13:00:14 07-уми Июни 2025 сол

«РАВЗАНАИ ДИДОР» БА ДИДОРИ ХОНАНДАГОНАШ РАСИД

Китоби дуввуми «Равзанаи дидор»- и рӯзноманигори маъруф ва шоираи ширинсухани кишвар Барнои Қодирдухт ба дасти хонандагонаш расид. Китобро нашриёти «Адиб» бо теъдоди ниҳоят маҳдуд, ҳамагӣ 200 нусха, ба нашр расондааст.

 

barnoi-kodirdukhtКитоби  нахустини «Равзанаи дидор» соли 2004 аз чоп баромада буд. «Равзанаи дидор» маҷмӯи мусоҳибаҳои ин рӯзноманигори варзида бо шахсиятҳои маъруфи кишвар мебошад.  Дар китоби нахустинаш Барнои Қодирдухт агар ҳабдаҳ мусоҳибаро ҷо дода бошад, дар ин китоб сӯҳбатҳои хеле ҷолиб ва хонданиашро бо нуздаҳ нафар аз шахсиятҳои хеле шинохтаи илмиву фарҳангии кишвар овардааст. Ба китоб устоди жанри мусоҳиба дар матбуоти тоҷик Фотеҳи Абдулло сарсухан навишта азҷумла гуфтааст, ки «Барнои Қодирдухт аз он рӯзноманигорон ва шеърпардозоне ҷавон аст, ки арзише ба мусоҳиба қоил аст ва тавассути он андешаҳое ҷазбкунандаро аз даруни мусоҳиба берун мекашад ва гоҳе ҳам сиголҳояшро роҷеъи қазияҳои ҳунарӣ баён медорад…».

 

Ҳама мусоҳибаҳои ин китоби Барнои Қодирдухт чун дигар навиштаҳояш ҷолиб ва муфиданд. Вале мусоҳибаҳое, ки бо овозхони маъруф шодравон устод Зафар Нозим, бо коргардони беназири театр худораҳматӣ Фаррух Қосим, оҳангсози бесобиқа равоншод Фаттоҳ Одинаев анҷом додааст,  чун худи ин шахсиятҳо нотакрор ва ба ҳукми таърих

даромаданд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4473-ravzanai-didor.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854