КАЛКУТА АЗ ОВОЗХОНҲОИ ТАРОНАҲОИ ТАСАВВУФӢ ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД
Имрӯз, дуввуми феврали соли 2011, як ҳайат даҳнафараи ҳунармандони мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Миралӣ Достиев, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон барои ширкат кардан дар як фестивали байналмилалии таронаҳои тасаввуфӣ, ки аз дуввум то 8-уми феврал дар шаҳри Калкутаи Ҳиндустон баргузор мегардад, озими ин кишвар шуд.
Ба ин ҳайат овозхонҳои маъруф, Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов, роҳбари ансамбли «Сомон», Афзалшоҳ Шодиев, солисти Филармонияи давлатӣ ва Соҳиба Давлатназарова, солисткаи Театри драмавӣ мусиқии шаҳри Хоруғ ва чанд нафар мутриби ансамбли «Сомон» шомил шуданд. Чи тавре, ки дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» Қурбоналӣ Раҳмонов гуфт, аъзои ин ҳайат тибқи барномаи ин фестивал дар гурӯҳе ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, ки дар он ҳунармандони кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ҳиндустону Эрон ҳунари хешро ба ҳаводорони ин навъи мусиқӣ пешкаш хоҳанд кард.
Қурбоналӣ Раҳмонов дар ин фестивал асосан таронаҳоеро хоҳад хонд, ки бар ашъори Абӯлмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил ва Ҷалолиддини Балхӣ эҷод шудаанд. Дар назар аст, ки ҳунармандони тоҷик берун аз чаҳорчӯбаи фестивали мазкур боз дар якчанд шаҳри Ҳиндустон консертҳо доир намоянд ва аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии ин кишвари афсонавӣ дидан кунанд. Хотиррасон мекунем, ки охири соли гузашта як гурӯҳи дигари ҳунармандони тоҷик дар чунин як фестивли ҳамсон дар шаҳри Кобули Афғонистон ширкат карда буданд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4326-kalkutta-india.html