13:53:43 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

КОХ ХОЛӢ, САҲНА ХОЛӢ, КАССА ХОЛӢ …

Султони Ҳамад

Амирҷон Сабурӣ, овозхони маъруфи Афғонистонро дар Тоҷикистони мо алоқамандони суруду таронаҳои афғонӣ тақрибан шаш-ҳафт сол боз мешиносанд. Аниқтараш аз соли 2005, замоне, ки албоми таронаҳои нави ӯ «Зиндагӣ ҳамин аст», дар ин ҷо тавассути дӯстдорони садояш мунташир шуд, ӯро ба ҳайси як овозхоне, ки сурудҳояш ба қалбҳо роҳ ёфтаву ба дардҳои мардум мехӯранд, қабул карданд.

amirjan-saburiАз дер боз интизор буданд, ки ба Тоҷикистони азиз ташриф меораду ҳаводорони ташнаи сурудҳои нобро бо таронаҳои тару тозаи хеш шоду шодоб мегардонад. Ин сафари деринтизори овозхони маъруф ба Тоҷикистон билохира дар ин рӯзҳои оғози баҳори соли 2012 ба вуқӯъ пайваст. Эълонҳо дар бораи баргузории консерти ин ҳунарманди маъруф дар телевизиони «Сафина» тақрибан даҳ рӯз пеш аз рӯзи баргузории консерт такрор ба такрор намоиш дода мешуданд.

Чанд соат қабл аз баргузории консерт дар телевизиони «Сафина» мусоҳибаи Амирҷони Сабуриро бо хабарнигори ин шабака пахш карданд. Хулоса ҳама чиз аз он дарак медод, ки консерте, ки бо ибтикори ду телевизион -ТВ «Сафина»-и Тоҷикистон ва ТВ «Орзу»-и Афғонистон рӯзи даҳум дар кохи Ҷомӣ таҳти унвони «Садои дӯстӣ» баргузор мешавад, пур аз тамошобин ва хотирмон бояд гузарад.

Хоса, ки билетҳо ҳам дар қиёс бо консертҳои овозхонҳои дигари хориҷӣ, ки бо ибтикори ширкатҳои ғайридавлатӣ ба Тоҷикистон оварда мешуданд, арзонтар, 50 сомонӣ, буданд. (Агарчӣ дар тикетҳои бо акси Сабурӣ чопшуда нарх 100 сомонӣ нишон дода шуда бошад ҳам, онҳоро 50 сомонӣ мефурӯхтанд).

Аз сабабе, он ки соати 14.00, вақти оғози консерт, толори консертии кохи Ҷомӣ, ки бештар аз 700 ҷои нишаст дорад, сеяк ҳам пур нашуда буд, барномаро ним соат баъдтар аз вақти эълоншуда шурӯъ карданд, бо эҳтимоли зиёд, то ин ки холигиҳоро пур кунанд.

Агар яку якбора аз камбудиҳои ин консерт ҳарф бизанем, кори нодурусте мекунем, ё ҳадди ақал ба беинсофию беадолатӣ роҳ медиҳем. Лаҳзаҳои ҷолибу хубе ин консерт дошт. Пеш аз ҳама сурудхонии Фахриддини Маликро бо гурӯҳаш, суруданҳои Меҳринигори Рустам, Ҷонибеки Мурод, Фирӯзаи Ҳомид, бону Суҳайло, бону Зулайхо, Холиди Хилват, сарояндаи афғонӣ ва ду сарояндаи эрониро, ки исмҳояшонро барандаҳои ин консерт яке бонуи тоҷикии дар тан либоси афғониву дигар ҷавони афғонии дар тан ҷомаи тоҷикӣ ва дар сар тоқии чакан, мутаассифона, фаромӯш карданд, ки зикр намоянд, ба андешаи мо метавон аз лаҳзаҳои хуби ин консерт ҳисобид.

kholidi-khilvadҲатто бо вуҷуди он ки қариб ҳамаи онҳо аз фонограмма васеъ истифода карданд. Барои мисол Холиди Хилват, сарояндаи ҷавони афғон, як суруди хеле ҷолиберо бар шеъри шодравон устод Лоиқ Шералӣ «Даруни синаи тангам дили садпора мегиряд» бо як шеваи дилчаспу ба худ хос дар чаҳорчӯбаи як мусиқии роги ҳиндӣ хонд. Пеш аз он ки сурудро бихонад аз тамошобинон хоҳиш кард, ки ба ифтихори марҳум Лоиқ Шералӣ барои ин шеъри хубаш як каф бизананд.

Мо, дар ҳақиқат, дар ин нумераи консертӣ он чиро, ки интизораш будем, яъне пайванди миллатҳоро дар эҷоди як тарона, дидем. Матн аз шоири шаҳири тоҷик буду оҳанг аз мусиқии классикии Ҳинд ва хонандаи афғон онро месуруд. Чӣ қадар хуб месуруд! Бо унвони консерт ин тарона созгор буд. Овозхонҳои дигаре, ки зикри номашонро кардам ё суруди тоза хонданд ё сурудҳоеро хонданд, ки бо мавзӯи консерт ва набзи рӯз иртибот доштанд.

Лаҳзаи дигари ҷолибу хотирмони ин консерт ба саҳна барои табрики Амирҷон Сабурӣ баромадани овозхони маъруфи кишвар Афзалшоҳ Шодиев буд. Афзалшоҳ баъди ба Амирҷони Сабурӣ тақдим кардани китоби «Куллиёт»-и устод Лоиқ Шералӣ бо ҳуруфи форсӣ ва иброз намудани орзуҳои нек ба замзама намудани як таронаи Сабурӣ шурӯъ кард. Чунон ҳам хуб замзама кард, ки Амирҷони Сабурӣ Афзалшоҳро ба оғӯш гирифта дар хондани суруд ба ӯ ҳамовоз шуд. Ин лаҳзаи ҷолиб низ мавҷи карсаки ҳозиринро дар толор ба вуҷуд овард.

amirjan-saburiВа аммо худи Амирҷони Сабурӣ чӣ гуна суруд хонд? Бо як ҳарф хуб хонд. Барои онҳое, ки бори аввал таронаҳои ӯро мешуниданд, беҳтарин лаҳзаҳо буданд. Вале на барои онҳое, ки солҳост ин овозхонро гӯш мекунанду аз эҷодиёташ бохабар ҳастанд. Бояд гуфт, ки дар толори нимахолӣ аксариятро онҳое ташкил медоданд, ки мухлисони таронаҳои ӯ буданд ва аз эҷодиёташ хуб огоҳӣ доштанд. Амирҷон Сабурӣ дар ин консерт ду бор рӯи саҳна баромада панҷ сурудӣ,  дар умум даҳ суруд хонд. Беҳтарин сурудҳо. Сурудҳое, ки бешак мондгоранд.

Вале гап ин ҷост, ки ҳамаи таронаҳои сурудааш фонограмма буданд. Фонограммаи албоме, ки дар аввали мақола номашро овардаем. Бале, ҳамон албоме, ки  ҳанӯз ҳафт сол муқаддам сабт шудааст. Бо фонограма суруд хондан чуноне, ки худи бародарони афғонӣ мегӯянд, лабсинг кардан, чандон кори бад нест.

Махсусан барои овозхоне, ки дар як кишвари бегона муҳоҷир асту шояд бо даҳҳо мушкилоти рӯзгор рӯ ба рӯ бошад, ба як кишвари дигар рафтану дар он ҷо консерт додан, албатта душвориҳоеро дар пай дорад. Мо, тамошобинон, он рӯз садои ҳафт сол пеш сабт намудаи Амрҷони Сабуриро шунидем. Овози ӯ имрӯз чӣ гуна садо медиҳад, мутаассифона, натавонистем бишнавем. Акнун худатон хулоса бароред, хонандаи азиз, ки дар ҳаққи тамошобини огоҳи дар толор ҳузур дошта беадолатӣ зоҳир шуд ва ё на.

Бо кадом мушкилот Амирҷони Сабурӣ мувоҷеҳ буд, ки натавонист барои алоқамандони садояш дар Тоҷикистон сурудҳои навашро пешкаш намояд, ё худ пеши мухлисонаш зинда бихонад, боз ҳам мутаассифона, натавонистем, ки аз худи ӯ бипурсем. Зеро ӯро танҳо ҳамон лаҳзае пайдо кардем, ки фурсати сӯҳбат кардан надошт. Консерт бояд шурӯъ мешуд. Раиси телевизиони «Орзу» мӯҳтарам Басирҷон ваъдаи баъди консерт барпо кардани мусоҳибаи моро бо мӯҳтарам Сабурӣ, бо сабабҳои ба мо номаълум, афсӯс, ки натавонист иҷро кунад.

Субҳи барвақти рӯзи 11-уми март мӯҳтарам Сабурӣ аллакай озими шаҳри Тирмизи Ӯзбекистони ҳамсоя шуда буд. Барои ҳамин ҳам дар бораи сурудхонии мӯҳтарам Амирҷони Сабурӣ дар ин консерт бо он чи ки гуфтем иктифо мекунем. То ба беадолатие мо роҳ надиҳем. Вале чизи дигареро мегӯем. Чи тавр ин консертро дидан мехостем. Мо тасаввур мекардем, ки Амирҷон Сабурӣ бори аввал ба Тоҷикистон меояд ва ҳатман дастовезе аз суруду таронаҳои навашро бо худ ба армуғон меорад. Чанде пеш албоми нави ӯ бо номи «Қафасҳои тилоӣ» пешкаши мухлисонаш шуда буд.

Мусиқии таронаҳои ин албомро яке аз оркестрҳои симфонии хеле пурқудрати шаҳри Тошканд навохтааст, ки дар ҳайаташ наздик ба сад нафар навозандаи мумтози созҳои мухталиф дорад. Таронаҳои ин албом аҷаб сурудҳои нобеанд! Яке аз дигаре хубтар. Сурудҳое,ки имрӯз  миёни ҳунармандони форсизабони дунё танҳо ҳамин Амирҷони Сабуриву ва боз ду се нафари дигар қодиранд чунин таронаҳои мондгорро биофаранд.

amirjan-saburiАфсӯс, ки аз ин албоми нави Сабурӣ мо натавонистем ҳатто як сурудашро дар ин консерт бишунавем. Табиист, ки Амирҷони Сабурӣ наметавонист оркестри симфонии Тошкандро бо худ ба Тоҷикистон биёрад. Вале оё дар ин ҷо мумкин набуд, ки барои Амирҷони Сабурӣ панҷ- шаш навозандаи чирадастро худи мо- баргузоркунандагони ин консерт, пайдо кунему шароит муҳайё бисозем, ки ақаллан як рӯз тамрин кунанд ва барои мухлисони тоҷик Амирҷони Сабурӣ панҷ суруди тозаи худро зинда бихонад?

Охирҳои солҳои шастуми асри гузашта шоири маъруфи Афғонистон шодравон Зиё Қоризода, ки бо тахаллуси «Кабӯтар» суруд ҳам мехонд, аз тариқи Душанбе тавассути ҳавопаймо озими Маскав мешавад. Дар Душанбе ҳамагӣ чаҳор соат вақти холӣ доштааст. Вазири вақти маданият шодравон Меҳрубон Назаров ба телевизиони Тоҷикистон амр медиҳад, ки аз ин фурсати қулай истифода бурда дар иҷрои Зиё Қоризода як чанд суруд сабт кунанд.

Дар зарфи чор соат ҳам мутрибони ансамбли навозандагони радио ва телевизионро ҷамъ мекунанд, ҳам бо онҳо тамрин мегузаронанд ва ҳам бо ҳамроҳии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова Зиё Қоризода чаҳор суруди дугона мехонад ва он сурудҳоро дар радиои Тоҷикистон сабт мекунанд. Тасаввур мекунед, дар чаҳор соат чаҳор суруд. Агар ба ин ҳарфҳои ман бовар надоред, аз апаи Нуқра Раҳматова тафсилоти ин рухдодро бипурсед. Воқеан, дар феҳристи таронаҳои овозхонҳои афғонӣ, ки радиои Кобул дорад, дар зери номи «Кабӯтар» ҳамин чаҳор суруди дар Тоҷикистон сабтнамуди ӯ нишон дода шудаасту халос.

Ва боз дар бораи як коре, ки амалӣ шуданаш дар ин консерт, ба фикри мо, айни муддао мебуд, вале иҷро нашуд, мехостам чанд сухан бигӯям. Дар Тоҷикистон сурудҳои Амирҷони Сабуриро овозхонҳое ба мисли Баҳроми Ғафурӣ, Шабнами Сурайё, Нигора Холова, Мавҷудаи Азим, Муҳаммадалии Умар ва дигарон мехонанд ва гуфтан даркор аст, ки эҷодкорона месароянд. Бисёр хуб мешуд агар онҳо дар ин консерт ширкат мекарданд ва намунаи ҳамон таронаҳоро шояд як ҷо бо муаллифи шеъру оҳанг, яъне Амирҷони Сабурӣ, мехонданд.

Мутаассифона, ҳатто як нафари онҳо дар ин консерт иштирок надошт. Ҳамин буд, ки толори бе ин ҳам дар аввал нимахолӣ дар поёни консерт қариб ки холӣ шуда буд. Ҳатто баъзе мутрибоне, ки вонамуд мекарданд, ки оҳанг менавозанд, саҳнаро тарк карда буданд. Худи мӯҳтарам Амирҷони Сабурӣ низ агар то охири консерт сабурӣ мекарду дар кохи Ҷомӣ мемонд ва ин манзараро медид, шояд як мисраи суруди машҳури худро ба ин тарз тағйир дода мехонд: Кох холӣ, саҳна холӣ, касса холӣ…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi