10:21:31 05-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШАРОБИ МО ШАРОБИ АНГУРӢ НЕСТ

Дар ашъори шоирони гузаштаи тоҷику форс калимаи «май» фаровон истифода шудааст. Махсусан, аз пайдо шудани сабки ироқӣ шоирон дар ашъори хеш калимаи «май»-ро бештар истифода мебурдагӣ шуданд.Оё онҳо калимаи «май»-ро ба маънои аслиаш кор фармудаанд? Ё ин ки май ягон маънои дигаре дошта бошад? Агар онҳо майро ба маънои аслиаш кор фармуда бошанд, пас бар хилофи шариат амал кардаанд, ки гуфта шудааст: «Кулли масткунандаҳо ҳаром аст».

 Як тасаввур кунед, дар замоне, ки Носири Хусравро барои як шеъри «Мунозира бо Худо»-яш аз ватан пеш карданд, оё мумкин буд, ки Умари Хайём барин вассофи майро санг сор накунанд?! Ё худ Хоҷа Ҳофизи Шерозиро гирем, ки ӯ дар ашъори хеш майро аз ҳад зиёд истифода кардааст, вале худи ӯ ҳофизи Қуръон буда, онро дар чордаҳ ривоят қироат мекардааст. Оё мумкин аст, ки чунин шахс шароби ҳақиқиро васф карда бошаду боз китоби ӯро дар масҷиду мадрасаҳо ба ба сифати китоби таълимӣ истифода баранд? Дар баробари васф намудани май боз шоироне ёфт мешаванд, ки майро мазаммат низ кардаанд:

sufizmНакунад доно мастӣ, нахӯрад оқил май,

Наниҳад марди хирадманд сӯи пастӣ пай.

                                                  (Абмаҷди Саноӣ)

 Нашояд ошиқонро майпарастӣ,

К-аз он девонагӣ хезад, на мастӣ.

                                  (Амир Хусрави Деҳлавӣ)

 Ки ба умри худ нахӯрдастам шароб,

Хуштар ояд аз шаробам заҳри ноб.

                                     (Ҷалолиддини Румӣ)

 Агар мо боз ҳам ҷустуҷӯ кунем, гуфтаҳои зиёди бузургонро мебинем, ки майпарастиро мазаммат кардаанд. Пас сабаб дар чист, ки аксари шоирони гузаштаи тоҷику форс қубҳи майро дониста, дар васфи ӯ доди сухан додаанд? Масалан, Умари Хайём гуфтааст:

 

Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам

В-аз бода шавад кушода  банди маҳкам.

Иблис агар зи бода хӯрдӣ як дам,

Кардӣ ду ҳазор саҷда пеши Одам.

 

Май хӯрдани ман на аз барои тараб аст,

Н-аз баҳри хилофи шаръу тарки адаб аст.

Хоҳам, ки даме зи хештан бозраҳам,

Май хӯрдану маст буданам з-ин сабаб аст.

 Ё худ Хоҷа Ҳофиз дар васфи май чунин гуфтааст:

 

Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро,

Хок бар сар кун ғами айёмро.

Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар

Баркашам ин далқи азрақфомро.

Гарчи бадномист назди оқилон,

Мо намехоҳем нангу номро.

 Чунин абёти дар таърифу тавсифи май гуфташударо мо дар ашъори Лисонулғайб хеле зиёд дучор мешавем. Як чизро хотиррасон кардан зарур аст, ки аксари абёти адибони гузаштаи мо духӯрамаъно буда, аз он ду маънӣ бармеояд. Яке маънои зоҳирӣву дигаре маънои ботинист, ки он мақсади аосии шоир аст. Аз ҷумла калимаи «май» ҳам ба ҷуз маънои зоҳирӣ- луғавиаш боз маънои маҷозӣ низ дорад. Шахси аз ин истилоҳ огаҳӣ надошта побанди маънои зоҳирии он шуда, худро ба майкада мезанад ва дар охир пушаймониҳои зиёде мекунад. Оқибати майнӯшӣ ба ҷуз хонавайронӣ, саргардониву бадномӣ дигар чизе нест.

 Акнун мо доир ба ин мавзӯъ каме равшанӣ меандозем, то дигарон аз он огоҳ шуда, аз шарри шароб иҷтиноб варзанд. Ҳар як байте, ки аз шоирони гузашта дар ситоишу васфи май бошад, онро ба маънои асливу ҳақиқии майи ангурӣ фаҳмидан раво нест. Фарқи майи ангурӣ аз майи маҷозӣ дар он аст, ки шоирони гузашта дар зери мафҳуми май на оби ангурӣ, балки завқу шавқе, ки аз ишқи Илоҳӣ дар дили онҳо ҷӯш мезад, ҳамонро дар назар доштанд.

 Барои тасдиқи ин сухан аз гуфтори донишмандони соҳа чанд иқтибосе меорам. Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар як ғазалаш чунин овардааст:

 

Ғофиланд аз зиндагӣ мастони хоб,

Зиндагонӣ чист? Мастӣ аз шароб?!

То напиндорӣ шаробе гуфтамат,

Хонаободону ақл аз вай хароб.

Аз шароби шавқи ҷонон маст шав,

К-он чи ақлат мебарад, шар асту об.

 Аз абёти боло маълум мегардад, ки Саъдӣ шахсони аз зиндагӣ масти хоб бударо дар ғафлат меҳисобад ва зиндагиро дар маст будан авло медонад. Саъдӣ аз ин тарзи ҳал кардани масъала розӣ нашуда, гуфтаи хешро боз шарҳ додааст, ки эй хонандаи шеър, то фикр накунӣ, ки ман шароб гуфта шароби ангуриро дар назар дошта бошам, балки ман шароби шавқи ҷонон (Худо)-ро дар назар дорам, ки шароб ақли инсонро хароб мекунад.

 Боз мисолеро аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ меорем:

 Аллаҳ, Аллаҳ, чунки ориф гуфт май,

Пеши ориф кай бувад маълум май.

Фаҳми ту чун бодаи шайтон бувад,

Кай туро фаҳми майи Раҳмон бувад.

 Аз абёти ин мутафаккир ҳам бармеояд, ки майи шайтонӣ аз майи Раҳмонӣ фарқи калон дорад. Дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ омадааст:

 

Марди Худо маст бувад бе шароб,

Марди Худо сер бувад бе кабоб.

 Ин мазмунро мо дар як ғазали Абдурраҳмони Ҷомӣ низ мебинем:

 

Ҷомӣ аз ишқи ту шуд маст, на май диду на ҷом,

Базми ишқ аст, чӣ ҷойи маю ҷом аст ин ҷо?!

 Профессори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Аҳмад Абдуллоев дар яке аз мақолаҳои хеш оид ба ин мавзӯъ чунин нигоштааст: «Мазмуни рамзиву истиоравии май, бахусус дар назми тасаввуф ва дар шеъри озодфикрона низ сахт таъсир кард. Майе ки аҳли тасаввуф васф кардаанд, аз ин ғоя ба маслаки илоҳиҷӯию шинохтани вуҷуди Ҳақ вобаста буд» (маҷ. «Илм ва ҳаёт» №11, 1990, саҳ.23).

 Дар ҷои дигари ин мақола иқтибосе аз рисолаи «Миръотулушшоқ» оварда шудааст, ки мафҳуми сӯфиёнаи майро шарҳ медиҳад: «Май таҷаллии Илоҳист, шароб гоҳе ба завқ итлоқ намоянд ва гоҳе дигар бар зот итлоқ намоянд, ки муқтазои он ихфои асар ва фанои солик бувад» (Ҳамон ҷо, саҳ. 23).

 Домани ин мавзӯъ хеле фарох аст, вале мо суханро мухтасар кардем, то хонандаи закӣ аз ин далелҳои мо хулосаи даркорӣ барорад ва ба асли матлаб огаҳӣ ёбад. Бинобар ҳамин риштаи суханро бо абёти Мавлавии Балхӣ қатъ менамоем, ки гуфта:

 

На ман беҳуда гирди кӯи он дилдор мегардам,

Мазоқи ошиқӣ дорам, пайи дилдор мегардам.

Шароби шавқ менӯшам, ба гирди ёр мегардам,

Сухан мастона мегӯям, вале ҳушёр мегардам.

 Раҷабалии Худоёрзода, шаҳри Қӯрғонтеппа, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
-1 #2 RE: ШАРОБИ МО ШАРОБИ АНГУРӢ НЕСТGuest 03.07.2015 18:06
Маънои калимаи май чист?
 
 
0 #1 Guest 08.02.2011 04:22
ba har hol vaqte vozhihai MAI yo SHAROB vujud doshtaast ya'ne asli on vujud doshtaast va ya'ne budaand nafarone ki onro nushe jon mekardand va onro mesaroidand.
Manzur mai-i voqe'iro
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi