13:57:47 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

САЪДИИ СОНӢ: АВЗОИ ҶОМИЪА, ПАРЛУМОН, ПАЁМ ВА САЛОМ

sadullo-muso-454545.jpgШоири ширинкаломи тоҷик Саъдуллоҳи Мӯсо, ки бо тахаллуси Сонӣ шеърҳои дилангезу хонданӣ эҷод менамояд, ду шеъри ба тозагӣ иншо намудаи худро, ки дар мавзӯи рӯз навишта шудаанд, ба унвонии сомонаи мо лутфан ирсол намуд. Инак мо онҳоро бо камоли миннатдорӣ пешкаши Шумо азизон-муштариёни сомонаи Ruzgor.tj менамоем.

АВЗОИ ҶОМИЪА, ПАРЛУМОН, ПАЁМ ВА САЛОМ

Як гурда рафту мардуми дугурдадор монд,

Ҳар он дугурдаро натавон гурдадор хонд.

 

Сангиндиле зи ришваситонӣ наҳанг шуд,

Сангин сабри мо буду ӯ гурдасанг шуд.

 

Ҳайрону саргазон чу муҳоҷир шавад ҷавон,

Ҳар волидайнро биравад ҳамраҳаш  равон.

 

Асри сафолу мо думи гандум гирифтаем,

Гандум захира андаруни хум гирифтаем.

 

Бегоҳи ҷумъа омаду ишкам гаронӣ кард,

Дар мурдахона мурдадил ишкамчаронӣ кард.

 

Шуд кар ду гӯш аз чапакандози парлумон,

В-аз дасти мавҷи карсаку кафкӯбӣ ал-амон.

 

Бо он вакили хеш шунида Паёми нав,

Аз мо расонӣ Сонӣ ба ишон саломи нав.                        

 

РАЪД, "БАРҚИ ТОҶИК", ЗИЁӢ, РУСИЁ ВА ВУСТООСИЁ

Раъд ғурриду бигашт олам ба чашмам диданӣ,

Бар  фазои хонаи  кӯлобӣ  омад рӯшанӣ.

Шуд, инак, қишлоқи ҳам бар хоҷа чун арзиз азиз,

Э хушо, будаст он афсонаро анҷом низ

Нусхаи бар асл тавъам шӯҳраи офоқ шуд,

Қисмате аз пойтахти мо яке қишлоқ шуд.

Ғарқаи нури басар дар коми шаб афтодаам,

Зиндабаргӯре зи аҳли мардуми озодаам.

Дар миёни зулмати зеҳни зиёӣ монда,

Маъзарат кай хоҳам ишонро сиё(ҳ)и хонда.

Миллате к-озодагонаш аз яку ду беш нест,

Ҳамчу паргор аст гардон, рӯшанӣ аз пеш нест.

Минбаре ҳар ҷо сарои мардуми маддоҳ шуд,

Зодаҳои "зинда бод"-и оқибат арвоҳ шуд.

Русиёҳиҳо ба тарҳи нав гуморад Русиё,

Хирси сармозода орад рӯ ба Вустоосиё.

Хоҳад афкандан ба шоми зулмати мо офтоб,

Бо далели халқсолорӣ бихоҳад инқилоб.

Фард-фарди мо, вале дар чанги ишкам банда аст,

Рӯҳамон ҳиҷрат намо, к-ин мулки тан шарманда аст.

Шуд дигар дунёву дар аҳволи мо тағйир нест,

Қавм агар хушхоб бошад, шоҳро тақсир чист?

СОНӢ, барои «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 21.05.2011 22:30
Bah-bah, xudo kunad ki in gapho ba gushi on mardumon birasad.
+In shoironi beshuuri mo boyad tarzi navishti she'rro az SONI yod bigirand.

Aslan taajub kardam ki shoiri ba in xubi dore(ham az nazari ghoya, sabk va vazni sher hama chiz dar joyash)
Mutashakiram az oghoi Soni
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi