МАРГИ ШОИР, МАРГИ ИШҚАСТ, МАРГИ ЯК ДУНЁСТ
Сафармуҳаммади Аюбӣ, шоир ва драмнависи маъруфи тоҷик, ки ахиран аз бемории саратони мағз азият мекашид, дар синни 66-солагӣ дунёи ҳастиро падрӯд гуфт.
Бале, ин ҳамон Сафармуҳаммади Аюбӣ аст, ки солҳои рукуди замони шӯравӣ болои саҳнаи театрии тоҷик ҳам ба маънои асливу ҳам маҷозиаш «Фишор» оварда буд. Асари драмавии ӯ «Фишор» (1984), ки онро коргардони театри вилоятии Кӯлоб Мирзоватан Миров ба саҳна гузошта буд, дар ҳамон замони шӯравӣ на танҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Парасту», балки дар фестивали театрҳои касбии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна «Наврӯз» дар соли 1985 ба гирифтани ҷоизаи «Гран при» ноил гардид. Мирзоватан Миров, саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ бо шодравон Сафармуҳаммади Аюбӣ ҳамкориҳои зиёди эҷодӣ доштааст. Ӯ марги дӯсташро талафоти калоне барои фарҳангу адабиёти тоҷик медонад:
Мирзоватан Миров: Имрӯз барои мо дӯстон, ҳамкорон, аҳли эҷоди Тоҷикистон талафоти калон пеш омад. Устод Сафармуҳаммади Аюбӣ ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. Ману Сафармуҳаммад Аюбӣ зиёда аз сӣ сол дар шаҳри Кӯлоб ҳамкору ҳамсоя будем. Баъдан ин ҳамкории мо дар Душанбе давом кард. Зиёда аз даҳ асари калонҳаҷм, беш аз сӣ оҳанги гуногун бар осори шодравон эҷод кардаам. Аз ҳама муҳимаш инсони биёр шариф, шахси фурӯтан, инсоне буд, ки ситеза надошт. Софдил, бекина дӯсти бисёр бовафо, соҳибқалами бисёр миллатдӯст. Инсоне буд, ки дар ғами ҷомеъа буд. Каломи бадеъ, завқи баланд дошт. Барои рушду нумӯи адабиёту санъат, хусусан санъати театри хизматҳои босазое кард. Бисёр шахси оиладӯст ва фарзанддӯст буд. Бисёр хусусиятҳои хубе дошт, ки дар бисёре аз мо эҷодкорон кам дидан мумкин буд. Ҷояш ҷаннат бод, гӯраш рӯшан бод, Алвидоъ мегӯем, алвидоъ.
Қабл аз баргузории намози ҷаноза дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Яккачинор»-и пойтахти кишвар маросими ба манзили абадият гусел кардан ин сарсупурдаи адабиёт ва санъати тоҷик баргузор гардид. Маросимро бо сухани муқадимавӣ Раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ кушод:
Меҳмон Бахтӣ: Адабиёт ва фарҳанги тоҷик талафоти калон дод. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Арбоби ҳунари ҷумҳурӣ Сафармуҳаммад Аюбӣ 22 феврали сол 2011 дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт. Номи Сафармуҳммад Аюбӣ чун шоиру драматурги пуркор миёни ҷамъият 40 соли охир бо накӯӣ пайваста ба забон оварда мешуд.
Сафармуҳаммад Аюбӣ 20-и декабри соли 1945 дар шаҳри бостонии Кӯлоб дида ба ҷаҳон бикшуд, ҷаҳоне ки минбаъд дар осори адабиаш бо ҳусну қубҳаш, бо гузаштаву имрӯзааш амиқу фарох ва зебо тасвир ёфт. Ӯ дар муҳити фарҳангии шаҳри Кӯлоб ба камол расид ва дар овони ҷавонӣ ба шеър гуфтан оғоз намуд. Аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта сар карда осори адабии ӯ тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо пешкаши ҳаводорони шеъру адаб гардид.
Шеърҳои ин шоири хушсалиқа ва хушбаён дар дили хонандагони сершумор зуд маъво гирифт. Маҷмӯаҳои ашъори Сафармуҳаммад Аюбӣ бо унвони «Гули гандум», «Роҳи сафар», «Шохаи барқ», «Фалаки роғӣ», «Осори мунтахаб», «Ҷилвагоҳи офтоб» ва китобҳои хурду бузурги шеъру достон, маснавиву қиссаҳояш аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ ва муҳаққиқони адабиёт ва театр хуш пазируфта шуданд. Сафармуҳаммад Аюбӣ дар равнақи драматургияи милиӣ, алалхусус драмаи манзум дар адабиёти тоҷик таҳаввулоте ба амал овард ва мактабе низ созмон дод.
Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба хешу ақрабои марҳум таъзия баён намуда аз ҷумла чунин гуфт:
Муҳаммадсаид Убайдуллоев: Дӯстони азиз, ҳамшаҳриён, дар васфи Аюбӣ шояд қудрати забондониву ҷаҳондониву ҷаҳонбинии ман имкони онро надорад, ки бо лафзи бурро, бо суханҳои оддӣ онро ифода созам. Вақте, ки имрӯз мо барои падруд гуфтан бо ин инсони наҷиб ҷамъ омадаем, беихтиёр гумон мекунам, ки ҳар яки мо дар фикри он ҳастем, ки чӣ тавр монанди Аюбӣ зиндагӣ кунем, ки баъди даргузаштамон монанди Аюбӣ баъди садсолаҳову ҳазорсолаҳо номи ҳар яки моро низ вирди забонҳо гардонад.
Аюбӣ чунон боодоб буд, чунон фарҳангӣ буд, чунон инсони бемисл буд, ки ба фикрам дар рӯйи замин чӣ ба воситаи қалам ва чӣ ба воситаи он қадамҳое, ки устувор мегузошт, ба фикрам ҳатто мӯрчаеро озор надода бошад. Ба ҳамаи мушкилиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда Аюбӣ яке аз онҳое ҳаст, ки аввалин шуда дар собиқ вилояти Кӯлоб, дар Тоҷикистон ҳам бигӯем хато намекунем, ошкорбаён буданд, перестройшик буданд.
Вай аз тамоми мушкилиҳои зиндагӣ натарсида дар ҳамон солҳои тоталитарии вазнин ҳақиқатро ба қалам медод, ҳақиқатро мегуфт ва он асарҳое, ки ба саҳна гузоштагӣ буд аз «Фишор»-аш оғоз карда то ба охир агар ҳамту фикр кунем як ҷаҳоне ҳаст, ки вақти имрӯзаро вай пеш гузашта буд. Аз нигоҳи нависандагӣ ҳам агар гирем, ҳар як асаре, ки Аюбӣ эҷод кардааст, назир надорад.
Дар ҳамин лаҳзаҳои мушкил ман мехостам пеш аз ҳама аз номи роҳбарияти олии давлат бо сарварии ҷаноби олӣ Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Аюбиро шахсан мешинохтанд, эҳтиром мекарданд, таъзия баён намоям. Ҳамзамон аз номи тамоми кормандони мақомоти маҳаллии иҷроияи шаҳри Душанбе, ба аҳли оилаи марҳум, ба Шумо, дӯстони Сафармуҳаммад Аюбӣ таъзия баён намуда, аз даргоҳи Худованди ҳаждаҳ ҳазори олам барои онҳо ва Шумо сабри ҷамил орзумандам.
Нуралӣ Аюбӣ, бародари шодравон Сафармуҳаммад Аюбӣ аз фарзанди падар чунин ёдовар шуд:
Нуралӣ Аюбӣ: Сафармуҳаммад Аюбӣ аз хурдӣ то ба имрӯз ягон касро озор надодааст. Нисбати ягон кас беҳурматӣ накардааст, Ягон касро наранҷондааст, малол накардааст. Бародари ман бисёр инсони хуб буд. Чунки ӯ дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда тарбия ёфта буд.
Бародарҷони ман марди сахо буд,
Тамоми ҳастияш меҳру вафо буд.
Намондаст ӯ қадам берун зи эҳсон,
Барои халқи худ доди Худо буд.
Будӣ ҳимматбаланд монанди Ҳотам
Тавонаш бо бузургон ҳамсадо буд.
Худоё, рӯҳи ӯро шод гардон,
Чунин аст ибтидову интиҳо буд.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло эҳсосоти худро дар сӯги марги як ҳамкасбаш дар либоси шеър чунин изҳор дошт:
Камол Насрулло: Сафармуҳаммад Аюбӣ дар марги шоири дигар гуфта буд:
Шеваи гуфтори ӯ монанди барқи осмон,
Шеъри ӯ монанди оби чашмаи Коррез буд.
Ҷу ба ҷӯю кӯҳ ба кӯҳ мерафт ашъори тараш,
Синаҳо монанди саҳроҳо аз ӯ гулбез буд.
У намегунҷид дар дунё, ки дунё буд худ,
Буд дар набзаш ту гӯӣ хуни пурҷӯши уқоб,
Аз барои дона не, ӯ ошиқи парвоз буд,
Буд умри шоири шӯрида дар ҳукми шитоб.
Беҳтарин дороии Сафармуҳаммад Аюбӣ дар ин дунё сухан буд. Худаш мегӯяд, ки
Қиммату қадри мунодӣ зи камоли сухан аст,
Дилрабоии ту аз ҳусну ҷамоли сухан аст.
Баҳри мо ҷуз сухани нек мукофоте нест,
Ҳар куҷоем таманнову висоли сухан аст.
Эй адибон, ки зи хуни ҷигар иншо доред,
Рӯи сархони шумо нони ҳалоли сухан аст.
Мусҳафи дафтари Аюбӣ шавад боғи биҳишт,
Чу замине, ки пур аз тозаниҳоли суханаст.
Марги шоир марги як рӯд аст, як роҳ аст,
Марги шоир марги як кӯҳ аст, як моҳ аст.
Марги шоир марги як ишқаст, як маъност,
Марги шоир марги як мардаст, як дунёст.
Марги шоир марги бовар, марги умед аст,
Марги нуру рӯшноӣ марги хуршед аст.
Барг бар андешаҳош, барги шоир, барги мост,
Марги шоир марги шоир нест, марги мост.
Намози ҷанозаи Сафармуҳаммади Аюбӣ бо имоматии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоҷӣ Саидмукаррами Абдулқодирзода баргузор гардид ва дар мазори шуаро ва удабо воқеъ дар мавзеи Лучоб ба хок супурда шуд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4518-margi-shoir-margi-ishkast-margi-dunyost.html