23:53:12 06-уми Июни 2025 сол

«ЛЕНИН ДОС ВА БОЛҒАИ ХУДРО БА ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДОД»

Тибқи як қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ 22-юми июни соли 2010 пайкараи Владимир Ленин аз майдони марказии шаҳри Хоруғ-маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бардошта шуд.

 

ленинБа ҷои ӯ ҳайкали Исмоили Сомонӣ-рамзи таърихи кӯҳан ва ягонагии Тоҷикистон гузошта шуд. Пайкараи Ленин, ки дар тӯли қариб 90 сол ҷой, ҳаҷм ва сурати худро баъзан табдил дода, дар маркази вилоят намоён буд, ба як гӯшаи вайрона ва дурафтодаи шаҳр бурда «партофта» шуд. Ин ҳайкал ҳанӯз бо қарори комитети вилоятии КМ ПК Тоҷикистон ба муносибати 110- солагии доҳии пролетарҳо 20-уми апрели соли 1980 дар майдони асосии шаҳри Хоруғ гузошта шуда буд. Расо баъди сӣ солу як моҳу се рӯз 23-юми майи соли 2010 бошад крани борбардор меояду ба гардани Ленин ҳалқа мегузаронад. Баъд аз чанде Ленин дар боло КамАз- и кӯҳна ба як паҳлӯ меафтад. Ленинро ба микрорайони нав- маҳаллаи ба номи Карамшоев, ба самти ноҳияи Ишкошим, ки ин ҷой дар байни халқи маҳаллӣ ба номи Шарикхона (аз калимаи «шарик»-и русӣ-пуфак, ҷои идораи обуҳавосанҷии вилоят) ё Шарикобод машҳур аст, мекӯчонанд. Ленини мисини нӯҳтонна аз марказ ба самти Ишкошим рафт.

 

сомониАммо дар майдони асосии шаҳри Хоруғ бошад Исмоили Сомонӣ дар ҷои Ленин қад рост намудааст. Дар ҳақиқат ҳам пайкараи Исмоили Сомонӣ нисбати ҳайкали Илич азимтару ҷадидтар аст. Аз масофаи дуртар агар назар кунӣ, пеш аз ҳама ҳайкали Сомонӣ ба чашм мерасад. Наздиктар равӣ, дар зери ҳайкали калонаш нимпайкараҳои қаҳрамонони тоҷик саф оростаанд. Вале агар боз ҳам наздиктар шавӣ, нуқсоне хело ҳам нозуке ба чашм мехӯрад, ки бепарвогӣ нисбати таърихро маънидод мекунад. Мутаасифона, то ба ҳол дар ин майдони асосӣ, ки дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ва бинои Ҳукумати вилоятӣ қарор дорад, зери пайкараи азими Сомонӣ нишон (герб)-и СССР рӯи санг нақш баста, ҳеҷ намемонад, ки ин мардуми кӯҳистони Тоҷикистон дос ва болғаи даврони Шӯравиро фаромӯш кунанд. Шояд на ҳар кас ба ин «нуқсон» аҳамият медиҳад. Аммо ин дар маркази шаҳраки кӯчак қарор дораду ин манзараи ноаён аз чашми бинанда дар канор нахоҳад монд. Баъзан ҳатто мардум шӯхиҳо мекунанд, ки Ленин дос ва болғаи худро ба Исмоили Сомонӣ вогузошта рафт.

 

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4256-l--------r.html

Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 26.01.2011 07:27
Хукуматдорони нохияи Чалолиддини Руми агар барои тачрибаомузи ба Хоруг мерафтанд, бурд мекарданд. Чаро мардуми Бадахшон, ки достони "Ленин дар Помир" дошт, аз рафтани "Ленин аз Помир" "хафа" нашуд, вале хамшахриёни Мавлои Румро бозгашти у ба макони аслиаш норохат кардааст? Оё фаромуш кардаанд магар панди Мавлавиро, ки гуфтааст:
Хар ки монад дур агар аз асли хеш,
Боз чуяд рузгори васли хеш.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854