12:24:02 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАНОАТ БА «ПОДОШ» НИЁЗ НАДОРАД

Аҳмадшоҳ Комилзода

Он чи ки он рӯз бештар ба чашми аҳли назар афтод, суҳбати чанде аз адибони синну соли гуногун дар зери арчаи пири канори Кохи нависандагон буд, ки аз беэътиноӣ ва беэҳтиромии мақомоти ин кишвар дар баробари Мӯъмин Қаноат – ин шоири тавонманди адабиёт ва ҳамосасарои бемисли садаи мо шиква мекарданд.

Дар ин ҷашни воқеан арзанда ва пуршукӯҳ бештаринҳо чун расми солҳои пешин умеди таваҷҷуҳу эҳтироми мақомоти кишварро дар баробари ин солори адабу фарҳанг доштанд. Он чи, ки набуду нашуд. Магар як номаи саршор ва як соати тиллойӣ аз номи шахси раиси Порлумон Шукурҷон Зуҳуров.

Дар ин дунё, ки мардонаш асо аз кӯр медузданд,

Ман аз хушбоварӣ ин ҷо муҳаббат орзу кардам…

/images/stories/2012/05/25_mumin-qanoat-25512.jpgВале устод Қаноат дар толори Кохи нависандагон бо қомати боло, бо нигоҳи чун уқоб гиро ва бо тамкину салоботи хоси худаш, ки чун шеъри волояш пур аз ғуруру сарбаландист, пайдо шуд. Ӯ бо сари баланд, бо тамкину қаноатмандӣ сухан мегуфт ва дар гуфтору рафтораш ҳамон оҳанги қотеъият, шеваи самимият ва ғурури ҷавонмардӣ мушоҳида мешуд. Ӯ аз касе шиква накард ва рӯшан буд, ки аз касе чизе тамаъ надошт. Чаро ки ӯ болотар аз тамаъ ва солортар аз подоши замони ноҳамвор аст.

Хушбахтона, имрӯз ҳам дар ин кишвари шеърдӯсту адабпарвар ҳазорон одамон ҳастанд, ки қадри сухан мепарваранд. Ба пойи шеъри ин устоди сухан он қадар ҳаводор омада буд, ки раҳу рави толори камҷой, вале пурмуҳаббати Кохи нависандагон, ҳавлии он ва зери арчаҳои пир мардум меистоданд ва аз дур садои шеъри Қаноатро мешуниданд. Вале аз мақомдорон касе набуд ва номаи табрикие ҳам нафиристода буданд.

Ин лаҳза базмҳои шеъри замони Шӯравӣ ёдам омад, ки дар чунин ҳамоишҳо ҳамеша мақомдорон ширкат мекарданд. Ман намедонам, ки онҳо ба шеъру адаб чӣ миқдор дилбастагие доштанд, аммо ин ки ба қадри абармардони асри худ мерасиданд, худ аз эҳтироми онҳо ба фарҳангу адаби миллаташон шаҳодат медод.

Имрӯз қадри нуктаи мавзун намондааст,

Инсоф дар қаламрави гардун намондааст.

Маълум аст, ки имрӯз дар кишвари фақири мо барои хелеҳо дигар арзишҳои инсонӣ беқадр шудаву пояҳои маънавиёт аз заъф меларзанд. Вагарна дар ҷашни пурарзиши 80-умин солгарди шоири беназире чун устод Қаноат намояндагони мақомоти давлатӣ ширкат мекарданд.

Чанд соле пеш дар ҷараёни як сафаре ба Бишкек ба дидори Чингиз Айтматов – нависандаи барҷастаи қирғиз рафта будем, ки ӯ он замон сафири Русия буд. Вале номаш раиси ифтихории нависандагони ватанаш ва утоқи хоси кориаш то охири умраш бар ҷой буд. Олҷас Сулаймонов – аз дӯстони наздики устод Қаноат ҳанӯз ҳам раиси ифтихории нависандагони қазоқ аст ва ҳамчунин аз эҳтироми саршори хукумату давлаташ бархурдор мебошад.

Устод Қаноат ҳам дар поя ва ҷойгоҳе чун адибони номбурда ва сухансароёни номдоре чун Расул Ҳамзатов, Анвар Олимҷонов, Павло Тичина ва адибони дигари ҳавзаи Шӯравӣ қарор дорад. Балки эҷоди достони машҳури «Суруши Сталинград» шуҳрати болтареро насиби ин шоири тавонои тоҷик кардааст.

Дар бораи ҳунари шоирии устод Қаноат, осори пурарзишаш ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёт навиштаҳое аз шеършиносону мунақидон ба табъ расидааст, ки шинохту ташхиси мақоми ин абармардро аз ин навиштаҳо метавон ба хубӣ дарёфт.

Қаноат ҳамчун шоири нозукбин бо ҷаҳони андешаҳои амиқ, марди огоҳ аз сиёсату дониши фарох ва соҳиби заковати баланди таҳлилу ояндабинӣ ҳамеша бо оҳанги самимияту дилсӯзӣ ва бо ҷуръату тамкин аз равишҳои хатарзои ҷоме мардуму сиёсатмардонро паёми ҳушёрӣ додааст. Боре ҳам ҳамин гуна паёми самимонаи ӯ боиси иғвои гурӯҳҳои манфиатҷӯ шудааст. Аммо:

Санги бадгавҳар агар косаи зарин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

Адабиётшиносон ва ҷомеашиносон барҳақ устод Қаноатро шоири навҷӯ ва қолабшикан дар адабиёти қарни 20-и тоҷик номидаанд. Ӯ ҳанӯз дар соли 1963-уми садаи гузашта дар муқобила ба паёми Никита Хрушёв, раҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки мавзӯи забони ягонаи ин кишвар эълом шудани забони русиро матраҳ карда буд, шеъри “Ба ҳаводори забони тоҷикӣ”-ро эҷод кард ва ин нахустин шеъри дифоъ аз забони миллӣ буд.

Ин шеър ба мақомоти Шӯравӣ ва думравони онҳо ҳукуматдорони комунисти Тоҷикистон хуш наомад. Аммо пас аз як сол, дар остонаи таҷлили 40-умин солгарди таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ аз ӯ хостаанд дар иртибот ба ин ҷашн шеър биофарад. Ва шоир достони “Тоҷикистон исми ман”-ро офарид. Ин достони арзишманд ба далели ишораҳои фаровон ба Аммо боз ҳам бармегардем ба сари базми устод Қаноат – рӯзи 22-вуми май. Гурӯҳи ҷавонон ва чанде аз журналистони хушсалиқаву ҳунардӯст бо мушкилу шабзиндадорӣ барномаи хушрангу зеҳние бо истифода аз тасвирҳои телевизионӣ ва нақли қавли худи устод аз рӯзгору эҷодаш офарида ва он рӯз пеш аз барномаи расмии Иттиҳодияи нависандагон пешкаши бинадгон шуд.

Ба воқеият бояд тан дар дод, ки ин барнома хеле моҳирона сохта шуда ва қудрату тавонмандӣ ва рӯзгори пур аз печу тоби шоирро барои бинандагони он базм рушану ошкор кард. Магар барномаи қолабшикани ҷавонон дар муқобили барномаи куҳнаву якранги солҳои 60-уми мақомоти нависандагон хуш номад, ки онҳо базмро бо кинояву сарзаниш торафт дилгир мекарданд. Кор ба ҷое кашид, ки сафири Афғонистон – марди шоир Абдулғафури Орзу бо асабонияту нороҳатии гарон аз толор берун шуд.

Ҳангоме ки бо узру пузиш ӯро гусел мекардем, бо кароҳат гуфт: «Иттиҳоди нависандагон бояд ҷоий адаб бошад, на беадабӣ!». Фикр мекунам чунин эътироз барои як даргоҳи дар гузашта пурифтихору бомуҳаббат бо ҳоли имрӯз баҳои сазовор аст.Ҳуввияти миллӣ ба мақомоти кумунистии давлати Тоҷикистон хуш намомад ва ба ҷашн пешниҳод нашуд.

Аммо мардуми ҳунардӯсти ин миллат воқеан ташнаи сухану пойбанд ба ормони шеъри воло буданду ҳастанд. Агарчи ду барномаи пайи ҳам барои насли калонсол аз нигоҳи замонӣ каме мушкилу хастакунанда буд, вале насли миёнсолу ҷавон боҳавсалаву бурдборӣ идомаи барномаро муштоқона тамошо мекарданд. Аз ин нигоҳ, мардуми огоҳ ба дарозо кашидани базми шеъри нобро чандон эҳсос накардаанд. Зеро аввалан хелеҳо инчуни базмҳоро, бахусус базми шеъри шоире чун Мӯъмин Қаноатро ба ҳар паймонае қабул доранд ва аз ин рӯ, ин тӯлкашидан кирои ин қадар кинояву нохушгӯи мақомоти нависандаҳо набуд.

Корвони ин ҷаҳони пур аз таззод бо тамкини дарёии худ ҳамоно равон аст. Шоирони асил ба марҳамату лутфи чандоне ниёз надоранд, он чуноне ки худи устод Қаноат аст. Вале гузашти замон ин ҳам кундзеҳниву кӯрбинии касонеро дар ҳофизаи пурнақши торихиаш сабт мекунад. Ва наслҳо шоҳид хоҳанд буд, ки Фирдавсӣ Фирдавсӣ аст ва Маҳмуди ғаддор – Маҳмуд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi