Форсӣ зардуштӣ буд ва оиди ин дин ба паёмбар хеле чизҳоро гуфтааст. Ба унвони он рӯзноманигор дашномҳо фиристода, гӯё дилаш сабук шуд. Ӯ медонист, ки ман ин ҳама чизҳоро ва бисёр чизҳои дигарро оиди фарҳанги тоисломӣ медонам. Аммо, ин лаҳзаро аз ёд бурда буд. Баъд пурсид: «Кадом рӯз чоп шудагӣ?».
Ман табассум кардаму хандидам. Вай ҳам бори чандум ба чунин ҳол афтоданашро ба ёд оварду хандидан гирифт. Ва озурдадилии пешинро ба куллӣ фаромӯш намуда, то соати охири рӯз бо рӯҳбаландӣ кор кард».
Муҳаммадзамони Солеҳ, «Гот»-ҳои Зардуштро ба хати имрӯза баргардонид ва онҳоро чоп кард. Ҳолати рӯҳии ӯ ҳамеша дар гардиш буд. Баъзеҳо бо чопи «Гот»-ҳо ва бештар рӯ овардан ба ойини Зардушт, ӯро зардуштӣ низ мехонданд. Аммо, ӯ дар ин даврон роҳи расидан ба Ҳақро мепаймуд ва онро дар охири умр дар тасаввуфи исломӣ дарёфт…
Ҳамкор ва дӯсти ӯ, рӯзноманигори тоҷик, Салими Айюбзод, шодравон Муҳаммадзамонро чунин васф мекунад: «Лаҳн ва сабки гуфтораш гиранда буд. Аз он ҷо ки кӯтоҳ, башиддат ва умда мегуфт, дарк мекардам, ҳамеша маҷбур будааст, дар зери фишори мубоҳисон ва хатари бурида шудани суханаш, зуд, кӯтоҳ ва муассир ҳарфашро бизанад. Вай дӯстдори баҳс буд ва ҳаргиз баҳсро ба шахс интиқол намедод, балки шояд бештар мехост, асари далелҳои худро бубинад.
Чашмонаш оташвор медурахшиданд ва суханаш мисли фӯлод сутун-сутун поин мерехт, то замоне ки мубоҳис ё таслим шавад ё далели қавитаре дар миён гузорад. Нав шудани баҳс ва самти тозаи он шавқи ӯро бештар меангехт. Гоҳе дар мавриди чизи нав ақидаи бадеҳие мегуфт, ки шояд худаш ҳам ҳанӯз ба он чандон итминон надошт, аммо, муҳим буд, далели ҷавобиро бишнавад ва назари худро биёзмояд. Ҳузури ӯ дар ҳар сӯҳбат ё баҳсе ба маънии лағви марзҳои андеша буд.
Хеле зуд баҳси адабиёт ва рӯзгори муосир мепайваст ва ноаён ба сиёсат мегузашт, бархеро тоқат тоқ мегашт, домантакон бармехестанд ва ба атроф менигаристанду худоҳофизӣ мекарданд ва ман дар чашмони онҳо тарсро медидам. Чизеро, ки ҳаргиз дар чашмони ӯ надидаам. Ин ҷасорати суханаш буд, ки дар баҳбуҳаи низоми шӯравӣ роҳи ӯро ба адабиёт сахту ноҳамвор кард. “Нозирони сухан” ин ҷасоратро дар достону ҳикояҳои ӯ низ меҷустанд ва гоҳе меёфтанд ва ба ӯ фишор меоварданд, ки ин ё он порчаи асарашро тағйир диҳад.
Гоҳе аз як ҷузъиёти ночизе хулосаҳои бузурги таҳдид ба низоми шӯравиро пайдо мекарданд. Ин буд, ки дар рӯзгоре, ки фарҳангиёни тоҷик ба Афғонистон тарҷумонӣ мерафтанд, то сармояе барои як зиндагии бемушкил ба даст оранд, роҳи ӯ ба Афғонистон аз тарафи мақомоти олии ҳизб ва хадамоти амнияти он, бо суханчинии ҳамқаламонаш, абадан баста буд. Чанд талоше ки кард, натиҷае надод ва дар ҳайрат монд, ки Мирзо Боқии аз ӯ ҷасуртару чарбзабонтар чӣ гуна тавонист барои кор дар Афғонистон роҳхат бигирад.
Ин шигифтӣ беш аз ду ҳафта накашид. Бо дастури ҳизбӣ Боқиро, ки ҳанӯз манзилаш дар Кобул таъин нашуда буд, ҳамчун фарди барои низоми шӯравӣ хатарнок бозпас хонданд. Онҳое, ки асноди кори ӯ дар Афғонистонро дуруст карда буданд, барои аз даст додани “ҳушёрии синфӣ ва сиёсӣ” танбеҳи ҳизбӣ гирифтанд. Ягона сармояи Боқӣ аз Афғонистон як боронии чармӣ ва Девону Маснавии Румӣ гашт. Муҳаммадзамон мегуфт, Боқиро барои ҳайкали Ленин зери шубҳа гирифтанд. Дар нимаҳои солҳои 70-уми садаи гузашта, ин ду якҷо бо як ҳамқалами дигар аз шафати пайкараи доҳӣ мегузаштанд ва Мирзо Боқӣ дар баробари ҳайкал истодаву мегӯяд:
– Валлоҳу биллоҳ, инро медонам, ки як рӯз ба гардани ту симресмон мебанданд ва чаппаат мекунанд…
Асарҳои вай дардгӯи миллат, фарёди дилсӯзи торихи тоҷик буд. Муҳаммадзамони мисли бисёр кӯҳистониён доимо самимӣ, ростгӯ ва ҳақиқатпараст буд. Муҳимаш дар роҳи интихобкардаи худ мубориз.
Тамаллуқ чист, намедонист. Ҳарфи рости ӯ на ба ҳар роҳбар хуш меомад. Бо дурӯягӣ, чоплусӣ ва дигар нуқсҳои ахлоқии ҳамкорон бетараф набуд. Чизе ки напазируфт, завқи пасти аҳли ҳунар буд. Боре, аз ӯ пурсиданд, ки чаро аз фалон ҳунарманд хушат намеояд? Ҷавоб дод: «Ӯро боре дар нақше дидам,ки як ҳаракаташ ишорат ба узви ҷинсӣ дошт. Азбаски он намоишнома барои бачаҳо низ пешниҳод мегардид, хеле нафратам омад. Гарчанде нақшҳои хуб дорад, аммо ҳеч бахшида наметавонам…
Аз ҷумлаи асарҳои ӯ, романи «Девори Хуросон» ва «Сарви Кишмар»-маҷмӯъи ҳикояҳо мебошанд. Ҳамтоёнаш мегӯянд, «Девори Хуросон» -аш кофист, ки мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик муайян кунад.
Исфандиёр ба хотир меорад: устод Муҳаммадзамон мо – дӯстони ҷавонашро, - дар ҳар мулоқот «Шермард» ном мебурд. Шиносоии рӯ ба рӯиям бо устод пас аз чопи як ҳикоятам дар ҳафтаномаи «Ҳамроз» сурат гирифт. Ҳикоят бо номи «Азоби шаби авали қабр» чоп шуду чанд рӯз баъд устод ба идораи ҳафтанома омада бо номам маро суроғ карданд. Ман гуфтаму бархостам. «Шермард, ҳикояро хондам, забони навиштатон сахт маъқулам шуд. Ҳамин хел давом диҳед, омадам, ки ҳаминро гӯям».
Устод миёни динҳои қадима, ҷараёнҳои тасаввуфӣ ва дини мубини Ислом гаштаву худро меҷуст ва… худро ёфт. Ӯ сӯфивор дунёро бидруд гуфт.
Хотираҳои аҳли хонавода
Муҳаммадҷони Солеҳ, фарзанди марҳум Муҳаммадзамон, хотираҳояшро чунин нақл мекунад: «Мо падарамонро мисли як марди ҳалиму меҳрубон мешинохтем. Он кас ба мо насиҳатҳои пандомез мекарданд, мегуфтанд, ки фақат дар фикри дониш бошед. Дар оила сахтгир буданд. Фақат аз дониши мо хабардор буданд. Ҳар боре, ки аз кор бармегаштанд, аввал рӯзномаҳои моро тафтиш карда, баъд ба сари миз нишаста, хӯрок мехӯрданд.
Дар ҷашнҳои оилавӣ бо дастони худ ба мо ҳар хел таъомҳои болаззат мепухтанд. Ҳамин хел ҷашновораҳоро дӯст медоштанд. Баъди маргашон мо инро эҳсос мекунем, он кас як нури хонадони мо буданд. Вақте ки ба ягон давлати хориҷа сафар мекарданд, мо он касро бесаброна интизор мешудем. Писараш мегӯяд, як панди падарам аз хотирам немебарояд. Вақте ки маро ба мактаб бурданд, бори аввал назди директори мактаб даромада гуфтанд, ки «Гӯшту пӯст аз Шумо, устухонаш аз ман».
Падари ман ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон ҳамеша ба мутолиа ва ҷустуҷӯ омода буданд. Падарам, зиндаёд, дониши ҳам адабиёти классикӣ ва ҳам ҷаҳонӣ доштанд, қариб аз ҳама чиз иттилоъе доштанд. Падарам баъди дилшикаста шуданашон аз ҷоизаи ба номи «Рудакӣ»-ро нагирифтани китоби «Девори Хуросон», бисёр фикр мекарданд. Ин фикрҳо падарамро ба беморӣ мубтало карданд.
Падарам ба бемории дил гирифтор шуд ва то дами марг зери назорати дилшиносон қарор дошт. Мо падарамро бо ҳамин хел аҳвол дидагӣ набудем. Аммо, ӯ нисбат ба солҳои қабл куллан тағйир карда буд. Шаб то саҳар рӯи ҷойнамоз ба Худои худ муноҷот мекард ва аксари рӯзҳо рӯзадор. Он ҳам фақат ҳангоми саҳархӯрдан каме шир менӯшиданд. Падарам хушчақчақ ва зиндадил буданд. Ҳамеша дар дили мо зиндаву ҷовид мемонанд.
Аммо, сад афсӯс, ки падарам ба орзуҳои ширинашон нарасиданд ва Романи «Куруши кабир», «Малкушон» ва китобе дар бораи паёмбарон аз Одам то Муҳаммад таълиф намоянд, вале вақти дар назди мо буданаш ба поён расид ва бо амри тақдир мо маҷбур шудем, ки ӯро дар синни 58 солагӣ ба хонаи охираташ гусел намоем. Даст ба дуъо мебардорем, ки рӯҳашон шоду ҷояшон ҷаннат бошад.
Васияти асарҳо:
Ин асари нопураи «Куруши Кабир» рӯи чопро надид. Мо кӯшиш мекунем, ки дар оянда аз тарафи худ ва ҳам бо кумаки Иттифоқи Нависандагон онро аз чоп барорем. Вориси ворастаи адаби тоҷик ин меросҳои адабӣ ва чандин ниятҳои ҷомаи амал напӯшидаи худро нотамом гузошту худ аз дунё гузашт.. ёдаш ба хайр!!
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4140-2011-01-13-11-02-21.html
Шарҳҳо
RSS Обуна