16:35:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЯК СУРУДИ РУСИИ ОВОЗХОНИ АФҒОН ХОНУМ РУХШОНА ЁФТ ШУД

Дар замони шӯравӣ овозхонҳои Афғонистон тез-тез ба Тоҷикистон бо сафарҳои ҳунарӣ меомаданд. Чун дар як кишвари абарқудрати сермиллат зиндагонӣ мекардем ҳунармандони афғонӣ кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар баробари сурудҳои форсӣ –дарӣ- тоҷикӣ инчунин таронаҳоеро ба забонҳои дигари мардуми Иттиҳодӣ Шӯравӣ бисароянд.

/images/stories/2012/05/30_rukhshona-30512-1.jpgМасалан ба ёд меояд, ки шодравон Абдуҷалил Залонд, ки ӯро соҳиби садои тиллоӣ ном мебаранд, дар яке аз сафарҳояш ба Тоҷикистон суруди машҳури русии «Подмосковные вечера»-ро ҳам ба забони тоҷикӣ-дарӣ ва ҳам ба забони русӣ хонда буд. Чанде пеш ба дасти мо диске расид, ки муаллифонаш даъвои дар он мукаммал ҷамъ шудани тамоми осори марҳум Залондро доранд. Вале, мутаассифона, ҳамин сурудро миёни дигар таронаҳои устод Залонд  дар он диск пайдо накардем. Ҳисси кунҷковии мо бедор шуду мо дар ҷустуҷӯи ин тарона шудем.

Мутаассифона, то ин лаҳзаҳо ба мо имкон даст надод, ки ба ҳадаф бирасем. Ва аммо дар ҳини ҷустуҷӯ мо як таронаи ширу шаккари хеле нодири хонум Рухшонаро, ки ба забони тоҷикӣ-дарӣ ва русӣ сурудааст, пайдо кардем.

Ин тарона «Мы с тобой два берега» ном дорад ва онро хонум Рухшона дар аввалҳои солҳои шастум нахустин бор дар пойтахти Тоҷикистон хондааст. Шояд ин таронаро дар дигар ҷо нахонда бошад, ки то ба ҳол сабти онро миёни дигар таронаҳои хонум Рухшона пайдо накардем.

/images/stories/2012/05/30_rukhshona-30512-2.jpg

Дар ҳамон солҳо ин тарона, ки оҳангаш аз оҳангсози машҳури рус Андрей Эшпай ва матнаш аз шоир Григорий Поженян мебошад, яке аз таронаҳои маъруфи русӣ ба шумор мерафт, ки ҳатто овозхонҳои машҳури дигар кишварҳои ҷаҳон онро ҳам ба забони худ ва ҳам ба забони русӣ мехонданд. Хабарнигори сомона Ҷаҳонгири Султон чанде пеш ин сурудро, ки дар шакли аудиоӣ ба дасти мо расида буд, бо усули чандрасонаӣ дар шакли як видеоклип ба  сомонаи «YouTube» дохил кард. Дар як муддати нисбатан кӯтоҳ онро беш аз ҳазор бор тамошо карданд.

Қабл аз он ки ин видеоклипро, муштариёни гиромӣ,  барои тамошо ба шумо пешниҳод намоем, чанд сухан дар бораи худи хонум Рухшона мегӯем.

Хонум Рухшона дар Кобул таваллуд шудааст ва дар лисаи «Малолай» таҳсил кардааст. Номи аслии ӯ Ҳамида ҳаст. Модари Рухшона Биби Хадиҷа муаллимаи мусиқӣ ва  дорои пешаи хаётӣ будааст. Ҳам ҳармония менавохтаасту ҳам бо ҳамаи рогҳои мусиқӣ ошноӣ доштааст. Хонум Рухшона аввалин маротиба дар рӯи саҳнаи «Зайнаб надорӣ» ҳунарнамоӣ кардааст.

/images/stories/2012/05/30_rukhshona-30512-3.jpg

Баъд падараш генерал Асилхон ӯро ба радио мебарад. Дар аввал бо номи Фурӯзон овозхонӣ мекардааст. Баъд тахаллуси Рухшонаро мегирад. Аввалин оҳангеро, ки дар  радиои Кобул хондааст, оҳанги «Ай дилситонам, ороми ҷонам» ном дорад. Ба гуфтае миёни овозхонҳои тоҷик аз ҷумлаи бонувон худораҳматӣ апаи Нигина Рауфова ба овози хонум Рухшона  бештар аз дигарон ҳусни таваҷҷӯҳ доштааст.

Хонум Рухшонаро дар Тоҷикистон насли кӯҳансоли алоқаманди таронаҳои афғонӣ хуб мешиносанд. Махсусан сурудҳои ӯ «Меҳмони мани имшаб», «Беш аз ин ҷанг макун, ёраки бадкораки ман», «Табассум дар хами лабҳо шикастӣ» он солҳо сари забонҳо буд. Хонум Рухшона ҳудуди 600 оҳанг сурудааст. Сӣ сол боз дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Матни суруди «Мы с тобой два берега» бо ду забон

Дар шаби зулмонӣ аз фироқи ту,

Қатраҳои сиришк аз ду чашми ман,

Дар пайят ай дилдорам шуд чакон –чакон,

Шабҳо дар интизорат дида хунфишон.

Ахтарон чашмакзанон ханда мезаданд,

Ай ёрам шаб саҳар шуд ту наёмадӣ

 

Ночь была, был рассвет

И трава в росе,

Про меня «Счастливая!»

Говорили все,

 

Всё ждала и верила,

Сердцу вопреки:

Мы с тобой два берега

У одной реки!

 

Утки все парами,

Как с волной волна…

Все девчата с парнями —

Только я одна

 

Всё ждала и верила,

Сердцу вопреки:

Мы с тобой два берега

У одной реки!

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi