04:33:02 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТ

Дар консерте, ки дар ҷашни Наврӯзи соли ҷорӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, таваҷҷӯҳи аксарияти тамошобинонро сурудхонии бонуи овозхоне ба забони ҳиндӣ ба худ ҷалб намуд. Ба қавли мутахассисини ин соҳа бори аввал буд, ки ин бонуи ношинос аз саҳнаи калон тарона мехонд. Гуфта мешавад ин бону он суруди ҳиндиро, ки яке аз таронаҳои машҳури мардуми Ҳиндустон аст, ба дараҷаи баланди профессионалӣ иҷро кардааст. Кӣ ҳаст ин овозхони варзида, вале ба доираи васеи тамошобинон ношинос? Ба ин суол хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» посух ҷустааст ва дар сӯҳбат бо худи ин бонуи овозхон бисёр нуктаҳои дигари ҷолиби хонданӣ, шуниданӣ ва диданиеро кашф кардааст.

 

 

Муаррифинома:

Парвин МахмадёрПарвин Маҳмадёр зодаи деҳаи Маҳмадшоҳи болои ноҳияи Рӯдакӣ. Мақтаби рақами 43-и ҳамин ноҳияро хатм карда чанд муддат дар мактаб ба сифати ҳуҷҷатгузор кор кардааст. Соли 1991 ба Техникуми савдои Душанбе ба шӯъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дохил шуда онро соли 1993 хатм карда, ба Донишгоҳи Давлати Тоҷикистон ба факултаи иқтисод ва идора дохил шудааст. Донишгоҳро соли 1998 ба итмом расонда худи ҳамон сол ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва меҳнат дар факулта ба кор медарояд.

Дар факултаи иқтисодиёт ва идора ду сол кор карда баъдан ба киностудияи «Тоҷикфилм» ба ҳайси муҳосиб ба кор пазируфта мешавад. Дар он ҷо се сол кор мекунад. Дар ин фосилаи замонӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат забони англисӣ ва ҳиндиро меомӯзад. Соли 2003 дар назди сафоратхонаи Ҳиндустон Маркази фарҳангӣ кушода мешавад. Дар он ҷо ба шавқмандон рақси ҳиндӣ ва навохтани табларо ёд медоданд. Парвин яке аз аъзои фаъоли ин Марказ мешавад. Биёед давоми зиндагиномаи Парвинро дар сӯҳбат бо ӯ аз забони худи ӯ шунавем.

-Хуб, Шумо дар ин Маркази фарҳангӣ кадом ҳунарро ва аз кӣ меомӯхтед?

-Ман аз хурдӣ зиёдтар ба хондани сурудҳои ҳиндӣ шавқ доштам. Вале чун дар машғулиятҳои Маркази фарҳангӣ ширкат кардам, дидам, ки ба хоҳишмандон тарзи рақсидани рақсҳои классикии ҳиндиро меомӯзанд. Рақси классикии ҳиндиро низ дӯст медошам ва ман тӯли яку ним сол рақсидан арғушти классикии ҳиндиро аз худ кардам. Устоди рақс он вақт дар ин Марказ Сантош Чатерҷӣ буданд. Он кас шогирди яке аз бузургтарин устодони рақси классикии ҳиндӣ Пандит Бҳирҷи Маҳараҷ ҳастанд.

Баъди яку ним сол давлати Ҳиндустон ба ман роҳхате дод, ки тибқи он бояд таҳсиламро дар риштаи рақси классикии ҳиндӣ дар пеши устодон ин ҳунар дар Ҳиндустон давом медодам. Ман бисёр кӯшидам, ки маро ба риштаи вокал, яъне сурудхонӣ, гузаронанд. Вале ба ман гуфтанд, ки чунин лоиҳа ҳанӯз роҳандозӣ нашудааст. Ва ман танҳо дар риштаи рақс метавонам таҳсиламро идома бидиҳам. Хуб, ман розӣ шудам.

- Ҳамин тариқ Шумо ба Ҳиндустон рафтед?

-Моҳи июни соли 2004 ман аввалин бор ба ин кишвари афсонавӣ, ба Ҳиндустон рафтам. Таҳсилро дар Донишгоҳи санъати ба номи Бҳатканде дар шаҳри Лакҳнав идома додам. Мо аз Тоҷикистон се нафар будем. Умуман мо аз аввалин донишомӯзони хориҷӣ будем, ки онҳоро ин Донишгоҳ дар таърихи фаъолияти худ қабул мекард. Ман ҳам ба дарси рақс мерафтам ва аз ҳисоби маблағи худам дар дарсҳои вокал низ иштирок мекардам. Дар сурудхонии классикии ҳиндӣ равияи Бҳаткандеро меомӯхтам. Лакҳнав ниҳоят гарм буд. Ҳамраҳони ман як сол хонданд ва дигар нахостанд таҳсилро идома бидиҳанд. Ман тез-тез бемор мешудам. Баъди яку ним соли таҳсил хоҳиш кардам, ки макони дарсхониямро ба ягон шаҳри дигар табдил диҳанд.

Парвин Махмадёр

Чун дар симои ман як донишҷӯи шавқманд ва заҳматкашро медиданд, хоҳишамро ба ҷой оварда маро ба Институти Шрирам Бҳартия Кала Кендр ба Деҳлӣ гузаронданд. Ин ҷо як сол мусиқии классикӣ омӯхтам ва ду сол мусиқии сабуки классикӣ. Ба мусиқии сабуки классикӣ ғазал, тумрӣ, дадраву қавволиву дигар чизҳо дохил мешаванд. Омӯхтани мусиқии сабуки классикӣ нисбат ба мусиқии классикӣ осонтар аст. Дар мусиқии классикӣ рогҳо омӯхта мешаванд, ки омӯхтани онҳо каме мушкилтар аст. Вале шарт ҳамин аст, ки пеш аз омӯхтани мусиқии сабуки классикӣ бояд мусиқии классикиро хуб биёмӯзӣ. Ман мусиқии классикии ҳиндӣ ва мусиқии сабуки классикиро дар назди устодам хонум Чаранҷит Сонӣ омӯхтам. Чаранҷит Сонӣ яке аз ғазалсароёни беҳтарини Ҳиндустон ба шумор мераванд. Ҳоло ҳам дар ҳамин Донишгоҳ кор мекунанд. Ман бисёр чизҳоро аз ҳамин устод омӯхтам. Аз хонум Тарунӣ Шарма низ сабақ гирифтаам, вале камтар.

-Ба Шумо бо кадом усул дарс медоданд? Инфиродӣ ё гурӯҳӣ?

-Мо, муҳассилин як гурӯҳ будем. Гурӯҳ чандон калон набуд. Аз 10 нафар иборат буд. Агар Шумо дар кинофилмҳои ҳиндӣ дида бошед, ҷойи дарсомӯзӣ айвон барин як ҷой аст. Устод каме болотар ва шогирдон каме поёнтар дар болои гилем дар замин менишинанд. Дар як рӯз се соат дарс мехондем. Устодони мо сахтгир буданд. Махсусан хонум Чаранҷит Сонӣ.

-Мешавад каме дар борааш маълумот бидиҳед?

-Чаранҷит Сонӣ асосан сарояндаи ғазал мебошанд. Пайрави равияи хонум Бегам Ахтар ҳастанд. Бегам Ахтар яке аз ғазалсароёни машҳури Ҳиндустон ба шумор мераванд. Чаранҷит Сонӣ аслан аз Панҷоб мебошанд. Чи тавре, ки медонед, дар Панҷоб асосан мусалмонҳо зиндагонӣ мекунанд ва ба мо мардум хеле наздик ҳастанд. Дар вақти ҳарф задан ҳам бештар калимаҳои форсиро истифода мебаранд. Аз он кас омӯхтан барои ман осонтар буд. Сурудҳояшонро асосан ба забони урду мехонанд. Забони урду забони ғазал аст.

ӣ қадар вақт дар пеши хонум Чаранҷит Сонӣ таҳсил кардед?

-Дар пеши хонум Чаранҷит Сонӣ ду сол таҳсил кардам. Умуман дар Ҳиндустон чор сол будам. Се сол дар Деҳлӣ будам. Як сол аз хонум Тарунӣ Шарма дарс гирифтам. Ду сол аз хонум Чаранҷит Сонӣ.

-Баъди хатми ин Донишгоҳ бароятон ягон асноде, ки тасдиқ кунад Шумо ҳамин ҳунарро омӯхтаед, додаанд?

-Бале, чи тавре, ки дар аввал гуфтам, аз рӯйи ихтисос ман иқтисодчӣ ҳастам. Дониши махсуси мусиқӣ надоштам. Бинобар ин вақте, ки ба Ҳиндустон омадам, ба ман лозим омад, ки аз курси ба ном «Фондейшн» шурӯъ кунам. Ин курсро бояд ду сол мехондам. Вале устодон баъди як сол маро ба курси болотар гузарониданд. Ва се соли дигар мусиқии классикии ҳиндиро омӯхтам. Барои ҳамин чор соли таҳсил ба ман сертификат доданд.

Парвин Махмадёр

-Мегӯянд сарояндагони ғазал дар Ҳиндустон қариб ҳама пайрави тариқати чиштия ҳастанд? Шумо дар ин бора чӣ гуфта метавонед.

-Чиштия? Бале, асосгузори он Хоҷа Муиниддини Чиштӣ ҳаст, ки дар Ҳиндустон ӯро авлиё меҳисобанд. Мақбараи он кас дар Аҷмири шариф мебошад. Шукри Худо ки ман ба зиёрати оромгоҳи ин марди бузург мушарраф шудам. Ин оромгоҳро намояндагон адёни мухталиф зиёрат мекунанд. Воқеан оромгоҳҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Низомиддини Авлиёро дар Деҳлӣ низ зиёрат кардам. Ҳамаи ин бузургон аз аҳли тариқати чиштия мебошанд.

Вале аҳли ин тариқат бештар сурудҳои сӯфиёна мехонанд. Ин сурудҳоро қавволӣ мегӯянд. Яъне таронаҳо дар васфи Худо ва дӯстони Худо. Маъмулан дар оромгоҳҳои ин мардони бузург ҳармония ва табла мегузоранд, то ҳар касе хоҳиш дошта бошад дар сари мақбараи ин бузургон суруд бихонад.Чиштиҳо ғазал камтар мехонанд. Ғазал асосан дар васфи ишқ аст.

-Метавонед барои мо намунаеро аз ғазалҳои ҳиндӣ бихонед?

-Бале, як ғазалеро мехонам, ки аз устодам Чаранҷит Сонӣ омӯхтам ва он дар «Роги «Бҳервӣ» навишта шудааст.

-«Роги Бҳервӣ» чист?

-Як навъи мусиқии ғазал аст, ки таронаҳои фолклории тоҷикӣ низ дар ҳамин равия ва оҳанг суруда шудаанд. «Роги Бҳервӣ»-ро дар Ҳиндустон «Эва грин» яъне ҳамешасабз, ҳамешабаҳор мегӯянд. Рогҳо ба навъҳои гуногун тақсим мешаванд. Хондани рогҳо ҳар кадом вақти худро дорад. Масалан «Роги Яман»-ро маъмулан бегоҳӣ месароянд. Мегӯянд, ки «раг нараз наҳуҷайега». Яъне агар хоҳед, ки рог нороз нашавад онро бояд дар вақташ сароед. Вале «Роги Бҳервӣ» бошад аз ҷумлаи он рогҳоест, ки дар тӯли шабонарӯз дар ҳар вақти дилхоҳ онро суруда метавонед. Барои ҳамин ҳам онро ҳамешасабз мегӯянд.

 

 

-Мазмуни суруд аз чӣ иборат аст?

- Мазмуни суруд чи тавре, ки гуфтам ишқӣ аст. Ин сурудро аввалин бор хонум Бегам Ахтар хондаанд. Суруди қадимаи ҳиндӣ ҳаст. Бегам Ахтар яке аз овозхонҳои машҳуртарини Ҳиндустон ҳастанд. Оҳангсоз низ ҳастанд. Дар кинофилмҳо низ сурудҳои зиёдеро хондаанд. Беҳтарин ғазалсарои Ҳиндустон аз ҷумлаи занон ба ҳисоб мераванд. Ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд.

-Аз Ҳиндустон боз кадом хотираҳои некеро бо худ овардаед?

- Озодие, ки дар Ҳиндустон ҳаст, ба ман хеле писанд аст. Касе бо касе кор надорад. Махсусан динҳои мухталиф баробар фаъолият мекунанд ва касеро бо касе коре нест. Мардуми меҳмоннавоз ҳастанд. Махсусан мо тоҷиконро хеле нағз мебинанд. Вақте аз мо суол мекарданд, ки бо кадом забон ҳарф мезанем, мегуфтем, ки бо форсӣ, хеле хурсанд мешуданд. Забони форсиро онҳо хеле дӯст медоранд. Зеро фарҳанги онҳо, мусиқии онҳо бо фарҳангу мусиқии мардуми форснажод бисёр омехта шудааст.

Як чизи дигарро мегӯям, ки дар Ҳиндустон барои санъаткори боистеъдод имкониятҳои бештаре ҳаст, ки худро муаррифӣ карда тавонад. Масалан дар Тоҷикистон барои он, ки чунин як корро ҳунарманд анҷом бидиҳад, бояд маблағи калон сарф кунад. Дар Ҳиндустон кифоя ҳаст, ки ҳамон шахси боистеъдод як бор дар саҳнае ҳунарнамоӣ кунад. Агар дар ҳақиқат боистеъдод бошад оҳангсозону маблағгузорони зиёде пайдо мешаванд, ки он овозхонро дастгирӣ кунанд. Ман боз дар шаҳрҳои Аврангобод ва Бомбай будам.

Дар Аврангобод мақбараи шоҳ Аврангзеб ҷойгир шудааст. Бомбайро боз Мумбай низ мегӯянд. Дар ин ҷо аслан мусалмонҳо зиндагонӣ мекунанд. Як қисмати Бомбайро англисҳо ба тарзи худ обод кардаанд. Вақте ба он ҷо меравед, хаёл мекунед, ки дар кадом як давлати аврупоӣ ҳастед, вале вақте ба он қисмати шаҳр меравед, ки он ҷоро мусалмонҳо обод кардаанд, гумон мекунед, ки шумо дар кадом як кишвари исломӣ хастед. Бо вуҷуди чунин қашангиҳову зебоиҳо мӯътақид ҳастам, ки ватани мо -Тоҷикистон зеботару бошукӯҳтар аст.

-Бо ҳунармандони синамои Ҳиндустон аз наздик шинос шудед?

- Агар бовар кунед бо ҳунармандони синамои Ҳиндустон ман аввалин бор ҳангоми дар Тоҷикфилм кор карданам шинос шуда будам. Он вақт дар киностудияи Тоҷикфилм ҳанӯз забони англисӣ ва ҳиндиро касе намедонист. Як гурӯҳи синамогарони ҳиндӣ дар ин ҷо филми «Тулӯи офтоб»-ро, ки дар Ҳиндустон онро бо номи «Мангал Пандей» мешиносанд, ба навор мегирифтанд. Мангал Пандей яке аз қаҳрамонони миллии Ҳиндустон ҳаст. Аслан воқеаҳо бояд дар Афғонистон сурат мегирифтанд. Филмро низ бояд дар Афғонистон ба навор мегирифтанд. Вале чун дар Афғонистон ҷанг буд бо Толибон, синамогарони Ҳиндустон ба Тоҷикистон омада ин саҳнаҳоро дар ноҳияҳои Ҳоҷамастону Шаҳритӯс ба навор гирифтанд.

Ман ҳамон вақт ба ғайр аз тарҷумонӣ боз ассиситенти Пуҷа Бидӣ, продюссери филм будам. Ҳамон вақт дар ҳамин Тоҷикистон бо ҳунарманди машҳури синамои Ҳиндустон Амирхон шинос шудам. Баъд ба Ҳиндустон рафтам. Дар Ҳиндустон одатест, ки донишҷӯёнро, махсусан духтарони сафедпӯстро, барои ба навор гирифтан дар  «массовка»-ҳо ба киностудияҳо даъват мекунанд. Моро низ ба чунин «массовка»-ҳо мебурданд. Дар ёдам ҳаст, ки дар яке аз «массовка»-ҳои филми машҳури «Миллионер с трущоби» («Миллионер аз хасрӯба») ширкат варзида будам. Агар хато накунам ин филм ҷоизаи «Оскар»-ро соҳиб шуд. Дар яке аз чунин банаворгириҳо актёри машҳури ҳиндӣ Сайф Али Хонро аз наздик дидам.

-Худи Шумо ҳангоми дар Ҳиндустон буданатон расман дар ягон маҳфил сурудхонӣ кардаед?

-Бале, аввалин бор дар ҳамон Донишгоҳи худамон 23-юми январ, ки ба ҳисоби ҳиндуҳо дар ин рӯз баҳор медарояд ва ба замми ин рӯзи таъсисёбии Донишгоҳамон ба ҳисоб мерафт, гурӯҳи мо дар ҳамин маросим Вандана мехонд. Вандана ин як дуруду пайёмест ба Худои Сарасвати. Сарасватиро ҳиндиҳо худои мусиқӣ медонанд. Мо ҳамакаса ҳамин сурудро мехондем. Яъне аввалин бор ман дар курси ду будам, ки дар Ҳиндустон дар саҳна суруд хондам. Маротибаи дуввум соли 2007 буд. Вазорати фарҳанги Ҳиндустон бо унвони «Роҳи абрешим» маъракаеро барпо карда буд, ки ман дар он ҷо аз тарафи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардам. Дар он ҷо як ғазал, як қавволӣ ба забони ҳиндӣ ва як суруди тоҷикӣ хондам.

-Мешавад, ки қавволиро замзама бикунед?

- Бале, як қавволӣ ҳаст дар роги «Деш» навишта шудааст. Матн ва мусиқии Амир Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Амир Хусрави Деҳлавиро аз бузургтарин оҳангсозони Ҳиндустон мешиносанд. Мегӯянд, ки созҳои ситор ва табла низ аз ихтирооти Амир Хусрави Деҳлавӣ ҳаст.

 

 

-Ташаккур, хеле хуб хондед, таъсирбахш. Мехостам бифаҳмам, ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон Шумо ҳамин донишҳои андӯхта ва ҳунарҳои омӯхтаатонро истифода бурдед ё не? Дар ягон ҷо консерт додед ва ё ягон машғулияте гузаронидед?

-Мутаассифона не. Моҳи октябри соли 2008 дар Ҳиндустон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон баргузор гардиданд. Ман дар он иштирок карда як ғазалеро аз як кинофилми ҳиндӣ, ки онро Аша Бҳослӣ суруда буд, хондам. Ба ҳама писанд омад. Хатто вазири фарҳанги Тоҷикистон ҷаноби Мирзошоҳрух Асрорӣ маро ташвиқ карданд. Баъдан дар як конферонсе ба муносибати ёдбуди устод Рӯдакӣ дар ҳамон Ҳиндустон як суруди қавволии Амир Хусрави Деҳлавиро хондам. Он суруд «Чҳапу пилак» ном дорад. Онро ҳатто Лата Мангешкар хондаанд. Баъди хондани ин суруд муаллимони мусиқии дигар манотиқи Ҳиндустон омада аз ман мепурсиданд, ки ман аз куҷои Ҳиндустон ҳастам. Вақте мегуфтам аз Тоҷикистон ҳастам бовар намекарданд. Хулоса дастандаркорони ҳунари мусиқии Тоҷикистон медонистанд, ки чунин як тоҷики мутахассиси соҳаи мусиқии классикии ҳиндӣ дар кишвар ҳаст. Вале баъди баргаштан касе маро суроғ накард. Умуман дар Тоҷикистон барои рушди ҳунармандони боистеъдоди ҷавон мушкилот зиёд аст.

Хулоса вақте мебинӣ, ки бо ҳунар рӯзатро пеш бурда наметавонӣ, маҷбур мешавӣ, ки ба дигар кор гузарӣ. Ман масалан наметавонам дар тарабхонаҳо ва ё тӯйҳо овозхонӣ кунам. Ман чунин ақида дорам, ки овозхонро дар тӯй намешунаванд. Мардум асосан дар тӯйҳо ба хӯрдану рақсидан машғуланд. Агар овозхон хато ҳам хонад, касе ба ӯ аҳамият намедиҳад. Дар Ҳиндустон давлат консертҳои овозхонҳои ҷавонро ташкил мекунад ва ба онҳо боз пул ҳам медиҳад. Ҳамин корро соҳибкорҳои боҳиммат ва туҷҷори саховатманд низ мекунанд. Мутаассифона, ин чиз дар мо расм нашудааст. Ҷун дидам, ки рӯзам аз ҳисоби ҳунари мусиқӣ пеш намеравад, ба ихтисоси аввалаам, яъне соҳаи иқтисодиёт, баргаштам. Феълан ба ҳайси менеҷер дар як ширкати формацевтӣ кор мекунам. Ман дар ин ҷо пул кор карда бахши онро ба рушду нумӯи ҳунари дуввумам, яъне овозхонӣ сарф мекунам. Дискҳои гуногунро мехарам, сурудҳои худамро сабт мекунам ва ғайраву ҳоказо.

-Ба ягон ансамбл ҳам даъват нашудед?

-Не. Ба ягон ансамбл ҳам даъват нашудам. Фақат гоҳҳо бо овозхонҳои афғонӣ дуэт мехонам. Овозхонҳои афғонӣ чун медонанд, ки ман мусиқии классикии ҳиндиро омӯхтаам, мехоҳанд, ки бо ман сурудҳои дугона бихонанд. Мусиқии афғонӣ низ аз мактаби мусиқии рогҳо маншаъ мегирад. Масалан соли гузашта бо даъвати Назир Хоро, яке аз сарояндагони маъруфи афғон як сафари ҳунарие ба Афғонистон доштам. Дар онҷо мо дар Кобул як консерти муштарак низ доир кардем. Дар он консерт чанд суруди дугона низ хондам бо Назир Хоро.

-Фикри ба дигарон омӯзондани донишҳои андӯхтаатонро надоред?

-Феълан не. Чунки барои ин кор ҳам маблағ даркор ҳаст.

-Ба фикри Шумо дар мо аз овозхонҳои ҷавоне, ки сурудҳои ҳиндӣ мехонанд, ки хубтару бехато мехонад?

- Гуфтан даркор аст, ки овозхонҳои ҷавони мо аксаран кори оқилона мекунанд. Пеш аз он ки ягон суруди ҳиндиро бисароянд, онҳо дурустии суруди таҳиякардаашонро аз нафарҳое, ки забони ҳиндиро медонанд, мепурсанд. Вале дар байни онҳо Сӯҳроби Маҳмуд сурудҳои ҳиндиро хеле хуб мехонад. Дар Ҳиндустон боре ӯ консерт дода буд, Ман ҳам дар он консерт ширкат доштам. Ба чашми сар дидам, ки мухлисон чӣ гуна ӯро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Ҳатто устодони мо овози ӯ ва тарзи хонданашро хеле таъриф карданд. Гуфтанд, ки агар ин овозхон дар Ҳиндустон мебуд, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои бештаре ноил мегашт.

-Ташаккур барои як сӯҳбати ҷолиб

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+5 #4 RE: ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТGuest 04.07.2011 20:16
Ин Шамсиллои аз бахилиаш намедонад чи кор кунд барои хамин ин тавр суханони кабех менависонад. Худаш алакай аз навиштачоташ маълум аст, ки бесавод аст боз дигар дигархоро механдад. Ин зан дар Хиндустон шеър мехондаст ту чи як тавлак хато зада наметони барои хамин гапой бехуда даркор нест хоб бародари азиз.
 
 
+3 #3 RE: ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТGuest 02.06.2011 14:43
Шамсиллои чун бе фойда бузургон нагуфтаанд забон дони чахон дони. Пас агар ба зани дигар суруд хонем оё бе акл мешавем? ин суханхои ту сад дар сад нодуруст аст, ман ба фикри Шамсиддин розиям, ва даст гири мекунам. як матали точики аст ки мегуян ки мо дар космос гаштему ту дар пахтачи хасти Шамсиллои чун....
 
 
+4 #2 RE: ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТGuest 02.06.2011 10:48
Салом Шамсилло. Бовар кунед агар вактхои охир сурудхои форсии гуфтагита гуш кунем, он кадар маззадор нест. Оне, ки Ситораи Машрикзамин Ахмад Зохир мехонд, ба монанди у садсолахои дигар Ахмаде чило нахохад кард. Ва баъдан, агар маънои хамин сурудро ки хонум Парвин зам-зама кардааст, сарфахм мерафтед, шояд чунин ибрози назар намекардед. Суруду филмхои хинди дар зиндагии мо пандомузандаанд , на он ки инсонхоро бесавод мекунанд. Агар дар хаёти шумо худи шуморо филмхои хинди бесавод карда бошад, пас он чизеро ки бояд медидеду босавод мешудед, шумо фарсаххо аз он дур рафта будед... Барои хамин тавсия мекунам, ки филмхои Шохи Кинои Болливуд Рач Капурро тамошо кунед, аклатон ба чояш бар мегардад.
 
 
-2 #1 RE: ШАВҚИ ХОНДАНИ РОГ ӮРО БА ҲИНДУСТОН БУРДААСТGuest 01.06.2011 19:46
Хамин забони форси-кати суруд хонем, бисьёр бехтар.Суруду филмхои Хинди инсона беакл мекунад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi