13:04:38 07-уми Июни 2025 сол

КИТОБИ СӮХТА: ҶУМЪА ОДИНА ВА ИСТИБДОДИ ҲИЗБӢ ДАР ШӮРАВӢ

Нависандаи тавоно ва покизакор Ҷумъа Одина (1930-1982) ба маънои томи сухан қурбони замони фармонравоиву дурӯӣ ва истибдод гардид. Он ҳама мушкилоти мардум, дардҳои ҷомеъа ва замон, ки дар дилаш гиреҳ баста буданд, он ҳама дасисабозиҳои мақомоти болоии ҷомеъаи шӯравӣ ва ҳизби кумунист, тангназарии сатҳи поён, ки ба сари румони нахустини ӯ «Гузашти айём» (1978) фурӯ рехт, оқибат ӯро ба сактаи қалбӣ гирифтор намуда ва сабаби марги нобаҳангоми ӯ гардид.

 

juma odinaҶумъа Одина, ки кам, вале бадарду пӯхта менавишт ва ба ҳаққонияти суханаш эътимод дошт, дар сари ҳар сатри осори хеш пофишорӣ мекард, барои ҳимоят аз румонаш низ басо хуни ҷигар хӯрд, талош кард, вале аз дасти беъадолатиҳои замон ба мурод нарасид: нашри комили румонаш дар коми оташ рафт, аммо вай ба умеди исботи бегуноҳии худ ва дидани чопи ҷадиди румонаш умри хешро барбод дод.

 

Роҳи ноҳамвор

Роҳи зиндагӣ ва адабии Ҷумъа Одина низ чандон росту ҳамвор набудааст. Соли 1937 аҳли хонаводаи ӯро ба унвони афроди доро (кулак) ба сарзамини Ставрополи Русия таъбид карданд. Ӯ рӯзгори сахти замони ҷангро дар ин сарзамин ба сар бурд, дар талхиву сахтиҳои рӯзгор обу тоб ёфт ва ин хислатро барои тамоми умр бо худ дошт.

 

Ҷумъа Одина баъди ҷанг ба диёри худ баргашт ва дар солҳои 1948-1956 дар омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанд ва шӯъбаи тарҷумонии донишкадаи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кард. Пас аз фориғ шудан аз донишгоҳ вай дар нашриёт ва чопхонаҳо ба кор пардохт.

 

Фаъолияти нависандагии Ҷумъа Одина аз авоили даҳаи 1960 оғоз шуд. Дар баробари достонҳои хурд вай ду қисса ё достони миёна навишт, ки яке “Авроқи рангин”(1964) ва дигарӣ “Иншо дар мавзӯъи озод” (1968) ном дошт. Нависанда дар ин достонҳои худ асосан аз ҳаёти наврасону ҷавонон, ки ба арсаи зиндагии мустақил нав гом ниҳодаанд ва ё тоза ба кору фаъолият оғоз кардаанд, сухан мегӯяд.

 

Ӯ ба олами маънавӣ ва равонии онҳо мутаваҷҷеҳ шуда, ҷараёни ташаккули хислату хӯйи онҳоро ба риштаи тасвир мекашад ва ба ин васила дар ривоҷи ончи ба истилоҳ “қиссаҳои наврасон” хонда мешавад, саҳм гузоштааст. Бисёр муҳим аст, ки нависанда шахсияти достонҳои худро дар айни андеша ва пай бурдану сарфаҳм рафтани мушкилоти зиндагӣ ба тасвир мегирад, ки ин дар насри тоҷикии он даврон тамоюле мусбат башумор меояд.

 

Ҷумъа Одина бисёре аз асарҳои адибони хориҷиро тақрибан дар ҳаҷми бист маҷаллад ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Вай дар солҳои охири умр румони таърихие бо номи “Искандани Мақдунӣ” менавишт, ки бахши аввали он соли 1987, пас аз вафоти ӯ, дар саҳафоти маҷаллаи “Садои Шарқ” ба табъ расид, ки барои мутаваҷҷеҳ шудани адибони тоҷик ба мавзӯъҳои дури таърихӣ, бахусус Искандари Мақдунӣ ва юришҳои ӯ ба Осиёи Марказӣ, замина фароҳам сохт.

 

Аммо асари муҳим ва пуровозаи ӯ достони баланд ё румони “Гузашти айём” буд. Ин асар пас аз он ки соли 1978 дар саҳифаҳои маҷаллаи “Садои Шарқ” мунташир шуд, расман, бо мусаввабаи махсуси доираҳои ҳизбӣ ва расмӣ “асари зарарнок ва зиддишӯравӣ” эълом шуд. Воқеъан сабаби ин ҳама тазйиқу таъқибҳои маънавӣ чӣ буда ва он то чӣ андоза ҳақиқат доштааст?

 

Имрӯз мо метавонем бе ҳеҷ дастур ва сонсури дарунӣ ба ин пурсиш посухи солим ва одилона дода бошем. Ин посух ҳамин буда метавонад, ки румони “Гузашти айём” асари ҳақиқатнигорона ва муаллифи он шахси якрӯю бериё ва боистеъдоде буд, ки ҳам барои ҳукмравоёни вақт ва ҳам барои ҳамкасбони камҳунараш хушоянд набуд.

 

Нақд дар адабиёти ШӮравӢ

Бояд гуфт, ки дар адабиёти тоҷики замони шӯравӣ танқид ё нақди камбудиҳои ҷомеъа ҳамеша мавҷуд буд. Аммо ин танқид дар ваҳлаи аввал иборат аз фош кардани боқимондаҳои синфи ҳоким, аксулинқилобиён, “душманони халқ”, баъдтар зиддияти наву кӯҳна дар андеша, ки албатта дар ин росто аксари фикри солими дар гузашта роиҷ низ мазаммат мешуд. Баъд баъзе аз камбудиҳои шахсӣ амсоли коргурезӣ, бемасъулиятӣ, ақибмондагӣ дар кору истеҳсолот ва ғайраву ва ҳоказо, ки аслан зоҳирназарона буд, мавриди интиқод қарор мегирифт.

 

Дар ниҳоят, аз солҳои шаст, пас аз ошкор шудани нобасомониҳои замони шахспарастии Истолин, оҳанги танқид дар адабиёт низ дигар ва як андоза гиро шуд: акнун як марҳалаи зиндагии замони шӯравӣ, бахусус ҳодисоти солҳои 30 ва фаъолияти Истолин мавриди интиқод қарор мегирифт ва камбудиҳои ҷомеъа низ ба ҳамин омил вобаста дониста мешуд.

 

Воқеъан, адабиёт дар ин марҳала як андоза шуҷоъати маданӣ ба даст овард. Ҳарчанд солҳои 1970-80 вобаста ба ривоҷи зуҳури замони рукуд ҷанбаи интиқодӣ нисбатан маҳдуд монд, вале адибоне, ки устухонашон дар солҳои 50-60 шах шуда буд, мисли солҳои 30-40 дигар дастнигар будан намехостанд. Ва танқиди камбудиҳо хеле вусъат ёфт.

 

Аммо аз ин байн назари танқидии Ҷумъа Одина хеле амиқ ва аниқ буд. Наметавон гуфт, ки вай бар алайҳи ҷомеъаи шӯравӣ ва ҳизби кумунист қалам бардошта бошад. На. Вай ҳам ба идеолҳои инсондӯстона ва покизакории аъзои ҳизб умед дошт. Аммо танқиди вай он ҷанбаҳоеро фаро гирифта буд ва аз мабдаъе зуҳур мекард, ки дар он камбудизо будани сохти шӯравӣ, тафриқаву табъизҳои нави иҷтимоъӣ дар ҷомеа ва мамонеъати тарзу тариқи роҳбарии ҳизбӣ аз пешрафти зиндагӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

 

Ҷумъа Одина мехост ё намехост, аммо аз он чи ӯ пешкаши хонанда карда буд, чунин натиҷае дар андеша пайдо мегардид, ки ҷомеъа бо ин ҳама усули бурократӣ ва беъадолативу тафовутҳои иҷтимоъӣ боз то кадом замон дар харитаи (нақшаи) ҷаҳонӣ боқӣ хоҳад монд ва ё чӣ роҳи ислоҳ ва халосӣ вуҷуд дошта бошад? Ва ин барои болонишинон ҳушдори саривақтӣ, вале ваҳмангез буд...

 

Дар румони “Гузашти айём” бо сароҳат ва амиқназарие, ки пеш аз ин дида нашуда буд, тавлид ва моҳияти бурокросии ҳизбӣ ва миллӣ таҷассум ёфтааст. Замони вуқӯъи воқеъаҳои он солҳои сивум, яъне давраест, ки дар таърихи зиндагии мардуми мо дар замони шӯравӣ аз марҳалаҳои сангин, пуризтироб ва мағзхӯр ба шумор меояд. Хислату характер ва дастурҳои ҳаётии қаҳрамонони асар низ дар муносибат ба мушкилоти зиндагии ин замон, шароити иқтисодиву сиёсие, ки ҳукмрон буд ва аз ҳама муҳиммаш, аз меъёри ахлоқӣ, адолат ва инсофи инсонӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст.

 

Ин ҷо як ҳақиқати зиддунақизе ҳаст, ки дар шароити ҳокимияти шӯравӣ ва мафкураи кумунистӣ ин имкон вуҷуд дошт, ки яке дар мавқеъи ҳалолкории мутлақ ва ҷоннисориву худфаромӯшӣ кору амал кунад, аммо дигарӣ ҳамаи мушкилоти иҷтимоъӣ ва ҳатто нодории дирӯзаи худро дар тахти салтанати ҳизбӣ ва шӯроӣ фаромӯш созад ва ба каси беинсофу бадгуҳаре табдил ёбад. Ба ҳар ойин, бисёре аз мансабдорони ҳизбӣ ва шӯроӣ дар ҳамаи давраҳо ба ин дард гирифтор будаанд.

 

Манфаъатталабии ҳизбиён

Қаҳрамони румони “Гузашти айём” котиби райком Қосим Бобоевич ва ҳаммаслакону ҳамтабақони ӯ низ парвардаи ҳамин давру замон ва шароиту вазъият мебошанд, ки дар рафти ташаннуҷ додани муборизаи синфӣ касони андак дороӣ доштаро ҳам ба сифати кулак табъид мекард, бо тӯҳмати нокасону дасисабозҳо ва ё бо гуноҳи андаке напурсидаву таҳқиқ накарда, қисмати инсонҳо ҳал карда мешуд ва дар ин ҷараёни катаклизми сиёсӣ аз одамони одӣ сар карда, то сарварони ҷонфидо ва сарсупурдаи ҳизбӣ ва шӯроӣ, фарзандони беҳтарини халқ ба коми марг супурда мешуданд.

 

Аммо ба ивази эшон киҳо ба сари зину дастгоҳ ва ё курсии мансаб менишастанд ва ин дастнишондаҳо қиёсан ба мансабу мартабае, ки ишғол карданд, то кадом андоза муносиб ва чӣ миқдор арзиш доштанд?

 

Нависандаи дақиқбин сиришти инсонӣ, мавқеъ ва баромади иҷтимоъӣ, сатҳи саводу маърифати ашхоси мазкурро таҳқиқи бадеъӣ карда, ба натиҷае расидааст, ки ҳарчанд аксарияти эшон намояндагони табақаи доро нестанд, аммо гирифтор ба манфаъати худ, манфаъати хешу табор ва маҳалли хеш мебошанд ва барои расидан ба ин ҳадафҳояшон аз ҳама гуна беинсофӣ, бераҳмӣ ва қурбонӣ, ки аз номи ғояҳои сохти нави иҷтимоъӣ ҳақ бароварда мешуд, рӯй намегардонданд.

 

Ҷумъа Одина ба бунёди маҳалгароӣ ва хешу таборпарастии муддаъиёни хидматгории халқу миллат амиқ назар дӯхтааст, ки то ба имрӯз яке аз дардноктарин фоҷеъаҳои миллати мост. Аз байни сатрҳои румон суоле пайваста садо медиҳад, ки ин ҳама тафриқаандозиҳо ва ба сари кор омадани ашхоси бехирад ва бемаърифат аз куҷо сарчашма мегирад? Дар ин бобат нависанда ишораҳои фаровоне ба фаросати хонандаи ҳушманд вогузор кардааст.

 

Шахсе, ки ба ин ҳама беъадолатию ноинсофиҳо муқобил истодааст, қаҳрамони марказии румон Мерган Салимов мебошад. Ҷумъа Одина қудрату тавоноӣ ва қотеъияти кумунистии қаҳрамонашро чи дар рӯзгори урфӣ ва чи дар фикр ва амали ҷамъиятиаш нишон медиҳад. Фаъолияти Мерган аз муборизаҳои шадид ба муқобили душманони сохти нав оғоз меёбад ва бештар дар вазифаи директории МТС зоҳир мегардад. Вай дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, то ба дараҷаи командири рота мерасад. Марги фоҷиъавии фарзандон, тӯҳмату сӯиқасдро маҳз рӯҳи тавонои Мерган таҳаммул карда тавонист.

