09:27:41 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28

ЧАНД РОЗЕ АЗ «МИЛЛИОН ГУЛИ РОЗ»

Суруди «Миллион алых роз»-ро барои Алла Пугачёва Андрей Вознесенский дар асоси қиссаи ишқи Нико Пиросмани, рассоми гурҷӣ ба Маргарита ном ҳунарпешае (шояд бонуи фаронсавӣ бошад), ки аввалҳои асри гузаштаи мелодӣ сафари эҷодие ба Тифлис доштааст, навиштааст.

Alla PugachevaВоқеан оҳанги ин таронаро оҳангсози маъруфи латиш Раймонд Паулус ҳанӯз аввали солҳои ҳафтодум барои як суруди латишии дигаре бо номи «Марина ба духтар зиндагӣ дод» сохтааст. Ва ин сурудро чандин нафар аз бонувони овозхони латиш сурудаанд. Шоири рус Андрей Вознесенкий қиссаи ишқи рассоми нокомро дар чаҳорчӯбаи оҳанги ҳамин таронаи Раймонд Палус эҷод мекунад ва номашро «Миллион алых роз» («Миллион садбарги сурх») мемонад.

Суруд моҳи ноябр-декабри соли 1982 дар студияи ширкати «Мелодия» сабт мешавад. Алоқамандони мусиқӣ ин сурудро дар иҷрои Алла Пугачева аввалин маротиба дар барномаи солинавии 1983-и Телевизиони Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ мебинанду мешунаванд. Таронаи мазкур аз рӯзи аввали пешкаши таошобин шуданаш дили миллионҳо дӯстдорони мусиқиро тасхир намудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ соли 1983 танҳо дар худи Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз шаш миллион диски ин тарона ба савдо рафтааст, ки дар замони шӯравӣ назирашро пеш аз ин надида будаанд.

FarzanehИн суруд ба даҳҳо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва суруда шудааст. Азҷумла овозхони хушсалиқаи иронӣ бону Фарзона ин таронаро бар матни эҷоднамудаи шоире бо исми Парниё хеле қашангу зебо месарояд. Мазмуни суруди Фарзона аз таронаи хондаи хонум Алла Пугачёва каме тафовут дорад. Агар таронаи хонум Алла Пугачёва достони ишқи рассоми нокому ҳунарпешаи театрро ба мо қисса кунад, хонум Фарзона дар сурудаш омодааст милюн гули розро ба қадамҳои ошиқаш пояндоз бисозад.

Шунидаем, ки аз овозхонҳои Тоҷикистон Зафар Аюбӣ ин таронаро ба забони тоҷикӣ бори аввал сурудааст. Азбаски навори онро дар даст надорем, мутаассифона, дар бораи ин тарона дар иҷрои Зафар Аюбӣ чизе гуфта наметавонем.

Вале ахиран ба увонии сомонаи мо аз номи шоири ширинсухани тоҷик Сайёди Ғаффор таҳти унвони «Боғи гул» шеъре расид, ки ба ҳамин мавзӯъ алоқаи зич дорад. Мегӯянд сухан аз забони Луқмон хушаст. Биёед сайри «Боғи гул»-и Сайёд мекунем.

Боғи гул

Дуруд, эй ошнои арҷманд! Як таронаи бисёр ширин аст, ки ҷони маро солҳои дароз навозиш мекунад. Овозхони ҳамешабаҳори рус Алла Пугачёваи нозанин аст, ки бисёр ҷигарӣ мегирад. Ҳазор нолаи зораш ин сӯву нолаи милёнаш ин сӯ ҷигари маро мерезонад:

Милён-милён алых роз...

Боре дар кӯча бо ин тарона сайр мекардам, ки ҳамоҳанги он дилам нола дар дод:

Милён-милён гули роз...

Чун бо чанд ошное ин роз бикшодам, гуфтанд, ки овозхони дилнавози эронӣ Фарзона ҳам чунин тарона дорад. Ёдовар шуданд, ки дар телевизион ҳам перомуни ин таронаҳо барномае ороста будаанд.

Пас аз ин суруди Фарзонаро пайдо кардам. Фарзона мехонад:

Милён-милён милён гули роз

Дорам ҳадя баҳри рӯйи ту...

Фарзона чунон ширин мехонад, ки маст мешавӣ.

Таронаи худро бо он сурудаҳо дидам, ин дигар аст. Агар азизе майли дидан дорад, меҳрубонӣ:

 

Милён-милён гули роз,

Милён-милён гули ноз!

Ҳе, нозакош милён,

Ҳе, розакош милён!

 

Милён-милён ҳамаш роз,

Милён-милён ҳамаш ноз,

Милён-милён ҳамаш соз,

Милён-милён ғамаш боз!

 

Милён-милён ҳамаш гул,

Милён-милён ғамаш гул!

Милён-милён гули хам,

Милён-милён гули ғам!

 

Милён-милён гули боғ,

Милён-милён гули доғ!

Милён-милён гули ашк,

Милён-милён гули рашк!

 

Милён-милён, милёне,

Милён-милён, милёне!

Милён-милён, милён гул,

Милён-милён, милёнгул!

 

Гулҳои роз милён,

Гулҳои ноз милён!

Милён гулои розе,

Милён гулои нозе!

 

Милёнае гули роз,

Милёнае гули ноз!

Розаш ҳама гули тар,

Нозаш ҳама гули тар!

 

Сайёди ГаффорГулҳои бардамида,

Гулҳои сархамида!

Гулҳои бар дамида,

Гулҳои сар хамида!

 

Боғе чӣ нозанине,

Доғе чӣ нозанине!

Боғои нозанине,

Доғои нозанине!

 

Гул боғи синаҳое,

Гул доғи синаҳое!

Гул синаҳои боғе,

Гул синаҳои доғе!

 

О, боғ-боғи оташ,

О, доғ-доғи оташ!

Оҳ, оташи гули боғ,

Оҳ, оташи гули доғ!

 

Оҳе, гулои боғе,

Оҳе, гулои доғе!

Боғи гулаш алове,

Доғи гулаш алове!

 

Гул боғи нозанине,

Гул доғи нозанине!

О, нозанин гули боғ,

О, нозанин гули доғ!

 

Гулҳои боғ милён,

Гулҳои доғ милён!

Милёнае гули боғ,

Милёнае гули доғ!

 

Милён ҳамаш гули тар,

Милён ғамаш гули тар!

Милён ҳамаш гули хун,

Милён ғамаш гули хун!

 

Шабнам ба рӯйи гулҳо,

Шабнам ба ҷӯйи гулҳо!

Шабнам ба рӯяки гул,

Шабнам ба ҷӯяки гул!

 

Бин, гул намешавад кам,

Чин, гул намешавад кам!

Кам гул намешавад, бин,

Кам гул намешавад, чин!

 

Милён гул аст, биниш,

Милён гул аст, чиниш!

Бинӣ, бинӣ, бинише,

Чинӣ, чинӣ, чинише!

 

Бинӣ гулоша, чинӣ,

Чинӣ гулоша, бинӣ!

Милён гулои бӯсаш,

Милён гулои мӯсаш!

 

Гулҳои ранга-ранга,

Гулҳои танга-танга,

Гулҳои танга ранга,

Гулҳои ранга танга!

 

Ҳай ранга-ранга гулҳош,

Ҳай танга-танга гулҳош,

Гулҳои рангакоше,

Гулҳои тангакоше!

 

Гулҳои ранга коше,

Гулҳои танга коше!

Гулҳои ранга поше,

Гулҳои танга поше!

 

Дар пеши пош поше,

Дар неши пош поше!

Дар пеши пош гул пош!

Дар неши пош гул пош!

 

Милён гулои поше,

Милён гулои чоше!

Милён гулои лола,

Милён гулои нола!

 

Бо лола зор лолӣ,

Бо нола зор нолӣ!

Бо лолазор лолӣ,

Бо нолазор нолӣ!

 Сайёд ҒАФФОР

27.11.11

 PS: Барои онҳое, ки мехоҳанд наворҳои видеоии ин ду таронаро дар иҷрои Алла Пугачёва ва хонум Фарзона тамошо кунанд, мо ин шароитро болотар барояшон мусоид сохтаем. Матни таронаҳоро ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони форсӣ-тоҷикӣ низ пешкаши муштариёни гиромӣ менамоем.

 «Миллион алых роз», шеъри Андрей Вознесенский, оҳанги Раймонд Паулус:

 Жил-был художник один домик имел и холсты

Но он актрису любил ту что любила цветы

Он тогда продал свой дом продал картины и кров

И на все деньги купил целое море цветов

Миллион миллион миллион алых роз

Из окна из окна из окна видишь ты

Кто влюблен кто влюблен кто влюблен и всерьез

Свою жизнь для тебя превратит в цветы

Миллион миллион миллион алых роз

Из окна из окна из окна видишь ты

Кто влюблен кто влюблен кто влюблен и всерьез

Свою жизнь для тебя превратит в цветы

Утром ты встанешь у окна может сошла ты с ума

Как продолжение сна площадь цветами полна

Похолодеет душа что за богач здесь чудит

А под окном чуть дыша бедный художник стоит

Миллион миллион миллион алых роз

Из окна из окна из окна видишь ты

Кто влюблен кто влюблен кто влюблен и всерьез

Свою жизнь для тебя превратит в цветы

Миллион миллион миллион алых роз

Из окна из окна из окна видишь ты

Кто влюблен кто влюблен кто влюблен и всерьез

Свою жизнь для тебя превратит в цветы

Встреча была коротка в ночь ее поезд увез

Но в ее жизни была песня безумная роз

Прожил художник один много он бед перенес

Но в его жизни была целая площадь цветов

Миллион миллион миллион алых роз

Из окна из окна из окна видишь ты

Кто влюблен кто влюблен кто влюблен и всерьез

Свою жизнь для тебя превратит в цветы

Миллион миллион миллион алых роз

Из окна из окна из окна видишь ты

Кто влюблен кто влюблен кто влюблен и всерьез

Свою жизнь для тебя превратит в цветы

Миллион миллион миллион алых роз

Из окна из окна из окна видишь ты

Кто влюблен кто влюблен кто влюблен и всерьез

Свою жизнь для тебя превратит в цветы.

 Ҳамин шеъри А. Вознесенскийро шоире бо номи Муҳаммади Ризо таҳти унвони «Як миллиюн гули сурх» бад ин тарз ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ кардааст, ки мо онро аз шабакаи байналмилалии Интернет дарёфт кардем.

Як милюн гули сурх

Яке буд яке набуд наққоше буд,

Наққош хонаи кӯчаку бумӣ дошт.

Аммо ӯ ошиқи як бозигар буд,

Ки ба гулҳо ишқ меварзид.

Наққош хонаашро фурӯхт,

Наққошиҳо ва паноҳгоҳашро фурӯхт

Ва бо тамоми пулҳо

Дарёе аз гулҳо харид.

 

Миллиюн, миллиюн, миллиюн гули сурх,

Аз пушти панҷара метавонӣ бубинӣ,

Касе, ки воқеан ошиқ шуда,

Зиндагиашро ба хотири ту ба дарёе аз гул табдил мекунад.

 

Субҳ канори панҷара меистӣ,

Шояд девона шудӣ!

Дуруст мисли рӯъёи идомадор,

Майдоне мамлу аз гулҳост.

Рӯҳат эҳсоси хунукӣ мекунад.

Кадом марди сарватманде маро даст андохта,

Аммо зери панҷара тақрибан бенафасу беҷон,

Наққоши фақир истода.

 

Миллиюн, миллиюн, миллиюн гули сурх,

Аз пушти панҷара метавонӣ бубинӣ,

Касе, ки воқеан ошиқ шуда,

Зиндагиашро ба хотири ту ба дарёе аз гул табдил мекунад.

 

Замони дидору мулоқот кӯтоҳ буд,

Ҳангоми шаб қатори бозигарро ба дурдастҳо бурд.

Аммо дар зиндагиаш

Таронаи дивонавори розҳо боқӣ монд.

Наққош ба зиндагии танҳои худ идома дод.

Бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд.

Аммо дар зиндагии ӯ боқӣ монд

Ҳамаи майдони пур аз гул.

 

Миллиюн, миллиюн, миллиюн гули сурх,

Аз пушти панҷара метавонӣ бубинӣ,

Касе, ки воқеан ошиқ шуда,

Зиндагиашро ба хотири ту ба дарёе аз гул табдил мекунад.

 

Матни таронаи «Милюн милюн милюн гули роз»-ро ки хонум Фарзона мехонад, шоире бо исми Парниё навиштааст:

 

Дар нигоҳи гарми ту

Дидаам садҳо рӯъё.

Ошиқи рӯят шудам

Маҷнунатам ба Худо

 

Ишқи ман як қалби пок,

Чонам фидои ту бод.

Эй дилбари хуби ман,

Ошиқатам ба Худо

 

Милюн милюн милюн гули роз,

Дорам ҳадя баҳри рӯи ту.

Дасте дасте гул барот дорам,

Кай ту донӣ ошиқет манам.

 

Атри ду гул пеши ҳам,

Хилвати унси ҳаманд.

Донам дори ишқи гул,

Резам ба поят гулам.

Бистаре аз гули роз,

Хоби нозат мебарам,

Рӯёи хуби манӣ,

Кош бидунӣ дӯстат дорам.

 

Милюн милюн милюн гули роз,

Дорам ҳадя баҳри рӯи ту.

Дасте дасте гул барот дорам

Кай ту донӣ ошиқет манам.

 

Атри ду гул пеши ҳам,

Хилвати унси ҳаманд.

Донам дори ишқи гул,

Резам ба поят гулам.

Бистаре аз гули роз,

Хоби нозат мебарам,

Рӯёи хуби манӣ,

Кош бидунӣ дӯстат дорам.

 

Милюн милюн милюн гули роз,

Дорам ҳадя баҳри рӯи ту.

Дасте дасте гул барот дорам

Кай ту донӣ ошиқет манам.

 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi