23:36:12 09-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДУРУДИ ҶОНИ МО, БАР ҶОНИ ҶОНҲО, АҲМАДИ ЗОҲИР

Минбари адибони ҷумҳурӣ ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар шумораи ахири худ (26-уми апрели соли 2012) як силсила шеърҳои тозаи шоири маъруф ва файласуфи шинохтаи тоҷик Назри Яздониро ба табъ расонд, ки миёни ин ашъори нобу тоза шеъре дар бораи хунёгари машҳури Шарқ, Аҳмад Зоҳири нотакрор таваҷҷҳӯҳи хабарнигори сомонаро бештар ба худ ҷалб намуд.

/images/stories/2012/05/02_nazri-yazdoni_2512_1.jpgҲамин буд, ки ӯ бо шоир Назри Яздонӣ вохӯрд ва ба саволи худ «чӣ эҳсосот шоири маҳбуби моро маҷбур сохтааст, ки пас аз даҳсолаҳо гузаштан аз марги Аҳмад Зоҳир дар васфи ӯ шеър мегӯяд?» посух ҷуст. Инак, ҷавоби ин шоири мумтозро, ки худ барои овозхонҳо низ таронаҳои хуб навиштааст, ҳам бо усули маъмулӣ ва ҳам бо усули чандрасонаӣ пешкаши шумо, муштариёни гиромии сомона, махсусан онҳое, ки аз ҳар рӯз талаби чизи наве гуфтану навиштан дар бораи Аҳмад Зоҳирро аз мо доранд, мекунем.

Ҳунари ғино, ҳунари сарояндагӣ ва овозхонӣ ин як ҳунари нодиру камёб ва дар айни замон фаровон ҳам ҳаст.

Агар Парвардигори олам дар ҳолате, ки ҷони Одамро дар бадани Бобои мо бо мусиқӣ ворид карда бошад, яъне ин ҳунар як тақозои табиӣ ҳаст барои инсон дар вуҷуди инсон. Вақте, ки инсон бо кадом хушнудие рӯ ба рӯ мешавад, бо кадом дармондагие рӯ ба рӯ мешавад, ё чизе замзама мекунад, ё чи нолае мекунад, ки он ҳам як садое дорад, як оҳанге дорад.

Ва овозхониву ҳунари сарояндагӣ як ҳунаре ҳаст, ки инсонро чи дар ҳолати яъс ва чи дар ҳолати хушҳолӣ зарур аст. Ман бисёр дӯст медорам «Шашмақом»-и тоҷикиро, хусусан «Шашмақом»-и сабки устод Маъруфхӯҷа Баҳодуровро. «Шашмақом»-еро, ки мардумӣ шудааст дар сабки Акашариф Ҷӯраев. Доир ба услуби Акашариф ҳарчӣ мегӯянд. Мегӯянд марвӣ ҳаст, халқӣ ҳаст. Дар назари ман як гунаи «Шашмақом»-и халқӣ ҳаст. Мусиқии халқӣ, мусиқии ғарбӣ барои мо як чизи муқаррарӣ шудаанд.

Ҷомеъаи Тоҷикистон, хусусан насли мо, шукри Худо, дар як муҳити мусиқие ба сар овард ва ба сар мебарад, ки барои мо мусиқии ғарб ҳам ошно ҳаст, мусиқии Шарқ ҳам ошно ҳаст. Мусиқии маҳаллиро низ дӯст медорем. Сароянда бояд маънии сурудро дарк карда битавонад, ба маънии суруд бирасад ва маънии ин шеърро расонда битавонад.

Камолоти ин ҳунар дар ин аст, ки он маъние, ки дар шеър омадааст, оҳанги ин суруд бо он маънии шеър он гуна тавъам ва ба он ҳад дар як парда бошанд, ки инсон воқеъан эҳсос кунад, ки ин суруд намехонад, балки як чизе мегӯяд, ки табиатан ё аз хушнудӣ ҳаст, ё аз яъс ҳаст, дар он оҳанге, ки тавозуни маънӣ ва тавозуни тараннум, тавозуни танин, истифодаи овоз, баландиву пастиву авҷу ин чизҳо.

Бубинед, ки ҳунари сарояндагӣ аз як ҷузъиёте таркиб меёбад, ки ин ҷузъиёт бисёр хурду реза ҳастанд, бисёр сершумор ҳастанд. Қудрати садо. Сарояндаҳое ҳастанд, ки Худованд қисмате аз ин чизҳоро ба онҳо додааст, қисмати дигарро на. Қисматеро ба он дараҷа додаанд, ки барои онҳо кифоя ҳаст.