 

Нависанда Мерганро дар кори ҷамъиятӣ дар муносибат ба моликияти халқу давлат, дар муносибат ба одамони фалсафаи зиндагиашон гуногун нишон додааст. Дар натиҷа, симои вай чун марди рӯзгордида, сахтиҳои зиндагиро чашида, поктинат, далеру ғаюр, қатъӣ, матинирода, ҷасур, чун намунаи кумунисти ҷонсӯзу ҷонфидо, ки марому зиндагӣ, фикру амалаш бо ҳадафҳои олии дастурии ҳизб ягонаанд, намоён мешавад. Бинобар ин, тимсоли Мерган сазовори пайравист. Нависанда танҳо ба зикри ҷиҳатҳои иҷтимоъӣ маҳдуд нашуда, андешаҳои Мерган, рӯҳияи ӯро бамаврид ва хеле батафсил тасвир мекунад.

 

Маънавияти Мерган дар заминаи шеъру фарҳанги клосикӣ, дар заминаи суннатҳои волои ахлоқии халқ парвариш ёфта, ба маслаки кумунистӣ гаравидани ӯ як амали огоҳона ба хотири ростиву ҳақиқат, барои бунёди як ҷомеъаи воқеъан инсонӣ аст. Эътиқоди қавии ӯ ба сохти нави иҷтимоъӣ ва идеолҳои он заррае бо ғаразу манфиъатҷӯӣ олуда набуда, аз камоли маърифат аст. Ба ин васила заминаи ҳумонистии талошу муборизаҳои қаҳрамон аз ҳайси бадеъӣ асоснок таъкид гардидааст.

 

Ҳар иқдоми Мерган мантиқӣ буда, асоси ҷиддӣ дорад. Садоқати ӯ ба одамон ва ба кори ҳизб на дар забон, балки дар дилу ҷони ӯ ҷой гирифта, дар рафтору кирдори вай зоҳир мешавад. Ба ин маънӣ, тасвири бадеъӣ дар симои Мерган мукаммал анҷом гирифтааст.

 

Ҷасорати нависандагӢ

Аҳаммияти румони “Гузашти айём” танҳо бо ибратбахш будани қаҳрамонҳо ва қимати бадеъии онҳо маҳдуд намешавад. Зиёда аз ин, нависанда ба воқеъаҳои тасвиршуда ва тимсолҳои манфӣ аз назари танқидӣ, аз меъёри умумиинсонӣ назар андохтаву баҳо медиҳад.

 

Ҷумъа Одина ҳамин вазъиятро ба таҳқиқ гирифтааст, ки агар роҳбар аз ҷиҳати инсонӣ камбудӣ дошта бошад, пас ин ба мансаби ӯ ва ҳолати идорае, ки вай сарварӣ мекунад, бетаъсир нахоҳад монд. Қосим Бобоевич ҳарчанд қаҳрамони дуюминдараҷа мебошад, аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки ба воситаи носозгории шахсию касбии ӯ нависанда моҳияти як масъалаи муҳимми ҳаётиро боз мекунад. Муҳиммаш он аст, ки норасоиҳо чун натиҷаи таъсири манфии як гурӯҳ одамони хушомадгӯю тамаллуқкор, бурократу худпараст (Рофиев, Ҳасанхонов, Кашшаков) низ шарҳ меёбад.

 

Танқиди қотеъонаи чунин ҷиҳатҳои носолим, ки аслан онҳоро ба ҷомеъа усули роҳбарии фармонфармоӣ овард, аз хусусияти муҳимми румон мебошад. Ба ин маънӣ аз як деҳқони одӣ то ба каси танбалу муфтхӯр ва муштзӯр табдил ёфтани Бобо Лучак маънии амиқе касб мекунад.

 

Дар румон ба тасвири зиндагӣ ва фикру зикри занон низ диққати зиёд дода шудааст. Ин бесабаб нест. Чунки замоне мавриди тасвир аст, ки тасаввуроти маҳдуд ва манфиро дар бораи занон барҳам медод ва дар айни замон, фикрҳои нодуруст ва тасаввури барғалат дар бораи чигунагии озодии зан ҳанӯз бакуллӣ барҳам нахӯрда буданд. Тимсолҳои Адолат, Ҳалима ва Ҳусния аз ҷониби нависанда бо самимияти хоссае тасвир ёфтаанд.

 

Румони “Гузашти айём” аз ҷасорати эҷодӣ ва солимии маънавияти муаллифаш шаҳодат медиҳад ва аз муҳиммтарин дастовардҳои насри даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар марги нобаҳангоми Ҷумъа Одина на фақат беъадолатиҳои замона, тангназарии роҳбарони он вақт ва дасисабозиҳои баъзе ҳамқаламонаш, балки ҳамаи мо - ҳамзамононаш то андозае гунаҳгор ҳастем. Маҳбубияти румони “Гузашти айём” нишонаи садоқати нависанда ба истеъдод ва маслаки худ, шаҳодати ҷасорати шаҳрвандии ӯст, ки алайҳи дурӯягиҳои замон овози эътироз баланд карда буд.

 

Пас аз марг, дар замони талоши ҷомеъа барои тантанаи адолат ва ҳақиқат ба Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ тақдир шудани румони Ҷумъа Одина худ далели қадршиносии мо, нишонаи он ҳақиқат аст, ки мо, дер бошад ҳам, ба истеъдод ва ҷасорати нависанда тан дода ва эътироф кардаем, ки ба туфайли румони ӯ ба асли ҳақиқат наздиктар шудаем. Дар рӯзҳои муҳимми солгарди Ҷумъа Одина, бахусус таҷлил аз ҳаштодсолагии эшон рамзи он хоҳад буд, ки мо дар назди рӯҳи поки нависанда, қарзи худро то андозае иҷро кардан мехоҳем. Ин ба мо аз солимназарӣ ва тантанаи адолат дар ҷомеъаи кунунӣ умед медиҳад.

 

"Сиёҳноманависон"

Пеш аз он ки суханро аз румони машҳури нависандаи соҳибистеъдод ва дар зиндагӣ номурод Ҷумъа Одина “Гузашти айём” анҷом дода бошам, лозим шумурдам, ки чанд хотиротро, ки аз муносибати банда ба румони мазкур вобаста аст ва дар матбуъоти даврӣ тавзеҳи норӯшане аз онҳо шуда буд, шарҳ диҳам. Аслан бояд гӯям, ки дар ин румон ҳақназарӣ ва фошгӯйии нависанда ба осиёби ҳарифону ҳамкасбони камҳунари ӯ об рехт. Ва сар шуд тазйиқу хафақони дастгоҳҳои ҳизбию расмӣ, тӯҳмату бӯҳтон ва сиёҳноманависони рӯсиёҳ...

 

Соли 1978 шайтанати ин дастгоҳ ба авҷи болои худ расида буд. Моҳҳои март, апрел ва майи ин сол дар кишвар омодагиҳо барои таҷлил аз 100-солагии устод Садриддин Айнӣ сурат мегирифт. Ва ин тадбири фарҳангӣ дар он сол хеле ба таври бошукӯҳ ташкил ва гузаронда шуд. Аммо дар муқобили ин ҷашни воқеъан пуртантана ва боифтихори мардуми тоҷик дар долонҳову идораҳои дастандаркорони ҳизбӣ ва адабӣ маъракаи фош ва бартараф сохтани як нависандаи саркаш ва зиддишӯравӣ зина ба зина авҷ мегирифт. Гумон мекунам, ки ин ихтилофи муносибат нишонгари аълои носозгории гуфтор ва кору амал дар ҷомеъаи худкомаи Шӯравӣ мебошад.

 

Ва боз баёнгари он аст, ки ҷомеъаи бар мафкураи муъайяни синфӣ бунёдёфта то чӣ андоза ба фасоди маънавии мардумаш (сиёҳноманависон) сабаб мешавад ва бо зоҳир кардани чунин зиддиятҳо бар сиёсати авомфиребонаи худ дар бораи ҳомии озодӣ ва ҳақиқат будани хеш рахна мезанад... Қисса кӯтоҳ, дар аввали соли 1978 як нависандаи ростбину ҳақгӯ дар вазъи баде сарашро ба кадом дар задан ва аз домани кӣ доштанашро намедонист. Чи мегӯед, ки ҳизбиён ва хидматгорони он - ғуломони ҳалқабаргӯшаш дасти дароз доштанд ва осмон баланду замин сахт омада буд барои Ҷумъа Одина.

 

Аслан асари мазкури Ҷумъа Одина дар аввали ба табъ расиданаш (дар маҷаллаи “Садои Шарқ”) аз ҷониби аҳли нақд баҳои мусбат гирифт. Аммо аҳли ҳасад ва кинаву адоват аллакай оташи дасисаву бӯҳтонро гӯгирд задаву акнун ба он ҳар лаҳза равған мерехтанд, то асар ва муаллифашро ба коми нобудӣ тела дода бошанд.

 

Хусусан, мухолифинро ҳамин нукта ба шӯр оварда буд, ки Ҷумъа Одина доираҳои расмиро ба нафаҳмидани асари адабӣ муттаҳам карда, қаҳрамони румонашро бо Павел Корчагин ҳамрадиф ба шумор овардааст. Мешунидам, ки муаллифи дар ин гирдоби оташин ғарқ монда ба ину он дасти ёрӣ (навиштани тақриз ё мақолае) дароз мекард, аммо ҳама худро “аз бало ҳазар”-гӯён ба канор мекашиданд.

 

Ҳамсони Павел Корчагин

Банда, ки дар он солҳо ҳанӯз як нақднависи ҷавон будам, ба ин ҳама ҳодисаҳо бесухан гӯш медодам, мушоҳида мекардам ва аз камҷасоратии баъзе ҳампешаҳоям ва аз вазъи носолими муҳити адабӣ хеле ҳам ба риққат меомадам. Ниҳоят ба хулосае расидам, ки дар ҳамин маврид бояд кореро анҷом дод. Ва ба мақсади навиштани тақриз ба румон афтодам. Тақризи банда дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” бо мусоъидати мудири бахши адабии он шоъира Озод Аминзода ба табъ расид.

 

Ҳаминро низ бояд таъкид намоям, ки банда дар ин тақриз ба он масъала диққат додам, ки Ҷумъа Одина дар мисоли нишон додани камбудиҳо ва тасвири симои мусбати Мерган мехоҳад дарси ибрат диҳад. Ва дар ҳамин маврид образи Мерганро аз лиҳози маънавӣ ҳамсони Павел Корчагин ба шумор овардам. Аслан барои ман ин кор зарурате надошт, зеро бо зикри мисолҳо ва таҳлилу баррасӣ асарро дастгирӣ кардан кифоя буд. Вале чун банда медонистам, ки ин монандкунӣ аз муаллиф сар зада, чун нишонаи худтавсифии ӯ тавзеҳ ва танқид шуда буд, банда барқасд ин қазияро дар тақриз такрор кардам, ки гӯё гуфтаҳои муаллифро нашунидаам.

 

Мақсади банда дар ин маврид на бо ин роҳ ба қаҳрамони асосии румон илова кардани тавсифи нав буд. Ин ҷо мақсад амиқтар ва ғарази ман, агар одӣ карда гӯем, бо муаллиф тақсим кардани тақсир (агар ин монандкунӣ гуноҳ бошад) буд. Банда хостам худро ба нодонӣ зада, ба фикри муаллиф монанд чизе гуфта бошам, то аҳли ғараз як андоза даст аз домони ӯ суст кунанд ва ин қазияро ба сифати як фикри умумии ба андешаи ҳар каси аз адбиёт огоҳ мезада маҳсуб намоянд. Ин маънои зарбаро ба худ гирифтан, аниқтараш бо муаллиф ба ҳам дидан буд.

 

Банда қаноъатманд аз онам, ки дар вақташ кори ночизе барои ҳимоят аз нависанда анҷом додан хостам ва касони огоҳ мегӯянд, ки нависанда низ дар анҷоми нашри аввали румон, ки ба коми оташ ё зери теғ рафтааст, дар қатори дигарон аз банда низ барои чунин як амали камарзиш изҳори ташаккур кардааст. Худо биёмурзадаш. Дар анҷом дар айёме, ки ба мавлуди ин нависандаи ҳақбину ростандеш 80 сол пур мешавад ва асарҳояш ба маънии тозае садо медиҳанд, аз ӯ ба некӣ ёд карда, таманнои онро дорам, ки макони охираташ пурнур бошад.

 

Абдухолиқи Набавӣ, адабиётшинос, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4231-2011-01-22-12-19-43.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854