РУБОИЁТИ ХАЙЁМ ДАР БИШКЕК БА ЧАҲОР ЗАБОН НАШР МЕШАВАД
Бо ташаббус ва ҳимояти сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек ва намояндагии фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон рубоиёти безаволи Умари Хайём ба забонҳои қирғизӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд.
Ин мавзӯъ дар ҷараёни мулоқоти Асомиддин Саидов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммад Ҳусайн Обидинӣ, раиси намояндагии фарҳангии Эрон дар Қирғизистон баён шуд. Дар ин дидор, ки дар маҳали сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек баргузор шуд, Асомиддин Саидов фаъолияти яксолаи намояндагии фарҳангии Эронро дар самти муаррафии забони форсӣ ва фарҳанги қадимаи эронӣ дар Қирғизистон самарабахш қаламдод кард. Сафири Тоҷикистон гуфт, ки ба чоп расидани маҷаллаи фарҳангии «Адаб» ба забонҳои форсӣ, русӣ ва қирғизӣ, тарҷума ва нашри осори шоирони номдори форс-тоҷик, баргузории барномаҳои адабиву фарҳангӣ, шабҳои шеър аз тарафи намояндагии фараҳангии Эрон аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулони ин идора ба манзури ошно кардани насли ҷавони Қирғизистон бо пешрафтҳои Эрон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Асомиддин Саидов изҳор дошт, ки барои мардум ва кишвари Тоҷикистон пешрафт ва муваффақияти мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон мояи ифтихор аст ва тоҷикон дар ҳар гӯшаи дунё аз дастовардҳои иқтисодӣ, илмиву омӯзишии ҳамзабонони худ меболанд. Вай гуфт, ки дар донишгоҳҳои Бишкек беш аз панҷсад ҷавон аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва баргузории шабҳои шеър бо иштироки ҷавонони тоҷик, эронӣ ва қирғиз барои таҳкими ошноӣ ва дӯстии миёни онҳо муҳим мебошад.
Муҳаммад Ҳусайн Обидинӣ изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон панҷоҳ ҳазор тоҷик кору зиндагӣ доранд ва намояндагии фарҳангии Эрон дар ҳамкории наздик бо фаъолони Созмони тоҷикони ба номи Рӯдакӣ бо ҳамзабонони худ муносибат ва ҳамкориро барқарор мекунад. Вай афзуд, ки ҳамзамон бо наздик шудани ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳамаҷонибаи донишҷӯёни тоҷики муқими Бишкек як чорабинии наврӯзиро дар нақшаи кори худ гирифтааст. Дар ин дидор, ки дар фазои комилан дӯстона ҷарён гирифт, зарурути баргузории чунин мулоқотҳо таъкид шуд.
Қодиршои Мурувват, барои «Рӯзгор», Бишкек
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4193-2011-01-19-06-39-58.html