Аҳмад Зоҳир ман гуфта наметавонам, ки сароянда ҳаст. Ман гуфта наметавонам, ки Аҳмад Зоҳир як ҳунарманд аст. Ман гуфта наметавонам, ки Аҳмад Зоҳир як оҳангсоз аст. Ҳар қадаре, ки аз даргузашту реҳлати Аҳмад Зоҳири биҳиштӣ мегузарад, аз мушоҳидаи холисонаи зиндагӣ мебинем, ки маҳфиле, ки Аҳмад Зоҳир дар рӯзгори воқеияшон доштанд, он маҳфил рӯз ба рӯз васеъ мешавад, густурда мешавад рӯз ба рӯз, ба мисли як ҳолаи маҳтоб, соат ба соат васеътар мешавад дар айёми мо. Шахсан барои ман Аҳмад Зоҳир кӣ ҳаст, чӣ қадр дорад?

/images/stories/2012/05/02_nazri-yazdoni_2512_2.jpgШахсан барои ман Аҳмад Зоҳир як мӯҷизае будааст ва ҳаст, ки ман ӯро фосилаи беш аз як моҳ фаромӯш карда наметавонам. Ман овозхонҳои дигарро ҳам дӯст медорам, гӯш мекунам. Аммо нашудааст, ки ҷои садои Аҳмад Зоҳирро дар ҳамон дастгоҳе, ки ман тарона гӯш мекунам, садои овозхони дигаре дар тӯли як моҳ гирифта бошад. Ин аст, ки ман чанд муддат пеш эҳсосоти хешро ба риштаи назм кашидам.

Ин пораи шеър аз он эҳсосоте ҳаст, ки гумон мекунам танҳо барои шахси ман хос нестанд. Ин эҳсоси тамоми аъзои ин маҳфил аст. Маҳфили Аҳмад Зоҳир мисли худи Аҳмад Зоҳир ҷовидон мемонад. Ҳунари ин мард як ҳудуд надоштааст. На ҳудуди миллӣ, на ҳудуди фирқавӣ, на ҳудуди забонӣ. Як сарҳаде надорад, ки ба хотима бирасад.

Дуруди ҷони мо, бар ҷони ҷонҳо, Аҳмади Зоҳир,
Дуруди ҷонии ин ташанҷонҳо, Аҳмади Зоҳир.

Навоят мебарад дилро, фиғонат медарад дилро,
Равоне медамад дилро, ҳамоно Аҳмади Зоҳир.

Ҳама шириниҳои савти Ҳинду шарқиву ғарбӣ,
Ба нои Мавлавӣ бинмудаӣ ҷо, Аҳмади Зоҳир.

Ин воқеан ин як мӯҷизаи Аҳмад Зоҳир аст. Аз ҳанҷараи Аҳмад Зоҳир рангҳову тобишҳои Ҳинду Шарқу Ғарб ба ин гуна ҷамъ мешаванд, ки ба монанди садои нои ҳазрати Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхии Румӣ барои ҳамагон фаҳмо мешаванд. Воқеанин як мӯъҷиза ҳаст.

Зи ишқи зиндагонӣ аз ҷавонӣ хонда, хуш хондӣ,
Илоҳо, хуш бихонӣ ҷовидоно, Аҳмади Зоҳир.

Шаҳиди ғарқаи хунро, Худоё, ғарқи раҳмат кун,
Насибат бод ҷоми антаҳуро, Аҳмади Зоҳир.

Ҳунарманд маъмулан дар бистараш, дар камолоти солмандӣ аз дунё меравад. Ин як ҳунарманде буд, ки дар сангари набарди зиндагӣ бо хуни равон аз дунё рафта буд.

Аз он мавзӯъҳои тасаввуфӣ ва мавзӯъҳои худодӯстие, ки Аҳмад Зоҳир мехонад, медонед шириниаш дар чӣ ҳаст? Дар он аст, ки талқин намекунад, таъкид намекунад, ки ман аз тасаввуф мехонам, таъкид намекунад, ки ман муноҷот мехонам, таъкид намекунад, ки ман наът мехонам. Садои ӯ мегӯяд, ки Худо чӣ гуна зебост! Пайғамбари Худо чӣ қадар бузург аст! Бубинед, насиби инсон чӣ гуна аст! Як хондани холисона!

Зи ишқи осмонӣ ҷовидонӣ то садо кардӣ,
Ту ишқи осмонӣ дода моро, Аҳмади Зоҳир.

Дуруди ҷони мо, бар ҷони ҷонҳо, Аҳмади Зоҳир,
Дуруди ҷонии ин ташанҷонҳо, Аҳмади Зоҳир.

Воқеан ташнагони зулоли танини Аҳмад Зоҳир рӯ ба афзоиш ҳастанд. Такрор мекунам онҳо ба монанди як ҳолаи густурда, домани густурдаи ӯ рӯз ба рӯз густурдатар мешавад. Дар ин қатор ҳамеша бошем, Ва илоҳо шаҳиди ғарқаи хунро Худованд аз ҷоми антаҳуро як ҷуръа насибашон карда бошад. Омин, ё Рабалъоламин!

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 03.05.2012 06:33
Хам аз суруди Ахмадчон ва хам аз шеър ва чавонмардии Назр рохат кардем.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi