06:14:39 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ВОЖАҲОИ СУҒДӢ ДАР ГУФТОРИ ИМРӮЗИЁН

Фарҳангу адабиёти халқи тоҷик таърихи хеле бостонӣ дошта, то ба давраҳои дуҳазорсолаи пеш аз мелод рафта мерасад. Сарчашмаҳои хаттӣ, махсусан «Авасто» ва навиштаҳои хати мехӣ ин гуфтаро тасдиқ менамоянд. Тавре ки маълум аст, халқи тоҷик то асри ҳафт дар шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ – Самарқанду Бухоро бо забони суғдӣ гап мезаданд ва динашон ҳам оташпарастӣ буд.

jagnob11222.jpgАрабҳо пас аз Мовароуннаҳру Хуросонро ба даст даровардан мардумони ин минтақаро аз дини пешинаашон – оташпарастӣ  маҳрум гардонида, дар ин сарзамин иҷборан дини исломро ҷорӣ менамоянд. Дар ду асри аввали ислом забони расмии мардумони Осиёи Марказӣ забони арабӣ ба ҳисоб рафта, забонҳои маҳаллӣ, аз ҷумла суғдӣ фақат дар байни қисми ками одамон боқӣ мемонад. Як қисм мардуми ватандӯст барои аз байн нарафтани забон, одат ва анъанаҳои аҷдодии хеш рӯ ба кӯҳистон оварда, забону анъанаҳои хешро то имрӯз ҳифз намудаанд.

Аз ҷумла, туфайли дараи душворгузари Яғнобро манзили зисти хеш қарор додани як гурӯҳ одамон забони суғдӣ то замони мо омада расидааст. Имрӯз ин забон бинобар сабаби дар дараи Яғноб боқӣ мнданаш ҳамчун забони яғнобӣ (суғдӣ) маълуму машҳур аст. Дар банди 2-юми моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад». Бинобар моро зарур аст, ки ин ганҷи нодирро чун гавҳакари чашм эҳтиёт намоем, омӯзем ва онро ба наслҳои оянда беолоиш расонем.

Халқи тоҷик то солҳои охир дар бораи ин забон қариб, ки чизе намедонист. Зиёда аз 130 сол боз шарқшиносони хориҷӣ ба таҳқиқи забон, фолклор ва дигар анъанаҳои мардуми дараи Яғноб машғуланд.

Хушбахтона, солҳои охир донишмандони тоҷик низ ба таҳқиқу омӯзиши забони яғнобӣ (суғдӣ) пардохта, асарҳои ҷолибе офариданд, ки он китобҳо барои мутахассисони соҳаи филология, эроншиносон, коркунони соҳаи фарҳанг ва умуман барои онҳое, ки ба омӯзиши забони яғннобӣ майлу рағбат доранд, бисёр муфид мебошанд. Имрӯз яғнобиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Айнӣ, Зафаробод, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвон сукунат дошта, бо ҳамдигар бо забони яғнобӣ гуфтугӯ мекунанд.

Вақте ки банда ба омӯзиши забони яғнобӣ пардохтам, маълумам гардид, ки вожаҳои зиёди забони яғнобӣ (суғдӣ) имрӯз ҳам дар гуфтори халқи тоҷик ба ҳайси  калимаҳои шевагию лаҳҷавӣ роиҷанд. Чунин калимаҳоро мардум дар гуфтори ҳаррӯзаи худ фаровон истифода мебаранл, вале аз суғдӣ будани он вожаҳо кам касон огоҳӣ доранд. Бинобар қарор додам, ки дар бораи як қисм вожаҳои суғдии дар гуфтори имрӯзиён роиҷбуда мақолае нависам.

Забони яғнобӣ (суғдӣ) мисли дигар забонҳо аз калимаҳои иқтибосии архаистӣ, арабӣ, тоҷикӣ, узбекӣ, русӣ ва шевагӣ мамлӯъ мебошад. Сайфиддин Мирзозода кори хайреро анҷом дода, беш аз 600 калима, ибора ва истилоҳоти яғнобиро ҷамъоварӣ намуда, онро бо номи «Фарҳанги яғнобӣ¬– тоҷикӣ» (Душанбе, 2008) ба табъ расонид, ки имрӯз  он ягона луғати тафсирии забони яғнобию тоҷикӣ ба шумор меравад. С. Мирзозода дар китоби «Дастури забони яғнобӣ» барҳақ қайд намудааст, ки «забони яғнобӣ идомаи забони суғдӣ ё яке аз гӯйишҳои он буда, ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешавад».

Донистани калимаву вожаҳои яғнобӣ (суғдӣ) барои ҳар як шахси хештаншиносу худогоҳ шавқовару зарур мебошад, бинобар мо аз китоби Сайфиддин Мирзозода. «Фарҳанги яғнобӣ – тоҷикӣ» як қисм калимаву вожаҳоеро, ки имрӯз тоҷикон онҳоро бо номи калимаҳои шевагию лаҳҷавӣ дар гуфторашон истифода мебаранд, ҷудо намудем. Калимаҳои  яғнобӣ (суғдӣ)-и иқтибосӣ бештар маънои ашё, анъанаву суннат, амал ва дигар ҳолатҳои гуногуни зиндагии мардуми моро ифода мекунанд. Бояд қайд кард, ки ин калимаю вожаҳо имрӯз ҳам дар муомилот ва гуфтори мардум аксаран ба ҳамон маънии қадимаашон истифода мешаванд ва ё дар ин ё он мавзеъ бо каме фарқияту тағйирот мавриди амал қарор доранд. Инак он вожаҳоро, ки аз се як ҳиссаи фарҳанги мазкурро ташкил медиҳанд, пешкаши хонандагон мегардонем:

jagnob11111.jpgадо, аздусар, азимиёна, азончӣ, (ҳ)алғов, алда, алдараш, аноӣ, арғушт, арқа, арқавара, арасот, ас, асло, ассарака, аҷинавара, ашула, ашшадандон, бабардошт, банча, барзангӣ, бахша, баҷоӣ, бегурда, бе ғар (ба ғайр аз), безуриёт, бекора, бепарат, берӯ, беҳ, беҷирм, бива, биёбак, бирешим, бобо/бобӣ, болиштак, буғуз, бурма, буранда, вазмин, варф (барф), вуз (буз), вузи хашак (бузкашак), вур (бур), гап, гирда, гиреҳ, гувора (гаҳвора), гувораҷунбонак, гудак, гузор, гумон, гундӣ, гургак,  ғавр, ғалтак, ғанак, ғаппа, ғаппариша, ғарр, ғарапак, ғилдирак, ғилонак, ғозак, ғор, ғулба, ғулингоб, ғурронак, ғуҷум, давак, давду (дайду), дакка (чаққа), далда, дам, дамба, дам ба дам, дамӣ, дангала, дангалшап, дармонта (дармонда), даспонча (дасмона), даст, дастак (дастпӯшак), даҳани амак (лаққӣ), даҳа, дивол (девор), дигдон (чашми бад), дилтийӣ, долон, домана, дукон, дул, дум, дур, ел (ром), ёд, ёрдам, ёш, завола, заифа, заифона, зак, занҷалоб, зарча, заҳдон, зирек (кабки зирак, боврик), зихна, зоғпоя (пайи зоғак), зув (бозии зувкашӣ), илаҳтӣ (ин лаҳза), иранка (ирангӣ), иш (ин), кабут, калахча, калит, каллапухт, калокутӣ, калопа (калоба), калота (вайрона), калта, калф, каппа, кар, катак (хонача), ката, каттагап, кафан, кашкорд, кашола, каштал, киричак (хойидан), кишоварз, ковок, коза, ком (кадом), корт (корд), кочӣ (таъом), кӯк, кукана, кулвор, кумочӣ (нон), кунт (кунд), кунтакӣ (таҳкунӣ), курта, кусел (гусел), кушак (куштан), қайиш, қайтам, қам (қавм), қарсак, қарта, қиғир, қилдирвоч, қима, қира, қоқ, қоқуф, қуланг (каргас), қулумбак, қурдон, қурс, қурт, қуртак, қорҷов, қучоқ, лавз, лакат (лагад), лақам, лақача (шӯх), лақдон, лап (лаб), лар, лахлаха, лаҳта, ликак, линг (пой), лиф, лозимӣ, мазанг, манаҳ, манҷалоқӣ, марғ, матал, махкам, маҳнав, милла, мисвок, мисқол, миқироз, миҷа, момо/момӣ, монда, мундӣ, мурдоргӣ, мурта (мурда), некӣ (лекин), нема (тараф), нима, нимкоса, нинак, нинӣ, нобуд, нов, нодида, нос, нофа (ноф), нубат (навбат), нул, нум, нумол, нун, оби дида, олам (зиёд), олов (алов), оловак, омоч, оноӣ, оп(б)тизак, опчакорӣ, орта (орд),  остона, офсона, охур, оҳина (ойина), оча, ошнойӣ, ошхурак, пагаҳ, пай, панаҳ, паррӯ, партовак, панодбахудо, панч,  парчоб, паншоха, пая, парак, парварда (қанд), патак, пашм, печак, пешҷилав, пикка, пиккагӣ, пойандоз, пойгаҳ, пофшол, почак, поҷома, пояк, пуд, пук, пухта, пучак, пушт, пуштӣ, рав (болор), рағза, рафида, риша (риш), риштошак, ришк, роба (рова), ростинча, руба(ҳ), руған, руст, рушан, рушанӣ, сабат, сағира, сад, суманак, санк(г), саппал, сар, саргаҳ, сартакӣ (тагсарӣ, болишт), саҳроҷо, севанчӣ, сина, синча, сипа (сиба), сипета, ситил, ситора, сихак, сода, сонӣ, соп(б)ун,  санбақа (қурбоқа), сорд (сард), соф (пок, тамоман, фавтидан, тарсидан), сӯзон, сум, сур, сурук, сутур (гӯсфанд), тавуш/дувуш (овоз), тағдир, тағора, так(г), такак (безидан), талқон, таллӣ (буғча), тан, танида, танк(г), таноб, тарақ (сурох), таҳ, таҳмол, тез, тиёқ, тика-тикка, тирма(ҳ), тит (парешон), тоба (тавба), тобонак, тован (товон), тоқа, тор, тошак, тузук, тунук, тӯп, тӯрак, турба, тутак, удда (ӯҳда), умоч, уреб, ушқун, фалақ, фалғор, фур, фурноқ, хамирмоя, хантон (хандон), хап(б)ар, харак, хаф, хафабанд, хичак, хобонак, хокҷой, хома, хорчак (хоч, қорч, занбуруғ), худи (масофа, мисли он, ки), хунук, хур (хуршед), хуфа, хушвахтӣ, хушгонӣ, ҳабата, ҳавола, ҳай кун (раҳо кун, сар деҳ), ҳалалӣ (мазоҳ кардан), ҳулбӯ, ҳалилоб, ҳалқа, ҳамраҳ, ҳаромӣ, ҳаял, ҳез, ҳизо, ҳилла (азоб), ҳичӣ, ҳов/ҳум, ҳуч, ҳуҷра, чакак, чакка (пешонӣ, канор), чаккадон,  чаккон, чала, чалак, чалма, чалопчӣ, чалпак, чанк(г), чанголӣ, чаппак, чапон, чапотӣ, чарп(б)а, чарх, чарха, часпак, часпонак, чача/чичӣ (даст бо забони кӯдакона), чилбур, чилик, чипта, чироғ, чироғовезак, чич/чоч (сина), чичак (бемории гул), чова, чодар, чойник, чоруқӣ, чуғуз (чуғз), чул, чурпа, чуҷа, чуҷавара (чӯҷабарак), чуҷанулак, ҷавғут, ҷавғутивор, ҷам, ҷанахс, ҷаҳтак, ҷебак,ҷиззак (ҷиҷиқ), ҷимилиқ, ҷингилак, ҷиррин, ҷиҳак, ҷиҷӣ, ҷогаҳ, ҷоғур, ҷола, ҷувоз, ҷувол, ҷуволдӯз, ҷумбак, ҷумбонак, ҷунамарг, ҷурак, ҷурта, ҷуфт, ҷуш, ҷушак, шайтонӣ, шайтонрамиш, шакак, шакарак (асал), шапак, шаппа (шопак), шаталинг, шах, шерзой, шикамп(б)а, шикорчӣ, ширнубат, шируған, шона (китф), шонасарак, шох, шук, шулдур, шум, шупуш, шура, шурак, шурмалҳам, шурмуш (номи парранда), шуша, юғ, юрмон, явғон, якандоз, яланг, ялаҳ, яра, яраҳ, яхнӣ, яхча...

Бояд қайд кард, ки мо дар боло номи рустаниву гиёҳҳоро, ки онҳоро одамон дар ҳар мавзеъ бо номҳои гуногуни маҳалли худ зикр мекунанд, наоварем, чунки он барои на ҳама мардуми мамлакатамон маълуманд. Ҳамчунин хотиррасон менамоем, ки дар миёни калимаҳои овардашуда вожҳои арабию узбекӣ низ ба назар мерасанд. Ин ҷо аниқ гуфтан душвор аст, ки ин гуна калимаҳо аз забони суғдӣ ба ин забонҳо гузашта бошанд ё баръакс. Бинобар онҳоро дар ҳамон шакли аслиашон айнан овардем. Шояд теъдоди ин гуна калимаву вожаҳои яғнобӣ (суғдӣ) дар таркиби забони тоҷикӣ ва ё гуфтору муомилоти мардуми дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ мавҷуд бошанд.

Боварӣ дорем, ки бо донистани ин вожаю калимаҳо захираи луғавии мо боз ҳам зиёд гашта, дар малакаи забондонию забономӯзиамон кӯмак хоҳад расонl, инчунин туфайли омӯхтану донистани ин калимаҳо мо аз аслу баромади онҳо низ беҳтар огоҳ мегардем. Аз хонандагони сомона хоҳишмандем, ки оид ба  калимаю вожаҳои яғнобӣуғдӣ)-и дар боло овардашуда фикру мулоҳизаҳои худро иброз намоянд.

Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: ВОЖАҲОИ СУҒДӢ ДАР ГУФТОРИ ИМРӮЗИЁНGuest 12.05.2011 22:55
Салом, ба шумо ,мардуми дехаи Ворухи нохияи Исфара 70 фоиз ин калимахоро истифода мебаранд, бовар кунед ман то хануз фикр мекардам, ки мардуми ин деха калимахои туркиро истифода мебаранд. Нав фахмидам, ки ин калимахои Сугди будас,агар одами бегона ба инчо мехмон шавад,кариб ,ки гапхои ин мардумро -лахчаашонро намефахмад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi