22:18:37 02-уми Июни 2025 сол

МУШКИЛИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОСОНӢ ҲАЛ НАМЕШАВАД

Қисмати аввал

Қисмати дуввум

Қисмати саввум

Қисмати чаҳҳорум

 

Нашрияҳойи бегоназбон хеле зиёданд

 

Ахмадшохи КомилзодаМо як мушкили умдаи дигар низ дар роҳи таҷдиду рушди забони давлатӣ дорем ва ман бо итминон мегӯям, ки роҳи ҳалли он дақиқан ба дӯши ҳукумати кишвар аст. Дар шаҳри Душанбе, ки пойтахти кишвар аст ва масъулияти пахшу густариши фарҳангу маънавиёти миллат, бавижа забони онро дорад, даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои кӯчабозорӣ ба забонҳои ғайр нашру паҳн мешавад. Бо таъкид бояд гуфт, ки ин гуна нашрияҳо дар густариши фарҳангу забонҳои ғайр дар миёни насли ҷавону ноогоҳи кишвари мо нақши умда ва душманонаро мебозанд. Муҳтавойи бештарини ин нашрияҳо холӣ аз ҷавҳари донишу маълумот ва маънавиёт буда, танҳо зоҳири фиребанда доранд. Дар ин гуна нашрияҳо амалан матолиби рӯзномаҳои кӯчабозории Русия рӯйнавис шуда, саросар аз таблиғот, маводи фолбинӣ, ҷадвалу муаммо ва саргармиҳойи бефоида иборатанд, ки дар дарку биниш ва андешаву маърифати бархе аз ҷавони ҷомеаи мо таъсири манфӣ расондааст.

 

Андешаи мардум низ ислоҳот мехоҳад

Аммо мавзӯи сиёсати забонии шӯравӣ нисбат ба забони форсии тоҷикӣ хеле душманона буд ва ин сиёсати барғалат имрӯз низ дар ҷомеи мо то андозае ҳукмрон аст. Ин сиёсат дар тӯли даҳсолаҳо кадрҳои «ихтисоснок»-еро барои худ тарбия кардааст, ин кадрҳо ҳанӯз ҳам бо унвонҳои болохонадор дар сари дегу кафлези фарҳангу забони мо бо дасту остини барзада барои мардуми мо «ғизо» медиҳанд. Ин «устодони забону фарҳанг» ба осонӣ вожаҳои (копрук, қушун, қурол, тумшуқ, прокурор, студент… ва садҳо калимаву вожаҳои бегона ва ҷумлаҳои сохти шикаста)-ро вориди забони мо кардаанд ва агар лозим шавад, дар ин бора фармони ҳукуматро содир мекунанд. Чунки онҳо мисли устодони шарқшиноси советиашон аз он тарс доранд, ки мабодо ягон калимаи ба қавли худашон «иронча ё афғонча» ба Тоҷикистон наояд.

 

Кор ба ҷойе кашидааст, ки ҳар касе дар ин кишвар, агар як вожаи тоҷикии навро шунавад, онро иронӣ ё афғонӣ ҳукм мекунад ва ин ҳукмро тарзе баён мекунад, ки гӯё гӯяндааш гуноҳи азиме содир карда бошад. Барои мисол, агар шумо ба касе «дуруд» бигӯед, ба шумо бо шубҳа нигоҳ мекунад ва шуморо иронӣ ё афғон мепиндорад. Вале агар «копрук» ё «қушун» бигӯед, шуморо аз худ медонад. Албатта, касоне, ки ҳамеша ин мардумро аз номи Ирон ва Афғонистон метарсонданд, то як андоза бефараҳ шудаанд. Зеро имрӯз дигар зӯри онҳо барои бартараф кардани вожаҳои асили тоҷикӣ чун «фурӯдгоҳ, чархбол, донишгоҳ, пажӯҳишгоҳ, фарҳангистон» ва садҳо калимаи дигар, ки ҳамагӣ 10-15 сол пеш онҳоро иронӣ хонда мардумро метарсонданд, намерасад.

 

Барои мисол, мутобиқ ба фармудаҳои ҳукумат бояд дар расмиёт истилоҳоти «Президент, суд, прокурор» ва даҳҳо калимаҳои ба инҳо монанд истифода шаванд. Вале бовар кунед, аксари мардум «Раиси Ҷумҳур, додгоҳ, додситон» мегӯянд, зеро ин гуна вожаҳо ҳам аз нигоҳи маънӣ ва ҳам аз нигоҳи табиати забониашон ба зеҳни мардум хеле наздику худианд. Васоити Ахбори Омма масъулияти бузургеро дар баробари мардум ба уҳда доранд. Мардум ба нашрияҳои мустақил дастрасии бештар доранд ва табиист, ки усули дурусти имлову баён, истифодаи солими вожаву истилоҳот ва бештар аз ин, сохти дурусти ҷумларо аз матбуот меомӯзанд. Аммо тавре дида мешавад, матбуоти даврии мо нуқсони ҷиддӣ хеле фаровонро ба сурати фоҳиш пешкаши хонандаҳо мекунад.

 

Умедворем дар ин марҳалаи муҳим, ки заминае барои ислоҳот дар анқариб ҳамаи арсаҳои забони миллии мо ба вуҷуд омадааст, пеш аз ҳама Ҳукумати кишвар, Кумитаи забон ва истилоҳот, донишмандони гиромии кишвар, раҳбарони ҳама воситаҳои ахбори умум ва шахсони муҳимтарини ин ислоҳот – журналистони азизи тоҷик ҳар чӣ бештар, самимонатар ва масъулонатар ба ислоҳоти пайгирона даст мезананд.

 

ЗАБОНРО АЗ КӢ ВА ДАР КУҶО МЕОМӮЗЕМ?

Забони шиору овезаҳо ва истилоҳот

Хеле аз истилоҳоти забони мо, бавижа номгузориҳо, истилоҳоти техникӣ, майишӣ, тиббӣ ва монанди инҳо он қадар мушкил, бегонаавзоъ, гоҳе номафҳум ва душворталаффуз ҳастанд, ки худ ба худ боиси мушкилоти дарки мафҳум ва талаффуз ҳастанд. Табиист, ки ин равиш дар паст шудани сатҳи дониш ва дарки умумии мардуми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Рӯшан аст, ки бештарини истилоҳоти мо бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ баргирифта аз забони русӣ ҳастанд ва ҳамин гуна корбурд мешаванд. Дар натиҷаи тақлидкорӣ ва тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз русӣ вожаву истилоҳоти забони мо гоҳе ба ҳоли хандахариш табдил шудаанд.

 

«Иттиллоотикунонӣ» – ин истилоҳи аҷибу ғариб дар барчаспи девори Вазорати алоқа овехта шудааст ва шояд муаллифи он аз кашфиёти худ хеле қаноатманд бошад. БДА – Бехатарии Давлатии Автомобилӣ, магар ин ҳам ном шуд, охир номро бо истифода аз исм мегузоранд, вале дар ин ном се сифатро қатор чинда ном гузоштаанд, ки ҳамеша ноҳинҷор аст ва як исм тақозо дорад. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ – номи тақлидии хеле кӯҳна аст. Меҳнат дар луғатҳои муътабари мо ҳамеша маънои мусибат, бало ва бадбахтиро дорад ва бо ҳамин маънӣ аз заҳмат ва кор тафовут дорад. Ин ҷо манзур вазорати кор аст, ки онро ба вазорати мусибат табдил додаанд. Дар Тоҷикистони мо вожаи «меҳнат»-ро ҳамеша ба ҷойи «заҳмат» ва «кор» истифода мекунанд, ки ғалат аст. Заҳмату кор метавонад ифтихор дошта бошад, вале меҳнат – не.

 

Номи дигар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – тарҷума аз «Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией РТ» аст. Номи мушкил ва хеле дароз аст ва мардум ҳам онро ба таври худ истифода мебаранд: «Коррупсия омад…» – яъне коррупсионер омад, на касе, ки бар зидди он мубориза мебарад. Нахуст, дар ин тарҷума хеле камбудиҳо мавҷуд аст. Агентӣ не, балки агент гуфтан дуруст аст, зеро ин як агенти давлат аст, назорати давлатии молиявӣ (молия гуфтан беҳтар аст) номи изофӣ аст, зеро мубориза бо коррупсия худ назорат аст, гузашта аз ин ҳама органҳои марбутаи давлат вазифадоранд арсаи молияро назорат кунанд ва воқеан ҳам гоҳе бештар аз зарурат ин соҳаро тафтиш мекунанд. Ба назари ман, Агенти мубориза бо коррупсия гуфтан кифоя аст.

 

Аз ин мушкилтару бадтараш ҳам ҳаст: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – баргирифта аз «Главное управление по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному делу при Правительстве РТ». Ин гуна номҳои сохтаву бофта дар кишвари мо хеле зиёд аст. Аслан номгузорӣ бояд бар пояйи фарҳангу дарки миллӣ сурат бигирад ва агар бар тақлиди дигарон бошад, ҳамеша пайомади нохуш медошта бошад.

 

Ва муҳимтарин шарти номгузорӣ кӯтоҳ будани он аст, то мардум номи гузоштаро дуруст истифода кунанд. Ҳич зарарурате нест, ки барои мисол, номи як вазорат мафҳуми тамоми шӯъбаҳо ва ҷузъиёти дигари ин соҳаро дар бар бигирад. Агар Вазорати об бигӯем, табъан дигар мелиоратсия, захираҳои обӣ, каналу заҳбур ва чанд сохтори марбут ба он дар назар аст ва мардум ба ин одат мекунанд, ки ҳамон ҷузъиёт ҳам дар ҳамин вазорат ҳастанд. Гузашта аз ин, мардум номи кӯтоҳро зуд ва хуб қабул мекунанд. Мисли: Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати саноат…

 

Таносуби сухан

Риояти таносуби сухан ва номсозӣ дар кишвар ба далели бепарвойӣ ва набуди назорат ба ҳадди ифрот расидааст. Ҳар кас ҳар чизе, ки хоҳад менависад ва онро ба ба дару девори шаҳру деҳоти кишвар меовезад. Шиору овезаҳо, ки намунае аз эҳтирому поси забон ва фарҳанги миллат ҳастанд, пурғалату бо иштибоҳот дар пеши чашми мардум овехта шудаанд. Ва ин ғалаткорӣ ба ҳадде расонда шудааст, ки онро ҳамчун амали дуруст мешуморанд ва агар шакли дурустро пешниҳод кунӣ, онро ғалат мепиндоранд. Дар рӯбарӯйи дарвозаи шимолии бозори Шоҳмансури пойтахт, дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 9 ва паҳлӯи он чашмам ба се навиштае афтод, ки ҳамагӣ ғалат ва намунае аз иштибоҳоти оммавӣ ҳастанд: «Мағозаи тухми зироатӣ», як метр дуртар аз он боз ҳам «Мағозаи фирмавии тухми зироатӣ», «Мағозаи масолеҳи сохтумонӣ», албатта шакли солими ин номҳо: тухми зироат ва масолеҳи сохтмон аст.

 

Дар пойтахт ва амалан дар ҳама шаҳру деҳоти кишвар мо бо номгузориҳои ғалат чун «Мағозаи китобҳо», «Мағозаи соатҳо», дар паҳлӯи Фурӯшгоҳи марказии пойтахт: «Гулҳои хонагӣ», «Тухмҳои гул», Мағозаи компютерҳо, «Фаршҳои гарм», «Чиптаҳои ҳавопаймоӣ», «Фурӯшгоҳи варзишӣ) – (Магар варзиш фурӯхта мешавад?!)… рӯбарӯ мешавем. Бояд гуфт, ки дар номгузории форсии тоҷикӣ ном ба шакли танҳо гузошта мешавад, ки худаш табиатан маънои ҷамъро дорад. Яъне мегӯем «Мағозаи китоб», вале ин ба он маъное нест, ки дар он танҳо як китоб бошад. Шакли дигари ғалатҳои маъруф ибораҳои: 150 нафар одамон, 15 адад китобҳо ва мисли ин аст. Таваҷҷуҳ шавад, ки вақте шумораи ҷамъ аст, бояд исми пас аз он омада ба шакли танҳо ифода шавад ва дар гӯйиш хеле хушсадо аст: 150 нафар одам, 15 китоб.

 

Чун номгузорӣ ҷузъе аз фарҳанги миллист, бояд дастандаркорони ин бахш дар номгузорӣ масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд. Дар бештарин овезаҳо навиштаҳое чун мағозаи хӯрокворӣ, кошонаи ҳусн, тарабхона ва монад ба инро мебинем ва номгузорон, соҳибони ин фурӯшгоҳҳо ва саранҷом мардум шояд ин овезаҳор чун ном қабул кунанд. Ин гуна навиштаҳо воқеан номи ҷойгоҳ нестанд, балки шакл ё соҳае аз тиҷорат мебошанд, ки барғалат ҳамчун унвон бар сари дӯконҳо овехта шудаанд.

 

Шакли дурустнахуст номи хоси дӯкон, фурӯшгоҳ, маркази тиҷорат ва ҳар гуна марказҳои ҳунарӣ ва фарҳангист, ки бояд бо ҳарфи калон дар боло ва дар поёни он бо ҳарфи хурдтар шакл ё соҳаи амал навишта шавад. Он гоҳ, чунин номҳо ҳам аз нигоҳи номгузорӣ хубанд ва ҳам хубтар дар ёди мардум боқӣ мемонанд. Барои мисол дар наздики Фурӯшгоҳи марказӣ чунин навиштаро дидам: Бо ҳарфи калон ТАРАБХОНА ва RESTOURAHT ва дар миёна бо ҳарфи хурд «Мақсад» навишта шудааст. «МАҚСАД» номи ресторан аст ва бояд бо ҳарфи калон навишта ва дар паҳлӯяш шакли хадамот – яъне тарабхона ё restouraht ба ҳарфи хурдтар навишта шавад.

 

Хиёнате бузург

Албатта хеле аз донишмандони мо аз ин нукта огоҳанд, ки ин намуди каҷрафториҳо солҳои пешин бар асари қарорҳои махсуси Вазорати маориф ва дигар ташкилотҳои дахлдор дар зеҳну гуфтори мардум ба сурати иҷборӣ ворид карда шудаанд ва имрӯз аксари мардуми мо ба ин шеваи гуфтор одат кардаанд. Маълум аст, ки ҳадаф аз қабули чунин қарорҳои душманона бар зидди забони форсии тоҷикӣ ҳадафмандона за сӯйи душманони забон амалӣ мешуд. Ҳадафи ин гурӯҳи одамон, ки дар қудрати давлати онвақтаи Тоҷикистон (агар онро давлат номидан мумкин бошад) дасти боло доштанд, дур кардани мардум аз асолати забон ва ҳарчӣ дуртар кардани забони форсии тоҷикӣ аз асли худ – забони форсӣ будааст.

 

(идома дорад)

 

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4611-ahmadshohi-komilzoda-mushkili-zabon-dar-tojikiston.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854