03:27:21 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФУРҚАТ САИД: «ДАР ТАҚВИМИ ФАРҲАНГИАМОН ЯК РӮЗИ ЗАФАР НОЗИМ ДОШТА БОШЕМ»

Бо ибтикори Фурқат Саид, раҳбари бадеии ансамбли давлатии Шашмақом ба номи Фазлиддин Шаҳобов таҳти сарпарастии раҳбари дастаҳои ҳунарии Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов, ки ҳамзамон раҳбарии ансамбли «Дарё»-ро низ ба ӯҳда дорад, дар кохи Ҷомии пойтахт маҳфили ёдбуди Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, шодравон Зафар Нозимов баргузор гардид.

/images/stories/2012/06/04_2.furqat-saidov_2012.jpgҲар сол гузаронидани чунин маҳфилҳои ёдбуд баъди вафоти устод Зафар Нозимов дар соли 2010 дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада истодааст. Ҳамоиши имсола аз маҳфилҳои қаблӣ бо кадом хусусиятҳои худ фарқ мекард? Чи навъе, ки дар боло гуфтем имсол он бо ибтикор ва ҳамчунин сенарияи Фурқат Саид, овозхон ва мусиқишиноси маъруфи кишвар, ки дар гузаронидани чунин маҳфилҳо таҷрибаи бой дорад, баргузор гардид.

Алоқамандони мусиқии ноб то ба имрӯз аз нахустин маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки онро ӯ ҳанӯз соли 1997 бо ҳамроҳии овозхон ва ҳунарманди театр Парвиз Пӯлодӣ созмон дода буд, ба некӣ ёд мекунанд. Дар ин чанд соли ахир маҳфилҳои баргузорнамудаи ӯ ба ифтихори гиромидошти устодони ҳунари мусиқии тоҷик Шоҳназар Соҳибов, Боймуҳаммад Ниёзов, Акашариф Ҷӯраев ва дигарон аз барномаҳои дӯстдоштаи консертии алоқамандони садои ин овозхонҳои нотакрори ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Имсол ҳам Фурқат Саид ба чунин тарзи кори худ, яъне сохтани як чизи диданӣ ва шуниданӣ, содиқ монд. Як навҷӯии Фурқат Саид дар сохтани ин барнома дар ин буд, ки ӯ барои ҳусни матлаъ ва ҳусни мақтаъ бахшидан ба маҳфил яке аз шоирони шинохтаи кишвар Назри Яздониро ҷалб кардааст. Назри Яздонӣ дар баробари шоири файласуф будан шояд аз камтарин устодони сухани ҷумҳурӣ ҳаст, ки ашъорашро овозхонҳо ва оҳангсозҳои муосири кишвар бо як иштиёқи баланд ба оҳанг дароварда пешкаши мардум менамоянд ва мардум низ онҳоро хеле дӯст медоранд ва дар ғаму шодии худ ҳамеша онҳоро ҳамроз медонанд.

/images/stories/2012/06/04_1.nazri-yazdoni_2012.jpgВоқеан интихоби Назри Яздонӣ  аз сӯи Фурқат Саид хеле ба ҷо буд. Зеро Назри Яздонӣ ва шоири маъруфи кишвар Ҷонибеки Акобир, ки мутаассифона, ба сабаби беморӣ натавонист дар ин маҳфил ширкат бикунад ва дуо мекунем, ки Худованд ӯро шифои оҷилу комил бидиҳад, аз ҷумлаи дӯстони наздики марҳум Зафар Нозим буданд ва дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ ғамгусораш ба ҳисоб мерафтанд.

Устод Зафар Нозим чанд шеъри устод Назри Яздониро ба оҳанг дароварда сурудааст, ки «Модар, модар ёди парешон, модар» аз ҷумлаи онҳост. Назри Яздонӣ низ дар бораи устод Зафар Нозим шеърҳои хубе гуфтааст. «Ҳалқи заррини Зафар» шеърест, ки Назри Яздонӣ онро баъди вафоти устод Зафар Нозим эҷод кардааст ва мо аз фурсат истифода бурда чанд банди ин шеърро ба ёди шумо, муштариёнии гиромӣ меорем:

 

Қиссаи мурғи Самандар рафта буд аз ёдҳо,

Қиссаи мурғи Зафар шуд қиссаи фарёдҳо.

Сархаму паркандапар дар лахти ахгар метапид,

Наърааш аз шӯълаи хокистарӣ сар мекашид.


Оташак чун рехт андар хонаи халқи Зафар,

Оташе бархост аз дарди дилу ҳалқи Зафар.

Ҳалқи ӯ ҳақ-ҳақ ҳаменолид дар ҳаққи Ватан,

Чунки ҳаққи халқ бошад ҳалқаи ҳаққи Зафар.

 

Булбуле, ки месуруд аз анбари боғи Ватан.

Месуруд ин дафъа аз хокистари боғи Ватан!

«Ин сари ман, ин дару девори ман қурбони ту,

Сад ҳазорон доғи ман, қурбони як доғи Ватан».

 

Ҷиҳати хуби ин маҳфил боз аз он иборат буд, ки тамоми барномаи консертиро сурудҳое дар бар мегирифтанд, ки ё онҳоро марҳум Зафар Нозим эҷод карда буд ё онҳо моли оҳангсозони дигар буданду онҳоро устод Зафар Нозим бо як маҳорати баланд суруда буд, ба истиснои он чанд таронае, ки дар васфи ӯ суруда шуда буд. Фурқат Саид қолабшиканӣ кард. Дар мо як одат шуда буд, ки дар маҳфилҳои ёдбуд овозхонҳое, ки барои муборакбодӣ меоянд, соҳибҷашнро як тараф монда таронаҳои худро месароянд.

/images/stories/2012/06/04_4.zafar-nozim-janob_2012.jpgИн чиз албатта натанҳо мавқеъношиносӣ ҳаст, балки, дағал ҳам афтад, як навъ беҳурматӣ нисбати мухлисони соҳибҷашн мебошад, ки маҳз ба умеди шунидани таронаҳои овозхони дӯстдоштаашон ба маҳфил меоянд. Аҳамияти ин усули кории Фурқат Саид боз дар он аст, ки он на танҳо ба ҳамдигарфаҳмӣ ва наздикшавии наслҳову маҳалҳо мусоидат мекунад, роҳро ба сӯи ваҳдат ҳамвор месозад, балки боз ба маҳбубият ва маъруфияти бештар ноил шудани худи овозхонҳо кӯмак мерасонад.

Масалан Нигина Амонқулова, сарояндаи хушовоз, мухлисони сершумор дорад, Вале боварӣ дорам, ки баъди он ки ӯ суруди «Дишаб, ки мерафтӣ буто, рӯ карда пинҳон як тараф»-и Зафар Нозимро дар ин маҳфил хеле хуб хонд, сафи алоқамандони садои зебои ӯ аз ҳисоби мухлисони устод Зафар Нозим, ки бештаринашон насли кӯҳансоланд, хеле афзоиш меёбад. Инаст яке аз роҳҳои наздикшавӣ ва ҳам ба ҳамназдиккунии наслҳо. Инаст яке аз роҳҳои наздикшавии маҳалҳо ва ё ба ҳам наздиккунии маҳалҳо. Инаст қадаме ба сӯи ваҳдат дар ҷомеъа.

Ҷодаи ҳунари мусиқӣ чун дигар ҷодаи касбу ҳунарҳо ҳамвор нест. Истеъдод доштан ҳанӯз кам аст дар ин роҳ. Бояд дастгире низ дошта бошӣ. Бе мураббӣ мушкил аст ба ҷое бирасӣ. Фурқат чун ин ҳақиқатро худ хуб медонад, бо андак фурсат ва имконият кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷавонони соҳибистеъдодро дастгирӣ кунад. Дар ин консерт ду ҷавони соҳибистеъдод Парвинаи Маҳмадёр ва Ситораи Кароматуллоҳ, ки ба доираи васеи алоқамандони мусиқӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз зиёд ошно нестанд, аз эҷодиёти Зафар Нозим ду суруд хонданд.

Ду суруде, ки хонданашон дар баробари овози қавӣ доштан маҳорати хеле баланди идора кардани саманди саркаши садоро низ талаб мекунад. Суруди «Эй сорбон оҳиста рон к-ороми ҷонам меравад» ва суруди «Имрӯз ҳам омад ба сар, то боздид, эй офтоб». Ин ду ҳунаранди ҷавон, ки яке дар хориҷ аз кишвар аз мактаби устодони мусиқии Ҳинд (Парвинаи Маҳмадёр) гузаштаасту дигаре дар дохили кишвар аз устодони Шашмақом (Ситораи Кароматуллоҳ) сабақ гирифтааст, аз ӯҳдаи хуб хондани ин ду суруди маъруф ва мушкил баромаданд ва бо ҳамин мужда доданд, ки дар гулистони ҳунари мусиқии тоҷик ду навниҳоле қомат афрохта истодааст, ки Худо хоҳад, анқариб самараи хуб ба бор хоҳанд дод. Албатта «ниҳол дар боғ аз боғбон сар афрохтан дорад».

Умуман дар ин консерт касе, ки суруд хонд, суруди хуб хонд ва ҳам сурудро хуб хонд. Зеро суруди зафарӣ хонд ва Зафар асло суруди нохуб нахондааст. Касе, ки мактаби Зафарро гузашта бошад, сурудро нохуб хонда наметавонад. Саидқули Билол, Фурқати Саид, Шамсиддини Муҳиддин аз ин мактаб сабақ гирифтаанду худ акнун устоданд. Таронаҳои онҳову сурудҳои хондаи овозхонҳои хушсадо Абдувалӣ Ҷалолов, Субҳон Бурҳонов, Моҳрухсор Сафиева, Дилшод Гулов, Тоҷиддин Раҳимов, Хусрави Шамсиддин, Луҳира Мӯъминова, Сафаралӣ Қурбоналӣ, Далери Хайриддин албатта писанди мухлисони дар толор ҳузурдошта гардиданд. Зеро қарсакҳои самимии онҳо аз ин гувоҳӣ медоданд.

/images/stories/2012/06/04_3.pisari-zafar-2012.jpgҶовидон Нозимов, фарзанди устод Зафар Нозимов агарчанде барои ба пояи ҳунари падар расидан ҳанӯз ҳам бояд шабу рӯз, моҳҳову солҳо заҳмати беандоза тоқатшиканро таҳамулпазир бошад, вале боз ҳам аз садои ӯ бӯи Зафар меомад. Маълум аст, ки шавқ ӯро раҳбар аст ва рӯҳи падар низ ба дунболи ӯ хоҳад буд.

Боз чӣ аз ин маҳфили зебо дар хотираҳо нақши мусбате ба ҷой гузошт? Албатта шеъри дар васфи устод Зафар Нозим қироат кардаи Саидқули Билол, пешниҳоди ҷасуронаи Фурқати Саид ба масъулини фарҳанги ҷумҳурӣ дар бораи дар тақвими фарҳангии кишвар як рӯзро эълон кардани «Рӯзи Зафар Нозим» ва ниҳоят суханронии чун ҳарвақта мавзуну бо мулоҳизаву мантиқӣ, пур аз панду ҳикматҳо ва иттилои ҷолибу шунидании устод Назри Яздонӣ, ки ба ҳусни ин консерт ҳусн афзун карду боиси хушҳолии иштирокчиёни маҳфил гардид.

Муштариёни гиромӣ, хабарнигори мо таронаҳои дар ин консерт иҷронамудаи Нигина Амонқулова, Парвинаи Маҳмадёр ва Ситораи Кароматуллоҳро, ки аз тариқи аксбардор ба навор гирифта шудаанд, ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мекунад. Ҳамин ки фурсат даст дод, таронаҳои дигари ин консерти диданиро низ ба маърази тамошои Шумо дар гӯшаи «Рӯзгор дар youtube» хоҳем гузошт.

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi