15:02:09 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

ДИДОРИ ЛАТИФ ПИДРОМ БО ФАРҲАНГИЁН ВА ЗИЁИЁНИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 31-уми март бо ибтикори Абдулатифи Пидром, шоир ва сиёсатмадори маъруфи Афғонистон дар шаҳри Душанбе маҳфили наврӯзие баргузор гардид, ки дар он маъруфтарин чеҳраҳои адаб, сиёсат, илму ҳунари Тоҷикистон, аз ҷумла шоирону нависандагони Халқии Тоҷикистон устодон Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Абдуҳамид Самадов, Аскар Ҳаким олимон ва муҳаққиқони маъруфи кишвар, академик Мӯсо Диноршоев, узви вобастаи АИ ҶТ Ҷӯрабек Назриев, профессорон Абдунабӣ Сатторзода, Равшанӣ Раҳмонӣ, Мирзо Шукурзода, сиёсатмадорон Акбаршо Искандаров, Сайдамир Зуҳуров ва меҳмононе аз хориҷи кишвар ба мисли Ҳаёт Неъмат аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соҳибқалам устод Раҳин аз Шведсия, Шоистаи Равшан аз Қирғизистон, рӯзноманигорону ҳунармандон ва ғайра ширкат варзиданд.

/images/stories/2012/04/01_mumin-qanoat-2012.jpgҶаласаро бо сухани муқаддимавӣ устоди шоирони муосири тоҷик Мӯъмин Қаноат ҳусни матлаъ бахшид. Ӯ ҳозиринро бо фарорасии соли нави хуршедӣ ва Наврӯзи хуҷастапай муборакбод гуфта Латиф Пидромро, ки чанде пеш шаҳрдории Кӯлоб ба ӯ унвони шаҳрвандии ифтихории Тоҷикистонро эъто кардааст, бо ин рухдод табрик намуд. Устод Мӯъмин Қаноат иброз дошт, ки зодгоҳи ӯ бо зодгоҳи Абдулатифи Пидром агарчи дар ду соҳили рӯди Панҷ мавқеъ доранд, вале ба ҳам на танҳо аз рӯи масофа, балки аз ҷиҳати пайванди хешу таборӣ хеле наздиканд.

Ба гуфтаи ӯ замоне, аниқтараш то соли 1877, яъне то ба ҳайати аморати Бухоро ҳамроҳ шудани шоҳигарии Дарвоз, бобокалони Пидром яке аз сипаҳсолорони бонуфузи дарбори шоҳони Дарвоз будааст ва барои мардуми диёраш хизматҳои шоёне кардааст. Дар ин иртибот устод Мӯъмин Қаноат афзуд, ки имрӯз Абдулатифи Пидром дар сангари фарҳангу сиёсат сипаҳсолорест, ки барои таҳкими муносибатҳои байни Тоҷикистону Афғонистон талошҳои устуворе ба харҷ дода истодааст.

/images/stories/2012/04/01_gulrukhsor-2012.jpgГулрухсор Сафиева иброз дошт, ки Латиф Пидромро беш аз 20 сол боз мешиносад. Маҷаллаи «Фарҳанг», ки сардабириашро дар солҳои қабл аз ба истиқлол расидан ӯ ба ӯҳда дошт, яке аз аввалин нашрияҳое буд, ки ашъори Латифи Пидромро дар Тоҷикистон пешкаши алоқамандони шеъру адаб кардааст.

Гулрухсор баъди хондани чанд порча шеъри наврӯзӣ хитобан ба Латиф Пидром афзуд: «Ман аҳли сиёсат нестам, ман узви ҳизби гули ёсам ва худат ҳам узви ҳизби гули ёс мешавӣ. Шумо барои ишқ, барои зиндагӣ, барои баҳор ҳамеша кӯшиш кардед ва ман мехостам, ки дар ин рӯзи зебои наврӯзӣ Шумо ҳамчунон ки ҳастед, ҳамчунон бошед».

/images/stories/2012/04/01_muso-dinorshev_2012.jpgАкадемик Мӯсо Диноршоев низ бо ишора ба ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз изҳор дошт, ки хидмати аҳли зиёи Тоҷикистону Афғонистону Эрон, аз ҷумла Латифи Пидром дар ба чунин мақоми арзанда расидани ин ҷашни ниёгон хеле бузург аст. Ин файласуфи бузурги муосири тоҷик, ки гоҳҳо шеър низ мегӯяд, чанд порча шеъри эҷоднамудаи худ ва шоирони маъруфро ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ ба аҳли нишаст тақдим намуд.

Меҳмон Бахтӣ, Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон дар ин маҳфил таронаи ба тозагӣ эҷоднамудаи худ бо номи « Ай Хуросон»-ро аввалин бор дар чамъи мардум қироат кард.

/images/stories/2012/04/01_mehmon-bakhti-2012.jpgАй биҳишти гумшуда андар ғубори давру даврон,

Ай замини ёдҳои дури пур аз дарду армон,

Ай нуҳуфта ҳастии мо дар сукути ин биёбон,

Ай фурӯғи илму ирфон,

Ай назаргоҳи азизон,

Меҳани аз меҳр тобон,

Ай Хуросон, ай Хуросон…

/images/stories/2012/04/01_hayot-nemat-2012.jpgҲаёт Неъмат, шоир ва мутафаккири муқими шаҳри Самарқанд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон қарор дорад, дар суханронии худ Латифи Пидромро барои сазовори унвони шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон шуданаш табрик гуфта порае аз достони дар васфи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, эҷоднамудаи худро ба ҳозирин қироат кард.

Дар ин маҳфил Сайдамир Зуҳуров, собиқ сарвари хадамоти амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳибҷашнро табрик гуфта аз хотираҳои хеш дар бораи мулоқотҳояш бо сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Бурҳониддин Раббонӣ қиссаҳо кард.

Ӯ бо ишора ба масъалаи вазъи кунунии Афғонистон афзуд: «Мушкили мардуми Афғонистон танҳо мушкили онҳо нест, мушкили мову шумо ҳам ҳаст. Чунки оромию осудагии мову шумо ба оромию сулҳу салоҳ дар Афғонистон вобастагии зиёде дорад. Умедворам, ки ин кишвар ҳарчи зудтар ободу осуда шавад. Ин ҳам мулки мо аст, мардуми мо аст, умедворам ин сарзамин соҳиби сулҳу салоҳ шавад».

Сайдамир Зуҳуров орзу кард, ки «рӯзе шавад, ки ҳамин сарҳадот аз миён бардошта шаваду мову Афғонистон ҳамон тавре, ки устод Раббонӣ гуфта буд, ки ҷавонони мо ба Кӯлоб қинғолабозӣ мерафтанд, шояд ба ҳамон рӯз боз дубора бирасем ва мардуми ду тарафи Омӯ бемамонеъат ба дидори ҳам бирасанд. Ман умедвор ҳастам, ки марзҳои ҷуғрофиёи сиёсӣ, ки имрӯз баста аст, рӯзе боз мешаванд, мисли марзҳои фарҳангӣ».

/images/stories/2012/04/01_latif-pidrom_2012.jpgАбдулатифи Пидром дар суханронии худ бо ибрози ташаккурӣ аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба хотири ба ӯ эъто кардани унвони шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон дар бораи баъзе масоили сисёии доғи рӯзи минтақа низ изҳори андеша кард. Ӯ азҷумла аз ҳамоиши чанде қабли раҳбарони чаҳор кишвари минтақа: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе истиқболи намуда онро ҳамчун фоли нек арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки масоили минтақаро бояд худи соҳибони минтақа ҳаллу фасл кунанд, на кишварҳои абарқудрат.

«Чи тур ин мумкин аст, ки як ҷамъияти бисёр калон дар ин ҳавза, Чин бо як милярду чандсад милиён ҷамъият, Ҳинд бо як милярд ҷамъият, Эрон ҳамин тартиб, Покистон бо 180 милён ҷамъият, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон. Чаро мо наметавонем масоили худамонро худамон мудирият бикунем? Чаро амрикоиҳо биёянд масоили моро мудирият бикунанд?».

Латиф Пидром дар масъалаи густариши нуфузи забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ ҳарф зада онро забони фароқавмӣ арзёбӣ карда аз ҷумла изҳор дошт, ки «забони форсӣ забони фароқавмӣ ба ҳамин далел аст, ки паштунҳо, туркманҳо, ӯзбекҳо, турктаборҳо, балуҷҳо ва ғайра дар ғиномандии ин забон кӯмак кардаанд. Бино бар ин, ин забон танҳо забони тоҷикон нест, ин забони ақвоми мухталиф аст».

Ёдовар мешавем, ки Абдулатиф Пидром раҳбари Ҳизби Кунграи миллии Афғонистон, вакили мардумӣ дар Парлумони ин кишвар мебошад. Соли 2008 Ҳизби Афғонмиллат Абдулатифи Пидромро бо иттиҳоми таҳқири Амонуллохон, яке аз подшоҳони вақти Афғонистон, гунаҳкор карда барои қатли ӯ ҳатто ба маблағи 200 ҳазор дулори амрикоӣ ҷоиза низ ваъда карда буд. Зиёиёни тоҷик дар як номаи худ ба созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ин иқдоми Ҳизби Афғонмиллатро маҳкум карда талаб карданд, ки даст аз фишору тазъиқ болои ин шоир ва сиёсатмадори Афғонистон нигаҳ доранд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi